۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Ахбори навтарини Тоҷикистон ва ҷаҳон

Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо

Чоп
PDF

Мазорҳо ва мақбараҳои афроди мазҳабӣ ва маъруфи таърихӣ дар Тоҷикистон ба монанди ҳар кишваре дигар дар миёни мардум аз шӯҳрати зиёде бархурдоранд.

Ҳарчанд ин мавзеъҳо назди рӯҳониён бештар барои зиёрат ва ибрози эҳтиром ба шахсиятҳои мазҳабии гузашта аҳаммият доранд, аммо мардуми авом ва алоқамандони хурофот ба зиёрати ин мавзеъҳо бештар ба дунболи хостаҳои дигаре меоянд.

Ба бовари Санавбари Хайрулло, як сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, танҳо пас зиёрати мазорҳо ва шаҳидҳо "бахт ба рӯйи ӯ хандида" ва ӯ шавҳар ёфтааст.

Аксари солмандон ва духтарони маҳаллӣ дар ноҳияи Шаҳритус ба "бахткушо" будани мазорҳои бузургони дин ва ҷойи шуҳадои ноҳияи худ бовар доранд.

Аз назари духтарони ҷавон "бахт" бештар ба маънии "издивоҷ" ё зиндагии хонаводагӣ аст.

Ислом Аврупоро тасхир мекунад

Чоп
PDF

Маълум аст, ки бештари мардуми Аврупо пайравӣ аз адёни насронӣ яҳудӣ мекунанд. Қисмати дигарашон бошад, ҳеҷ як динеро қабул надоранд. Ин дар ҳолест, ки динҳои насронӣ ва яҳудӣ замоне болои кор буданду паёмбару пайрав доштаанд. Аммо баъди ба вуҷуд омадани Ислом Худованд пайравӣ кардан аз динҳои фавқуззикрро мамнӯъ донист. Зеро мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои исломӣ, Худованд барои ҳама махлуқоти рӯи замин охирин қонун ва дину шариат Исломро ихтиёр кардаву барои роҳбарият ва сарварии ин дин Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} - ро интихоб намудааст

Зиёда аз ин дар ҳамаи китобҳо ва сарчашмаҳо башорати охирин паёмбар бо номи Аҳмад хабар дода шуда, амр карда шудааст, ки баъди омаданаш пайравӣ аз ӯ намоянд. Аммо бо вуҷуди ин хитоби Худованд ба бандагонаш дар дунё ҳастанд, касоне, ки на танҳо насрониву яҳудиянд, балки пайравӣ аз он динҳое мекунанд, ки қабл аз ба вуҷуд омадани адёни илоҳӣ онҳо вуҷуд доштанд. Аз ҷумла бутпарастӣ ҳоло ҳам мавриди истифода қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки бутро инсон аз санг сохтаасту он қудрате надорад, то ҳоҷати дигарон бароварда созад. Ё ин ки парастиши муҷассамаҳои ҳайвонҳоро тамсил кунем. Воқеан, имрӯз пайравони чунин "дин" - ҳо вуҷуд доранд, аммо мутаассиф аз онам, ки ин парастиши онҳо ба ғайр гуноҳ самари дигарашон намедиҳад, вале...

Ҳалокати се шаҳрванди Тоҷикистон дар таркишҳои Маскав

Чоп
PDF

Сафорати Тоҷикистон дар Русия кушта шудани се шаҳрванди Тоҷикистон дар таркишҳои рӯзи 29-уми март дар метрои Маскавро тайид кардааст.

Шоҳини Самад, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ҳуввияти се шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар таркишҳои Маскав мушаххас шудааст.

Аз ҷумла, бар асри инфиҷорҳо Абдураҳмонов Умед Ҳасанович, соли таваллудашт 1986, сокини ноҳияи Вахш, Қаршиев Нодирбек Очилдиевич, соли таваллудашт 1986 ва Эшонов Исломҷон Камолович, соли таваллудаш 1985, ҳар ду сокини ноҳияи Турсунзода, кушта шудаанд.

Шоҳини Самад, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо тайиди ин хабар гуфт, ҳамчунин як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, Назаров Ориё Ёсинович сокини шаҳри Душанбе, ки бар асари таркиш захмӣ шудааст, дар бемористон ба сар мебарад.

То кунун шахсияти бархе дигар аз кушташудагон ва маҷрӯҳони ҳодисаҳои рӯзи 29-уми марти метрои Маскав ношинохта боқӣ мондааст ва ба ин далел эҳтимоли дар миёни онҳо вуҷуд доштани шаҳрвандони дигари Тоҷикистон низ баъид дониста намешавад.

Таҷлил аз 1200-солагии Имом Бухорӣ дар Душанбе

Чоп
PDF

Дар ҳамоиши саросарӣ бахшида ба 1200 солагии Имом Бухорӣ, таъкид шуд, саҳеҳтарин ҳадисҳои Пайғамбари Ислом ҳадисҳое ҳастанд, ки дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ тадвин ва ба ҷахониён пешкаш шудаанд.

Абдулвоҳид Шамолов, роҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми кишвар бо ишора ба таълифи саҳеҳи ҳадисҳои пайғамбари Ислом ҳаёт ва фаъолияти Имом Ал - Бухориро намунаи боризи сарсупурдагии як фарди мусулмон унвон кард. Донишманди тоҷик гуфт, Имом Бухорӣ дар овони наврасӣ 70 ҳазор ҳадис медонист, ки шаҳодати ҳофизаи фавқулодаи ӯ мебошад. Ба қавли Шамолов ҳиҷрати хонаводаи Имом ба Маккаву Мадина, дар ҳаёти ӯ саҳми бузург доштааст.

Таъкид шуд, ки ҳадисҳои Пайғамбари ислом дар баробари «Қуръон» аз масдарҳои аслии Ислом маҳсуб мешавад. Имом Ал-Бухорӣ ҳадисҳои саҳеҳу дурустро аз миёни нақлу ривоёти саҳобаҳо ва тобеъин бар асоси тарзу усули хос ҷудо сохта ва аҳодисро аз ривоятҳои сохтаю таққалубӣ пок кардааст. Ва ҳадисҳоро бо такя ба се нафар саҳоба гирдоварӣ намуда ва манбаҳои комилро истифода кардааст.

Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ин кунфронс китоби «Саҳеҳи Бухорӣ»-ро пас аз «Қуръон»-и маҷид аз мӯътабартарин китоб дар бахши фиқҳи исломӣ хонд.

Даргузашти Шайхи Азҳар дар Риёз

Чоп
PDF

Рӯзи чоршанбе, 10-уми марти соли 2010 Телевизиони Миср таъкид кард, ки Шайхи Азҳар Доктор Муҳаммад Саййиди Тантовӣ дар пойтахти Арабистони Саъудӣ дар асари сактаи ногаҳонии дил аз ҷаҳон даргузашт. Шайхи Азҳар дирӯз, яъне рӯзи сешанбе (09/03/2010) барои ширкат варзидан дар базми ҷоизаи ҷаҳонии Шоҳ Файсал барои хидмати Ислом ба Арабистони Саъудӣ расида буд. Бегоҳии ҳамон рӯз Доктор Тантовӣ ба сактаи дил дучор шуд, онгоҳ барои муолиҷа ӯро ба бемористони нерӯҳои мусаллаҳи Риёз интиқол доданд, вале субҳдами рӯзи чоршанбе ин дунёи фониро падруд гуфт...

Вакили Шайхи Азҳар Маҳмуд Ошур дар суҳбати телефонӣ бо қаноти "Ал-Арабия" гуфт, ки пеш аз сафар ба Риёз Шайхи Азҳар аз ҳеҷ беморие ё бетобие шиква надошт...

Ҳамчунин, дар хусуси дафни Шайхи Азҳар изҳор дошт, ки фарзанди Шайхи Азҳар ба ӯ иброз дошта аст, ки ҷуссаи Муҳаммад Саййиди Тантовӣ дар гӯристони Бақеъи Мадинаи Мунаввара ба хок супурда хоҳад шуд.

Муҳаммад Саййиди Тантовӣ 28-уми октабри соли 1928-и милодӣ

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз472
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4605
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6193
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67952

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.108
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval