۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Фарзонагон, донишмандон ва номварони Ислом

Иқболи Лоҳурӣ - нуктасанҷи ховарӣ

Чоп
Баҳогузории корбар: / 1
БадБеҳтарин 

Хуш биё, эй нуктасанҷи ховарӣ,

Эй, ки мезебад туро ҳарфи дарӣ.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) аз зумраи бузургтарин ва машҳуртарин суханварони форсизабон ва мутафаккирони исломии нимаи аввали қарни ХХ нимҷазираи Ҳинд буда, бо осори ғановатманду пурмазмун ва саршори ғояҳои олии инсондӯстии худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баландеро ишғол менамояд. Ҳаёту фаъолияти эҷодӣ ва таълифоти гуногуншаклу мухталифмазмуни Иқболи Лоҳурӣ аз дер боз боз мавриди таваҷҷӯҳу омӯзиш ва таҳқиқи пажӯҳишгарони Шарқу Ғарб, ба вижа аҳли таҳқиқи Ҳинду Покистон, Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Онҳо доир ба Муҳаммад Иқбол ва осору афкори ӯ мақола ва рисолаҳои зиёде навишта, нисбат ба вай унвонҳо, таъбирҳои баланд, суханони тавсифомезе, амсоли шоъири Машриқзамин, ҳакими миллат, лисонулмиллат, тарҷумони ҳақиқат, мутафаккири баландмақом, бузургтарин файласуфи айёми мо, бузургтарин шоъири форсизабони асри мо, файласуфи мумтоз, муҷаддиди адабиёт, Румии аср, мутафаккиру шоъири забардасти Шарқ, яке аз симоҳои дурахшонтарини адабиёти

Умар ибни Абдулъазиз - муҷаддиди қарни авали ҳиҷрӣ

Чоп
Баҳогузории корбар: / 1
БадБеҳтарин 

Дар замоне ки ҳукумати Умавиён дар ҳоли рукуд ва таназзул буд ва аз ҳолатҳои нобасомонии атроф мутаассир шуда буд, дин ва диндорон дар ҷомеъа нуфузи худро то ҳудуди зиёде аз даст дода буданд.

Эҳсосоти динӣ ру ба хомӯшӣ оварда буд ва ҳеҷ равзанаи умеде барои мардуми он боқӣ намонда буд. Мероси хулафои рошидин ва муаллими бузургашон ба бозичаи дасти ҳокимон ва гурӯҳҳои фурсатталаб табдил шуда буд. Зимомдорони сиёсӣ салоҳияти идораи ҳукуматро надоштанд. Ҳеҷ умеде барои ислоҳ ва беҳбуди ҳукумати исломӣ вуҷуд надошт.

Дар ин рӯзҳо, уммати исломӣ ниёзи шадид ба як муслиҳи бузург, боимон, худогоҳ ва хирадманд дошт, то бар мушкилот ғалаба намуда, масири таърихро тағйир диҳад ва ҷомеъаи исломиро ба суи аҳдоф ва аҳкоми аслии он раҳнамоӣ кунад.

Бино бар ин, аз он ҷое ки дини Ислом табиатан, салоҳият ва тавони болои тарбияти афроди андешаманд ва муслиҳро дорад ва дар ҳеҷ замоне ҷомеъаи исломӣ холӣ аз мутафаккирони муслиҳ набудааст. Ин бор низ Худованд яке аз ин афроди муслиҳро барои эҳёи дини худаш интихоб намуд ва ба майдон овард. Марде ки бо дурандешии сиддиқӣ, адолати форуқӣ, ҳаёи усмонӣ ва қазовати ҳайдарӣ по ба майдон гузошт ва «муҷаддиди таърихи Ислом» ном гирифт.

Роҳбари бузургтарин муассисаи аҳли Суннат

Чоп

ШАЙХИ АЗҲАР

Муҳаммад Сайид Тантовӣ 47-умин шайх ва имоми Азҳари Шариф дар синни 81-солагӣ олами фониро падруд гуфт ва дар мазори ал-Бақеъи Мадинаи мунаввара, дар ҷавори марқади қудсии Ҳабиби Худо ва муҳоҷирину саҳобагони поки Худо ба хок супурда шуд. Намози ҷанозаи ин донишманди фақидро теъдоди зиёди чеҳраҳои саршиноси олами олами исломӣ дар Мадинат-ун-набӣ пас аз намози ҷумъа гузоштанд ва ҳамчунин дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, минҷумла дар Мисру Либиёву Яману Амороти арабӣ, салоти ҷанозаи ғоибро барои рӯҳи он алломаи давр ба ҷо оварданд.

Дар кишварҳои мухталифи исломӣ, хусусан дар Миср маросими азои даргузашти Имоми акбари бузуртарин муассисаи аҳли суннат дар ҷаҳон баргузор гашт. Ҷамоаи "Ихвон-ул-муслимин", иттиҳодияи ашроф ва маҷлиси олии тариқаҳои сӯфияи Миср ҷиҳати азо дар вафоти Тантовӣ барои ҷаҳони исломӣ баёния пахш намуданд.

Мулло Абдураҳим: «Имом Бухорӣ муҷтаҳид буд»

Чоп

Дар рӯзи таҷлили 1200-умин солрӯзи Имом Бухорӣ, муаллифи «Саҳеҳи Бухорӣ», радиои Озодӣ бо яке аз рӯҳониёни маъруф Мулло Абдураҳим дар бораи зиндагӣ ва корномаи Имом Бухорӣ сӯҳбат орост.

Имрӯз аҳли уламо ва донишмандони тоҷик дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе аз 1200-умин солрӯзи Имом Бухорӣ таҷлил мекунанд. Ин дуввумин ҳамоиши бузург дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки дар он аз намоёнтарин чеҳраҳои дини ислом ёд мешавад.

Қабл аз ин, дар соли гузашта давлати Тоҷикистон 1310-умин солгарди Имом Абуҳанифа, маъруф ба Имоми Аъзам ва пешвои мазҳаби ҳанафиро, ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, таҷлил ва дар ин робита нишасти бузурги байнулмилалӣ доир намуд. Дар ин ҳамоиш ҳудудан 500 намоянда аз кишварҳои мухталифи дунё ширкат ва суханронӣ карданд.

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил маъруф ба Имом Бухорӣ дар таърихи 13-уми шавволи соли 194-уми ҳиҷрӣ дар Хартанг, яке аз деҳаҳои Бухоро таваллуд ёфтааст.

Имом Муҳаммад - шогирди содиқи Абуҳанифа ва Абуюсуф

Чоп

Шогирдаш Буюсуф қозӣ шуда,

В-аз Муҳаммад Зулминан розӣ шуда.

Дар шумораи гузашта матлаберо оид ба шахсияти маъруфу барҷаста дар торихи фиқҳи исломӣ, шогирди содиқи Имом Абуҳанифа - Имом Абуюсуф ба нашр расонда будем ва ваъда доштем, ки дар оянда дар бораи шогирдони дигари Имоми Аъзам матолиберо ба нашр хоҳем расонд. Инак, барои хонандагони азизи ҳафтаномаи "Миллат" зиндагиномаи Имом Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ - яке дигар аз шогирдони ӯ тақдим мегардад.

ИМОМ МУҲАММАД ДАР ШОГИРДИИ БУЗУРГОНИ ФИҚҲУ ҲАДИС

Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Фарқади Шайбонӣ соли 132-и ҳиҷрӣ дар Восити Ироқ дида ба дунё кушода, дар Кӯфа нашъат ёфтааст. Куняташ Абуабдуллоҳ буда, дар сарчашмаҳои таърихие, ки ба зидагиномаи Имом Муҳаммад ишораҳо рафтааст, ӯро писархолаи ал-Фароъ - имоми наҳвиёни Кӯфа мегӯянд. Шайбонӣ нисбати мавло будани падари ӯст ва ба нисбат доштани ӯ ба Шайбон рабт надорад. Ба қавле зодгоҳи падару бобои ӯ рустои "Ҳарасто" дар наздикии Димишқ будааст. Зиракӣ ва ҳушмандии Муҳаммад ибни Ҳасан таваҷҷӯҳи аҳли хонаводаашонро ба худ ҷалб кард ва ба таълиму тарбияи ӯ таваҷҷуҳи бештар карданд.

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз378
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4511
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6099
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67858

Дар сомона: 2 меҳмон, 2 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.106
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval