۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Фирқаҳо ва адён

Гуноҳи инсон дар Библия ва Қуръон

Чоп
Баҳогузории корбар: / 1
БадБеҳтарин 

ГУНОҲИ НАХУСТИН ВА ТАБИАТИ АНТОЛОГИИ ИНСОН

Аз таълимоти аҳди ҷадидӣ бармеояд, ки ҳар қадар табиати онтологии инсон бо содир кардани нахустгуноҳ халалдор шуда бошад ҳам, он аллакай ба сабаби он ки бо образ ва монандии Худо офарида шудааст, қисман ва тавассути қурбонии Масеҳ барои хариди гуноҳон пурра барқарор (эҳё) мешавад. Қуръон аксаран ба нокомилии ахлоқии инсон таваҷҷуҳ дорад. Инсон ба худии худ, бидуни итоат аз Худо ҳеҷ аст, устувор нест, заъиф аст.

Ин мавзӯъ дар Қуръон зиёд садо медиҳад. Масалан, "Ҳар оина одамиро ҳарису ношикебо офаридаанд" (Қуръон 70:19), "Ҳаққо, ки одамӣ нофармонӣ мекунад" (Қуръон 96:6), "…вале одамӣ беш аз ҳама ба ҷадал бармехезад" (Қуръон 18:54), "…хасме ошкор аст", "одамӣ носипос аст" (Қуръон 36:77 ва 17:67), "Чун ба инсон неъмат додем, эътироз кард ва хештан ба як сӯ кашид ва чун газанде ба ӯ расид, навмед гардид" (Қуръон 17:83).

Ҳар як амали инсон билкулл аз амали созанда ва офарандаи Худо вобастагӣ дорад. "Офаринандаи ҳар чизест" (Қуръон 6:102), - гуфта шудааст дар Қуръон ва зиёда аз ин таъкид мешавад, ки: "Парвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад … ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд, бартар аст" (Қуръон 28:68).

Оини Зардушт дар тарозуи таърих

Чоп
Баҳогузории корбар: / 2
БадБеҳтарин 

Мо мусалмонон агар аз далолати Қуръон ва ривоятҳои паёмбарон сарфи назар кунем, ҳаргиз наметавонем ба ҳаққонияти Зардушт ва оини ў пай бибарем. Зеро, ки аввалан замони пайдоиши Зардушт ва шарҳи иқдомоти ў дар китобҳои таърих равшан нест. Дуввуман ин, ки китоби «Авесто», ки ба у нисбат дода шудааст, аз дигаргунии зиёду камшави маҳфуз намондааст. Пас на паёмбари ин оинро ба хубӣ метавон шинохт на китобу паёми вайро ба дурустӣ метавон ёфт. Ҳатто замони зуҳури Зардушт маълум нест, ки вай дар кадом аср мезист?

Иброҳимпур Довуд, ки аксари зардуштиён вайро саркардаи Авестошиносон медонанд, дар дебочае, ки бар «Гот»-ҳо нигоштааст, дар бораи замони Зардушт менависад: «Дар ин хусус ривоятҳо ба андозае гуногунанд, ки ҳаргиз сулҳу созише миёни онҳо наметавон дод».

Ў боз менависад: «Таҳқиқан намедонам маҳалли таваллуд ва замони зиндагии Зардушт куҷо ва кай буд. Чаро? Барои он, ки Зардушт мутааллиқ ба як замони бисёр қадим аст, ки дасти таърих ба остони баланди он намерасад».

Дар китобҳои зардуштиён омадааст, ки Искандари Мақдунӣ китоби Авесторо, ки дар «Дижи Напаштак» нигоҳдорӣ мешуд ба оташ кашид ва аз байн бурд.

Ҳизби Таҳрир

Чоп
Баҳогузории корбар: / 1
БадБеҳтарин 

Муноқишаи илмӣ дар радди манҳаҷи Ҳизби Таҳрир

Муқаддимаи тарҷумон

Ҳизби таҳрир, ки дар тамоми кишварҳои мусалмоннишин ба нокомӣ дучор шудаву на танҳо аз ҷониби сиёсатмадорон, балки аз ҷониби уламои ислом низ ба радди феъл мувоҷеҳ шудааст ва натавонистааст аҳдофи худро дар ягон кишваре пиёда созад, имрӯз дар диёри мо фаолият дорад ва ба нашри афкораш мепардозад.

Мутаассифона, бештар ҷавонони мухлис ва диндор, ки аз таолими исломӣ огоҳии кофӣ надоранд, бидуни шиносоӣ ба манҳаҷи ин ҳизб, ба доми он меафтанд ва ҳама иқтидори худро, ки мебоист барои таблиғи ислом ва ислоҳи ҷомеа ба харҷ медоданд, сарфи бозиҳои сиёсие мекунанд, ки то ҳол натиҷаи дилхоҳи он дар ягон кишваре аз мамолики исломӣ мушоҳида нашудааст ва касе аз уламои мӯътабари ислом манҳаҷи онро эътироф накардааст.

Бинобар ҳирси банда ба ҳифзи ваҳдати мусалмонони диёрамон, қалам ба даст гирифтам, то ҳар падидаи носолимеро, ки аз хориҷ талаққӣ мегардад ва бар манҳаҷи аҳли суннат ва ҷамоат, ки саҳеҳтарин мазоҳиби ислом аст, мухолифат мекунад, таҳқиқу баррасӣ кунам ва агар навиштаи хубу ҷолибе ҳам пайдо шуд, тарҷума намуда пешкаши ҳамватанон созам, то бар солимияти равиши худ итминон ҳосил кунанд ва аз ҳама гирдобҳои шубҳаву шаҳавот барканор монанд.

Қодиёнӣ – даъвогари дурӯғини паёмбарӣ

Чоп

Қодиён номи деҳе дар иёлати Панҷоби Ҳиндустон аст. Аз он ҷо яке аз муддаиёни дурӯғини нубувват дар охири аср бо номи Мирзо Ғулом Аҳмади Қодиёнӣ ба дунё омада ва имрӯз ҳам маркази фаъолияти пайравони ӯ ба ҳисоб меравад. Пайравони Мирзо Ғулом Аҳмад ба "қодиёнӣ" машҳуранд ва ойине, ки ӯ ба он даъват мекард, таҳти унвони "қодиёният" шинохта мешавад. Пеш аз он, ки ба муаррифии шахсияти ин муддаии дурӯғини нубувват бипардозем, нигоҳи кӯтоҳе ба мавзӯи хотамияти паёмбари Ислом Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хоҳем пардохт.

ХОТАМИЯТИ ПАЁМБАРӢ

Биъсати паёмбари Ислом Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамоно бузургтарин неъмати маънавии илоҳӣ аст. Ин неъмати илоҳӣ бо сифот ва вижагиҳои барҷаста, рисолату биъсати хотами паёмбаронро бар нубуввату рисолати анбиё (а) мақоми бартару болотар бахшидааст. Яке аз бузургтарин вижагиҳои биъсати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин "хотамият" аст. Васфи хотамияти Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гарчи масъулияти уламоро сангин мекунад, чаро ки даъвату роҳнамоии гурӯҳи инсонҳо, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, ислоҳи ҷомеа ва ҷойнишинӣ аз паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ӯҳдаи онҳо гузошта шуда, аз ҳамин ҷиҳат ин уммат аз уматҳои гузашта фазилат ёфтааст.

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз473
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4606
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6194
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67953

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.109
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval