۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Ақидаҳои ахлоқии Имоми Аъзам

Чоп
Баҳогузории корбар: / 1
БадБеҳтарин 

Илми фиқҳ шоҳсутуни дини мубини Ислом буда, поягузори ин мактаби бузург Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит мебошад. Уламои мо, аз ҷумла Имоми Аъзам (р) дар ривоҷу равнақи ин илм таҷрибаи бой доранд. Маҳз олимони Ғарб аз ин таҷрибаи ғании гузаштагони мо истифода мебаранд.

Имоми Аъзам дар тӯли ҳаёти хеш шариати исломро бо тамоми нозукиҳояш омӯхта, ба наслҳои оянда мероси гаронбаҳое вогузоштаанд, ки дар тарбияи маънавии ҷавонон аҳамияти калони илмӣ доранд. Ақидаи ахлоқии Абуҳанифа чун донишманд ва тарбиятгари асил паҳлӯҳои муҳими ҳаётиро дар худ таҷассум кардааст. Устод муаллим, аламбардор, равшангари дилҳо, чароғи маънавии ҷомеа буда, ҳаққи устодро аз падар беш гуфта, Абуҳанифа мефармоянд:

“Ман барои устозам Ҳаммод дуо мекунам”. Ин гуфтаҳо далолат ба бузургии устод, эҳтиром ба ӯ мебошад. Имоми Аъзам ба устоди хеш эҳтироми хоса дошта, бо самимият ҳурматашро ба ҷо меоваранд. Аз ин рӯ, фарзанди худро бо номи устодашон Ҳаммод номгузорӣ кардаанд. Саъдии бузург мефармояд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Ҳатто шогирдонашон Абуюсуф мегӯяд: “Ман қабл аз падару модарам барои ӯ дуо мекунам. Худовандо Абуҳанифаро дар сояи раҳматаш қарор диҳад, зеро ӯ таъми дунёву охират ҳардуро ба ман чашонд”.

Дар “Насиҳат-ул-мулк” омада: “Искандарро пурсиданд, ки чаро устоди хешро аз падари хеш азизтар медорӣ? Гуфт: “Аз баҳри он, ки падари ман сабаби зингдагонии ман аст дар дунёи фонӣ ва устоди ман сабаби наҷоти ман аст дар дунёи боқӣ”.

Пешаи омӯзгорӣ касби пурифтихор буда, одамони бофазлу хирадро дар ҳама давру замон бо ифтихор устод мегӯянд.

Муаллимро Худованд эътило дод,

Ба гетӣ иззу шону иртиқо дод.

Муаллим- мазҳари лутфи иллоҳ аст,

Ба дорулмулки дониш подшоҳ аст.

Муаллим- ҳодии халқи ҷаҳон аст,

Муаллим- вориси пайғамбарон аст.

Як субҳ Имоми Шофеӣ дар сари мазори Абуҳанифа намоз хонд. Шофеиёнро ҳукм ин аст, ки дуои қунутро дар намози бомдод мехонанд. Шофеъӣ дуои қунутро нахонд. Аз ӯ савол карданд, ки чаро ин тавр рафтор кардӣ. ӯ гуфт: “Аз ҷиҳати эҳтиром ба соҳиби мазор, зеро Аҳноф (аҳли Ҳанафия) қунутро баъди намози хуфтан мехонданд”.

Дар “Чаҳоркитоб” устодро падари мутаққӣ ҳисобиданд. Имоми Аъзам дар хизмати чаҳор ҳазор устод буданд. Ва аз ҷумла аз тобеъин буданд.

Рӯзе Абуҳанифа аз мавзее мегузаштанд, ки як гурӯҳ бачаҳо дар он ҷо бозӣ мекарданд. Абуҳанифа ба онҳо салом доданд. Аз он кас пурсиданд, ки чаро ба ин бачаҳо салом додед? Гуфтанд, ки байни онҳо фарзанди устоди ман низ бозӣ мекард ва аз ҷиҳати эҳтиром ба устод ба онҳо салом додам.

Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Имоми Аъзам ба устод эҳтироми хоса дошта, шогирдонро низ дар ин рӯҳия тарбия мекарданд. Раҳмати ҳақ бар онҳо бод, ки онҳо устози аҳли ислому дин буданд.

ПЕШАИ ШОГИРДӢ ДАР НАЗАРИ АБУҲАНИФА

Шогирдони худро дӯст медоштанд. Фарзандвор муносибат мекарданд. Ҳар як масоили диниро ба пуррагӣ омӯзонида, серталаб буданд. Намегузоштанд, ки касе нисбати онҳо таҳқирро раво бинад. 800 шогирди босавод дошта, ҳеҷ устодро чунин шогирдони зиёд насиб нагаштааст. Исом мегӯяд: “Он ҳаққе, ки Абуҳанифа (р) ба ёрони худ дорад, ҳеҷ касе ба дигаре надорад, ӯ пашшаеро намегузошт бар онҳо бинишинад”.

Имоми Аъзам нисбати шогирдон ва муносибат бо онҳо фармуда: “Ба шогирдон чунон мушфиқона рафтор кун, ки гӯё ҳар як аз ононро фарзанди худ медонӣ”.

Шогирдони Имоми Аъзамро ба файласуфе монанд кардаанд, зеро он кас ба дари мактаби хеш навишта буданд: “Ҳар ки ақли ҳандасӣ надошта бошад, назди мо наояд”. Имоми Аъзам ҳар як фардро соҳиби ақлу заковати қавӣ, илму дониши мукаммал доштанашро тарафдор буданд. Бар зидди танбаливу ҷоҳилӣ баромад мекарданд. Аз ин ҷост, ки Абуалӣ ибни Сино гуфтаанд:

“Фарзанди инсон барра, гурбача баъд аз таваллуд аз ҳайси мӯҳтаво ва маъно баробаранд. Ҳам кӯдак, ҳам бара, ҳам гурбача яксон таваллуд мешаванд, бузург мешаванд, мепӯшанд, мехӯранд, ҷуфт мешаванд, фарзанд ба дунё меоранд, мемиранд. Дар ин сифат ҳамаи онҳо баробаранд, ҳайвонанд. Фарзанди одам фақат дар сурате бо сифатҳои инсонӣ рушду камол меёбад, ки парвариш ва тарбият гирад”.

ПОКӢ АЗ НИГОҲИ ИМОМИ АЪЗАМ

Ислом охирин ва комилтарин дин аст, ки аз он баҳра мебарем. Илми шариати ислом ва ҳама гуна илмҳо баҳрест беканор, ки касе ба анҷом нарасонидааст. Дин покизагист, зеро пайғомбари ислом Муҳаммад (с) “Ад-дину-ан-назофату” гуфтаанд. Дар фиқҳи муяссар мазҳаби Абуҳанифа омадааст, ки покизагӣ асоси ибодатҳост. Дар дин ҳар амал бо покизагӣ дуруст мешавад, зеро покизагӣ нисфи имон аст.

“Худованд воқеан ҳам тавбакунандагони доимӣ ва покихоҳонро дӯст медорад”. (Сураи Бақара, ояти 222).

Абуҳанифа покизагии зоҳирро шарти зарурӣ ва покизагии ботиниро шарти қабул ва рафтан ба даргоҳи Худованд мешуморанд.

Дар “Чаҳоркитоб” омада:

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,

Ботинат низ ҳақ кунад тоҳир.

Ҳар шахси соҳибақл забону дилу ақлу идрокашро пок дорад. Бадану либосу ҷойи пок низ шарти зарурӣ ва аз фарзҳои берунии намоз аст. Ин тарбия дар рӯҳияи покӣ, озодагӣ, поквиҷдонӣ ва покрафторӣ буда, ононро Абуҳанифа таълим додаст. Худованд пок буда поконро дӯст дорад.

АЗ ИЛМ БАҲРА БАРДОР

Омӯхтани илм ба ҳар марду зан фарз буда, Абуҳанифа омӯхтани илмро талаб мекунанд, зеро илм мояи ифтихору ҳастӣ ва зиндагонист. “Агар даҳ сол ҳам бе касб ва қути зиндагӣ бимонӣ, аз илм рӯй магардон. Зеро илм зикри Худо аст ва вақте аз илм рӯй мегардонӣ”. Абушукури Балхӣ барҳақ фармуда:

Касе к-ӯ ба дониш барад рӯзгор,

На ӯ бозмонад, на омӯзгор.

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,

Ба дониш тавон риштану бофтан.

 

Шахсе аз шахси бузургворе хати восита овард ба умеди он, ки шояд ба ин хати Имоми Аъзам ба ӯ илм омӯзад. Имоми Аъзам гуфтанд: “Ба илм омӯхтан набояд шахсеро восита кард, зеро Худои таъолоро бо аҳли уламо аҳду паймон ҳаст, ки аз роҳи рост ба халқ илм омӯзонад ва таълим диҳанд. Ба таълими олим ва тадриси мударрис ҳаргиз шарту шароит лозим нест. Дар роҳи Худо таълими аҳком ва тадриси улуми ислом бар ҳар олиму мударрис воҷиб аст чунончи ибодат воҷиб аст фақат барои Аллоҳи таъоло”.

Илм болотар аз ибодат аст, зеро ки соате ранҷ кашидан барои илм омӯхтан баробар ба ибодати як шабонарӯза аст. Бузургии Имоми Аъзам дар хирадашон аст. Ҳамагон бояд илм омӯзанд ва аз лаззати камоли зиндагӣ баҳраҳо ёбанд. Омӯхтани илм фарзи айн аст. Ба дигарон омӯзондан фарзи кифоя мебошад.

Ҳазрати Имоми Аъзам ба Иброҳим Адҳам гуфтанд: “Ё Иброҳим насиба ва ризқи ту аз ибодати ту бузургтар аст. Акнун барои ту лозим аст, ки илмро бар дилат ҷой кунӣ, зеро илм сари ибодат, низом ва қавоми кор мебошад”.

Касе, ки баҳри дунё илм омӯзад, аз баракати илм маҳрум мемонад ва илм дар дилаш қарор намегирад. Ва ҳар кас баҳри дин илм омӯзад аз илм барака ёфта, дар дилаш ҷой мегирад. Ҳақ бар ҷониби ин гуфтаҳо:

Эй тифл, зи илм баҳра бардор,

К-аз лавҳу қалам шавӣ хабардор.

Тифле, ки гирифт қалам бар даст,

Дасти ҳамаро ба чӯби тар баст.

В-он кас, ки ба лавҳу хат напардохт,

Ҳаргиз сияҳ аз сафед нашнохт.

Азбаски Қуръон раҳнамои зиндагии мо мебошад, рӯзгору аъмоли Абуҳанифа саршори панду ҳикмат аст. Баъд аз Қуръон мӯъҷизаҳои бузурги Муҳаммад (с) Абуҳанифа мебошад, зеро дар обидӣ ва зоҳидӣ аз ҳама баландпарвоз буданд. Фуқаҳо гуфтанд: “Шумоён табибонед, мо муҳаддисин сайёдем, симои Абуҳанифа ҳам табиб ва ҳам сайёди хуб аст”. Баъди вафоти Имоми Аъзам ҳама мегуфтанд: “Афсӯс, ки дарёи илм аз олам рафт”.

Абуҳанифа дарёи илм буданд ва ҳама то ҳол баҳра мебаранд. Ахлоқи ҳамидаи эшон панди зиндагӣ аст.

Ҳамза ибни ЯМИН,

омӯзгори МТМУ рақами 26, деҳаи Мулломир, ноҳияи Ашт.

Ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»

Дидгоҳҳо  

 
0 #1 zuhuridin 05.01.2010 23:08
As salomu alaikum va rahmatulloh
oe rost ast ki imom abu hanifa
shogirdi imom jafari sodiq
bud va to chi andoza in du mazhab mutaqorib hastand
va oe imom jafar haqiqatan
peshvoi shia ast ?
va jaza kum allah kjair al jaza !
Нақли қавл кардан
 
 
0 #2 Фирдавсии Нуралиён 16.01.2010 03:18
Иқтибос аз суханони zuhuridin:
As salomu alaikum va rahmatulloh
oe rost ast ki imom abu hanifa
shogirdi imom jafari sodiq
bud va to chi andoza in du mazhab mutaqorib hastand
va oe imom jafar haqiqatan
peshvoi shia ast ?
va jaza kum allah kjair al jaza !

Ва алайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Мутаассифона, ин овозаи бесос дар байни бисёре аз пайравони аҳли Суннат роиҷ аст, ки гӯиё Имоми Аъзам Абуҳанифа {раҳимаҳуллоҳу таоло} шогирди Ҷаъфари Содиқ {раҳимаҳуллоҳу таоло} буда. Ин хабар ҳақиқате надорад, гарчӣ мардуми зиёде бар он эътиқод бастаанд. Ин овоза аз овозаҳои шиа мебошад, ки бо он мехоҳанд, бозори худро гарм кунанд ва бад-ин тариқ бигӯянд, ки асли фиқҳи мазоҳиби аҳли Суннат аз фиқҳи шиа баргирифта шуда аст. Фарз кардем, ки агар мазҳабҳои аҳли Суннат аз фиқҳи Ҷаъфари Содиқ сарчашма гирифта бошанд, ин сухан ҳуҷҷате алайҳи шиа ҳаст, зеро он чи ки Имомони аҳли суннат дар кутуби фиқҳи худ овардаанд, мухолифи ақволи кунунии шиа мебошад. Аз ин рӯ, шиа барои он ки пайрави ҳақиқии Имом Ҷаъфари Содиқ бошад, бояд аз мазҳабҳои аҳли суннат ва Ҷамоат пайравӣ кунад, зеро он аз рӯи иддиои онҳло аз фиқҳи имом Ҷаъфар сарчашма мегирад.
Ва касе ки аз зиндагиномаи Абуҳанифа {раҳимаҳуллоҳу таоло} заррае огаҳӣ дошта бошад, медонад, ки Имоми Аъзам {раҳимаҳуллоҳу таоло} аз ақрон ва ҳамтоён ва ҳамсолони Имом Ҷаъфари Содиқ {раҳимаҳуллоҳу таоло} буда аст. Ҷаъфари Содиқ {раҳимаҳуллоҳу таоло} 148 ҳиҷрӣ вафот карда аст ва Имом Абуҳанифа {раҳимаҳуллоҳу таоло} 150 аз ҷаҳон даргузашта аст. Ва Имом Абуҳанифа {раҳимаҳуллоҳу таоло} дар замони падари Ҷаъфари Содиқ - Муҳаммади Боқир ибни Алӣ (Зайнулъобидин) {раҳимаҳумуллоҳ у таоло} фатво медода аст. Ва Имом Абуҳанифа {раҳимаҳуллоҳу таоло} на шогирди Муҳаммади Боқир {раҳимаҳуллоҳу таоло} буда аст ва на аз Ҷаъфари Содиқ {раҳимаҳуллоҳу таоло} ва аз онон масъалаеро ҳам нагирифта, балки аз касоне илм омӯхта аст, ки онҳо аз Ҷаъфари Содиқ {раҳимаҳуллоҳу таоло} ва падараш Муҳаммад {раҳимаҳумаллоҳ у таоло} бузургсолтар будаанд, монанди Ато ибни Абурабоҳ {раҳимаҳуллоҳу таоло} ва устоди асосияш Ҳаммод ибни Абусулаймон {раҳимаҳуллоҳу таоло} (Ҳаммод ибни Абусулаймон аз Иброҳими Нахаъӣ ва Иброҳим аз Алқама ва Алқама аз Абдуллоҳ ибни Масъуд). Ва дигар ин ки Имом Ҷаъфари Содиқ {раҳимаҳуллоҳу таоло} дар Мадина зиста асту дар онҷо вафот карда ва Имом Абуҳанифа {раҳимаҳуллоҳу таоло} дар Куфа. Агар гоҳе бо ҳам мулоқот карда бошанду сари кадом масъалае муноқишаи фиқҳӣ намуда бошанд, ин маънои шогирд буданро надорад. Чунончи дар "Муснад"-и Имом Абуҳанифа {раҳимаҳуллоҳу таоло} зери рақами 62 ва 63 ду ривоят омада аст, ки дар онҳо аз вохӯрии ин ду абармард ва гуфтугӯ ва муноқишаи онҳо сари масъалаи қиёс сухан меравад.
Нақли қавл кардан
 

Изҳори назар


Рамзи ҳимоят
Таҷдид

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз473
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4606
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6194
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67953

Дар сомона: 3 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.108
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval