۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Ҷаҳони варзиш ва рӯйдодҳои варзишӣ

Тоҷикистон – муддаъии роҳхат ба сабқати ниҳоӣ

Чоп

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Непал нақл мекунем.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола, ки дар пойтахти Непал – шаҳри Катманду ҷараён дорад, дар гурӯҳи «А» ҳунарнамоӣ мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик пас аз се даври мусобиқа бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал қарор доранд. Тоҷикистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 4:0, бар Фаластин бо ҳисоби 3: 0 ва бар Непал бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Рақибони Тоҷикистон, инчунин, Яман ва Урдун мебошанд. Сабқати гурӯҳи «А» 4-уми ноябр ба анҷом мерасад.
Ин ҳафта Расул Боқиев, паҳлавони машҳури тоҷик, қаҳрамони Русия дар риштаи гуштии дзюдо дар соли 2009 гардид. Расул Боқиев, ки шаҳрвандии Русияро пазируфт ва дар айни ҳол дар шаҳри Маскав ба сар мебарад, дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Русия, ки дар шаҳри Налчики Кабардину Балқар баргузор шуд, дар вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ кард.

Барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт:

Пирӯзии дастаи ҷавонони Тоҷикистон бар Непал

Чоп

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола бар тими мизбон - Непал бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ин бозии даври севуми гурӯҳи «А» 29-уми октябр дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду баргузор шуд.
Ҳисобро дар дақиқаи 11-ум бозигари мизбонон Малла Нираҷан боз кард. Нуриддин Давронов дар дақиқаи 43-юм аз пенолти ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Шероз Абдуллоев дар дақиқаи 79-ум ба самар расонд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бо чунин ҳайат бозӣ кард: Саидҷон Саидраҳмонов, Шероз Абдуллоев, Аҳтам Назаров, Сергей Абрамов, Расул Файзов, Шодибек Ғаффоров (Ҷамолиддин Зардиев, 86), Нуриддин Давронов, Фариз Аскаров (Руслан Раҳматов, 53), Шавкати Ҳотам (Умедҷон Шарипов, 41), Наим Улмасов, Қурбоналӣ Собиров.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими Қирғизистон аз дастаи Урдун бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Бозии дастаҳои Фаластин ва Яман бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «А» дастаи Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаи Урдун бо 7 имтиёз дуввум аст.

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ

Чоп

Гулподшоҳ Хайлобеков, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо байни устодон дар шаҳри Каунаси Литва медали нуқра ба даст овард.

Ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, дар сабқати ҷаҳонӣ беш аз 200 варзишгар аз 20 кишвар ширкат доштанд.
Паҳлавони тоҷик Гулподшоҳ Хайлобеков дар вазни то 68 килограмм байни варзишгарони синнашон аз 60 то 64-сола бар гуштигирони Молдова, Юнон ва Беларус пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари Русия Владимир Самсонов, қаҳрамони 6-каратаи ҷаҳон, мағлуб гашт ва ҷои дуввумро касб кард.
Гулподшо Хайлобеков, мудири мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳри Хоруғ, ягона варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ намояндагӣ кард.

Нарзуллоҳи Латиф

ОЗОДӢ

Пирӯзии дастаи Тоҷикистон бар Фаластин

Чоп

Дастаи Тоҷикистон дар дуввумин бозии худ дар сабқати қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Непал бар тими Фаластин бо ҳисоби 3: 0 пирӯз шуд.

Ин бозии даври дуввуми гурӯҳи «А» 27-уми октябр дар варзишгоҳи Ҳалчовки шаҳри Катманду баргузор шуд. Голҳоро Нуриддин Давронов (дақиқаи 10-ум), Шодибек Ғаффоров (60-ум) ва Шероз Абдуллоев (67-ум, пенолти) ба самар расонданд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бо чунин ҳайат бозӣ кард: Саидҷон Саидраҳмонов, Шероз Абдуллоев, Аҳтам Назаров (Адиб Мародмамадов, 86), Сергей Абрамов, Расул Файзов, Шодибек Ғаффоров, Нуриддин Давронов, Фариз Аскаров (Умедҷон Шарипов, 81), Шавкати Ҳотам (Далер Раҷабов, 78), Наим Улмасов, Қурбоналӣ Собиров.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи Непал бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Бозии дастаҳои Урдун ва Яман бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт.
Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «А» дастаи Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаҳои Яман ва Урдун 4-имтиёзӣ доранд. Непал 3 имтиёз ба даст овардааст. Вале дастаҳои Қирғизистон ва Фаластин бидуни имтиёз дар ҷойҳои охирин қарор доранд.

Пирӯзии ҷавонони Тоҷикистон бар Қирғизистон

Чоп

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Непал бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 4: 0 ғалаба кард.

Ин бозии даври аввали гурӯҳи «А» 25-уми октябр дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду баргузор шуд. Голҳоро Қурбоналӣ Собиров (дақиқаи 24-ум), Фариз Аскаров (56-ум), Шавкати Ҳотам (63-юм) ва Шодибек Ғаффоров (72-юм) ба самар расонданд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бо чунин ҳайат бозӣ кард: Шероз Абдуллоев, Аҳтам Назаров, Сергей Абрамов, Расул Файзов, Нуриддин Давронов (Ҷамолиддин Зардиев, 75), Фариз Аскаров (Руслан Раҳматов, 63), Саидҷон Саидраҳмонов, Шавкати Ҳотам, Наим Улмасов, Фирдавсӣ Қурбонов (Шодибек Ғаффоров, 25), Қурбоналӣ Собиров.

Дар ду бозии дигари ин гурӯҳ дастаи Урдун бар тими Фаластин бо ҳисоби 3:1 ва мунтахаби Яман бар тими мизбон – Непал - бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.
Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «В» дастаҳои Тоҷикистон ва Яман бо 3-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷои аввал ва Яман дар ҷои дуввум қарор доранд.

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз473
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4606
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6194
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67953

Дар сомона: 1 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.107
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval