۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Фиқҳи исломӣ

Одоб ва аҳкоми иди Фитр

Чоп
PDF

Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар Қуръони Карим мефармояд:

قُلْ بِفَضْلِ اللَّهِ وَبِرَحْمَتِهِ فَبِذَلِكَ فَلْيَفْرَحُوا هُوَ خَيْرٌ مِمَّا يَجْمَعُونَ.

Бигӯ, ба фазлу раҳмати Аллоҳ, ба ҳамин чиз бояд мардумон шодмон шаванд, ин беҳтар аз чизҳоест, ки гирд меоваранд. [Сураи Юнус; 58]

Бародарон ва хоҳарони мусулмон!

Аллоҳи мутаол дар поёни моҳи мубораки Рамазон бар рӯзадорон миннат ниҳод, чун анҷоми кореро ки василаи пок гардонидан ва комилкунанади неъматаш ба эшон аст, бар онон муқаррар карда аст.

Бо анҷоми он рӯза ва шабзиндадорӣ ононро қабул мекунад ва лағзишҳо ва беҳудагиҳоеро ки бо ибодоташон даромехта аст, аз байн мебарад ва ниёзмандонашонро дар рӯзи иди Фитр аз гадойӣ бениёз мекунад.

Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон IV (дарси 1, 2, 3) Рӯза

Чоп
PDF

БАХШИ ЧОРУМ

КИТОБИ РӮЗА

ДАРСИ АВВАЛ

Рӯза

Яке дигар аз фароиз ва барномаҳои солонаи Ислом барои худсозии инсонҳо «рӯза» аст. Ва рӯза он аст, ки ҳар мусалмони болиғ ва оқил аз «дамидани субҳи дуюм» то «ғуруби хуршед» бо нияти итоати фармони Худованд аз бархе корҳо, ки шарҳашон хоҳад омад, бипарҳезад. Барои ошнои бо аҳкоми рӯза аввалан бояд қисмҳои онро бишиносем.

АҚСОМИ РӮЗА:

1. Фарз.

2. Ҳаром.

Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон

Чоп
PDF

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Пешгуфтор

Ба номи онки дил кошонаи ӯст,

Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Салом ба Рамазон - моҳи зиёфати Илоҳӣ. Салом ба рӯзадорони ин моҳ, ки хобашон ибодату нафасҳояшон тасбеҳ аст ва салом ба шаби Қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст.

Моҳи Рамазон шуд маю майхона вар-уфтод,

Ишқу тарабу бода ба вақти саҳар уфтод.

Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост. Ҳар кас худро барои ин меҳмонӣ беҳтар омода карда бошад, аз хони густӯрдаи лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Ҳар кас дар ин меҳмонӣ муаддабтару оростатар бошад соҳибхона ба ӯ лутфу навозиши бештар хоҳад дод.

Дар ривоят омадааст, ки «Дарҳои осмон дар шаби аввали моҳи

Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост

Чоп
PDF

Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон

Рамазон рамзи муноҷоти шаб аст,

Зикри Қуръон дар вуҷудаш бар лаб аст.

Рамазон моҳест, ки бо вуҷуд ва ҳузуру фарорасии он бандаи мӯъмину мусалмон оромиши хотиру болидагии рӯҳ ва тазкияи нафсро дармеёбад. Дигар он ки ин моҳ моҳи мизбонии Қуръони карим аст. Мо дар ин моҳ бо ифтихор Қуръонро ба меҳмонии худ мепазирем ва бояд, ки аломатҳо ва нишонаҳои ин меҳмонӣ дар пайкари ҷомеъаи мо ошкоро дида шавад.Шарти мизбонӣ ва меҳмондорӣ ин меҳмоннавозӣ аст, ки дар фарҳанги ғанӣ ва кӯҳани мардуми мо тоҷикон маъруфу машҳур буда ва меҳмонро атои Худо мегӯянд.Чи чиз болотар ва беҳтару арзишмандтар аз номи дилнишин ва волои Қуръон аст, ки забон аз гуфтану номбурдани он лаззатеро ҳис мекунад ва гӯшҳову чашмҳо аз шунидану дидани оятҳои рӯҳбахш ва ҳуруфу нақшҳои рамзнокаш фикрҳои олиеро дармеёбад ва бо фарогирии ҳамаи инҳо дилу хотир оромиш пайдо менамояд. Ин моҳ моҳи маҳфилороии Қуръони карим аст, ки бо барподории намози таровеҳу намози шаб ва хатми Қуръони карим

Рамазони соли 2010 фаро расид!

Чоп
PDF

Моҳе фаро расид, ки ҳама мусулмонони ҷаҳон меҳмони суфраи неъматҳои бедареғи фаровони Худованди Раҳмон мешаванд, аз хони густурдаи пурбаракати ӯ баҳра мебаранд, аз раҳмату мағфирати ӯ бархӯрдор мегарданд, моҳе ки тиловати Қуръони азимушшаън ва овози каломи малакутии хониши он гӯшҳои ҳақшунави мусулмонони покро навозиш медиҳад, моҳе ки забони муъминони порсо ба зикри Худои азза ва ҷалла ва истиғфору тавбаву таҳмиду такбиру дуову ниёиш машғуланд, моҳе ки андомҳои парҳезгорони неккирдор аз ҳама ношоистагиҳо дуранду ба кирдори неку шоиста чун садақа ва таом додан, беш аз пеш рӯ овардаанд ва роҳи хушнудии ӯро мепаймоянду ҳар рӯзе ба сӯи ӯ наздиктар мешаванд.

Кормандони Сомонаи «ФИРДАВСӢ» фаро расидани моҳи мубораки Рамазони соли 1431ҳиҷрӣ мутобиқ ба 11 августи 2010-ро барои ҳама мусулмонон хуҷастабод мегӯянд.

Аз Худои таоло масъалат дорем, ки ин моҳи муборакро барои уммати исломӣ бо хайру баракат бозгардонад ва дар сояи караму фазлу раҳмати беинтиҳояш ҳамаи мусулмононро қарор диҳад ва борони раҳмату мағфирати худро бар онон фурӯ резад ва аз кӯтоҳӣ ва гуноҳонашон даргузарад ва ба роҳи ҳаққу тавҳиду яктопарастӣ

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз378
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4511
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6099
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67858

Дар сомона: 2 меҳмон, 3 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.108
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval