۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Тандурустӣ

Телефони мобил саратони мағзи сар мекунад

Чоп

ИФТИХОР, АММО...

Тараққии босуръати телефонҳои мобилӣ агар гӯем, қариб ягона ифтихоротест, ки имрӯз дар миёни дигар кишварҳои ҷаҳон аз он мо метавонем бовикор сӯҳбат кунем, иштибоҳ намекунем. Истифодабарнадагони алоқаи мобилӣ сол то сол дар кишвар меафзоянд, хурду бузург қариб ҳама ба телефонҳои мобилӣ дастарсӣ доранд ва ба таври васеъ аз он истифода мекунанд. Ҳар як хонаводаи тоҷик аз 5-10 нафар иборат мебошад, ки қариб аксарияти онҳо телефон доранд.

Ин аз як тараф хуб аст, барои ҳар лаҳза огоҳ шудан аз аҳволи якдигар, лекин аз суйи дигар истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои мобил ба саломатии инсон зарари манфӣ мерасонад.

ДАР ЯК РӮЗ ДУ БОР ИСТИФОДА КУНЕД!

Олимони соҳаи тиб исбот кардаанд, ки истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ боиси сар задани бемории саратон дар мағзи сар мегардад. Онҳо ба қароре омаданд, ки инсон бояд дар як рӯз танҳо ду маротиба аз телефонҳои мазкур истифода кунад. Бо телефонҳои мобилӣ андармон шудан, шояд роҳи баъзе корҳои зишти ҷавононро бигирад. Кенҷи Хояши духтури ҷопонӣ дар робита ба ин тадқиқоте гузаронда исбот кардааст, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ дар баробари зарар доштан фоида ҳам доранд.

Организмҳои аз чиҳати генетикӣ такмилдодашуда. Ҳа ё не?

Чоп

Ассалому алайкум, мӯҳтарам кормандони рӯзномаи "Миллат".

Маводди нашрнамудаи рӯзномаи шуморо ман пайваста мутолиа менамоям ва хело баҳраманд мегардам. Барои ин ба Шумо миннатдорӣ изҳор менамоям. Дар мақолаи ҳамроҳшуда масъалаи муҳимми байналхалқӣ, ки аз ҷумла, барои Тоҷикистон бисёр муҳим, матраҳ мешавад. Албатта, бо забонҳои хориҷӣ чунин мавод хело зиёданд. Лекин барои аксарияти мардуми тоҷик ин масъала чандон маълум нест. Аз ин рӯ, ба фикри ин ҷониб ба самъи мардум расонидани ин гуна маълумот хело муҳим мебошад.

Бо эҳтиром, Бахтиёр Расулов, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

"ГМО / GMO" - ин ибораи сеҳарфа имрӯз қариб ба ҳамагон ошно аст. Ҳамчун хатари ноаён баъзеҳо аз он дар ҳаросанд ва баъзеи дигар дар бораи он ҳеҷ маълумоте надоранд. Ҳадафи навиштаи мазкур пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба ин падидаи ҷомеаи навин аст, то ин ки мардум аз он огоҳ бошанд ва маълумоте дар бораи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда ё худ "ГМО" дошта бошанд.

Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт!

Чоп
Баҳогузории корбар: / 3
БадБеҳтарин 

ТАҲЛИЛ, БАРРАСӢ, АҲКОМ, НАЗАРОТ, ВА ПЕШГӮИҲО

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

Сипосу ситоиш барои Худованди кариму маннон ва дуруди фаровон бар паёмовари Ҳақ Муҳаммади мустафо ва хонадони пок ва ёрони бовафою диловараш, ки моро ба дини ростин даъват намуда, яктопарасту муваҳҳидамон гардонид, вагарна дар бесарусомониҳо ваторикиҳои куфру ҷаҳолат умр басар бурда ва ин олами зебои бекаронро, ки пур аз махлуқот ва мавҷудоти аҷибу ғариб аст ва ҳар кадом барои шинохт ва маърифати Парвардигор мактабест, бо диду назари дигар менигаристем.

Худоё қадамҳои моро дар роҳи «Сиротал мустақим» устувор бидор ва то охири ҳаёт моро аз ин роҳ мунсариф магардон.

Худованди бузургу баландмартаба ва тадбиркунандаву чорасоз, аз рӯи меҳрубонию раҳмат, бандагонашро аз ҳар чизи зараровар боз доштааст. Он зарар ва зиён, чӣ аз тариқи камбуд ва норасоии динию эътиқодӣ, мисли намозу рӯза ва соири ибодот бошад

Фарбеҳӣ беморист

Чоп

Фарбеҳӣ як навъ беморист ва то онҷо, ки оморҳо далолат медиҳанд ва мутахасасисин мегӯянд, ҳанӯз давои ин беморӣ кашф нашуда ва аз нисф зиёди сокинони рӯйи заминро мубталои худ гардонидааст. Мардум фарбеҳиро аслан дар пурхӯрӣ мебинанд ва яке аз сабабҳои ба ин беморӣ мубтало шуданро аз шароити хуби зиндагӣ ва сарватмандии шахс низ арзёбӣ мекунанд. Аммо зиндагӣ дар бисёр мавридҳо тазоди ин гуфтаҳоро рӯшан месозад. Сарватмандоне, ки симу зарҳояшон хирманҳост ва дар зиндагӣ мушкилоте надоранд, беҳтарин ғазову шаробро меошоманду тановул мекунанд, вале нишонаҳои фарбеҳиро наметавон дар вуҷуди онҳо мушоҳида намуд.

Ба ақидаи равоншиносон онҳо ашхосеанд ҳассос ва ба ҷузъиёту ҳаводиси рӯзгор бетафовут буда наметавонанд. Баръакс, онҳое, ки ба ҳама падидаҳо бетафовутанд, ғамро аз шодӣ ва шабро аз рӯз фарқ намекунанд, беномусонеанд, ки маънии зиндагиро танҳо дар хӯрдану хуфтану хӯрдану… медонанду бас. Эшон роҳати якрӯзаро беҳтарин мояи хушбахтӣ ва сармояи хеш пиндошта, ғофил аз онанд, ки фарбеҳӣ дар пай мазарратҳои зиёде дорад ва инсонро дучори маъсияту ранҷу азоб намуда, фикрашро хароб ва ҷисму андомашро ба коҳилӣ мекашад.

Луқмони Ҳаким ба писараш насиҳате кард ва гуфт:

Дигаргуниҳо дар ирсияти тоҷикон

Чоп

Ирсшинос (генетик)-ҳо мегӯянд, солҳои охир бо таъсири омилҳои гуногун симо ва зарфиятҳои намояндагони миллати тоҷик ба тағйирот рӯбарӯ гаштааст.

Ирсшинос Шарафнисо Қаюмбекова мегӯяд, ки муассир будани генофонди миллат, ба солимии ҷомеа вобастагии калон дорад. Аммо боиси таассуф аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба муҳим будани ин масъала диққати зарурӣ дода намешавад.

Ба гуфти муҳаққиқ, солҳост, бахши умдаи мардуми Тоҷикистон дар фақру нодорӣ, сардию бебарқиҳои зимистон, камбуди витамину дорувор ва вазъи ноҷӯри равонӣ, махсусан дар хонаводаҳои нокомил бо сабаби муҳоҷирати мардон ба сар мебарад ва ин таъсири ҷиддие ба генфонди миллат дорад.
Маҳмуд Кабирӣ, равонпизишки тоҷик, мегӯд, тағйири ҷисмонии ҳар як миллат тайи солҳои зиёд ба амал меояд. Аммо тааҷҷубовар аст, ки пажӯҳишгарон имрӯз тадриҷан дигар шудани чеҳраи намояндагони миллати тоҷикро шоҳид мегарданд. Чунончӣ, насли нав умдатан қадпаст, чашмтанг, дардманду кундзеҳн ба мушоҳида мерасад.
Вай гуфт: «Ин чандин сабаб дорад. Якум сабабаш ин аст, ки занҳои тоҷик бо вуҷуди вазъи имрӯза дар панҷ сол панҷ кӯдак таваллуд мекунанд.

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз473
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4606
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6194
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67953

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.107
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval