۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Наворҳои савтӣ, дарсҳо, суханрониҳо, наът, сурудаҳои исломӣ

Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад...

Чоп
PDF

ХОНИШИ АШЪОРИ БУЗУРГОНИ СУХАН

Унвони шеър: Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад...

Шоир: Саъдии Шерозӣ

Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад,

К-ин оби чашма ояду боди сабо равад.

Ин панҷрӯза муҳлати айёми одамӣ,

Бар хоки дигарон ба такаббур чаро равад?

Эй дӯст бар ҷанозаи душман чу бигзарӣ,

Шодӣ макун, ки бо ту ҳамин моҷаро равад.

Доманкашон ки меравад имрӯз, бар замин,

Фардо ғубори колбадаш бар ҳаво равад.

Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин {алайҳи-с-салоту ва-с-салом}

Чоп
PDF

ХОНИШИ АШЪОРИ БУЗУРГОНИ СУХАН

Унвони шеър: Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин {алайҳи-с-салоту ва-с-салом}, Сароғоз, «Бӯстон».

Кариму-с-саҷоё, ҷамилу-ш-шиям,

Набийю-л-бароё, шафиъу-л-умам.

Имомур-р-русул, пешвои сабил,

Амини Худо, маҳбати Ҷабраил.

Шафиъу-л-варо, хоҷаи баъсу нашр,

Имому-л-ҳудо, садри девони ҳашр.

Шафиъун, мутоъун, набийун карим,

Қасимун, ҷасимун, насимун, васим.

Дар ниёиши Худованд

Чоп
PDF

ХОНИШИ АШЪОРИ БУЗУРГОНИ СУХАН

Унвони шеър: Дар ниёиши Худованд, Сароғоз,  «Бӯстон».

Ба номи Худованди ҷонофарин,

Ҳакими сухан дар забонофарин.

Худованди бахшандаи дастгир

Карими хатобахши пӯзишпазир

Азизе ки ҳар к-аз дараш сар битофт,

Ба ҳар дар ки шуд, ҳеҷ иззат наёфт.

Сари подшоҳони гарданфароз,

Ба даргоҳи Ӯ бар замини ниёз.

На гарданкашонро бигирад ба фавр,

На узроваронро биронад ба ҷавр.

Дашном ва бадзабонӣ дар мизони Ислом

Чоп
PDF

Агар бар оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ назар афганем, хоҳем дарёфт, ки шариати покизаи исломӣ бар покии маънавӣ ва ҳиссии мусулмонон сахт ҳарис аст ва ҳар гуна палидиву нопокиро намепазирад, агарчӣ он олудагӣ ба дашному носазо гуфтану лаънат хондан бошад, ё забондарозие бар шарафу номусу ному обрӯи мусалмоне, аз ин рӯ, шариати исломӣ лаънат хондан ва дашному носазогӯиву таъназаниву айбҷӯиву бадзабониро ҳаром гардонида аст. Аз маъсиятҳои забони белаҷоми инсон дашном кардану масхара кардану носазогӯиву ғайбату суханчиниву дуои баду бадгӯӣ ва суханони қабеҳ аст. Худованди таоло бандагонашро аз ҳама бадгуфториҳо, аз дашному носазогӯиву ғайбату суханчиниву дуои баду бадгӯӣ ва суханони қабеҳ манъ карда аст. Чунончӣ, Худои таоло гуфта аст:

لا يُحِبُّ اللَّهُ الْجَهْرَ بِالسُّوءِ مِنَ الْقَوْلِ إِلا مَنْ ظُلِمَ وَكَانَ اللَّهُ سَمِيعاً عَلِيماً (148) إِنْ تُبْدُوا خَيْراً أَوْ تُخْفُوهُ أَوْ تَعْفُوا عَنْ سُوءٍ فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ عَفُوّاً قَدِيراً (149)

Худо баланд кардани садоро ба бадгӯӣ дӯст намедорад, магар аз он кас ки бар ӯ ситаме рафта бошад. Ва Худо шунавои доност! (148) Агар шумо кори некеро ошкоро ё ба пинҳон анҷом диҳед, ё аз кирдори нописанде даргузаред, Худо афвкунандаи тавоност! (149) (Сураи Нисо; 149-150)

Бандаи мусулмон ё бар забонаш зикри Худост, ё сухани хайр мегӯяд ё лаб аз сухан фурӯ мебандад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуда аст:

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз374
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4507
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6095
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67854

Дар сомона: 4 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.107
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval