۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Гӯшаи саволу ҷавоб, фатво

26. Намоз аз паси касе ки андомаш айб дорад

Чоп
PDF

Салом ба хамватанони азизам!!!... Ҳарчанд ба рафиқам мефаҳмонам, ки намоз хондан аз паси ҳама нафарони соҳибилму доно вале маъюб (чеҳраи вайрон, чашми олус, пои ланг ...) равост, ҳеҷ таслим намешавад. Хуб мешуд, бо шарҳи муфассал рӯшноӣ андозед, то бо чашми худаш хонаду донад. Шояд, ман нодуруст фаҳмида бошам. Вассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. [Муллоаҳмад]

Ва алайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Дар китоби муътабари ҳанафӣ «Баҳру-р-роиқ, шарҳу канзи-д-дақоиқ»-и Ибни Наҷими Мисрӣ омада аст:

وَكُرِهَ إمَامَةُ الْعَبْدِ وَالْأَعْرَابِيِّ وَالْفَاسِقِ وَالْمُبْتَدِعِ وَالْأَعْمَى وَوَلَدِ الزِّنَا

Ва имомати ғулом ва араби бодиянишин ва фосиқ ва бидъатгор ва нобино ва синд (ҳаромзода) макруҳ аст.

Мусанниф дар шарҳи ин ақвол мегӯяд, инҷо ду чиз баён шуда аст, яке, дуруст будани намоз ва дигаре, кароҳият доштани намоз аз паси ин ашхоси номбурда. Сабаби кароҳияти намозгузорӣ аз паси ин афрод дар камрағбатии мардум ба иқтидои онон аст, ки мӯҷиби коҳиш ёфтани ҷамоати мусулмонон дар намози ҷамоат мешавад.

25. Ҳукми намозе ки аз пушти имоми фосиқ хонда мешавад

Чоп
PDF

ҶАВОБИ САВОЛИ РАҚАМИ 25:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

Имоми масҷиди шаҳре ба зиногарӣ машҳури шаҳр гашт ва дар сабти видео уфтод, вале аз рафтораш тавбаю надомат накард. Боз ба ҳаҷ фиристондандаш, ҳоло бошад, дуруғгӯе ҳаст, ки дурӯғгӯияш ҳадду канор надорад ва аз хайриёт дурӣ мекашад ва хайрияе ё ёрдаме нисбати мусулмонон намекунад.

Аз паси ҳамин Имом намоз гузоридан дуруст аст??? (Сайфуллоҳ)

***

ҶАВОБИ САВОЛИ РАҚАМИ 25:

Ва алайкумус-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ

Ин саволат чанд ваҷҳ дорад:

24. Гиряву нолаву фиғон бар мурдагон

Чоп
PDF

САВОЛИ РАҚАМИ 24:

Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу. Як савол: Як ҳадиси Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки рости гап, маънояшро медонам, лекин матнашро ба тоҷикӣ ифода карда наметавонам. Яъне маънои ҳадис ҳамин мебошад, ки инсоне ки мурда аст дар қабр хобида ҳаст ва ба сабаби ин ки касе барои ӯ гиряву доду фарёд мезанад, ҳамон марди мурда ба азоб дучор ҳаст. Ҳамин ҳадис оё саҳеҳ мебошад? Барои он ки ҳазрати Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ин ҳадисро қабул намекунад ва такя бар ояти Анъом; 164 ҳаст ба фикрам) мекунад.: Бигӯ: «Оё ҷуз Аллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва ӯ шуморо ба он чизҳое ки дар он ихтилоф меварзидед, огоҳ мекунад.

Фикри шумо дар бораи ин ҳадис чист ва агар санадҳояшро меовардед, хуб мешуд. (gareni)

ҶАВОБИ САВОЛИ РАҚАМИ 24:

Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ.

Ва алайкас-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

23. Киро "авлиё" мегӯянд, ё "авлиё" кистанд?

Чоп
PDF

САВОЛИ РАҚАМИ 23:

Ассаламу алейкум ва раҳматуллаҳи ва баракатуҳ! Саволи зеринро, мефаҳмондед хело хуб мешуд: Киро "авлиё" мегӯянд, ё "авлиё" кист ва чӣ дараҷот дорад?

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. (ABDULLOH)

ҶАВОБИ САВОЛИ РАҚАМИ 23:

Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ.

Ва алайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

Нахуст аз ҳама инро бояд гуфт, ки истифодаи калимаи "авлиё" (أولياء) барои як шахс ғалат аст, зеро ин калима ҷамъи калимаи "валӣ"-и (ولي) арабист. "Валӣ" маънои дӯстро дорад ва "авлиё" ҷамъи "валӣ", яъне дӯстон аст. Чунончи мегӯянд: "Ӯ авлиёст", яъне ӯ дӯстон аст, ки ин ғалат аст, бояд гуфта шавад, ки ӯ валист. Ин калимаро дар Тоҷикистон ва кишварҳои муҷовири он барои касоне истифода мекунанд, ки гӯё онҳо дӯстони Худо ва аз муқаррабони ӯянд. Одатан, мардуми авом баъзе эшонҳо ё шахсони мурдаеро ки гӯё солеҳ будаанд, "авлиё" мегӯянд.

22. Сабаб чист, ки Худои таоло дар баъзе оятҳои Қуръон сиғаи ҷамъро истифода бурда аст?

Чоп
PDF

САВОЛИ РАҚАМИ 22:

Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу. Як савол: Дар Қуръони азимушшаън Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳ) дар баъзе оятҳо калимаи "МАН"-ро истифода бурда аст ва дар баъзе оятҳои дигар "МО"-ро истифода бурда аст, масалан, иннаа аътаънаа кал-Кавсар. Ё ки: иннаа арсалнаака шааҳидан ва мубашширан ва назиран. Ё ки дар ҷойҳои дигар, "Нахну"-ро истифода бурда аст. Ҳикмати ҳамин чӣ бошад???(gareni)

ҶАВОБИ САВОЛИ РАҚАМИ 22:

Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ.

Ва алайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

Забони арабӣ чунин услубҳое дорад, ки шахс барои таъбир аз шахси худ метавонад, замири (ҷойнишини) "ана", яъне "ман" ва барои таъзим ва бузургдошт "инно", яъне "ҳароина, мо", "наҳну", яъне "мо" ва низ замири "ҳува", яъне "ӯ"-ро истифода барад. Ва азбаски Худои таоло бандагонашро бо забони арабӣ хитоб кардааст, ин ҳар се услуб дар Қуръони карим омадаанд. Гоҳе Худои таоло худро бо сиғаи танҳо зикр мекунад ва гоҳе бо сиғаи ҷамъ монанди ин оятҳо:

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз378
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4511
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6099
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67858

Дар сомона: 2 меҳмон, 2 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.105
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval