۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Ҳамду сано Парвардигори ҷаҳониёнро ва салому дуруд бар сарвари ояндагон ва гузаштагон Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва олу асҳобаш.
Аммо баъд:
Ин китобчаи мухтасарест, ки дар он ба ҷуз нақлҳо ва ривоятҳо аз китобҳо ва марҷиъҳо чизи дигаре ворид нашуда аст;
Хонандаи азиз! Чизе ки аз шумо мехоҳам, ин аст ки дар қазоват кардан саросема нашавед, ҳамоно, ҳақиқат чизест дӯстдоштанӣ ва ҳар оқиле дар паи пайдо кардани он аст ва касе ки дар паи ба даст овардани ӯ сари худ сахтӣ биёрад ва меҳнат кунад, лаззат ва роҳати баъд аз ба даст овардани ӯро хоҳад чашид.
Бале, роҳи ба даст овардани ҳақиқат сахт ва пурмашаққат аст, вале роҳи гурез аз он вуҷуд надорад, бубинед, ки чи андоза имомон кӯшиш ва вақти худро сарф карданд, то ки анъанаҳову аҳкоми диниро ошкор созанд, чи басо ки сарвар ва имоми ҷавонони аҳли биҳишт худаш ва ҷонашро барои нусрат ва ёрии ин дин ва баёни аҳкому
Соли бузургдошти Имоми Аъзам (раҳимаҳуллоҳ) эълон гардидани соли 2009 аз ҷониби сарвари давлат боиси хурсандии мардуми тоҷик гардид. Онҳо барномаҳои густардаи фарҳангӣ, ислоҳоти иҷтимоъӣ ва тарҳҳои азими рушди маънавӣ ва иқтисодии кишварро аз ҷонибисарвари давлат бо шӯру шавқ истиқбол намуда, эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам (раҳимаҳуллоҳ) ба онҳо такони наве дар бозгашт ба ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ бахшид.
Ин иқдоми сарвари давлат, агар аз як тараф, барои рушди арзишҳои фарҳангӣ, эҳёи ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси худшиносӣ дар мардум мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, ҷавоби муҳкаме бар тундравиҳои мазҳабии ҷавононе бо номи салафиҳо буд. Ин ҷавонон аз рӯи ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифати динӣ ва хуб нашинохтани тариқаи татбиқи аҳкоми шариъат дар баъзе масоил ба хушунат ва тундравиҳое роҳ доданд ва ҳамин тавр, афкори мардумро мушавваш сохтанд, дар ҳоле ки дар аксари ин масоил ҳарду равиши амалӣ, яъне ҳам равиши пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва ҳам гуфтаҳои ин ҷавонон, аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст.
Аксари гуфтаҳои онҳо бо далелҳои шаръӣ асоснок мебошанд ва хилофи шариъат чизе нагуфтаанд, вале мушкили кори эшон дар он аст, ки далелҳои ҷониби дигарро комилан қабул надоранд ва дар мавқеъи худ ба таври ифротомезе пофишорӣ менамоянд. Гузашта аз ин, аъмол ва ҳаракоти онҳо баъзан характери супоришӣ ва иғвобарангезона доранд ва онҳо бо ин равиши тундашон амалан бар хилофи суннати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва равиши ҳикматомези ӯ ҳаракат кардаанд.