۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Ёрони ҷонфидо ва бовафои Расули Худо

Умар ибни Хаттоб поягузори адолати додгоҳии исломӣ

Чоп
Баҳогузории корбар: / 1
БадБеҳтарин 

Умар ибни Хаттоб, ки бо лақаби Умари Форуқ {разияллоҳу анҳу} машҳур аст, дуввумин халифаи рошидин ба шумор меравад. ӯ пас аз вафоти Абубакри Сиддиқ соли 634 милодӣ чун халифа ва амирулмӯъмин ба хилофати исломӣ роҳбарӣ кард ва соли 644 милод аз ҷониби душманони Ислом ба шаҳодат расид.

Давраи хилофати Умари Форуқ {разияллоҳу анҳу} илова бар ин ки давраи футуҳот ва тавсиъаи доираи ҳукумати исломӣ ва густариши дини мубини Ислом буд, назми сиёсии хилофат исломӣ низ дар давраи ҳукмронии халифаи бузург суръат гирифт ва ба камол расид. Умар ибни Хаттоб дар давраи хилофаташ созмонҳо ва таъсисоте дар Ислом ба вуҷуд овард, ки пештар собиқа надоштанд:

а) Тақсимоти маъмурӣ.

 Чун дар аҳди хилофати Умари Хаттоб {разияллоҳу анҳу} имперотурии бузурги исломӣ ба вуҷуд омад, маркази хилофат ҳам наметавонист бо он созмони сода, ки дар замони рисолат ва дар давраи хилофати халифаи аввал дар кор буд, аз ӯҳдаи идора

Салмони Форсӣ аз оташпарастӣ то Ислом

Чоп

Агар илм дар Сурайё бошад ҳароина мардоне аз инҳо онро ба даст оваранд.

Ин ҳадиси Паёмбари Ислом Муҳаммади Мустафо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ҳаст ва онро дар ҳоле гуфт, ки дасташ болои шонаи САЛМОНИ ФОРСӢ буд.

Дурустии сухани Паёмбари Худоро дар хидмати Ислом камар бастани мардоне аз Форс дар мисоли Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Насоӣ, Имом Тирмизӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Ҷамолиддини Афғонӣ ва дигар ситораҳои дурахшону раҳнамои осмони маорифи исломӣ ба исбот расондаву ҳама муъминон бузургии ононро қоиланд. Ӯ тарроҳи аслии ҷанги Хандақ буд. Дар охири умри худ волии Мадоин шуд. Ба қавле Салмон дар соли 35-уми ҳиҷрӣ, дар авохири хилофати Усмон даргузашту ҳазрати Алӣ пайкарашро ғусл дод, кафан кард ва бар ӯ намоз гузорид. Ҳамроҳи эшон Ҷаъфар ибни Абутолиб ва гӯиё Хизри набӣ ҳам бар пайкари Салмон намоз гузориданд. Салмонро баъзеҳо аввалин тарҷумони бархе сураҳои Қуръон медонанд. Аз тарҷумаи ӯ танҳо тарҷумаи сураи "Фотиҳа" боқӣ мондааст.
Дар бораи Салмони Форсӣ дар тӯли торихи Ислом зиёд навиштаанд. Зеро ӯ саҳобаи ҷалили паёмбари Худо буд. Ӯро ҳама мусулмонон дӯст медоштанду дӯст медоранд.

Бонувони саҳоба: 7. Рамла духтари Абусуфён

Чоп

Рамла духтари Абусуфён

Уммуҳабиба Худо ва Расулашро бар ҳама чиз тарҷеҳ дод ва ҳамонанди шахсе ки аз афтодан дар оташ меҳаросад, бозгашт ба куфрро дар шаъни худ надида ва нописандаш шумурд.

Абусуфён ҳаргиз чунин фикре тавоёи зеҳнашро намепаймуд, ки фарде дар миёни Қурайш қад барафрозад ва дар муқобала бо ӯ биистад ва дастуроташро нодида бигирад ва дар масоили муҳим ва асосӣ табли мухолифат бо ӯро бинавозад.

Ӯ бузурги Макка буд, роҳбаре ки тамоми маккиён дар муқобилаш саропо гӯш буданд ва аз дастуроташ итоъат ва пайравӣ мекарданд. Духтари ӯ ба Худованди воҳид ва якто имон овард ва ба ҳама худоёне ки падараш муътақид буд, пушт кард ва табли мухолифат бо ин ақидаи ширкиро навохт. Ӯ ва шавҳараш Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш ҳамроҳ бо ҳам ба Худованди воҳид ва якто имон оварданд ва рисолати Паёмбарро {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} тасдиқ намуда ва пазируфтанд. Абусуфён тамоми қудрату нерӯи худро ба кор бурда ва басеҷ намуд, то духтар ва домоди хешро ба дини обо (падарҳо) ва аҷдодашон бозгардонанд, аммо дар ин роҳ муваффақияте ба даст наёвард. Имоне ки дар умқи қалби Рамла реша давонда буд ва тамоми нерӯяшро тасхир намуда буд, амиқтар ва бодавомтар аз он буд, ки тӯфонҳои хашму ғазаб ва қудрату нерӯи заъифи Абусуфён битавонад, ӯро решакан намуда ва нобуд созад.

Гӯшае аз зиндагонии асҳоб: 9. Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш

Чоп

Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш

Ин саҳобие, ки пиромунаш сӯҳбат хоҳем кард, яке аз он ёрони босафое аст, ки дар рӯзгорони нахустини даъват дини Исломро пазируфта ва ба ҳазрати Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} робитаи наздик дошта ва ба вай сахт дил баста буд.

Вай писари аммаи ҳазрати Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аст. Ба хотири он, ки модари вай Умайма духтари Абдулмуталлиб, аммаи Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аст.

Ва хоҳараш Зайнаб бинти Ҷаҳш шарафи ҳамсарии Расули Худоро {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} касб намудааст. Ва яке аз уммаҳоту-л-муъминин буд. Ва аз ин ноҳия вай хусурбачаи он Ҳазрат {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} низ мебошад.

Ва ин шахс аввалин касест, ки ҳазрати Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} барои вай парчамро баст. Ва илова бар ин ӯ аввалин касе аст, ки ба номи амиру-л-муъминин хонда шудааст.

Қабл аз он, ки ҳазрати Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дохили Дору-л-Арқам шавад, Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш аз собиқадорони ислом буд.

Бонувони саҳоба: 6. Нусайбаи Мозиния

Чоп

Нусайбаи Мозиния

Дар рӯзи Уҳуд ба ҳар тараф ки нигоҳ мекардам, росту чапам Уммуаммораро медидам, ки ба дифоъ аз ман меҷангид. Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}

«Ваъдаи дидори шумо бо Расули Худо дар Ақаба аст, дар аввалин қисмате аз шаб».

Ин ҷумлае, буд, ки махфиёна Мусъаб ибни Умайр дар гӯши яке аз мусулмонони Ясриб хонд, аммо ин гуфта ба суръат ва нармиву оромии насим ҳама ҷоро дарнавардид ва гӯши ҳама мусулмонони Ясрибро навохт.

Мусулмононе ки аз Мадина ва дар миёни гурӯҳҳои мушрикон, ки аз атроф ба сӯи Макка равон буданд ба роҳ афтода буданд, ин ҷумларо комилан, ба хотири супурданд ва муштоқона интизори ин лаҳзаи муборак ва рӯҳбахшро мекашиданд.

Шаб фаро расид ва ҳуҷҷоҷи мушрикон худро ба бистарҳо супурда ва ба хоб паноҳ оварданд, онҳо баъд аз як рӯзи пурталош ва бисёр хастакунанда ки ба тавофи перомуни бутҳо ва қурбонӣ барои онҳо сипарӣ карда буданд дар хоби амиқе фурӯ рафтанд. Аммо мусулмонони Ясриб, ёрони Мусъаб ибни Умайр лаҳзаҳое наёсуданд ва чашм фурӯ набастанд.

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз377
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4510
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6098
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67857

Дар сомона: 1 меҳмон, 3 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.106
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval