۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд
|
23 Ноябри 2009
Ин достонро ба шумо тақдим мекунам. Достоне, ки дар ҳақиқат рух додааст. Достоне, ки бояд онро ёд дошта бошем ва онро ба ҳамсарону духтарон ва хоҳарони хеш нақл кунем, то онро дар дилу ақлуҷони худ ба хотир бисупоранд. То ҳама бидонанд, ки дини Худованд пируз ва сарбаланд аст. Ҳатто агар аҳли он аз он шона холи кунанд ё афроде, ки ба он дин нисбат доранд ва дар байни мо зиндаги мекунанд ва бо забони мо сухан мегуянд бо он дини муқаддас дар набурда бошанд.
Духтаре аз Россия … тоза мусалмон ва аз сарзамини куфр, забони арабиро намедонист. Аммо ӯ роҳеро паймуда буд, ки бештари мардони мо аз рафтан ба он бозмондаанд.
Асли достон:
Аз Россия омада буд. Ба ҳамроҳи чанд тан аз занони руси, ки як савдогари руси онҳоро ба ин кишвари халиҷи (Дубай) оварда буд. Ҳадафи онҳо хариди васоили барқи ва ворид кардани он ба кишвари Россия ҳамчун васоили шахси буд.
Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд
|
24 Октябри 2009
Ман се ихтилофи асосии байни Ислом ва масеҳиятро ëфтам, ки дар мутақоид сохтани ман нисбат ба сиҳатӣ ва воқеъияти Ислом маро кӯмак карда аст.
Нахуст, ин ки масеҳият, бо вуҷуди эътироф ба рутбаи ҳамаи анбиëи дигар ва пазириши онҳо, ба таври ғайримантиқӣ чунин рутба ва ҳолатеро барои масеҳ инкор мекунад ва ӯро то мартабаи улуҳият боло мебарад, вале ба кулли рисолати ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз ҷониби Худованд рад мекунад.
Ман наметавонам ҳеҷ гуна далеле барои ин гуна фикр биëбам, дар ҳоле ки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамаи анбиëи пеширо тасдиқ мекунад ва он чӣ ки бар ӯ нозил шуда, танҳо паëми Худованд аст, ки аз дастбурд маҳфуз мондааст.
Дуввум, ин ки масеҳият писари Худо будани Масеҳро матраҳ мекунад ва ӯро яке аз ақониби сегонаи муқаддас мешиносад, ки дар ин сурат, дар айни ҳол, Масеҳ ҳам писари Худо хоҳад буд ва дарки ин мавзӯъ бисëр сахт аст ва ба таъолими Мӯсо ва Иброҳим алайҳимуссалом, ки ба мардум омӯхтанд : «Ҷуз як Худо вуҷуд надорад» – таноқуз (мухолифӣ) дорад.
Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд
|
01 Октябри 2009
Маша Алалыкина бонуи сарояндаи русист, ки ӯро на танҳо дар кишвараш Русия, балки дар хориҷи марзҳои он низ мешиносанд. Маша ҳунарманди муваффақест, ки дар аввалин "Фабрика звезд" барранда шуд. Вале номбурда баъди ин муваффақияти бузург на танҳо гурӯҳи "Фабрика", балки саҳнаи ҳунарро ҳам тарк гуфт ва дигар ҳунарнамоӣ накард. Сабаби ин на беморӣ, на тарки ватан ва ё муҳоҷират, балки мусулмон шудани ӯ буд.
-Оё аз "Фабрика звезд" то мусулмонӣ роҳи тулоние дар пеш буд? Чӣ гуна иттифоқ уфтод, ки таҷрибаи зиндагӣ шуморо на ба саҳнаҳои болотари ҳунар, балки ба дини Ислом овард?