۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат

Шарҳи осони ақидаи Таҳовӣ (дарси 24)

Чоп
PDF

ДАРСИ БИСТУ ЧОРУМ

[75] وَنَقُولُ: اللهُ أَعْلَمُ، فِيمَا اشْتَبَهَ عَلَيْنَا عِلْمُهُ.

[75] ДАР ЧИЗЕ КИ БАРОЯМОН НОМАЪЛУМ БОШАД, МЕГӮЕМ, КИ ХУДО ДОНОТАР АСТ.

ШАРҲ: Аҳли Суннат ҳамвора илми чизеро, ки надонанд ба Худованди бузург вогузор менамоянд ва мегӯянд, ки Аллоҳ донотар аст ва ин посухи одилона мебошад ва манзур аз ин ки бе илму огаҳӣ бар Худо ҳарф задан ҳаром аст, ин мебошад, ки амали мазкур гуноҳи бузург маҳсуб мешавад. Ҳамин тавр вақте ки инсон аз чизе ки намедонад, пурсида шавад, бояд дар посух бигӯяд: «Аллоҳ таъоло донотар аст.»

***

[76] وَنَرَى الْمَسْحَ عَلَى الخُفَّيْنِ، فِي السَّفَرِ وَالحَضَرِ، كَمَا جَاءَ فِي الأَثَرِ.

[76] ВА МАҲС КАШИДАН БАР МАСҲИРО ДАР ҲОЛИ МУҚИМ БУДАН ВА ДАР САФАР ЧИ ТАВРЕ КИ ДАР ҲАДИС ОМАДА, ҶОИЗ МЕДОНЕМ.

ШАРҲ: Аҳли Суннат маҳс кашидан бар масҳиҳоро бо шуруте ки дар китобҳои фиқҳ омада, яъне се шабонарӯз барои мусофир ва як шабонарӯз барои муқим ҷоиз медонанд ва маҳси наълайнро низ муҷоз гӯянд.

Шарҳи осони ақидаи Таҳовӣ (дарси 23)

Чоп
PDF

ДАРСИ БИСТУ СЕЮМ

[72] وَلاَ نَرَى الْخُرُوجَ عَلَى أَئِمتِنَا وَوُلاَةِ أُمُورِنَا وَإِنْ جَارُواْ، وَلاَ نَدْعُو عَلَيْهِمْ، وَلاَ نَنْـزَعُ يَداً مِنْ طَاعَتِهِمْ، وَنَرَى طَاعَتَهُمْ مِنْ طَاعَةِ اللهِ عَزَّ وَجَلَّ فَرِيضَةً، مَا لَمْ يَأْمُرُواْ بِمَعْصِيَةٍ، وَنَدْعُواْ لَهُمْ بِالصَّلَاحِ وَالْمُعَافَاةِ.

[72] БАР ПЕШВОЁН ВА САРВАРОНИ ДАВЛАТИ ИСЛОМ ТУҒЁН КАРДАНРО ҶОИЗ НАМЕДОНЕМ, АГАРЧИ ОНҲО ЗУЛМУ СИТАМ НАМУДА БОШАНД ВА БАР ЭШОН ДУОИ БАД НАХОҲЕМ КАРД, АЗ ТОАТУ ФАРМОНБАРДОРИИ ОНҲО ДАСТ БАРНАМЕДОРЕМ ВА ИТОАТИ ЭШОНРО АЗ ТАРАФИ ХУДОИ АЗЗА ВА ҶАЛЛА БАР ХЕШ ФАРЗ МЕДОНЕМ, МОДОМЕ КИ БА МАСЪИЯТУ ГУНОҲ ФАРМОН НАДИҲАНД ВА ҲАМЕША БАРОЯШОН БА САЛОҲУ БЕРАНҶӢ ДУО МЕНАМОЕМ.

ШАРҲ: Аҳли Суннат туғёну саркашӣ намудани пешвоён ва сарварони (давлати Ислом) -ро агарчи онҳо ба мардум ситам раво доштаанд ё аз онҳо фисқу фуҷур зоҳир гардида бошад, ҳам раво намебинанд. Зеро туғёну исёни онҳо авоқиб ва осори бадро, чун хунрезӣ, сар задани бебандуборӣ ба дунбол дорад. Итоату фармонбардории онҳо то вақтест, ки аз Ислом рӯй нагардонда ва ба куфр майл накарда бошанд.

Шарҳи осони ақидаи Таҳовӣ (дарси 22)

Чоп
PDF

ДАРСИ БИСТУ ДУВВУМ

[67] وَأَهْلُ الكَبَائِرِ مِنْ أُمَّةِ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَعَلَى آلِهِ وَسَلَّمَ فِي النَّارِ لَا يُخَلَّدُونَ، إِذَا مَاتُواْ وَهُمْ مُوَحِّدُونَ، وَإِنْ لَم يَكُونُواْ تَائِبِينَ، بَعْدَ أَنْ لَقُوا اللهَ عَارِفينَ ”مُؤْمِنينَ“ وَهُمْ في مَشِيئَتِهِ وَحُكْمِهِ، إِنْ شَاءَ غَفَرَ لَهُمْ وَعَفَا عَنْهُم بِفَضْلِهِ، كَمَا ذَكَرَ عَزَّ وَجَلَّ فِي كِتَابِهِ: ﴿وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَنْ يَشَاءُ﴾ [النساء:48]، وَإِنْ شَاءَ عَذَّبَهُمْ فِي النَّارِ بِعَدْلِهِ، ثُمَّ يُخْرِجُهُمْ مِنْهَا بِرَحْمَتِهِ وَشَفَاعَةِ الشَّافِعِينَ مِنْ أَهْلِ طَاعَتِهِ، ثُمَّ يَبْعَثُهُمْ إِلَى جَنَّتِهِ، وَذَلِكَ بِأَنَّ اللهَ تَعَالَى تَولَّى أَهْلَ مَعْرِفتِهِ، وَلَمْ يَجْعَلْهُم في الدَّارَيْنِ كَأَهْلِ نُكْرَتِهِ الَّذِينَ خَابُواْ مِنْ هِدَايَتِهِ، وَلَمْ يَنَالُواْ مِنْ وَلاَيَتِهِ. اللَّهُمَّ يَا وَلِيَّ الْإِسْلاَمِ وَأَهْلِهِ، ثَبِّتْنَا عَلَى الْإِسْلَامِ حَتَّى نَلْقَاكَ بِهِ.

[68] ВА АҲЛИ КАБОИР[1] АЗ УММАТИ МУҲАММАД {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ДАР ДӮЗАХ ҶОВИДОН НАМЕМОНАНД, ДАР ҲОЛЕ КИ ОНҲО МУВАҲҲИД[2] МУРДА БОШАНД, АГАРЧИ АЗ ГУНОҲОНИ КАБИРА ТАВБА НАКАРДА БОШАНД, БАЪД АЗ ОН КИ ХУДОВАНДРО ДАР ҲОЛИ МУЪМИН БУДАН ДАРЁФТАНД. ВА ОНҲО ЗЕРИ МАШИЯТ[3] ВА ҲУКМИ Ӯ ҚАРОР ДОРАНД, АГАР Ӯ ХОҲАД, БА ФАЗЛУ КАРАМАШ ЭШОНРО МАҒФИРАТ МЕНАМОЯД, ЧУНОН КИ ХУДОИ АЗЗА ВА ҶАЛЛА ДАР КИТОБАШ ЁД КАРДА АСТ:

وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَنْ يَشَاءُ

«ВА (Худо) ГУНОҲОНИ ҒАЙРИ ШИРКРО БАРОИ КАСЕ КИ ХОҲАД, МЕОМУРЗАД» [Сураи Нисо; 48]

Шарҳи осони ақидаи Таҳовӣ (дарси 21)

Чоп
PDF

ДАРСИ БИСТУ ЯКУМ

[66] وَالْإِيمَانُ: هُوَ الْإِيمَانُ بِاللهِ، وَمَلاَئِكَتِهِ، وَرُسُلِهِ، وَالْيَوْمِ الآخِرِ، وَالقَدَرِ: خَيْرِهِ وَشَرِّهِ، وَحُلْوِهِ وَمُرِّهِ مِنَ اللهِ تَعَالَى،

[66] ВА ИМОН ИН АСТ, КИ БА ХУДО ВА ФАРИШТАҲОИ Ӯ ВА КИТОБҲО ВА ПАЁМБАРОНИ Ӯ, БА РӮЗИ РАСТОХЕЗ ВА БА ТАҚДИР, БА НЕКУ БАД, ШИРИНУ ТАЛХИ ОН АЗ ТАРАФИ ХУДОСТ, ИМОН БИЁРӢ.

ШАРҲ: Имони ба Аллоҳ таъоло иборат аз афъол, номҳо, ва сифоташ ва ба сазовори маъбудият буданаш ва ба анҷом додани ҳамаи корҳо холис барои Ӯ имон биёрем. Имони ба фариштагон ин аст, ки ба вуҷуди онҳо ва ба сифоту ашколи эшон ва ба вазоиф ва масъулиятҳояшон имон биёварем. Имон овардан ба китобҳои осмониро дар боло баён намудем. Имон овардан ба паёмбарон иборат аст аз ин ки ба ҳамаи эшон хоҳ онҳоро мушаххасан бишиносем ё на, имон оварем. Аввалини он расулон Нӯҳ ва охири эшон Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мебошад

Шарҳи осони ақидаи Таҳовӣ (дарси 20)

Чоп
PDF

ДАРСИ БИСТУМ

[63] وَجَمِيعُ مَا صَحَّ عَنْ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَعَلَى آلِهِ وَسَلَّمَ مِنْ الشَّرْعِ وَالْبَيَانِ كُلُّهُ حَقٌّ، 

[63] ВА ТАМОМИ УМУРИ ШАРЪӢ ВА ИРШОДОТЕ КИ АЗ РАСУЛИ ХУДО {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} БО РИВОЁТИ САҲЕҲ ОМАДААНД, ҲАМААШОН ҲАҚ ВА РОСТАНД.

ШАРҲ: Тамоми фармудаҳои шариъат ва ривоятҳои тавзеҳкунандаи умури дин, хоҳ онҳо ба тавотур ё ба тариқи оҳод[1] нақл шуда бошанд, ҳамаи онҳо ҳақ ва рост мебошанд. Ин мазҳаби аҳли ҳақ ба шумор меравад ва ҳар шахсе ки ба Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дурӯғ бандад, яъне аз номи он ҳазрат ҳадиси дурӯғ гӯяд, бешакку шубҳа, Аллоҳи бузург ӯро расво ва хор мегардонад.

***

[64] وَالْإِيمَانُ وَاحِدٌ، وَأَهْلُهُ فِي أَصْلِهِ سَوَاءٌ، وَالتَّفَاضُلُ بَيْنَهُمْ بِِالْخَشْيَةِ وَالتُّقَى، وَمُخَالَفَةِ الهَوَى، وَمُلَازَمَةِ الْأُوْلَى،

[64] ВА ИМОН ЯК АСТ ВА МУЪМИНОН ДАР АСЛИ ОН БАРОБАРАНД ВА БАРТАРӢ ДАР МИЁНАШОН БА ХУДОТАРСӢ ВА ПАРҲЕЗКОРӢ ВА МУХОЛИФАТ НАМУДАНИ

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз472
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4605
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6193
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67952

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.109
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval