۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд
|
04 Октябри 2009
Ба номи Худованди бузург, Офаридгори беҳамто!
Хонандагони гиромӣ! Сураи 55-уми Қуръон, сураи ар-Раҳмонро бо тарҷумаи он манзуратон мегардонем. Воқеан, ин сура яке аз сураҳоест, ки онро арӯси Каломуллоҳ номидаанд, ба хотири он ки талаффузи зебо ва маъниҳои аҷоибе дорад.
Ба ғайр аз ин чанд ояти ин сура аллакай аз ҷониби олимони машҳури олам тасдиқи илмии худро ёфтааст. Чунончи, дар ин сура гуфта мешавад: «Раҳо кард ду дарёро, хушро ва шӯрро то ҳарду ба як ҷой ҷамъ мешаванд. Миёни эшон ҳарду боздорандае то дар якдигар намеомезанд». Асрори инро океанологҳо ва гидродогҳои шинохтаи олам дар рӯзгори мо кашф кардан два воқеан диданд, ки дар яанд минтақаи рӯи олам дар баҳру уқёнусҳо барзах пардаи ноаёне мавҷуд будааст, ки омехташавии обҳои таркибашон гуногунро роҳ намедодааст.
Ва ё ин ки дар ин сура Парвардигори Қодиру тавоно ва Холиқи беҳамто мегӯяд: «Офарид Одамро аз гили хушки ҳамчун сафол». Олимони ҳаётшинос, биологҳо имрӯзҳо ба чунин хулоса омадаанд, ки дар воқеъ инсоният аз гили ба монанди сафол сахтшуда, аз ҳамон гуна гиле ки дар соҳилҳои баҳрҳо ва обанборҳо мавҷуд аст, яъне аз гулбутта халқ карда шудааст.
Ва ё дар ояти дигари ҳамин сура Худованд мефармояд: «Ва мар ӯрост киштиҳое равон карда дар дарё, калон чун кӯҳҳо».