۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Attention! Javascript must be enabled to read our newsticker.
Эъҷози илмӣ дар Қуръон ва Суннат
11. Қуръон ва илмҳои умумӣ
Posted in
Эъҷози илмӣ
Нақши сарангуштон
﴿أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَلَّن نَجْمَعَ عِظَامَهُ (3) بَلَى قَادِرِينَ عَلَى أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُ﴾ (القيامة: 4)
«Оё мепиндорад одамӣ, ки ҷамъ накунем устухонҳои ӯро (3). Оре, мекунем тавоношуда бар он, ки ҳамвор кунем сарангуштҳои ӯро.» (Қиёмат: 3-4)
Мункирони вуҷуди Худо дар бораи зинда гардонидан пас аз мурдани инсонҳо гуфтугӯ мекунанд ва мегӯянд, ки чӣ гуна дар рӯзи қиёмат пас аз пароканда шудани устухонҳо дар замин мурдаи одам зинда мешавад? Худои бузург посух медиҳад, ки на танҳо устухонҳоро ҷамъ меорад, балки бо диққат нақши ангуштонро ҳамвор мекунад.
Чаро Худованд дар Қуръон ҳангоми Сухан гуфтан дар бораи муайян кардани ҳувият сарангуштро зикр кардааст? Соли 1880-и медолӣ нақши сарангушт ҳамчун тариқаи муайян кардани ҳувият қарор гирифт. Сер Франсис Голт (Sir Fransis Golt ) дар пайи пажӯҳишҳо ба исбот расонд, ки дар тамоми олам ду шахсе пайдо намешаванд, ки нақши сарангушти онҳо як хел бошад.
Ҳамин тавр полис (милиса) барои муайян кардани ҳувият нақши сарангуштро ба кор мебарад.
10. Қуръон ва илми инкишофи ҷанин (эмбриология)
Posted in
Эъҷози илмӣ
Якчанд сол пеш гурӯҳе аз донишмандони араб аз Қуръон маълумотеро оид ба ҷанин (эмбрион) ҷамъ оварданд. Онҳо дар ин кор васияти қуръонро пайравӣ кардаанд.
﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ إِلاَّ رِجَالاً نُّوحِي إِلَيْهِمْ فَاسْأَلُواْ أَهْلَ الذِّكْرِ إِن كُنتُمْ لاَ تَعْلَمُون﴾َ (النحل: 43)
«Пас суол кунед аз аҳли зикр агар намедонед» (Наҳл: 43).
﴿وَمَا أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ إِلاَّ رِجَالاً نُّوحِي إِلَيْهِمْ فَاسْأَلُواْ أَهْلَ الذِّكْرِ إِن كُنتُمْ لاَ تَعْلَمُونَ﴾ (الأنبياء: 7)
«Ва нафиристодем пеш аз ту магар мардонро, ки ваҳй мефиристодем бо эшон, пас бипурсед аз аҳли зикр агар шумо намедонед» (Анбиё:47).
Ҳамаи маълумот дар ин бора аз Қуръон ҷамъоварӣ шуд ва тарҷумаи англисии он ба профессор Кейс Мур (Keith Moore ) пешкаш гардид, ки устоди илми эмбриология ва роҳбари кафедраи анатомияи донишгоҳи Торонтои Канада буд. Профессор Мур яке аз мутахассисони бузургтарин дар риштаи эмбриология маҳсуб мешавад.
9. Қуръон ва илми вазифаи аъзои бадан (физиология)
Posted in
Эъҷози илмӣ
Пеш аз он, ки мо чигунагии ғизогирии узвҳоро бо амали гузаштани маводди ғизоии ҳазмшуда бидонем, наздик ба 13 аср пеш аз мо Қуръон сарчашмаи ташкилшавии ширро васф кардааст.
Ҷиҳати фаҳми ояти қуръонӣ, ки ба мафҳуми зикршуда тааллуқ дорад, донистани тафоулот (реаксия)-и кимёвие, ки дар рӯдаҳо рӯй медиҳад муҳим аст ва он чӣ, ки дар ҷараёни хун мегузарад ва он аз таом истихроҷ мешавад системае мубҳам ҳаст. Аҳёнан аз роҳи ҷигар мисли хосияти кимёвиаш мегузарад ва хун онро ба тамоми аъзои бадан интиқол медиҳад. Ғадудҳои даруни пистон, ки ширро омода мекунанд аз ҷумлаи аъзои мазкуранд. Агар бо як ибораи сода бигӯем: баъзе моддаҳо аз мӯҳта- виёти рӯдаҳо ба рагҳои хунгузари мавҷуд дар деворҳои рӯдаҳо медароянд то бо ҷараёни хун ба ҳамаи узвҳо интиқол ёбанд.
Фарогирии ин мафҳум ниҳоят муҳим ҳаст, агар фаҳми ояти зеринро бихоҳем:
﴿وَإِنَّ لَكُمْ فِي الأَنْعَامِ لَعِبْرَةً نُّسْقِيكُم مِّمَّا فِي بُطُونِهِ مِن بَيْنِ فَرْثٍ وَدَمٍ لَّبَناً خَالِصاً سَآئِغاً لِلشَّارِبِينَ﴾ (النحل: 66)
Posted in
Эъҷози илмӣ
Шифонокии асал
Занбӯри асал шираи навъҳои гуногуни гулу меваҳоро мемакад ва дар дохили ҷисми он асал пайдо мешавад. Ин асалро занбӯр дар халоёи мум хазина мекунанд. Танҳо якчанд аср пеш инсонро маълум гаштааст, ки асал аз шиками занбӯр меояд. Ин ҳақиқат 1400 сол пеш дар Қуъон зикр шуда буд.
﴿ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلاً يَخْرُجُ مِن بُطُونِهَا شَرَابٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاء لِلنَّاسِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَةً لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ﴾ (النحل: 69)
«Боз бихӯр аз ҳар ҷинси меваҳо ва бирав роҳҳои парвардигори хеш ромшуда. Бармеояд аз шиками ин занбӯрон ошомидании гуногун рангҳои ӯ, дар он ошомиданӣ шифост мардумонро. Ҳароина дар ин муқаддима нишона аст гурӯҳеро, ки тафаккур мекунанд» (Наҳл: 69).
Акнун мо медонем, ки асал неруи шифодиҳанда дорад ва ҳамчун як поксозандаи латифе ба эътибор гирифта мешавад. Русҳо дар ҷанги ҷаҳонии дуввум асалро барои пӯшонидани ҷароҳат ё захмҳои бадан ба кор бурдаанд.
Асал рутубати захмиро нигоҳ дошта, нишони онро хело тунук мемонад.
7. Қуръон ва ҳайвонотшиносӣ (зоология)
Posted in
Эъҷози илмӣ
﴿وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِي الأَرْضِ وَلاَ طَائِرٍ يَطِيرُ بِجَنَاحَيْهِ إِلاَّ أُمَمٌ أَمْثَالُكُم مَّا فَرَّطْنَا فِي الكِتَابِ مِن شَيْءٍ ثُمَّ إِلَى رَبِّهِمْ يُحْشَرُونَ ﴾(الأنعام: 38)
«Ва нест ҳеҷ ҷонваре дар замин ва на ҳеҷ паранда, ки мепарад бо ду пари худ магар онҳо ҷамоатҳоанд монанди шумо... » (Анъом: 38).
Пажӯҳишҳо ба исбот расондаанд, ки ҳайвоноту парандаҳо бо ҷомеаҳои худ зиндагӣ мекунанд, яъне онҳо мунтазаман ҳамроҳ кору зиндагӣ доранд.
Кӯчбандии парандаҳо
Дар мавзӯи мутааллиқ ба кӯч бастани паррандаҳо Қуръон мегӯяд:
﴿أَلَمْ يَرَوْاْ إِلَى الطَّيْرِ مُسَخَّرَاتٍ فِي جَوِّ السَّمَاء مَا يُمْسِكُهُنَّ إِلاَّ اللّهُ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ﴾ (النحل: 79)
«Оё ба сӯи паррандагони ромшуда дар ҳавои осмон нигоҳ накарданд. Нигоҳ намедорад ононро магар Худо. Ҳаройина дар ин нишонаҳост гурӯҳеро, ки имон меоранд» (Наҳл: 79).
Дар ҷойи дигар аз Қуръон ба ҳамин маъно омада:
Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ
ВАҚТ
1. БОМДОД
4:31
тулуъи хуршед
6:00
2. ПЕШИН
12:23
3. АСР
4:53
4. ШОМ
6:44
5. ХУФТАН
8:09