۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Китобҳо

Фарҳанги забони тоҷикӣ

Чоп
PDF

ФАРҲАНГИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

«Фарҳанги забони тоҷикӣ», соли 1969 дар шаҳри Маскав дар ду муҷаллад ба чоп расида аст. Имрӯз аз чопи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» қариб ним аср мегузарад, вале нашри аввали он инқилоберо дар роҳи рушди забони тоҷикӣ ва дар наҳзатҳои милливу зеҳнии Тоҷикистон ба бор оварда буд.

Ин фарҳанг фарҳанги тафсирии забони классикии тоҷикист ва тақрибан 45 ҳазор калимаву ибораро дар бар гирифтааст. Эзоҳи калимаву ибораҳо бо мисолҳое, ки аз асарҳои адабиёти асрҳои X то ибтидои асри XX гирифта шудаанд, таъйид ёфтааст.

Дар охири фарҳанг мифтоҳи арабӣ илова гардидааст.

Фарҳанг барои мутахассисони филологияи эронӣ, таърихшиносон ва этнографҳо, муаллимону студентони факультетҳои гуманитарии мактабҳои олӣ, тарҷумонҳои адабиёти классикии форс-тоҷик, инчунин барои доираи васеи хонандагон тартиб дода шудааст.

«Фарҳанги забони тоҷикӣ», ҷилди аввал (ҳарфҳои А-О) дар шакли DJVU:

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз375
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4508
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6096
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67855

Дар сомона: 3 меҳмон, 1 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.109
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval