۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Гӯшаи бонувони мусулмон ва масоили марбути онон

Васиятҳои Паёмбари Акрам ба духтарон ва занон

Чоп
PDF

Пешгуфтор

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сипос Худовандро, ки Парвардигори оламиён аст ва дуруду таҳият бар фиристодаи амини ӯ Муҳаммади Мустафо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} то рӯзи қиёмат.

Аммо баъд, ба дурустӣ, ки Ислом занро гиромӣ дошта ва инсофро дар ҳаққи ӯ риоят намуда ва истеҳкому бақои ҷомеаро вобаста ба вуҷуди ӯ намуда ва сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ дар ҷомеаро вобаста ба ӯ кардааст.

Паёмбари бузургвори мо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} низ мардро ба эҳтирому икроми зан суфориш намуда ва ба фарзандон тавсия кардаанд, ки нисбат ба модарони хеш эҳтиром намоянд. Ҳамон гуна ки занро ба риояти ҳуқуқи шавҳар ва фарзандонаш тавсия намудаанд; ба иборати дигар зан бояд нисбат ба адои ҳуқуқи шавҳар ва фарзандон кӯтоҳӣ накунад ва онҳо низ бояд риояти ҳоли зан ва модарро бинамоянд.

Ибни Асокир аз Амири мӯъминон Алӣ {разияллоҳу анҳу} нақл мекунад, ки он ҳазрат аз Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ҳадисе нақл карда, ки фармуданд:

Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дӯст дорад?

Чоп
PDF

Ё панҷоҳу ду тариқае, ки муҳаббати шавҳарро ба ҳамсараш дар партави Қуръони карим ва Суннати Набавӣ зиёд менамояд

Маркази шӯрои уламои ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 01 аз 19/04/2007 ба ин китобро ба чоп тавсия намуд

Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:

«Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо аҳлашон равияи некӯтар доранд ва ман беҳтарини шумо барои аҳлам ҳастам». (Ин ҳадисро Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ибни Ҳиббон ривоят кардаанд).

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Пешгуфтори мутарҷим

Худованди бузургро сипосгузорем, ки тарҷумаи ин китоб бо дасти ин ҷониб анҷом гирифт. Умедворем, ки Худованди мутаъол бо лутф ва раҳматаш ин китобро мақбули хонандагон созад ва онро василаи ба салоҳ омадани ҳар хонаводаи мусалмон гардонад.

Тарбияти фарзандон

Чоп
PDF

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Муқаддима

Китобчаи кӯчаке ки ҳамакнун дар даст доред, гарчи аз ҷиҳати киммият ва теъдоди сафаҳот камҳаҷму кӯчак аст, аммо ба ҳақ, аз ҷиҳати кайфият ва муҳтаво ва баёни мавзӯи мавриди назар, яъне равиши бархӯрд ва тарбияти фарзандон рисолае беназир аст ва бе иғроқ метавон гуфт, ки нависандаи муҳтарам тавониста, мафоҳим ва усули асосӣ ва бунёди тарбияти диниро дар он бисёр зебо ва ширин ҷой диҳад. Ва мутарҷими муҳтарами саракор хонум Нуриннисо Муллозода низ ба далели ошноӣ комил ва амалӣ бо тарбияти фарзандони хеш бар асоси меҳварҳои динӣ ба хубӣ аз ӯҳдаи бозгардондани рисола аз забони арабӣ ба форсӣ баромада аст. Банда пас аз мутолиаи дақиқи китобча ва виростории он, мутолиаи он ва амалӣ намудан, муҳтавоёти онро ба ҳамаи хонаводаҳои мусулмон таъкид менамоем ва аз онҷое ки ҳадафи ҳамаи мо ислоҳи ҷомеаи исломист, бояд бидонем, ки бидуни ислоҳи хонавода ва фарзандон, ҳеҷ гоҳ ҷомеъа ислоҳ намешавад ва танҳо роҳи наҷот тарбият ва ислоҳи фарзандон ва хонавода аст. Бо сипос аз Ҳарамайн, ки саъй дар ҷиҳати чоп ва нашри китобҳои динӣ ва фарҳангӣ ва тарбиятӣ доранд ва дар ин роҳ содиқона талош менамоянд.

Қиссаҳои қуръонӣ

Чоп
PDF

Яке аз аввалин нукоте, ки бояд бачаҳо ёд бигиранд, меҳрубонӣ ва муҳаббат аст. Аз ҳамин дарича ба зиндагӣ ва мардум нигоҳ бикунанд. Худ ва дигаронро кашф кунанд… то ба тадриҷ мустақил ва тавоно шаванд. Бачаҳо хеле - хеле зираканд, аз ҳарфи бузургон ва зиндагии бузургон бардоштҳои худро мегиранд. Аз ин рӯ бо бачаҳо он гуна канор омад, ки аз ҳарфи мо, рафтору муоширати мо танҳо бардошти мусбат гирифта тавонанд. Ишқи Ватан, мардумро аз хурдӣ дар дили бачаҳо мебояд бедор кард… вагарна дер хоҳад шуд. Ҷомии бузург мегӯяд:

Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад чун аз дарахти навбар аст.

Бачаҳои солим, оқил, боҳуш ва доно ояндаи ҷомеаи мо ҳастанд. Дар анҷоми ин аҳдоф барои бачаҳо таърихи Ислом ва Қуръон метавонад кӯмак бикунад.

Ба ин хотир мо тасмим гирифтем, ки силсилаи достонҳои Қуръониро, ки барои бачаҳо бародар Қамариддин таҳия намудааст, ба нашр расонем. Бошад, ки бо кӯмаки Худованд, бачаҳои мо бо маънавият ва ахлоқи ҳамида дар оянда ба Ватан ва ҷомеа хидматгузор шаванд. Иншоаллоҳ!

ОФАРИНИШИ ДУНЁ

Эй додаракам ва эй хоҳаракам! Оё ту медонӣ, ки Худованд дар ҳақиқат ба ҳама чиз қодиру тавоност?

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз473
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4606
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6194
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67953

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.108
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval