۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Attention! Javascript must be enabled to read our newsticker.
Имом Абуҳанифа
Номи некаш зевари авроқи девонҳо шуда
Posted in
Имом Абуҳанифа
Имоми Аъзам - Абуҳанифа , ки аз баргузидагони маърифату дониш буд, барои хештан дар осори ҳамгинони худ- нухбагони иқлими андешаву ҳикмат ҷойгоҳи арҷманде пайдо кард. Дар осори донишмандону суханварони асрҳои гузаштаву муосир афкору орои ин пешвои илму маърифати исломӣ бо шеваҳои гуногун ифода гардида, донишу заковати беназир, парҳезгориву сафои ботини ӯро тавсиф кардаанд.Ҳаким Саноии Ғазнавӣ аз ҷумлаи онҳост. ӯ бо иродати тамом аз боби фазоили аъмол ва раъйу тадбири дурусти Имоми Аъзам {раҳимаҳуллоҳ } сухан ба миён овардааст. Дар маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат» бахши алоҳидаеро бо унвони «Ситоиши Имом Абуҳанифа {раҳимаҳуллоҳ }» ихтисос дода, дар перомуни 47 байт нуктаҳои меҳварии шахсияту андешаи ӯро ба арз расонидааст. Ҳамчунин дар бахшҳои дигари ин маснавии ирфонӣ нуктаҳои ҷолиберо дар иртибот бо Абуҳанифа мундариҷ сохтааст. Дар маҷмӯъ, Саноӣ дар даҳ ҷойи «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат» аз Имоми Аъзам {раҳимаҳуллоҳ } бо зикри куният ё номи ӯ ёд кардааст. Ҳамчунин мавридҳои зиёде бо унвонҳои ифтихорӣ ин пешвои бузурги мазҳабиро ба ҳайси усваи ҳасана тазаккур додааст. Унвонҳои ифтихории мундариҷ дар «Ҳадиқат-ул-хақиқат» муҳимтарин авсофи Имоми Аъзам ро дар худ ғунҷоиш додаанд.
Суханони уламои ислом дар васфи Имоми Аъзам
Posted in
Имом Абуҳанифа
Оид ба шахсият ва зиндагиву осори Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит асарҳои зиёде навишта шудаанд. Чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб олимони шинохта суханҳои неку холисона гуфтаанд. Дар ин ҷо суханони чанд тан аз олимони маъруфу шинохтаи исломро, ки дар ситоиши Имоми Аъзам гуфтаанд меорем:
• Дар илми тафсир ва илми ҳадис касеро мисли Имоми Аъзам надидам. (Имом Абуюсуф)
• Дар хусуси қиёс кардан уламо аз сарчашмаи Имоми Аъзам об хӯрдаанд. (Имом Шофеъӣ)
• Имоми Аъзам аз носиху мансух ниҳоят эҳтиром меварзид ва зиёда баҳсу мунозира менамуд. Ба ривояти аҳли Кӯфа аз дилу ҷон пайравӣ мекард. (Ҳасан ибни Солеҳ)
• Ин замон дар баробари ӯ ва мисли ӯ ҳеҷ кас нест, зеро Абуҳанифа бо қиёсу далели комил исбот менамояд. Субҳоналлоҳ, муҳаққиқи бузургу бемисл аст. (Имом Молик)
• Дар иқтидо кардан Абуҳанифа аз ҳар кас бартарӣ дорад, зеро ӯ олими муттақӣ парҳезкор ва имому фақеҳи муҳаққиқ аст. (Ибни Муборак)
Ситораи тобони ҷаҳони Ислом
Posted in
Имом Абуҳанифа
Бо фурӯпошии давлати бузурги Сосониён ва тасарруфи сарзамини Эронзамин ба дасти арабҳо барои ақвоми эронинажод давраи нави таърихӣ оғоз ёфт, ки агарчи дар арсаҳои ҳарбӣ ба шикасти назми давлатдории эронӣ ба анҷом расид, аммо дар пайкори илмию фарҳангӣ арабҳо бо фатҳу нусрати дилхоҳ ноил наомаданд. Бо гузашти фосилаи кӯтоҳ арабҳо истеъдоди илмӣ ва раъйу тадбири донишмандони эрониро шинохтанд ва ин боис гардид, ки нуфузи ин донишмандон дар муҳимтарин марокизи илмии хилофати Умавиён ва алалхусус Аббосиён ба дараҷот афзоиш ёбад. Мардуми эронӣ вобаста ба шароити нави таърихиву сиёсӣ барои эҳёи фарҳанги тасхиршудаи Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр камари ҳиммат бастанд. Онҳо дар ин давра алоқа ва иштиёқи зиёди худро ба касби илму дониш зоҳир менамуданд ва вазирони донишдӯсту маърифатпарвари эронӣ маблағҳои фаровоне дар ин роҳ сарф мекарданд. Ин майлу алоқа боис шуд, ки эрониён дар олами ислом мақоми пешвоии худро дар муҳити донишу фарҳанг ҳифз намоянд ва ба таъбири Ибни Халдун «парчамбардорони илм дар ислом» гарданд. Онҳо ҳатто дар таҳқиқи илмҳои онвақтаи марбут ба улуми нақливу ақлии араб дар сафи устодон ҷой гирифтаанд. Эрониён дар тамоми давраҳои рушди тамаддуни исломӣ ба тақвият ва нашри фарҳанги арабӣ ва ҳамчунин ворид кардани улум ва суннатҳои муҳим ба забону адабиёти арабӣ пардохтанд. Барои исботи ин қазия номи чанд тан аз пешвоёни аз улуми ақливу нақлиро ба хотир овардан кофӣ аст.
Сабаби нуктагирӣ аз Абуҳанифа чӣ буд?
Posted in
Имом Абуҳанифа
Имрӯз дар ҷаҳон 60%-и мусулмонон пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ намуда, дар бархе аз кишварҳои исломӣ қонун ва аҳкоми хонаводагӣ дар пояи ин мазҳаб амалӣ мегардад. Асосгузори ин мазҳаб Имоми Аъзам Абуҳанифа мебошад, ки ҳамасрон ва донишмандони баъдӣ дониш ва истеъдоди баланди истинбот, парҳезгорӣ ва саховатмандии ӯро сутудаанд ва хидматҳои ӯро дар ҷодаи фиқҳ эътироф намудаанд.
Аммо дар тӯли таърих аз даврони зиндагии ӯ то ба имрӯз аз ҷониби бархе мардум нуктагириҳое дар бораи ин шахсияти бузург ба назар мерасад. Ба вижа дар ҷодаи забондонӣ, яъне грамматикаи арабӣ ва фарогирии аҳодиси набавӣ аз Абуҳанифа нуктагирӣ намудаанд. Чунонки, Ибни Халликон ривоятеро меорад, ки Имоми Аъзам дар иборае ба ҷойи ҳолати насб ҳолати ҷарро истифода бурдааст ва инро далели тақсири Абуҳанифа дар илми забон шуморидааст. Вале ҳақиқат он аст, ки ин далел баёнгари тақсири Абуҳанифа дар забондонӣ нест. Зеро донишмандони илми наҳв истеъмоли исмҳои шашгонаро дар ҳама ҳолоти эъробӣ дар баъзе лаҳҷаҳои арабӣ баён намудаанд, ки мардуми Кӯфа низ инро ба таври густурда истифода мебаранд.
Инчунин дар ради ин нуктагирӣ ривоят шудааст, ки Абуҳанифа (раҳматуллоҳи алайҳ) аз як оят ё ҳадис чандин масъаларо истинбот менамуд, ки ин пеш аз ҳама аз иттилооти пурраи ӯ аз қонуну қоида ва мафҳуму вожаҳои арабӣ дарак медиҳад.
Имоми Аъзам аз дидгоҳи Имом Ғазолӣ
Posted in
Имом Абуҳанифа
Абуҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Тӯсӣ бузургтарин фақеҳ ва файласуфи форсизабон дар қаламрави Хуросон , соли 1058 дида ба ҷаҳон кушодааст. Хонаводаи ӯ ба илму дониш таваҷҷӯҳи хосса доштанд. Баъди вафоти падар ӯ назди дӯсти падараш, ки марди шариф ва ориф буд, шогирдӣ мекунад ва аз хурдсолӣ ба омӯхтани фиқҳу калом шавқи зиёде аз худ нишон медиҳад. Дар синни 20 солагӣ ба "Низомия" -и Нишопур рафта, дар назди Абулмаолии Ҷувайнӣ ба фаро гирифтани илми калом, фиқҳ, фалсафа, мантиқ, илмҳои табиӣ ва тасаввуф машғул шуда, дере нагузашта байни олимон мақоми шоистаеро касб мекунад.
Абуҳомид дар синни 28-солагӣ дар авҷи талаби илму мақом ба хидмати Низомулмулк, вазири бузурги Маликшоҳи Салҷуқӣ меравад. Дониши амиқи ӯ дар илми фиқҳу фалсафа сабаб шуд, ки Низомулмулк соли 1091 ӯро ба мақоми раиси мадрасаи Низомия таъйин кунад. Ғазолӣ дар он айём машҳури олами Ислом гашта, фасоҳату маҳораташ дар ҷадал қобили ситоиши ҳамагон мегардад. Соли 1099 Ғазолӣ китоби "Эҳёи улуми-д- дин" -ро менависад. Вай дар ин асар ва дигар таълифоту таълимоташ ҳамчун як ислоҳкори динӣ ва ахлоқӣ ифои масъулият кардааст.
Имом Ғазолӣ ба фақеҳон ва пешвояни аҳли салаф 5-нафарро шомил медонад. Чунончи дар китоби "Эҳёу улуми-д-дин"
Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ
ВАҚТ
1. БОМДОД
4:31
тулуъи хуршед
6:00
2. ПЕШИН
12:23
3. АСР
4:53
4. ШОМ
6:44
5. ХУФТАН
8:09