۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Таърихи Ислом, зиндагиномаи Паёмбари Худо, саҳобагон, таърихи давлатҳои исломӣ

Муҳаммадҷон Шакурӣ: «Инқилоби Бухоро фоҷиа буд»

Чоп
PDF

Ахиран, китоби Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди маъруфи тоҷик бо номи «Фитнаи инқилоби Бухоро» нашр шудааст. Донишманди тоҷик дар ин китоб назари қолабиеро дар бораи инқилоби Бухоро, ки то ин дам «инқилоби мардумӣ» ном бурда мешуд, рад кардааст.

Дар сӯҳбате бо Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ӯ роҷеъ ба паёми китоби «Фитнаи инқилоби Бухоро» пурсидем.

-Агарчӣ таърихшинос ва мутахассиси таърихи инқилоб нестам, вале азбакси бо адабиёти ҳамин давраи қарни бист, бо адабиёти шӯравии тоҷикӣ машғул будам, дар бораи инқилоби Бухоро маводи зиёде ба даст овардам ва лозим донистам, ки ин китобро нависам.
Ақидаи ман дар бораи инқилоби Бухоро хилофи он ақидаҳоест, ки то ин вақт дар байни мо вуҷуд дошт. Мо чанд вақт боз медонем, ки инқилоби Бухоро инқилоб набуд. Таҷовуз буд, ишғолгарӣ буд. Ин инқилоби пантуркистӣ буд.

Пантуркизми болшевикӣ дар солҳои аввали инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омад. Ва ин пантуркизм ба сари халқи тоҷик фоҷиаҳоеро овард, ки мо аз он тамоман бехабар ҳастем.

Густариши Ислом дар Ҳиндустон

Чоп
PDF

Нашру пахши Ислом дар сарзамини  Ҳиндустон муддатҳо баъд аз давраи  саҳоба ва тобеъин сурат гирифт ва бузургмардоне, ки нақши   асосие  дар ин росто доштаанд, ба гунаи мустақим ҷонишинони саҳоба набуданд, балки мусалмонони мухталифе аз арабҳо, туркҳо, эрониҳо, афғонҳо ва мардуми  Мовароуннаҳр будаанд, ки дар миёнашон уламо, туҷҷор ва соҳибони ҳирфаҳои мухталиф вуҷуд доранд.

Дар натиҷаи  талошҳои ин шахсиятҳо Ислом дар сарзамини  Ҳинд  дар  мароҳили  мухталиф ва гунае  оҳиста-оҳиста пахш гардидааст.

Аммо мутаассифона, дар паҳлӯи  ин нашру пахши  Ислом таваҷҷӯҳи   ҷиддие ба тазкия ва ислоҳи  нафс ва тарбияти зоту шахсияти  афрод сурат  нагирифтааст. Матлабе, ки  бидуни  он  Ислом таъсири  воқеии  худро  бар  ҷомеаи башарӣ гузошта наметавонад ва чеҳраи  аслии  ислом дар онон намудор  намешавад. Аз ин рӯ, дар навмусалмонон навоқиси  бисёре аз дидгоҳи  фикру амал боқӣ  монд.

Сипас мардуме, ки дар давраҳои  баъдӣ аз Эрон ва марзҳои  он ба Ҳинд муҳоҷират  варзиданд, бо худ пиндорҳо ва русуму одотеро ба армуғон оварданд, ки  ҳеҷ гуна пайванде бо Ислом надошт.

Ҳамчунон ки дар натиҷаи омезиш бо номусалмонон  ва пайвандҳову дӯстиҳои   иҷтимоӣ, андешаҳо ва одоти бисёре дар миёни мусалмонон ривоҷ ёфт.

«Мухтасари таърихи Ислом»

Чоп
PDF

Муштариёни гиромӣ! Мо азм намудаем, ки зери рубрикаи «Дин насиҳат аст» варианти электронии як силсила китобҳоеро, ки дар бораи таърихи дини мубини ислом аз сӯйи муаллифони шинохта навишта шудаанд ва қиммати таърихиву маърифатӣ доранд, ба тадриҷ пешкаши шумо намоем. Нахуст

Китоби Абдуррауфи Фитрат «Мухтасари таърихи ислом»-ро, ки он бори аввал бо ҳуруфи ниёгон соли 1915 дар матбаъаи Гозоруф дар шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст ва соли 1991 онро олими шинохтаи тоҷик профессор Абдулҳайи Саидзодаи Муҳаммадамин ба ҳуруфи кириллӣ баргардон карда дар нашриёти «Ирфон» чоп кардааст, манзуратон мекунем. Чуноне, ки таҳиягари он дар сарсухани аввалин нашри кириллии ин китоб овардааст: «Ин китоб арзиши бузурги маърифативу тарбиявӣ дошта, ақидаву тасаввуроти нодуруст ва машкукро дар бораи ислом ва моҳияти он аз байн мебардорад, ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад, мардумро бо ахлоқи ҳамидаву сифатҳои писандида ба шоҳроҳи зиндагӣ ҳидоят мекунад». Аз ин ба баъд ҳар ҳафта як қисмате аз ин китобро дар ин гӯшаи сомона пешниҳоди шумо, азизони дил, менамоем.

***

БИСМИЛЛОҲИР-РАҲМОНИР-РАҲИМ

МУҚАДДИМА

Ғизоҳои дӯстдоштаи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Чоп
PDF

Чун хонандаҳои азиз лутф намуда бо мо дар тамос шуданду роҷеъ ба матлаби "эҳтироми нон" изҳори назар намуданд ва чун дар ин шумора посух ба хонандаҳои муҳтарамро ваъда дода будем, дар бастагӣ ба мавзӯъ ковише дар интернет анҷом додам ва онро ба хонандаҳои азиз пешниҳод менамоям. Гарчанде ҳазрати Расули акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам ҳар чӣ дошт фидои дигарон мекард ва аз хонааш камтар дида мешуд, ки дуде баланд шавад, вале ривоёти исломӣ маълумотеро оид ба ғизохӯриҳои ӯ ва ғизоҳои дӯстоштааш ба мо нақл намудаанд.

Мутобиқи ҷустуҷӯи интернетӣ аксари ривоятҳо баёнгари онанд, ки Пайғамбари худо ва ёронаш хеле зиёд аз хурмо истифода менамуданд. Имом Бухорӣ аз ҳадиси Оиша разияллоҳу анҳо ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам аз хӯрданиҳо ширинӣ ва хурморо дӯст медошт.

Дар ҷилди 7, Саҳеҳ Бухорӣ дар китоби ғизо таҳти рақами 348 аз ҳазрати Анас ривоят шудааст, ки мефармояд ман дидам, ки назди Пайғамбари худо саллалоҳу алайҳи ва саллам шӯрбоеро гузоштанд, ки ҳам гӯшт дошту ҳам каду ва дидам, ки Расули худо пораҳое аз кадуро аз он шӯрбо мебардошту мехӯрд.

Дар ҳамин марҷаъи собиқ таҳти рақами 358 аз Абу Ҳурайра ривоят шудааст, ки ҳазрати Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам байни саҳобагон хурмо тақсим менамуд ва барои ман панҷ хурмо расид, ки яктои он Ҳашафа (номи хурмо -С.Ю.) буд ва хӯрданаш барои дандонҳои ман сахт буд.

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз378
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4511
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6099
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67858

Дар сомона: 2 меҳмон, 2 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.109
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval