۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Алҳамду лиллоҳи раббилоламин ва салавотуллоҳи ва саломуҳу ъало хотами-н-набийина Муҳаммадини-бни Абдиллоҳ{саллаллоҳу алайҳи ва саллам}.
Муқаддимаи мутарҷим
Ин китоб, тарҷумаи 23 навъе аз анвоъи улуми ҳадис, аз китоби машҳур «Муқаддимаи Ибни Салоҳи Шаҳразурӣ» аст ва дарбаргирандаи мафоҳими асосии мавриди ниёз барои донишҷӯи муҳаққиқ дар илми ҳадис ва дар ростои фаҳми он мебошад.
Худи «Муқаддима», шомили 45 навъ аз анвоъи ҳадис аст, ки се бахши асли он шомили саҳеҳ, ҳасан ва заъиф мебошад ва навъи аввал ва дуввум ва саввуми китоби «Муқаддима» ба он ихтисос дода шудааст ва аз навъи саввум то шасту панҷум, шомили шохаҳо ва шуъбаҳои фаръии илми ҳадис мебошад.
100 ҳадис барои ҳифз кардан аз «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва «Саҳеҳ»-и Муслим
Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд
|
17 Ноябри 2009
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Пешгуфтор
Сипосу ситоиш мар Парвардигори оламиёнро ва дуруду паём бар беҳтарини пайғамбарон бод!
Аммо баъд...
Ин сад ҳадиси шариф бо инояти том аз ду китоби саҳеҳтарини ҳадис - «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва «Саҳеҳ»-и Муслим бо ин умед баргузида шудаанд, ки то бо кӯмаку ёрии Худованд, барои пӯяндагони ҷодаи илм гоми нахустине ба сӯи роҳи мубораки аз ёд кардани ҳадисҳои Пайғомбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва татбиқи онҳо гарданд.
Дар баргузиниши аҳодиси набавӣ, кӯшидем, то онҳо дар мавзӯъҳои гуногун бошанд, то мусулмони покдин дар аҳкоми фиқҳӣ, одоби исломӣ ва муомилаҳои шаръӣ аз файзи онҳо судбар шавад.
Бародар ва хоҳари гиромӣ! Умеди он дорам, ки ҳифзи ин китобча барои шумо раҳкушои ҳифзи китобҳои саҳеҳтарини ҳадис ва василаи неке дар талаби пайвастаи илми шаръӣ гардад.
1. Аҳодис дар бораи парчамҳои сиёҳе ки аз Хуросон мебароянд
Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд
|
13 Ноябри 2009
САВОЛИ РАҚАМИ 1:
Ҳамин ду ҳадисро бин. Ҳаминҳо саҳеҳанд?:
Hadhrat Buraidah (R.A.) says that Rasulullah (Sallallahu Alayhi Wasallam) said: "There will be many armies after me. You must join that army which will come from Khurasaan." (Ibn Adi)
Abu Hurairah (R.A.) says that Rasulullah (Sallallahu Alayhi Wasallam) said: "(Armies carrying) black flags will come from Khurasaan. No power will be able to stop them and they will finally reach Eela (Baitul Maqdas) where they will erect their flags." (TAJIK)
Ҳадиси якум: Abu Hurairah (R.A.) says that Rasulullah (Sallallahu Alayhi Wasallam) said: "(Armies carrying) black flags will come from Khurasaan. No power will be able to stop them and they will finally reach Eela (Baitul Maqdas) where they will erect their flags."