۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Мақолаҳои баргузида

Рамазон дар ақсои олам

Чоп

Рӯза яксӯ мешавад…

Ҳамакнун моҳи шарифи Рамазон ба поён мерасад. Моҳи раҳмати парвардигор бар бандагон, моҳи омурзиши гуноҳон, моҳи раҳоӣ аз оташи дӯзах.

Воқеан, рӯзҳои рамазони имсола нисбат ба солҳои пешин тӯлонитару ҳаво ҳам нисбатан гармтар буд. Рӯзадорон бо таҳаммули ташнагиву гушнагӣ дар давоми 30 рӯз беш аз 15 соат дар гармии тоқатфарсо аз хӯрдану нӯшидану алоқаи ҷинсӣ бо ҳамсарони ҳалоли хеш худдорӣ карданд. Онҳо тавонистанд, ки дар чунин имтиҳони солонаи худовандӣ имсол ҳам комёб шаванд ва нафси худро тазкия кунанд. Худованд ваъда карда, ки рӯзадорӣ барои ӯст ва Ӯ подошашро худаш ба бандагон медиҳад.

Бархе ҳам натавонистанд, ки рӯзаро то охири моҳ идома бидиҳанд. Баъзе ба иллати заъфи ҷисмонӣ ва баъзе ба баҳонаи тоб наовардан. Як ронандаи таксӣ гуфт, чанд тан аз ҳамкоронаш, ки одатан дар гармои рӯз барои аҳлу аёлашон қути лоямут пайдо мекунанд, имсол ба рӯзадорӣ тоб наоварданд ва рӯзаашонро хӯрданд.

Ислом - заминаи густариши илм

Чоп

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!

Дар заминаи талошу пайкорҳои фарзандони асили миллат ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ баҳори озодӣ ва истиқлолият ба як воқеият табдил ёфт, агарчи ҳоло ҳам он комил нест; дар кишвар барои рӯ овардан ба фарҳанги асили исломӣ, ҳувият ва худшиносии миллӣ фазои мусоиде фароҳам гашт. Вале мутаассифона, бо сабабҳои маълуми замони пешин ва дур шудани мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон аз фарҳанг ва асолати аҷдодии хеш ва таҳмил гардидани фарҳанги таҳоҷумгари русӣ ва ғарбӣ мардум дастовардҳои ахири хешро, чӣ фанниву чӣ фарҳангӣ, моли бегонагон медонанд… Вақте ба таърихи давлатдории Юнон, Рум, Форс ва дигар миллатҳои номовари ҷаҳон назар меандозем, дида мешавад, ки афкори Афлотуну Сино ва Форобиву Пифагор ба густариши илм ва фароҳам сохтани василаҳои расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ сарф гаштаанд ва албатта, ҳар кадоме дар заминаи афкор ва ақидаи хеш.

Ислом дар асри 6-7 милодӣ дар ҷаҳон интишор ёфт ва дар

М.Ҳимматзода: Салафиҳо мухолифи ҳизби мо буданд

Чоп

Сӯҳбати хабарнигори Озодӣ бо Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Озодӣ: - Устод ҳоло чӣ ҳолу аҳволе доред?

Ҳимматзода: -Ба ҳар ҳол, дар моҳи мубораки Рамазон бо тавфиқи илоҳӣ тавонистем, ки рӯза бигирем. Ин ҳам як неъмат аст. Агарчӣ маризии мо тӯлонӣ шуда, вале, алҳамдуллилоҳ, дар ин муддати беморӣ аз хондану навиштан дур нашудем. Кӯшиш кардем, ки дар ҷараёни ҳаводис бошем. Шояд хонандаҳои мо гумон кунанд, ки мо сиҳҳатии комил дорем, аммо бо вуҷуди беморӣ тавонистем, ки як зарра ҳам бошад ба беморӣ тан надиҳем ва як кореро анҷом диҳем.

ПАҲЛУҲОИ МАНФИИ ИҶРОИ ҚОНУНИ НАВИ ДИН

Озодӣ: - Бубинед, бо вуҷуди мухолифатҳо қонуни нав дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қабул шуд. Баъд аз қабули он чӣ мушкилотеро амалан мушоҳида мекунед? Яъне, иҷрои ин қонуни нав чӣ мушкилотеро барои диндорон овардааст?

Ҳимматзода: -Ин қонуне, ки таҳия ва қабул шуд, ба назари мо, ба давраи солҳои ҳафтодуми замони Шӯравӣ мутобиқат мекунад.

Эҳтироми нон ва биҳишти косалесон

Чоп

"Агар соати 4-и шав тоҷика ай хов бхезунӣ бгуиш чӣ дорӣ? Мега; "иштиҳо". Кӯдакдор, ки ҳаст доим иштиҳош қатишай….." Ин порае аз шӯхиҳои ҳаҷвнигори машҳур марҳум Амиршоҳ ҳаст, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба қатл расид, вале садо ва шӯхиҳояш ҳанӯз боқист. Дар ин шӯхӣ ҷиддияте ниҳон аст ва он ҷиддият ин аст, ки дар маҷмӯъ мардуми тоҷик иштиҳои хуб доранд ва бисёр мехӯранд. Шояд иллаташ ин бошад, ки аксаран мардуми мо дар деҳот мезиянд ва ба кору бори деҳқонӣ ва кишоварзӣ машғуланд.

Албатта боду ҳавои тоза ҳам метавонад таъсири худро дошта бошад.

Агар мо ба ғизо ва таомҳои худ бингарем, мебинем ғизоҳои мо асосан ғизои деҳқониянд. Палаву қурутобу шӯрбо ва мантуву плимени серравған ғизоҳои серкалорияе ҳастанд, ки бо тановули он беҳтар аст одам ба кори физикӣ ва деҳқонӣ машғул шавад то корҳои фикрӣ, аммо ин ба ғизои асосӣ табдил ёфтааст ва ҳатто дар шаҳрҳоямон ҳам одамоне, ки ба корҳои фикрӣ ва идорӣ машғуланд аз ҳамин ғизо истифода мебаранд.

Бисёре аз мо субҳона нону маска ва чой ё коферо бо мураббо мехӯрем, ки чизе ҷуз ширинӣ ва чарбӣ дар худ надорад ва гарчанде шикамро сер мекунад, вале барои саломатӣ ғизои хубе нест. Мо эҳсос намекунем, аммо сар аз субҳона то чошту хӯроки шом миқдори бисёр зиёди нонро истифода мебарем.

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост…

Чоп

Маълум аст, ки аксари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусалмонҳо ташкил медиҳанд. Инчунин ҷои шукр аст, ки дар бештари мардуми мусалмони мо риояи умури дин ва шарту шурути мусалмонӣ то андозае мушоҳида мешавад. Ғайр аз ин метавон гуфт, ки баъд аз ба даст омадани неъмати бебаҳои истиқлоли миллӣ, неъматҳои зиёди Худованд бар мардуми шарифи Тоҷикистон афзун гардидааст. Аз ҷумла зиёд гардидани олимону воъизони дини мубини Ислом ва озодона баёни фикру андешаҳои онҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар аз он неъматҳоест, ки инсонро водор мекунад, то аз он ғофил набошад.

Чаро, ки имрӯз метавон ҳар яки мо чӣ ба воситаи садову симо ва чӣ рӯзномаву маҷаллаҳо аз шарҳу тавзеҳи масъалаҳои гуногуни исломӣ бархурдор бошем.

Ғайр аз ин озодии масҷидҳо ва гузаронидани маъракаҳои гуногуни исломӣ то андозае барои рафъи мушкилоти ҳар яки мо кифояткунанда аст. Аммо бо ин ҳама неъматҳои бузурги Худованд, ки бар мардуми шарифи тоҷик иноят фармудааст, боз чанде аз рафтор ва кирдори ношоямеро дар бархе аз бародарону хоҳарони мусалмони мо дидан мумкин аст, ки боиси айб доштан дар мусалмонии онҳоро шаҳодат медиҳад.

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз375
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4508
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6096
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67855

Дар сомона: 3 меҳмон, 1 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.106
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval