۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Зуҳд ва ахлоқу одоби исломӣ

Қуръон барои хондан ва амал кардан аст

Чоп
PDF

Қуръон каломи Худованд ва охирин китоби осмонист, ки бар муаллим ва ҳидоятгари мушфиқ Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}нозилшуда ва дар он тамоми дастурот ва қавонини пурраи Ислом такмил ёфтааст. Қуръон китоби муқаддасест барои ҳамаи мусалмонон ва ҳидоятгару раҳнамоест дар дунё ва охират. Ҳамин аст, ки тамомимусалмонони кураи заминдар иртибот бо Қуръон як эҳтироми хоссаеро раво дидаанд, ки ин боиси хушнудӣ ва сарфарозию саодатмандии онҳост.

Қуръон китобест поку муназзаҳ аз айбҳо ва нурест дар зулмати роҳ ва абадист дар дилҳо ва маҳфуз аст аз таҳрифоту тағйироти пайравон, зеро ки Худованд мефармояд:

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ (9)

"Бешак, Қуръонро мо нозил кардаем ва мо муҳофиз ва нигоҳдорандаи он ҳастем".

Дар таърихи динҳои гуногуни осмонӣ Қуръон ягона каломест, ки дар он ҳеҷ ягон тағйироту иловаҳо аз ҷониби пайравонаш дида намешавад, бар хилофи пайравони динҳои дигари осмонӣ, ки онҳо дар китобҳои худ тағйироту иловаҳоро раво дидаанд.

Салом қарзи Худост

Чоп
PDF

«Ва ҳар гоҳ касе шуморо салом (ситоиш) кунад, шумо низ бояд ба саломе (ба ситоише) беҳтар (аз он) ё мисли он посух диҳед, ки Худованд ба ҳисоби ҳар нек ва бад комилан хоҳад расид…». (Cураи «Нисо», ояти 86).

Аксари уламои шариати Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, фарзиятии ҷавоби саломро ба ҳамин ояти фавқ марбут донистаанд. Зеро Худованд ҷалла ва ъало шаънуҳу мегӯяд, ки ҳар вақте касе ба шумо салом кард, шумо мисли он ва ё (саҳеҳтараш) аз он ҳам беҳтар посух диҳед. Инҷо лафзи Қуръонро агар ба эътибор гирем, пас сиғаи амрро дучор мешавем, ки Худованд гуфтааст: «…Фаҳайю!», яъне, «салом кунед!» бо сифтаи беҳтар аз саломи саломкунанда.
 Шариат мефармояд, ки салом суннат аст ва ҷавоби он фарз.
 Акнун бояд биандешем, ки чаро салом суннат асту ҷавоби он фарз? Рӯ меорем ба далоили қотеъ аз кутуби маъруф. Шореҳон меоранд, ҳикмат дар он аст, ки Парвардигори олам дар шаби меъроҷ ба Расули худ Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ин тавр салом дод, ки «Ассалому ъалайка ё айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу». Пас салом суннати илоҳӣ бошад, ҷавоби салом фарз омад.
Дар хусуси он ки дар салом бояд кӣ ибтидо кунад, яъне ҳангоми мулоқӣ шудан бояд, ки аввал ба салом шурӯъ намояд, ҳар гуна фарзияҳо мавҷуданд.

Сарзадаҳо бештар дурӯғ мегӯянд

Чоп
PDF

ДУРӮҒГӮӢ

Дурӯғ гуфтан хислатест зишту бад ва амалест қабеҳу разилона. Бо таассуфи шадид, ин падидаи расвои иҷтимоӣ дар миёни мардум шойеъ шудааст. Дигар дар ҷомеа дурӯғ гуфтан ба таври бесобиқа роиҷ гардида, дар нишастҳо, дар бозор, дар муомилот, дар ҳар коре дигар роҳ ёфтааст. Дар байни хурдсолу бузургсолон, дар миёни мардону занон, дар ҳар ҷойе ки одамӣ бошад… Дурӯғ гуфтан дигар монанд ба молу коло шудааст. Онро барои манофеи шахсӣ ба кор мебаранд. Дурӯғ мегӯянд, ки бозоршон гарм бошад.

Таърифи кизб, яъне "дурӯғ гуфтан" дар шариати исломӣ иборат аз ҳар суханест, ки мухолифи ҳақиқат бошад, навобаста ба мазоҳ, ҷиддият ва дар ҳоли хашм гуфтани он. Каззоб ё дурӯғгӯ гунаҳкор асту пайомади дурӯғгӯӣ барои фарду ҷомеа хатарзо. Дурӯғ гуфтан далели сустии нафсу бешарафӣ ва парҳезгор набудан аст. Каззоб ҳақиқатро намегӯяд, дурро наздику наздикро дур мебарад, некро баду бадро нек нишон медиҳад. Паёмбари гиромӣ Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз дурӯғ гуфтану пайомади нохуби он ҳушдор дода, мегӯяд:

وَإِيَّاكُمْ وَالْكَذِبَ فَإِنَّ الْكَذِبَ يَهْدِى إِلَى الْفُجُورِ وَإِنَّ الْفُجُورَ يَهْدِى إِلَى النَّارِ وَمَا يَزَالُ الرَّجُلُ يَكْذِبُ وَيَتَحَرَّى الْكَذِبَ حَتَّى يُكْتَبَ عِنْدَ اللَّهِ كَذَّابًا

Ҳаё сармояи мусулмон

Чоп
PDF

Дини Ислом ба унвони бузургтарин дини ахлоқ аст, ки тамоми ҳолоти мусулмононро аз бузургу кӯчак дар назар мегирад ва ба тамоми ҷанбаҳои фардӣ ва иҷтимоӣ эҳтимом меварзад. Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мефармоянд: "Ҳамоно ман мабъус шудам, то тамомкунандаи беҳтарин ахлоқро бошам". (Имом Аҳмад).

Ҳамчунин мефармоянд: "Комилтарини шумо дар имон касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқ дошта бошанд". Фардои қиёмат наздиктарин ҷойгоҳ ба Расулуллоҳ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} он касест, ки дорои накӯтарин ахлоқ доро бошад. Ҳамоно яке аз муҳимтарин меъёрҳо ва нишонаҳои ахлоқи некӯ "ҳаё" мебошад. Зеро Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мефармоянд:

"Ҳар дине дорои васф ва нишонаест ва васфу нишонаи мумтози Ислом ҳаё мебошад".

Дар ҳадиси дигар мефармоянд:

"Ҳаё шохае аз шохаҳои имон аст ва ҳаё ҳамааш хайр аст ва фақат хайру хубиро ба армуғон меоварад."

ВИЖАГИҲОИ ҲАЁ

Чӣ гуна бояд тавба кард?

Чоп
PDF

Тибқи муқаррароти Ислом, ҳар як шахс вобаста ба он амалҳое, ки дар зиндагӣ иҷро менамояд, дар рӯзи қиёмат назди Худованд ҷавобгар аст. Мувофиқи иршодоти каломи пок, халқияти инсон дар рӯи замин як имтиҳон аст ва  ӯ дар ин дунё аз ҷониби Худованд санҷида мешавад. Барои ҳамин Худованд назди инсон ду роҳро гузоштааст: яке роҳи рост, ки он дорои амалу корҳои нек мебошад ва дигаре роҳи каҷ, ки ин роҳ пур аз зулмот ва торикию амалҳои бад аст.

Тавре Худованд дар сураи "Балад", ояти 10 мефармояд:

وَهَدَيْنَاهُ النَّجْدَيْنِ (10)

"Ва нишон додем инсонро ду роҳ".

Дар шарҳ ва тафсири ин оят гуфта шудааст, ки Худованд дар вуҷуди инсон барои шинохти хайру шар ва интихоби хубу бад як истеъдодеро офаридааст, ки он метавонад дар интихоби роҳ ва маслаки худ қодир бошад.Яъне Худованд дар вуҷуди инсон шинохти ҳақ ва ноҳақро офаридааст, то инсон роҳи хубро ёфта тавонад. Аз ин бармеояд, ки интихоби роҳҳои мазкур дар ихтиёри худи шахсанд. Худованд ин қудрат ва тавоноиро ба ихтиёри инсон додаасту ҳеҷ гоҳ ӯро маҷбур намесозад, ки кадоме аз онро интихоб намояд.

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз379
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4512
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6100
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67859

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.107
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval