Навиштаҳои тозатарин
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Рамазон дар ақсои олам
- Нақли аъзо аз манзури фиқҳи исломӣ
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
- Сангҳои қимати Бадахшон, дар интизори муштариён
- Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо
- Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо
- Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ: Моҳро дидед, рӯза бигиред!
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон IV (дарси 1, 2, 3) Рӯза
- Рамазон ва пойтахти фарҳанги исломӣ
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон
- Сомонаи «ШИФО» ва «Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон»
- Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост
- Рамазони соли 2010 фаро расид!
Маводи таҷдидшуда
- Рамазон дар ақсои олам
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон I (дарси 1)
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон (муқаддима)
- Имом Бухорӣ дар хотироти таърих
- Иқбол даргузашт, форсӣ ҳам мурд
- Роғун иззати миллист, онро доғдор накунед!
- "Патент"-и 1000-рублӣ барои муҳоҷирон
- Дар ниёиши Худованд
- Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин {алайҳи-с-салоту ва-с-салом}
- Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад...
- Хушунат дар хонаводаҳои аврупоӣ
- Роҳбари бузургтарин муассисаи аҳли Суннат
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
Маводи мардумписанд
- Қироати дилнишини Сураи Муъминун
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт!
- Намози бомдод - садди роҳи пайдоиши бемории саратон
- Дуои пардохтани вом (қарз)
- Ақидаҳои ахлоқии Имоми Аъзам
- Даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа - мавсими тоату ибодат
- Имомхатибони тоҷик дар масҷидҳои Русия
- Шарҳи як ҳадис дар мавзӯъи зан
- Тарҳи густариш ва бозсозии Масҷиди Набавӣ
- Ислом, демократия ва интихобот
- Шарҳи форсӣ-тоҷикии «Фиқҳи акбар»-и Имом Абуҳанифа
- Ҳизби Таҳрир
- «Мухтасари таърихи Ислом»
- Рӯзи Oшуроро чӣ гуна бигузаронем?
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
Posted in Саҳобагони Паёмбар
Сафийя духтари Абдулмутталиб
Сафийя {разияллоҳу ъанҳо} дар тарихи ислом аввалин зане буд, ки ба хотири дифоъ аз ҳарими дин ва ақида хуни мушрикеро бар замин рехт.
Оё медонед, ин бонуи бурдбору донишманд, ки ҳатто мардҳо ҳам аз ӯ ҳисоб мебурданд кист?
Ва оё медонед, ин бонуи қаҳрамон ва шуҷоъе ки аввалин шаҳсавори мусулмонони маёдини ҳақ ъалайҳи ботил дар домонаш парвариш ёфт, чӣ касе буд?
Балки, ин бону Сафийя духтари Абдулмутталиб Ҳошимии Қурайшӣ ва аммаи Расули гиромии Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} буд.
Аз ҳар ҷиҳате ки баррасӣ кунем, бузургворӣ ва маҷду шарофати насабро ба ирс бурда аст.
Падараш - Абдулмутталиб ибни Ҳошим, ҷадди Паёмбари акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва бузурги хонадони Қурайш ва мавриди қабули оммаи қурайшиён.
Модараш - Ҳола духтари Ваҳб ва хоҳари Омина - модари бузургвори Набии карим {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}.
Шавҳари аввалаш - Ҳорис ибни Ҳарб - бародари Абусуфён бузурги хонадони Банӣ Умайя, ки марг ба суроғаш омад.
Шавҳари дуввумаш - Аввом ибни Хувайлид, бародари Хадиҷа - сардори занон дар замони ҷоҳилият ва аввалин уммаҳоти му'минин дар Ислом. Ва фарзандаш - Зубайр ибни Аввом ёр ва ҳивории Расули Аллоҳ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}.
Ба таваҷҷуҳ ба ончи гузашт, оё ба ҷуз имон ба Худо, маҷду асолат ва азамате аз ин болотар метавон ёфт? Шавҳари дуввумаш - Аввом ибни Хувайлид низ баъдҳо ин ҷаҳонро бадруд гуфт ва аз худи фарзанде ба номи Зубайр, ки аз худи Сафийя буд, бар ҷой гузорид.
САФИЙЯ ВА ТАРБИЯТИ ФАРЗАНД.
Сафийя дар тарбияти фарзандаш сахтгир буд, ӯ саъй мекард то ӯ бо аспсаворӣ, варзишҳои размӣ ва фунуни низомӣ ошно кунад ва аз ӯ қаҳрамони шуҷоъ бисозад. Ӯ ба фарзандаш омӯхт, чӣ гуна тирҳоро битарошад ва камонҳоро таъмир кунад. Одат ва балки яке аз равишҳои тарбиятиаш ин буд, ки Зубайрро дар ҷоҳои ҳассос ва ваҳшатзо ҷилав меандохт ва ӯро вориди саҳнаҳои хатарнок мекард ва агар аҳёнан, мутаваҷҷеҳ мешуд, ки фарзандаш аз ҳузур дар саҳна худдорӣ мекунад, ё шак ва тардид ба худ роҳ медиҳад, ӯро ба шиддат кутак мезад ва танбеҳаш менамуд, то онҷо ки ин масъала яке аз амуҳои Зубайрро маҷбур ба сарзаниши Сафийя намуд ва ба ӯ гуфт:
- Бо бача набояд, ин тавр бархӯрд кард! Тавре ӯро мезанӣ, ки гӯё хашматро фурӯ менишонӣ. Ҳаммонанди як модар бархӯрд намекунӣ...
Сафийя дар ҷавоб ба шеърхонӣ пардохт ва ин шеърро суруд:
Ҳар касе иддаъо мекунад, ки ба ин сурат хашмро фурӯ менишонд, дурӯғ мегӯяд. Мусалламан, заданам ба ин хотир аст, то ба худ ояд ва ҳушманду қаҳрамон гардад, лашкарҳоро ба шикаст водорад ва ғаноимро ба даст оварад.
ПАЗИРИШИ ИСЛОМ.
Худованд Паёмбараш {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро фиристод то мардумро ба дини ҳидояту растагорӣ ва ҳаққу ҳақиқат ошно созад ва ононро ба неъматҳои худовандӣ башорат ва аз азобҳояшон бим диҳад ва ба ӯ дастур дод, то барои нахустин бор, ин ҳаракатро дар миёни хешовандони худ оғоз намояд. Мутобиқ бо ин дастур, Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фарзандони Абдулмутталиб, зану мард, пиру ҷавон, кӯчаку бузургро гирди ҳам овард ва хитоб ба онон гуфт:
- Эй Фотима духтари Муҳаммад! Эй Сафийя духтари Абдулмутталиб ва эй фарзандони Абдулмутталиб!!! Иннӣ ло амлику лакум мина-л-лоҳи шайан - ман дар муқобили Худованд наметавонам, коре бароятон анҷом диҳам.
Сипас, аз онон хост то ба Худо имон оваранд ва рисолаташро тасдиқ намоянд. Бо ин фарохон иддаъе дар партави нури илоҳӣ роҳи ҳидоятро бозёфтанд ва теъдоде низ аз пазириши ин паёми ҷовидонӣ сар бартофтанд.
Бале, Сафийя дар ҷиргаи аввалин гурӯҳе буд, ки ба Худованд имон оварданд ва рисолати Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро тасдиқ намуданд. Ба ин сурат, Сафийя ба маҷд ва шарафи ҳамаҷониба ва комиле даст ёфт: Маҷд ва шарофати насабӣ ва иззату бузургвории исломӣ.
Сафийя ҳамроҳи фарзанди муборакаш Зубайр ба қофилаи нур пайваст ва ҳамчун дигар мусулмонони пешгоҳ, сахтиҳо ва машаққатҳоро бо ҷону дил харид ва худро сипари исломи азиз қарор дод. Ба маҳзи ин, ки Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва ёронаш аз сӯи Парвардигор иҷоза ёфтанд то ба Мадина ҳиҷрат кунанд, Сафийя касе буд, ки дороиҳо ва мулк ва амлок ва хотироти зебову иззат ва ифтихору номи неки худро дар Макка ба ёдгор гузошт ва рухи қалб ва қолабашро ба Мадина намуд ва ба сӯи Худо ва Расулаш ҳиҷрат кард, то аз дин ва ақидаи исломияш муҳофизат кунад. Ин бонуи бузургвор дар ҳудуди 60 сол аз умри азизаш гузашта буд, умри саросарӣ боиззат ва ифтихор ва сахтиҳо ва мушкилот... Бо ин вуҷуд, нақши босазое дар майдонҳои ҷанг ифо менамуд ва ҳузури фаъол дошт. Таърихи исломӣ бо шигифтӣ ва эъҷоб ва тақдир ва бузургдошт ин саҳнаҳои имониро ба тасвир мекашад ва мо дар инҷо ба ду маврид аз он ишора мекунем: Яке дар Уҳуд ва дигаре дар ҷанги Хандақ (Аҳзоб).
НАҚШИ Ӯ ДАР УҲУД
Ончи дар Уҳуд гузашт ин буд, ки Сафийя дар канори лашкари Ислом ва дар миёни теъдоде аз занон ба сӯи майдони ҷанг раҳсипор шуданд, то дар роҳи Худо ҷиҳод кунанд.
Ӯ вазифааш обрасонӣ буд, то ба ташнагон ва маҷрӯҳон об бирасонад ва ҳамчунин, дуруст кардан ва таъмири тирҳо ва камонҳо машғул бошад. Илова бар ин, ӯ ҳадафи дигарро низ дунбол мекард: Ӯ тамоми қувваи ҷисмӣ ва фикрии худро басеҷ карда буд ва комилан, муроқиби авзои майдон набард буд.
Ӯ худашро масъул медонист ва ҳақ ҳам дошт ва таъаҷҷубе надорад!! Зеро дар ин майдон, бародарзодааш Муҳаммад - Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, ва бародараш Ҳамза писари Абдулмутталиб ва «Шери Худо» ва фарзандаш Зубайр ҳивории Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ҳузур доштанд. Ва балки болотар аз ҳамаи инҳо, масир ва сарнавишт ва ояндаи Ислом бо ин маърака варақ мехӯрад ва аҷин шуда буд. Ояндаи исломие ки Сафийя бо камоли майл онро пазируфта буд ва ба хотири подоши ухравӣ дар роҳи он ҳиҷрат карда буд ва ин масирро мунтаҳӣ ба сӯи ҷаннат медонист.
Сафийя вақте дид, ки иддаъе аз размандагони Ислом ақибнишинӣ кардаанд ва дар атрофи Паёмбари гиромии Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} теъдоди каме вуҷуд доранд, ки ба дифоъ аз он Ҳазрат бархоста ва бо исор ва фидокорӣ меҷангиданд ва аз тарафе наздик аст, ҷангҷӯёни куфр дар сафҳои мусулмонон рахна эҷод карда ва Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро ба шаҳодат бирасонанд, машки обе ки бар дӯшаш дошт ба замин андохт ва ба сони модашере ки бачаҳояш дар маърази хатар ва таҳоҷуми душман қарор гирифтанд, барқосо, худро ба қалби лашкар зад ва сарнайзаи яке аз шикастхӯрдагонро гирифт ва бо он суфуфи лашкари ширкро мешикофт ва дар ҳам мерехт ва бар чеҳраҳояшон заработи муҳликеро ворид месохт ва аз таги қалб хитоб ба мусулмонон фарёд мезад:
- Эй вой бар шумо, Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро танҳо гузоштед ва аз перомунаш фирор намуда ва дур шудаед? Куҷо меравед?!
Паёмбари акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} вақте ӯро диданд, ки саросема ба сӯи майдони набард мешитобад, тарсид, ки мабодо ҷасади бародараш Ҳамзаро дар ҳоле бибинад, ки ба хоку хун ғалтида ва ба бадтарин шакл мушрикин ӯро мусла карданд, аз ин рӯ, ба фарзандаш Зубайр гуфтанд:
- Ҷилави модаратро бигир нагузор, то ҷасади Ҳамзаро бибинад.
Зубайр ба тарафи модараш рафт ва ба ӯ гуфт:
- Бирав, эй модар, инҷо набиё!
Модараш гуфт:
- Аз сари роҳам дур шаву музоҳими ман мабош!
Зубайр гуфт:
- Дастури Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аст, ки шумо баргардед ва водори майдон нашавед!
Модар гуфт:
- Чаро?! Ман аз моҷарои бародарам комилан огоҳам ва медонам шаҳид шудааст, аммо ин фидокорию шаҳодат барои Худо ва дар роҳи Худост.
Бо шунидани ин суханон, Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба ӯ иҷоза доданд, то вориди майдон шавад.
Баъд аз итмоми набард ва хомӯш шудани шуълаҳои ҷанг, Сафийя дар канори ҷасади бародараш Ҳамза қарор гирифт. Ӯ медид, ки чӣ гуна шиками бародарашро шикофтаанд ҷигарашро дароварда ва биниашро мусла намудаанд. Ва гӯшҳояшро бурида ва чеҳраи зебояшро пора-пора карданд. Бо ин вуҷуд, аз Парвардигор барояш омурзиш талабид ва бо худ чунин мегуфт:
- Ман яқин дорам ҳамаи инҳо дар роҳи Худо ба вуҷуд омада аст. Ман ба қазову қадари илоҳӣ розиям. Ба Худо қасам, сабр хоҳам намуд ва аҷру подоши ин мусибати ҷонкоҳро аз Худованд хоҳам хост, иншоАллоҳ.
МАВЗЕЪГИРИИ САФИЙЯ ДАР РӮЗИ ХАНДАҚ
Ончи гузашт аз мавзеъгирии Сафийя дар рӯзи Уҳуд хабар дод, аммо мавзеъгириаш дар рӯзи Хандақ, достонест зебо ва ҳаяҷонангез, ки тору пудашро тезҳушӣ ва кордониву қаҳрамонӣ ва қотеъият ташкил медиҳанд.
Гӯши ҷон месупорем, ба кутуби таърих, то ин достонро бароямон баён кунанд:
Яке аз одатҳои муборак ва равишҳои зебои Паёмбари акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ин буд, ки вақте мехостанд, ба ғазвае бираванд ва водори майдони набард бишаванд, занону кӯдаконро дар яке аз паноҳгоҳҳо ва дижҳои мустаҳкаму амн қарор медоданд, то мабодо, дар ғиёби муҷоҳидин ва размандагони Ислом касе қасди хиёнат ва ё таҷовуз ба Мадинаро дошта бошад.
Ҷанги Хандақ буд... Паёмбари акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ҳамсарон ва аммаи хеш ва иддаъе аз занони мусулмонро дар паноҳгоҳ ва диже аз Ҳасон ибни Собит, ки аз аҷдодаш ба ирс бурда буд, қарор дод. Ин диж аз эминтарин ва мустаҳкамтарин дижҳо буд ва касе тавони дастрасӣ ба онро надошт. Дуруст дар ҳамон замоне ки размандагони сипоҳи саҳоба дар давр ва атрофи Хандақ машғули дифоъ ва ҳифозат аз хеш буданд ва ба иллати рӯбарӯӣ бо Қурайш ва ҳампаймононаш, натавонистанд, аз занону кӯдакон саррасӣ ва хабаргирӣ намоянд. Ногаҳон, Сафийя духтари Абдулмутталиб дар торикии субҳ шабаҳеро дид, ки ба сӯи онҳо дар ҳаракат аст. Гӯшҳо ва чашмҳояшро тез кард. Ӯ мутаваҷҷеҳ шуд, ки яке аз яҳудиён ба фикри ин диж афтода ва дар атрофи он гардиш мекунад ва дар ҷустуҷӯи ахбори дохилии диж ва ин ки чӣ касоне дар ин диж ҳастанд, ба сар мебарад.
Заковату тезҳушии Сафийя ба ӯ ҳукм мекард, ки ин шахс яке аз ҷосусони душман аст, ӯ мехоҳад бидонад, оё дар ин диж мардони муҷоҳиде ҳастанд, ки аз занону кӯдакон дифоъ кунанд ва ё ин ки фақат занон ва кӯдакон дар он ба сар мебаранд? Ӯ бо худаш гуфт: Яҳудиёни Банӣ Қурайза дар аҳду паймони худ бо Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} вафодорӣ накарда ва онро шикастанд ва ҳамакнун, дар канори Қурайш ва ҳампаймононашон қарор гирифта ва онҳоро мавриди кӯмаку ҳимояти худ қарор медиҳанд. Ва аз тарафи дигар, ҳеҷ як аз мардони муҷоҳид дар миёни мо нестанд, то ба дифоъ аз мо бипардозанд. Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва ҳамроҳонаш низ дар муқобили душман ба дифоъ аз хеш ва набард машғуланд. Дар ин сурат, агар ин душмани Худо ва ин ҷосуси яҳудӣ, битавонад, ҳақиқати ончи ки дар диж аст, дарёфта ва ба хешовандони худ мунтақил созад, ин яҳудиёни мунофиқ занонро ба асорат хоҳанд бурд ва кӯдаконро ба бардагӣ хоҳанд гирифт. Онгоҳ аст, ки мусулмонон гирифтори мусибати бузург хоҳанд шуд ва шикаст мехӯранд.
Дар ин ҳангом ва баъд аз ин афкору андешаҳо, тасмими қотеъе гирифт: Чодарашро ба сараш печид ва либосҳояшро низ ба камар ҷамъ карда ва маҳкам баст ва чӯберо бар дӯш андохта ва худро ба дарвозаи диж расонд.
Ва бо камоли матонат ва бурдборӣ, равзанае аз дарро кушуд ва аз онҷо муроқиби ҳаракоти душман буд, то ин ки мутмаин шуд, алъон (ҳоло) душман дар маҳалле қарор дорад, ки дасташ ба ӯ мерасад.
Ногаҳон ва бо камоли шиддат ва барқосо ба ӯ ҳамла бурд ва бо чӯб зарбаи маҳкамеро ба фарқаш фуруд овард ва ӯро нақши замин намуд. Заработи дуввум ва саввумро низ нисораш кард, то ин ки рӯҳаш парвоз кард ва ба ҳалокат расид.
Ӯ ба хотири эҷоди руъб ва ваҳшат дар душман, билофосила, кордеро ки ҳамроҳ дошт, дароварда ва сарашро бурид ва ба поини диж андохт.
Он даста аз яҳуд, ки дар поини диж мунтазир буданд, то дӯсташон хабарҳои дасти аввал ба онҳо биёварад, ногаҳон бо сари буридае ки дар ҷилави онҳо афтод, мувоҷеҳ гаштанд. Иддаъе аз онон бо дидани сари буридаи дӯсташон гуфтанд:
- Мо медонистем, ки Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, занону кӯдаконро бесарпараст ва бидуни ҳеҷ ҳифозат ва нигаҳбоне раҳо намесозад.
Ва сипас аз ҳамон роҳе ки омада буданд баргаштанд...
Худованд аз Сафийя духтари Абдулмутталиб розӣ гардад!
Яқинан, ӯ намуна ва сармашқи шоистаи зани мусулмон буд, тарбияти танҳо фарзандашро ба ӯҳда дошт ва чӣ зебо тарбияташ намуд.
Бо ғаму мусибат, фуқдони бародари азизаш рӯбару шуд ва чӣ зебо сабр ва истиқомат аз худ нишон дод. Масоиб ва мушкилот даст ба дасти ҳамдигар доданд, то ӯро биёзмоянд, аммо ӯро қотеъ, андешаманд ва қаҳрамон ёфтанд.
Ва таърих низ зеботарин ва равшантарин сафаҳоти худро барои Сафийя ихтисос дода аст. Онҷо ки мегӯяд: Сафийя духтари Абдулмутталиб[1] дар таърихи Ислом танҳо ва аввалин зани мусулмоне буд, ки ба хотири дифоъ аз ҳарими дин ва ақида хуни мушрикеро бар замин рехт.
***
Аз китоби «Суварун мин ҳаёти-с-саҳобиёт» (Намунае чанд аз зиндагии саҳобазанон)
Муаллиф: Абдурраҳмон Раъфат-пошо
Мутарҷим: Акбар Макрамӣ
Аз форсӣ баргардони: Нуринисои Давлатшариф.
Таҳияи Сомонаи «ФИРДАВСӢ»
[1] Барои огоҳӣ ва иттилоъи бештар дар мавриди зиндагиномаи Сафийя духтари Абдулмутталиб руҷӯъ шавад ба: Ал-исоба; 4/348, Ал-мустатраф, Ал-ағонӣ ли-Аби-л-Фараҷ, Аълому-н-нисо, ли-л-Киҳола; 2/341-346, Ал-маъориф ли-Бни Қутайба, Ал-истиъобу биҳомиши-л-исоба; 4/345, Ат-табақоту-л-кубро; 8/41, Самту-л-ла'олӣ, 1/18, «Ас-сирату-н-набавия»-и Ибни Ҳишом; Ҳаёту-с-саҳоба; 1/154, Зайлу тариху-т-Табарӣ, Ал-комилу фи-т-тарих, Усд-ул-ғоба; 7/171, Футуҳу-л-булдон, Сияру аъломи-н-нубало; 2/193, Ибни Касир; 4/108.
- Умар ибни Хаттоб поягузори адолати додгоҳии исломӣ
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 3. Усмон ибни Аффон
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 2. Умар ибни Хаттоб
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
- Даҳ ёри биҳиштӣ (муқаддима)
- Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 101 қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 11. Ҳамза ибни Абдулмутталиб
- 6. Саъд ибни Абуваққос
- 3. Абузарри Ғифорӣ














