Навиштаҳои тозатарин
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Рамазон дар ақсои олам
- Нақли аъзо аз манзури фиқҳи исломӣ
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
- Сангҳои қимати Бадахшон, дар интизори муштариён
- Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо
- Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо
- Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ: Моҳро дидед, рӯза бигиред!
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон IV (дарси 1, 2, 3) Рӯза
- Рамазон ва пойтахти фарҳанги исломӣ
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон
- Сомонаи «ШИФО» ва «Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон»
- Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост
- Рамазони соли 2010 фаро расид!
Маводи таҷдидшуда
- Рамазон дар ақсои олам
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон I (дарси 1)
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон (муқаддима)
- Имом Бухорӣ дар хотироти таърих
- Иқбол даргузашт, форсӣ ҳам мурд
- Роғун иззати миллист, онро доғдор накунед!
- "Патент"-и 1000-рублӣ барои муҳоҷирон
- Дар ниёиши Худованд
- Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин {алайҳи-с-салоту ва-с-салом}
- Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад...
- Хушунат дар хонаводаҳои аврупоӣ
- Роҳбари бузургтарин муассисаи аҳли Суннат
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
Маводи мардумписанд
- Қироати дилнишини Сураи Муъминун
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт!
- Намози бомдод - садди роҳи пайдоиши бемории саратон
- Дуои пардохтани вом (қарз)
- Ақидаҳои ахлоқии Имоми Аъзам
- Даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа - мавсими тоату ибодат
- Имомхатибони тоҷик дар масҷидҳои Русия
- Шарҳи як ҳадис дар мавзӯъи зан
- Тарҳи густариш ва бозсозии Масҷиди Набавӣ
- Ислом, демократия ва интихобот
- Шарҳи форсӣ-тоҷикии «Фиқҳи акбар»-и Имом Абуҳанифа
- Ҳизби Таҳрир
- «Мухтасари таърихи Ислом»
- Рӯзи Oшуроро чӣ гуна бигузаронем?
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
Posted in Саҳобагони Паёмбар
Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу}
Шахсе ки Худованд тавассути ӯ Исломро иззат бахшид
(584-646 милодӣ)
(40 сол қабл аз ҳиҷрат – 23 ҳиҷрии қамарӣ)
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} дар сатрҳо
Вай Умар ибни Хаттоб ибни Нуфайл ибни Абдулъуззои Қурайшии Адавӣ аст ва кунияаш Абуҳафс мебошад. Сездаҳ сол баъд аз соли (ҳодисаи) «Фил» таваллуд шудааст.
Модараш: Ҳантама духтари Ҳошим ибни Муғира ибни Абдуллоҳ ибни Умар ибни Махзум мебошад.
Фарзандонаш:
- Абдуллоҳ, Абдурраҳмони Акбар ва Ҳафса (модари муъминон), ки модарашон Зайнаб духтари Маъзун аст.
- Зайди Акбар ва Руқайя, ки модарашон Уммукулсум духтари Алӣ ибни Абутолиб {разияллоҳу анҳу} ва модари ӯ Фотима духтари Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мебошад.
- Зайди Асғар ва Абдуллоҳ, ки модарашон Уммукулсум духтари Ҷавал мебошад.
- Осим, ки модараш Уммуҷамила духтари Собит аст. Номи аслии ӯ Осия буда ва Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} онро тағийр дода гуфт:
- «Не, балки ту Ҷамила ҳастӣ».[1]
- Абдурраҳмони Авсат, ки модараш Луҳайяи каниз мебошад.
- Абдурраҳмони Асғар аз зане ки муаррихон дар номи ӯ ихтилофи назар доранд.
- Зайд ва Зайнаб (хурдсолтарини фарзандони Умар {разияллоҳу анҳу} мебошанд), ки модарашон Фукайҳа мебошад, ки каниз буд.
- Фотима, ки модараш Уммуҳаким ибни Ҳорис ибни Ҳишом ибни Муғира мебошад.
- Иёз, ки модараш Отика духтари Зайд ибни Амр ибни Нуфайл мебошад.
Ҳазрати Умар {разияллоҳу анҳу} ҳамагӣ 9 зан ва 14 фарзанд дошт, ки 10 -танашон писар ва 4-нафари онҳо духтар буданд. Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} аз ашрофи Қурайш буд ва дар замони ҷоҳилият вазифаи сафирӣ бар ӯҳдаи вай буд. Ҳангоме ки дар байни худи қурайшиҳо ё байни онҳо ва дигарон ҷангу муноқишаҳо ба амал меомад, ӯро ба унвони сафир мефиристоданд. Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} бо дуъои Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мусулмон шуд ва бо Исломи ӯ дини мубини Ислом ғолибу пирӯз гардид. Ӯ ҳиҷрат кард ва яке аз аввалин муҳоҷирон буд, ки дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд, Хандақ иштирок варзида ва дар байъати Ризвон ҷанги Хайбар, фатҳи Макка ва Ҳунайн ва тамоми ҷангҳо ҳамроҳи Расулуллоҳ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ҳузуру ширкат дошт. Ва ҳар ҷое ки Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мерафтанд, бо ӯ ҳамроҳ буданд. Пас аз мусулмон шуданаш бар кофирон бисёр сахтгир буд. Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ҳоле вафот карданд, ки аз ӯ розӣ буданд. Ӯ баъд аз Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} хилофатро ба ӯҳда гирифт. Рӯзе ки Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} вафот кард, барои халифагии ӯ байъат карда шуд ва ин воқеъа дар соли 13-и ҳиҷрӣ ба вуқӯъ пайваст. Пас аз он дорои беҳтарин ахлоқ гардид ва худро мисли мардуми оддӣ медонист. Худованд фатҳи Шом, Ироқ ва Мисрро ба ӯ муяссар кард. Дар роҳи Худо хоксор буд, зиндагии пурмашаққат дошту камханда буд ва нақши ангуштаринаш чунин буд: «Эй Умар, барои панду ибрат гирифтан, марг басанда аст».
Барои фурӯтанӣ дар назди Худованди ғолибу баландмартаба қуввату тавоноӣ мехост ва ба мардум мегуфт:
- «Дар ҳақиқат, шумо хору залилтарин мардум будед, пас Худованд ба воситаи Паёмбараш {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} шуморо азиз гардонид. Пас ҳар вақте ки шумо аз ғайри ӯ иззат бихоҳед, Худованд шуморо хору залил мекунад».[2]
Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар бораи ӯ фармудааст:
- «Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} чароғи аҳли Биҳишт аст».[3]
Аз Ибни Аббос {разияллоҳу анҳу} аз Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ривоят аст, ки
- «Ҳароина Худованди ғолибу баландмартаба дар рӯзи Арафа бо тамоми мардум ба сурати умумӣ фахр мекунад ва бо Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} ба таври хусусӣ фахр хоҳад кард».[4]
- «Агар баъди ман пайғамбаре мебуд, ҳароина Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} мебуд».[5]
Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} фармудааст: Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро шунидам, ки мегуфт:
- «Офтоб бар марди беҳтаре аз Умар натобидааст».[6]
Исломи Умар {разияллоҳу анҳу}
Ҳангоме Худованди ғолибу баландмартаба Паёмбари худ – Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро мабъус кард, Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} яке аз сахттарин мухолифони дини Ислом ва тавонотарини онҳо аз ҷиҳати озору азият расонидан ба мусулмонон буд. Ва мардумро аз дохил шудан дар дини Ислом манъ мекард. Кофирони Қурайш аз ин вазъият истифода бурда, ӯро фиристоданд, то Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро бикушад. Умар бо шамшери бараҳна ба роҳ баромад. Дар роҳ марде аз Банӣ Зуҳра бо ӯ рӯ ба рӯ шуда, гуфт:
- Эй писари Хаттоб, ба куҷо равонӣ?
Умар гуфт:
- Ба назди Муҳаммаде ки бузургони Қурайшро паст задааст ва худоҳояшонро дашном додааст ва ҷамоъаташонро мухолифат намудааст.
Пас, он мард ӯро масхара карда гуфт:
- Ба ту як чизи аҷибро бигӯям? Шавҳари хоҳарат ва хоҳарат бедин шудаанд ва динеро, ки ту дар он ҳастӣ ва он дини падарони ту буд, тарк кардаанд!!
Пас, Умар {разияллоҳу анҳу} дар ғазаб шуда, ба хонаи хоҳараш омада дарро кӯфт.
Гуфтанд:
- Кист?
Умар дар ҳолати ғазаб гуфт:
- Писари Хаттоб.
Дар хона гурӯҳе нишаста, аз саҳифае ки бо худ доштанд, Қуръон мехонданд, ҳангоме ки овози Умарро шуниданд, саросема шуда тарсиданд ва саҳифаи дар дасташонбударо фаромӯш карда, зуд пинҳон шуданд. Сипас хоҳари Умар бархоста, дарро барояш боз кард. Пас Умар ба ӯ гуфт:
- Эй душмани ҷони худ, шунидам, ки ту бедин гаштаӣ!!
Пас бо дасташ чунон ба рӯи вай зад, ки аз рӯяш хун ҷорӣ шуд. Хоҳараш гириста мегуфт:
- Эй писари Хаттоб, ҳар чӣ мехоҳӣ бикун, дар ҳақиқат, ман мусулмон шудаам ва ба Худои якка ва ягона имон овардаам.
Сипас гуфт:
- Эй Умар, агар ҳақ дар ғайри дини ту бошад (пас чӣ кор мекунӣ? Оё ҳақро дида аз он пайравӣ мекунӣ ва ё кӯр-кӯрона дунболаи дини ботил меравӣ? Ман ҳақиқатро дар гуфтаҳои Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва Худои ӯ пайдо кардам ва ту ҳам) «Гувоҳӣ бидеҳ ба ин ки ҷуз Аллоҳи якто ҳеҷ худое шоистаи парастиш вуҷуд надорад ва гувоҳӣ бидеҳ, ки Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аст» «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ».
Дар баробари ин суханони ҳидояткунанда ба нури ҳақиқату яқин ва омехта бо хунҳои поку назиф дили Умар {разияллоҳу анҳу} биларзид ва хомӯш монд. Пас ҳайратзада бар кат нишаст ва ба атрофаш назар кард, нохост чашмаш ба саҳифаи Қуръон бархӯрд. Гуфт:
- Ин навишта чист? Ба ман бидеҳ, то бихонамаш.
Хоҳараш гуфт:
- Барои ту хондани ин ҷоиз нест, ба он даст расонидан барои мардони бо таҳорат иҷоза аст. Шумо аввалан, бояд ғусл ва ё таҳорат намоед, баъдан ин саҳифаи қуръониро бихонед.
Умар бархоста таҳорат кард, сипас он саҳифаро гирифта хонд:
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
«Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим»…
Калимаҳои الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ «ар-раҳмони-р-раҳим» бар Умар бисёр таъсир намуданд, ки дилашро ба ларза овард ва аз задани хоҳараш пушаймон шуд. Ҳангоме ба худ омад, хондани саҳифаро идома дод. Дар он саҳифа чунин навишта шуда буд:
طه (1) مَا أَنْزَلْنَا عَلَيْكَ الْقُرْآنَ لِتَشْقَى (2) إِلَّا تَذْكِرَةً لِمَنْ يَخْشَى (3) تَنْزِيلًا مِمَّنْ خَلَقَ الْأَرْضَ وَالسَّمَاوَاتِ الْعُلَى (4)
«То, Ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки дар ранҷ афтӣ. Танҳо ҳушдорест барои касе ки метарсад. Аз ҷониби касе ки замину осмонҳои баландро офарида, нозил шудааст».
То, ки ба қавли Ҳақ таъоло:
إِنَّنِي أَنَا اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدْنِي وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي (14) [7]
«Ҳароина, Худои якто Ман ҳастам. Ҳеҷ худое барҳақ ҷуз Ман нест. Пас маро бипараст ва то маро ёд кунӣ, намоз бигузор», расид.
Пас, дар баробари нидои Ҳақ таъоло худдорӣ карда натавонист ва гуфт:
«Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ» (гувоҳӣ медиҳам, ки ғайри Аллоҳи ягона худое сазовори парастиш нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} Паёмбари Худо аст).
Мардум баъди шунидани ин сухан аз камингоҳҳояшон такбиргӯён баромада, шукронаи Худованди ғолибу баландмартабаро намуда, гуфтанд:
- Эй писари Хаттоб, муждагонӣ бод туро, мо шунидем, ки дирӯз Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дуъо карданд, ки: «Эй бор Худоё, Исломро иззат ва обрӯй бидеҳ ба яке аз ин ду марде ки дар назди ту маҳбубтар бошанд: Умар ибни Хаттоб ё Амр ибни Ҳишом». Ва мо, албатта, уммедворем, ки дуъои Паёмбар барои туст, пас хуш бош.
Вақте мардум ба имони Умар {разияллоҳу анҳу} мутмаин шуданд, макони Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро ба ӯ нишон доданд. Умар ба он ҷо рафта, дарро кӯфт. Гуфтанд:
- Кист?
Умар гуфт:
- Писари Хаттоб.
Аз сабаби он ки мардум тавоноии ӯро медонистанд ва аз мусулмон шуданаш хабар надоштанд, касе аз онҳо ҷуръат намекард, ки дарро барояш кушояд. Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:
- «Дарро ба рӯяш бикшоед, ба ростӣ агар Худованд {азза ва ҷалла} ба ӯ хайрхоҳ аст, ҳидояташ мекунад».
Пас, мардум дарро кушоданд ва Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба назди ӯ баромад. Сипас аз миёнбандаш гирифта ба сӯи худ кашид. Баъд аз он гуфт:
- «Эй Умар, оё ту аз кирдорҳои қаблии худ даст намекашӣ, пеш аз ин ки Худованд бар сари ту хориву зорӣ фуруд оварад, ҳамчуноне бар сари Валид ибни Муғира фуруд овард? Парвардигоро, ин Умар ибни Хаттоб аст. Парвардигоро, дини Исломро ба дасти Умар иззату обурӯй бидеҳ».
Пас Умар {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ». (Гувоҳӣ медиҳам, ки нест худое ғайри Аллоҳи ягона ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} Паёмбари Худо аст).
Пас аз шунидани ин суханон, мусулмонон чунон такбире гуфтанд, ки дар тамоми гӯшаву канори Макка шунида шуд. Ва Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба синаи Умар ибни Хаттоб се маротиба зада гуфтанд:
- «Парвардигоро, он нопокиҳое ки дар синаи ӯ мавҷуд аст, хориҷ бикун ва ба имон мубаддал гардон».
Ва ин суханонро се бор такрор намуданд. Дар ин ҳангом, Ҷабраил {алайҳи-с-салом} аз осмон фуруд омада гуфт:
- «Эй Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, аҳли осмон ба Исломи Умар хурсанд шуданд».
Баъд аз он Умар {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Эй Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, оё мо дар роҳи ҳақ нестем, хоҳ бимирем ва хоҳ зинда бимонем?
Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
- «Бале, қасам ба зоте ки нафси ман дар яди ӯст, албатта, шумо дар роҳи ҳақ ҳастед, хоҳ бимиред ва хоҳ зинда бимонед».
Пас Умар гуфт:
- Пас пинҳон доштани Ислом барои чист? Қасам ба зоте ки туро ба Паёмбарӣ фиристодааст, албатта, Исломро ошкор мекунем.
Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фикри Умар {разияллоҳу анҳу}-ро қабул кард. Пас ҳамроҳи мусулмонон ба кӯчаҳои Макка баромаданд ва онҳо дар ду саф буданд, ки пешопеши як саф Ҳамза ибни Абдулмуталлиб ва дар пеши сафи дигар Умар ибни Хаттоб қарор дошт ва ба Масҷидулҳаром дохил шуданд. Мушрикони Қурайш чун Умар ва Ҳамзаро дар сафи мусулмонон диданд, ончунон андӯҳгин шуданд, ки ҳеҷ гоҳ нашуда буданд. Пас, дар ҳамон рӯз Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} Умар {разияллоҳу анҳу}-ро «Форуқ» номид ва гуфт:
- «Ба таҳқиқ, Худованд {азза ва ҷалла} ҳақро дар дилу забони Умар ниҳод ва ӯ Форуқ аст. Худованд ба воситаи ӯ байни ҳақ ва ботил фарқ гузошт»[8].
Бо мусулмон шудани Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} дини мубини Ислом дар Макка ошкор гардид ва ба сӯи он ошкоро даъват карда мешуд ва мусулмонон дар Масҷидулҳаром намоз гузориданд. Абдуллоҳ ибни Масъуд доим мегуфт:
- «Аз замоне ки Умар мусулмон шуд, мо ҳамеша ғолибу соҳиби иззат будем».[9]
Ҳиҷрати Форуқ
Умар {разияллоҳу анҳу} дар Исломи худ шуҷоъ буд ва онро пинҳон ва пӯшида намедошт, балки ҳамеша ба ҳама ошкор мекард ва дар роҳи Ислом мубориза мебурд ва бо Қурайшиҳо меситезид. Ӯ дар назди Каъба намоз хонд ва мусулмонон низ ҳамроҳи ӯ намоз хонданд, дар ҳоле ки пеш аз ин аз тарси мушрикон намозхониашонро ошкор намекарданд. Вақте ки Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} саҳобагонро иҷозат дод, то ба ба Мадина ҳиҷрат кунанд, мусулмонон пинҳонӣ аз шаҳр мебаромаданд, магар Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу}. Ӯ вақте ки қасди ҳиҷрат намуд, шамшерашро ба миён овехта, камонашро дар китф гирифт ва якчанд тир дар даст ва найзаашро гирифта, аз назди Каъба гузашт, ки дар атрофи он гурӯҳи зиёди қурайшиҳо истода буданд. Ҳафт маротиба оромона Хонаи Каъбаро тавоф кард, баъд аз он ба мақоми Иброҳим {алайҳи-с-салом} омада, бо итминони комил ду ракъат намоз гузорид. Баъд аз он, дар миёни ҳар кадом ҳалқаҳои мардум як-як истода ба онҳо гуфт:
- «Касе мехоҳад, ки модараш бефарзанд шавад ва фарзандаш ятим бимонад ва занаш бева гардад, пас дар пушти ин водӣ бо ман рӯ ба рӯ шавад».
Касе аз ашрофи Қурайш ҷуръат накард, ки аз ҷояш бархезад. Аз паси ӯ якчанд ғуломи бечораро фиристоданд, Умар {разияллоҳу анҳу} ба онҳо раҳм намуд ва онҳоро аз дини Ислом огоҳ карда, роҳнамоӣ кард.[10] Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ҳамроҳи саҳобагонаш ба Мадина расиданд. Ва бародарӣ байни муҳоҷирон ва ансориҳо мустаҳкам шуд ва офтоби Ислом нурафшон гардида, бо нури худ тамоми мардумро фаро гирифт.
Шайтон аз Умар {разияллоҳу анҳу} метарсад
Рӯзе Умари Форуқ аз Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} иҷозати ворид шудан хост. Дар ин вақт, назди ӯ якчанд зани қурайшӣ қарор доштанд ва аз аз ҳад зиёд савол медоданд ва овозашонро аз овози ӯ баланд мекарданд. Ҳангоме садои Умар {разияллоҳу анҳу}-ро шуниданд, зуд ҳиҷобҳои худро дуруст намуданд. Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба ӯ иҷозат дод. Чун Умар {разияллоҳу анҳу} даромад, Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} механдиданд. Форуқ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- «Эй Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} падару модари ман фидои ту бод, барои чӣ механдед»?!
Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:
- «Аз ҳоли ин заноне ки дар назди ман буданд дар таъаҷҷубам. Чун овози туро шуниданд, зуд ҳиҷобҳои худро ба тартиб дароварданд».
Форуқ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- «Эй Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, ҳақдортар ҳастед, ки аз шумо битарсанд».
Пас ба онҳо рӯ оварда гуфт:
- Эй душманони нафсҳои худ, оё аз ман метарсед ва аз Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} наметарсед?!
Онҳо гуфтанд:
- Ту аз Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дуруштрафтортар ва дуруштгуфтортар ҳастӣ!
Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
- «Хомуш бош, эй писари Хаттоб, қасам ба зоте ки нафси ман дар яди ӯст, агар шайтон бубинад, ки ту дар водие рафта истодаӣ, албатта, ӯ дар он водӣ намеравад».[11]
Мувофиқати ваҳй барои Умар {разияллоҳу анҳу}
Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} дар баъзе масоил ба Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} изҳори назар мекард. Дар баъзе аз ин мавридҳо ба Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ваҳӣ нозил мешуд ва дар якчанд мавзеъ фикри Умар {разияллоҳу анҳу} бо фармудаи Худованд мувофиқат кард. Аз ҷумла:
Мувофиқат дар мақоми Иброҳим {алайҳи-с-салом}
Умар {разияллоҳу анҳу} ба Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт: Эй Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, агар дар мақоми Иброҳим намозгоҳ мегирифтем, бисёр хуб мешуд. Пас дар ин маврид сухани Ҳақ таъоло нозил шуд:
... وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقَامِ إِبْرَاهِيمَ مُصَلًّى... [12]
«Ва мақоми Иброҳимро намозгоҳ бигиред!»
Мувофиқат дар амри ҳиҷоб
Умар {разияллоҳу анҳу} ба Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:
- Эй Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, ба назди занҳои ту ашхоси некӯкору бадкор дохил мешаванд, агар ту онҳоро ба пӯшидани ҳиҷоб амр мекардӣ, бисёр хуб мешуд.
Пас ояти ҳиҷоб нозил шуд ва дар он сухани Ҳақ таъоло аст, ки:
...وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعًا فَاسْأَلُوهُنَّ مِنْ وَرَاءِ حِجَابٍ... [13]
«Ва агар аз занони Паёмбар чизе суол кунед, аз пушти парда суол кунед!»
Мувофиқат дар ояти сураи «Таҳрим»
Ҳангоме ки занҳояш бар Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} рашк бурданд, Умар {разияллоҳу анҳу} ба онҳо гуфт:
- Умед аст, агар Паёмбари Худо шуморо талоқ диҳад, Парвардигори ӯ заноне некӯтар аз шумо ба ӯ иваз диҳад.[14]
Пас, ба ҳамин мазмун оят нозил шуд.
Мувофиқат дар ҳаром гардонидани шароб
Умар бисёр мехост, ки хамр (шарб, май) ҳаром гардонда шавад ва ҳамеша мегуфт:
- Парвардигоро, дар бораи хамр ба мо ҳукми ошкоре баён кун. Дар ҳақиқат, ки он ақл ва молро аз инсон мебарад.
Пас сухани Худованд нозил шуд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالْأَنْصَابُ وَالْأَزْلَامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ (90) إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَعَنِ الصَّلَاةِ فَهَلْ أَنْتُمْ مُنْتَهُونَ (91)[15]
«Эй касоне ки имон овардаед, шароб ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо (тирҳое ки фол мекушоянд), палидӣ ва кори шайтон аст, пас, аз он парҳез кунед, то растагор шавед! Шайтон мехоҳад бо шаробу қимор миёни шумо кинаву душманӣ афканад ва шуморо аз ёди Худо ва намоз боздорад, пас оё шумо даст мекашед ва бас мекунед?»
Мувофиқат дар асирони Бадр
Дар рӯзи Бадр Худованди азза ва ҷалла мушриконро шикаст дод. Ҳафтод нафари онҳо кушта шуд ва ҳафтод нафари дигар асир гирифта шуд. Пас Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз Абубакр {разияллоҳу анҳу}, Умар {разияллоҳу анҳу} ва Алӣ {разияллоҳу анҳу} дар бораи асирон машварат хост. Умар {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Ман чунин фикр дорам, ки ба ман имкон бидиҳӣ, ки фалон шахсе назди ман аст, гарданашро бизанам ва ба Алӣ имкон бидиҳӣ, ки гардани Ақилро бизанад ва ба Ҳамза имкон бидиҳӣ, ки гардани фалониро бизанад, то Худованди азза ва ҷалла бидонад, ки дар дилҳои мо гузашту бахшише барои мушрикон нест. Инҳо сардорону пешвоён ва раҳбарони онҳоянд.
Пас, Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бо он чи Умар {разияллоҳу анҳу} ба ӯ гуфт, амал накард. Ва фикри саҳобагонеро, ки ба асирон бахшиш мехостанд қабул кард ва аз асирон фидя гирифт. Пас Худованди азза ва ҷалла ин оятҳоро нозил кард:
مَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَنْ يَكُونَ لَهُ أَسْرَى حَتَّى يُثْخِنَ فِي الْأَرْضِ تُرِيدُونَ عَرَضَ الدُّنْيَا وَاللَّهُ يُرِيدُ الْآخِرَةَ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ (67) لَوْلَا كِتَابٌ مِنَ اللَّهِ سَبَقَ لَمَسَّكُمْ فِيمَا أَخَذْتُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ (68) [16]
«Барои ҳеҷ Паёмбаре насазад, ки асирон дошта бошад, то ки дар рӯи замин куштори бисёр кунад. Шумо матоъи ин ҷаҳонро мехоҳед ва Худо маслиҳати охиратро мехоҳад. Ва Ӯ пирӯзманду ҳаким аст».
Баъдан, чун Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу}-ро диданд, ба ӯ гуфтанд:
«Қариб буд, аз мухолифат бо ту ба мо бадие мерасид»[17].
Форуқ – аввалин амиру-л-муъминин
Чун Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} вафот ёфтанд ва Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} халифа шуд, ӯро Халифаи Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мегуфтанд. Баъд аз он, чун Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} вафот кард ва Форуқ {разияллоҳу анҳу} халифа шуд, ӯро халифаи халифаи Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мегуфтанд. Мусулмонон гуфтанд:
- Ҳар касе ки баъд аз Умар биёяд, ба ӯ гуфта мешавад: Халифаи халифаи халифаи Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, пас ин дароз хоҳад шуд.
Баъзе саҳобагони Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфтанд:
- Мо муъминон ҳастем ва Умар амири мост.
Пас аз ин, Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу}-ро «Амиру-л-муъминин» хонданд. Ӯ аввалин касест, ки чунин номгузорӣ шудааст.[18]
Форуқ ҳангоми ғазаб ва нармӣ
Алӣ, Усмон, Талҳа, Зубайр, Абдураҳмон ибни Авф ва Саъд {разияллоҳу анҳум} якҷоя машварат карданд ва ба Абдураҳмон ибни Авф, ки дар назди Умар {разияллоҳу анҳу} аз ҳамаи онҳо боҷуръаттар буд, гуфтанд:
- Эй Абдураҳмон, агар ба амиру-л-муъминин дар бораи мушкилоти мардум сухан мегуфтӣ, бисёр хуб мешуд. Чунки ҳар вақте марде барои адои ҳоҷати худ меояд, аз ҳайбати ӯ дар бораи эҳтиёҷи худ сухан гуфта наметавонад ва ҳоҷаташ адо нашуда бармегардад.
Пас Абдураҳмон ибни Авф {разияллоҳу анҳу} ба назди Форуқ {разияллоҳу анҳу} даромада гуфт:
- Эй амиру-л-муъминин, бо мардум нармӣ бикун, ҳароина, ҳоҷатманде ба назди ту меояд ва ҳайбати ту намегузорад, ки ӯ дар бораи эҳтиёҷаш ҳарф бизанад ва сухане нагуфта бармегардад.
Пас, Форуқ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Эй Абдурраҳмон, оё Алӣ, Усмон, Талҳа, Зубайр ва Саъд {разияллоҳу анҳум} туро фармуданд, ки ин суханонро бигӯӣ?
Абдураҳмон ибни Авф {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Оре.
Пас, Форуқ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Эй Абдурраҳмон, қасам ба Худо, ба мардум ончунон нармрафторӣ кардам, ки дар ин кор аз Худо тарсидам ва ончунон сахтгирӣ кардам, ки дар сахтгирии худ ҳам аз Худо {азза ва ҷалла} тарсидам. Пас роҳи наҷот куҷост?
Абдурраҳмон ибни Авф {разияллоҳу анҳу} аз назди ӯ баромада ридояшро ба замин мекашид ва мегиристу мегуфт:
- Вой бар ҳоли мардум баъди ту, вой бар ҳоли мардум, баъди ту!![19]
Ва Форуқ {разияллоҳу анҳу} мегуфт:
- «Қасам ба Худо, ҳароина дилам дар роҳи Худо {азза ва ҷалла} аз маска (равған) ҳам нармтар шуд. Ҳамчунин дар роҳи Худо {азза ва ҷалла} он қадар сахтдил шудам, ки дилам аз санг ҳам сахттар гашт».[20]
Ӯ ҳамчунин мегуфт:
- «Дар ҳақиқат, ин амрест, ки ислоҳ намекунад, магар бо шиддате ки дар он ҷабре нест ва нармрафторие ки дар он хорие нест».[21]
Форуқ {разияллоҳу анҳу} ба минбар баромада мардумро таълим медод. Баъд аз он ба назди хонаводааш омада мегуфт:
- «Ба дурустӣ, шунидед он чизеро, ки ман манъ намудам ва агар ман бидонам, ки яке аз шумо он мамнӯъотро анҷом медиҳад, ман азобро барои шумо дучанд мекунам».[22]
Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ҳаққи ӯ фармудаанд:
- Дар иҷрои амри Худованд аз тамоми умматонам Умар сахтгиртар аст.[23]
Чӣ тавр Форуқ хурсанд шуд
Як шабе Форуқ {разияллоҳу анҳу} гардиш мекард, ногоҳ дар дохили ҳавлие занеро дид, ки дар атрофаш кӯдакон гирёнанд. Он зан дегеро пур аз об карда дар болои оташ ниҳода буд. Форуқ аз паси дар садо карда гуфт:
- Эй бандаи Худо, гиряи ин кӯдакон аз баҳри чист?
Гуфт:
- Аз гуруснагӣ мегирянд.
Форуқ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Пас ин деги болои оташ чист?
Гуфт:
- Дар он обе андохтаам, ки бо он машғулашон медорам, то бихобанд. Дар гумони онҳо меорам, ки дар он каме орду равған аст. Худованд байни мо ва байни Умар ҳоким аст.
Умар {разияллоҳу анҳу}, пас аз шунидани ин суханон бигирист ва шитобон ба сӯи байтулмол рафт ва зарферо гирифта, дар он орд, равған, хурмо, либос ва чанд дирҳам ниҳода онро пур кард. Баъд аз он ба ғуломаш – Аслам фармуд:
- Инро ба пушти ман бор кун!
Аслам гуфт:
- Эй амиру-л-муъминин, инро ман ба ҷои ту мебардорам!
Форуқ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Ту гуноҳи маро рӯзи Қиёмат ба худ мегирӣ?! Худам инро мебардорам, чунки ман дар охират аз онҳо пурсида хоҳам шуд.
Сипас, Форуқ он зарфи пурборро ба пушташ гирифта рафт. Чун ба манзили он зан расид, дегро гирифта, дар он каме орд ва равғану хурмо андохт ва бо дасти худ онро ҳаракат медод. Ва дар зери дег пуф мекард ва дуд аз дохили риши бузургаш мебаромад. Чун таъомро пухт, бо дасти худ гирифта ба кӯдакон хӯронид, то ин ки сер шуданд. Он зан ӯро нашинохта дар ҳаққаш дуъо мекард. Баъд аз он, Форуқ {разияллоҳу анҳу} дар баробари кӯдакон ба мисли шер гуё, ки фарзандонашро аз хатар муҳофизат мекарда бошад, нишаст ва то он замоне дар ин ҳолат буд, ки кӯдакон бозӣ карда хандиданд. Баъд аз он гуфт:
- Эй Аслам, оё медонӣ барои чӣ дар баробари онҳо ин қадар посбонӣ карда нишастам?!
Аслам гуфт:
- Эй амиру-л-муъминин, намедонам.
Форуқ {разияллоҳу анҳу} фармуд:
- Онҳоро гирён дида будам ва нахостам, онҳоро гузошта биравам, то ин ки хандонашон бубинам. Чун онҳо хандиданд, ман хурсанд шудам.
Форуқ ва арӯси Нил
Миср ба дасти фотеҳи он - Амр ибни Ос {разияллоҳу анҳу} ба Ислом дохил шуд. Нидо ва даъвати ӯ дар осмони он баланд шуд. Чун моҳи бауна (яке аз моҳҳои қибтӣ) даромад, аҳли Миср ба назди Амр {разияллоҳу анҳу} омада ба ӯ гуфтанд:
- Эй амир, дарёи Нил як расму одате дорад, ки бидуни он ҷорӣ немешавад.
Амр ибни Ос {разияллоҳу анҳу} фармуд:
- Он чӣ гуна аст?
Гуфтанд:
- Ҳар гоҳ дувоздаҳ шаб аз ин моҳ бигзарад, мо як ҷавондухтари дӯшизаро интихоб карда, падару модарашро розӣ менамоем ва ӯро гирифта бо беҳтарин либосу зиннате ки ҳаст оро дода, баъд аз он дар дарёи Нил мепартоем, сипас оби он ҷорӣ мешавад.
Амр {разияллоҳу анҳу} фармуд:
- Дар Ислом чунин амал ҷоиз нест. Албатта, Ислом, ҳар он чизе ки қаблан буд, бекор мекунад.
Мардум ҷорӣ шудани Нилро мунтазир буданд. Моҳҳои бауна, абибаи мисрӣ ҳам сипарӣ шуданд, Нил бошад на андак ва на бисёр ҷорӣ намешуд. Ҳатто мардум қасди кӯчидан карданд… Чун Амр ибни Ос {разияллоҳу анҳу} ин ҳолатро дид, ба Форуқ {разияллоҳу анҳу} нома навиша ӯро аз ин ҳодиса хабардор кард. Форуқ {разияллоҳу анҳу} дар ҷавоби ӯ навишт:
- «Ту дуруст амал намудаӣ. Ман дар дохили номаам ба ту руқъае фиристодаам, онро дар Нил биандоз».
Чун номаи Халифа ба Амр ибни Ос тақдим шуд, он руқъаро гирифт, ки дар он чунин навишта буд:
«Аз номи бандаи Худо, амиру-л-муъминин Умар, ба дарёи Нили Миср. Аммо баъд... Агар ту аз пеши худ ва бо ихтиёри худ ҷорӣ мешудӣ, пас ҷорӣ нашав ва мо ба ту эҳтиёҷе надорем ва агар ба фармони Худованди воҳиду қаҳҳор ҷорӣ мешудӣ ва он зотест, ки туро ҷорӣ кардааст, пас мо аз Худованд мехоҳем, ки туро ҷорӣ намояд».
Амр ибни Ос он руқъаро дар Нил андохт. Чун субҳи шанбе бедор шуданд, диданд, ки Худованди азза ва ҷалла дар як шаб Нилро ба андозаи шонздаҳ зироъ (андозаи масофа) ҷорӣ намудааст. Ҳамин тавр, Худованд ин одати бадро аз аҳли Миср бартараф намуд.
Нидои Сория
Баъзе каромот низ аз Форуқ {разияллоҳу анҳу} ба вуҷуд омада буд. Боре рӯзи ҷумъа бар минбари Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} хутба мехонд. Ҳангоми хутбахонӣ ногоҳ чунин суханонро гуфт:
- «Эй Сория ибни Ҳисн, ба кӯҳ, шахсе ки гургро чӯпон кард, монд дар андӯҳ».
Пас, аз шунидани ин суханон мардум ба ҳамдигар суоломез менигаристанд. Алӣ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Рост гуфт, қасам ба Худо, албатта, аз он чизе ки гуфт, шуморо огоҳ хоҳад кард.
Чун Умар {разияллоҳу анҳу} аз намоз фориғ шуд, Алӣ {разияллоҳу анҳу} аз он суханаш пурсид. Умар гуфт:
- Оё ман чунин сухане гуфтам?!
Алӣ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Оре, тамоми аҳли масҷид онро шуниданд.
Умар {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Дар дилам гузашт, ки мушрикон бародарони моро шикаст дода истодаанд ва онҳо ба сӯи кӯҳ мераванд. Агар ба кӯҳ паноҳ баранд ва ҷанг кунанд, ғалаба мекунанд ва агар аз кӯҳ гузаранд ҳалок мешаванд. Дар ин вақт ин сухан аз забони ман баромад ва ту онро шунидӣ.
Баъди як моҳ аз назди мусулмонон марде омад ва муждаи пирӯзӣ расонида гуфт:
- Ман дар фалон рӯз ва фалон соат ҳангоми аз кӯҳ гузаштан садоеро шунидам, ки ба садои Умар {разияллоҳу анҳу} монанд буд ва мегуфт: «Эй Сория ибни Ҳисн, ба кӯҳ». Мо ин нидоро шунида, пушт ба кӯҳ такя кардем ва Худованд моро бар душман ғолиб гардонд.
Соли раммода (хокистар)
Чун дар соли 18-уми ҳиҷрӣ мардум аз ҳаҷ баргаштанд, Ҷазирату-л-араб ба хушксолии шадид мубтало шуд. Шаҳрҳо ба биёбонҳои хушк мубаддал гаштанд, ҳайвонот ҳалок шуданд ва мардуми зиёд гурусна монда фавтид. Он солро соли раммода (хокистар) номиданд, чунки тамоми замин сиёҳ гашта, ба хокистар монанд шуда буд. Дар он сол Форуқ {разияллоҳу анҳу} чун намози хуфтанро бо мардум мегузорид, ба хона рафта, то охири шаб намоз хонда гиря мекард ва вақти саҳар чунин дуъо мекард:
- «Худовандо, уммати Муҳаммадро ба дасти ман ҳалок нагардон. Худовандо, ин балоро аз сари мо дур бикун».
Рӯзе дар ҳамон сол, Умар {разияллоҳу анҳу} хост ба аспи худ савор шавад, чун дид, ки асп ҷав хӯрда истодааст. Гуфт:
- Мусулмонон аз гуруснагӣ мемиранд ва ин ҳайвон ҷав мехӯрад?! Қасам ба Худо {азза ва ҷалла}, то мардум аз гуруснагӣ халос нашаванд онро савор намешавам.
Сипас, ба Амр ибни Ос {разияллоҳу анҳу}, ки амири Миср буд, нома навишт, то аз роҳи баҳр ва хушкӣ ба мардум озуқа фиристад ва ба фарёди онҳо бирасад. Амр ибни Ос бо роҳи баҳрӣ бист киштӣ орд, гӯшт ва либоса равон кард. Бо роҳи хушкӣ бошад, ҳазор шутур орд фиристод. Фиристодагони Форуқ {разияллоҳу анҳу} шутурони пурборро дар даромадгоҳи Шом пешвоз гирифтанд ва ба ҷониби росту чап фиристоданд. Мардум шутурҳоро кушта, хӯроки дуруст мекарданд ва аз орд нон мепухтанд ва либосҳоро мепӯшиданд. Ва он борҳое ки бо роҳи баҳрӣ омада буданд, барои аҳли Тиҳома бурда шуд. Чун Форуқ {разияллоҳу анҳу} намози шомро адо менамуд, нидо мекард:
- Эй мардум, аз Парвардигоратон омурзиши гуноҳонро талаб намоед ва ба сӯи Ӯ бозгардед ва аз марҳаматаш дархост намоед ва борони раҳматашро талаб кунед, на борони азобашро.
Ҳамеша ин амалро анҷом медод. То ин ки Худованд {азза ва ҷалла} ин мушкилиро бартараф намуд ва ин балоро аз сари мусулмонон дур кард.
Амири одил
Қайсар - подшоҳи Рум ба назди Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} расуле фиристод, то афъолу аҳволи ӯро мушоҳида намояд. Чун ба шаҳр даромад аз мардуми он пурсид:
- Подшоҳатон дар куҷост?
Гуфтанд:
- Мо подшоҳ надорем, балки мо амире дорем, ки алҳол аз шаҳр берун рафтааст.
Он сафир ба талаби Умар {разияллоҳу анҳу} баромад. Ӯро дар зери офтоб, дар замин, дар болои реги гарм хобида дид. Вай дираашро (тозиёнаашро) чун болишт зери сар ниҳода буд ва арақ аз пешониаш мечакид, ки заминро тар карда буд. Чун ӯро дар ин ҳол дид, дар дилаш тан дод (қоил шуд) ва гуфт:
- Марде ки аз ҳайбаташ подшоҳон қарору ором надоранд, ҳолаш чунин аст!! Валекин, эй Умар {разияллоҳу анҳу} ту адл мекунию эмин мехобӣ ва подшоҳи мо ҷабр мекунад, пас шакке нест, ки ҳамеша тарсон ва дар хавф аст. Гувоҳӣ медиҳам, ки дини ту дини барҳақ аст. Ва агар ман ҳамчун сафир намеомадам, албатта, Исломро қабул мекардам, аммо ман дубора меоям ва мусулмон мешавам.
Байни Форуқ ва Каъбулаҳбор
Форуқ {разияллоҳу анҳу} ба назди занаш – Уммукулсум духтари Алӣ ибни Абутолиб {разияллоҳу анҳу} даромада, ӯро гирён дид. Ба ӯ гуфт:
Чӣ чиз туро ба гиря кардан водор намуд?
Гуфт:
- Эй Амиру-л-муъминин, ин яҳудӣ – яъне Каъбулаҳбор мегӯяд, ки ту бар даре аз дарҳои дӯзах ҳастӣ!
Умар {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Қасам ба Худо {азза ва ҷалла}, ҳароина умедворам, ки Худованд маро некбахт офарида бошад.
Баъд аз он, Форуқ {разияллоҳу анҳу} шахсеро фиристода Каъбулаҳборро ба назди худ даъват кард. Чун вай ба назди Умар {разияллоҳу анҳу} омад, гуфт:
- Эй амиру-л-муъминин, қасам ба зоте ки нафси ман дар яди ӯст, моҳи зулҳиҷҷа сипарӣ нашуда, ту дохили биҳишт хоҳӣ шуд.
Форуқ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Ин чӣ гуфтор аст?! Як бор дар биҳишт ва бори дигар дар дӯзах?!
Каъбулаҳбор гуфт:
- Эй амиру-л-муъминин, қасам ба зоте ки ҷони ман дар яди ӯст, ман дар китоби Худованд дидам, ки ту бар даре аз дарҳои дӯзах ҳастӣ ва мардумро аз афтодан дар он манъ мекунӣ. Пас ҳар вақте ки ту бимирӣ, мардум дар он меафтанд ва ин то рӯзи Қиёмат идома хоҳад ёфт.
Талаби шаҳодат кардани Форуқ {разияллоҳу анҳу}
Дар охирин ҳаҷҷе ки Форуқ {разияллоҳу анҳу} анҷом дод, дастонашро ба ҷониби осмон бардошта, ба даргоҳи Парвадигораш чунин дуъо намуда гуфт:
- «Парвардигоро, умрам зиёд ва қувватам кам шуд ва раъиятам дар ҷаҳон паҳн гардид, пас маро ба ҷониби худ бибар ва зоеъу беҳуда магардон».
Ва ҳамеша аз Парвардигораш мехост, ки шаҳид шудан дар роҳашро насибаш гардонад. Махсусан, баъд аз оне ки Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро шунида буд, ки ба кӯҳи Уҳуд мегуфт:
- «Эй Уҳуд, собит бош, ки дар болои ту ба ҷуз Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} ва ду шаҳид, ки қарор доранд касе нест».
Ва дар он рӯз ҳамроҳи онҳо ғайри Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} ва Усмон ибни Аффон {разияллоҳу анҳу}, касе набуд. Рӯзе Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бар тани Умар {разияллоҳу анҳу} куртаи сафедеро дида гуфт:
- «Куртаат нав аст, ё обшуста».
Форуқ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Обшуста аст.
Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуданд:
- «Нав бипӯш ва некӯ зиндагӣ кун ва шаҳид бимир ва Худованд {разияллоҳу анҳу} ба ту дар дунё ва охират қаноъатмандиро насиб мегардонад».
Форуқ {разияллоҳу анҳу} Парвардигорашро мехонд ва мегуфт:
- «Парвардигоро, ман аз ту шаҳид шудан дар роҳатро ва мурдан дар шаҳри Паёмбарат {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро мехоҳам».
Худованди азза ва ҷалла дуъои Форуқ {разияллоҳу анҳу}-ро мустаҷоб кард ва ин ду чизро ба вай муяссар гардонид. Абулуълуи маҷусии малъун, ки лаънати Худо {азза ва ҷалла} ва Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва тамоми мусулмонони олам бар ӯ бод, ки Фирӯз ном дошт ва ғуломи Муғира ибни Шӯъба ва аз асирони Наҳованд буд, дар ҳоли рост кардани сафҳои намози бомдод ба бадани Умар {разияллоҳу анҳу} бо корди дудама се зарба зад, Форуқ {разияллоҳу анҳу} ба замин афтод ва мегуфт:
«Ва кори Худо андозашуда аст».
Абулуълуъаи маҷусии малъун дар ҳоли гурехтан ҳар касеро ки аз намозгузорон рӯбарӯяш меомад, бо корд мезад, то ин ки сенздаҳ намозгузорро маҷрӯҳ кард, ки нӯҳ нафари онҳо ба шаҳодат расиданд. Яке аз намозгузорони ғаюр тавонист либосеро бар сари ӯ партофта, аз пушташ бидорад. Пас бо ҳамон ханҷараш даст ба худкушӣ зад ва худро ба ҳалокат расонид. Ибни Аббос {разияллоҳу анҳу} дасти Абдурраҳмон ибни Афв {разияллоҳу анҳу}-ро гирифта барои адои намоз пеш гузаронид. Ӯ намозро сабук хонд. Форуқ {разияллоҳу анҳу}-ро ба манзилаш бурда шуд. Чун аз беҳушӣ ба худ омад, аз қотили худ пурсид. Воқеъаро ба ӯ хабар доданд. Ҳазрати Умар {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Ситоиш Худовандеро, ки марги маро ба дасти марде ки ба сӯи Худо даъват мекунад, анҷом надод (яъне маро ба дасти як шахси кофиру оташпарасте ба шаҳодат расонид).
Баъд аз он об хоста таҳорат кард ва намозро адо намуд, дар ҳоле ки аз ҷароҳаташ хун равон буд. Сипас гуфт:
- Касе намозро тарк намояд, аз Ислом баҳрае нахоҳад бурд.
Чун табибро даъват карданд, ҷароҳати вайро дида, ба ӯ гуфт:
- Эй амиру-л-муъминин, ҳар он чи васият кардан мехоҳӣ, васият бикун, қасам ба Худо, ки то бегоҳ нахоҳӣ зист.
Мардуми дар атрофаш буда гуфтанд:
- Эй амиру-л-муъминин, халифа таъин бикун.
Форуқ {разияллоҳу анҳу} фармуд:
Ба ин кор касеро муносибтар аз он нафароне ки Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ҳоли ризоият аз онҳо вафот намуд, намебинам.
Баъд аз он, Алӣ ибни Абутолиб, Усмон ибни Аффон, Талҳа ибни Убайдуллоҳ, Зубайр ибни Авом, Абдурраҳмон ибни Афв ва Саъд ибни Абуваққос {разияллоҳу анҳу}-ро номбар кард. Онгоҳ, саҳобагони Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз ӯ васият хостанд. Умар {разияллоҳу анҳу} ба онҳо гуфт:
«Шуморо ба китоби Худованд васият мекунам, то замоне ки бо он амал намоед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд. Ва шуморо ба азиз доштани муҳоҷирон васият мекунам. Ба таҳқиқ, гоҳо мардум зиёд ва гоҳо кам мешаванд. Ва шуморо ба эҳтиром кардани ансор васият мекунам, ҳароина онҳо мардумоне ҳастанд, ки Ислом ба онҳо паноҳ бурд. Ва шуморо ба гиромӣ доштани арабҳо васият мекунам, ки онҳо аслу ҷавҳари шумо ва бародарони шумо ва душмани душманони шумоянд. Ва шуморо ба аҳли зимма васият мекунам, ки онҳо зиммабардори Паёмбаратон ва сабаби рӯзии хонаводаи шумо ҳастанд».
Сипас, Форуқ {разияллоҳу анҳу} ба писараш Абдуллоҳ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Эй Абдуллоҳ, ба назди умму-л-муъминин Оиша {разияллоҳу анҳо} бирав ва бигӯ, ки Умар {алайҳи-с-салом} ба ту салом мерасонад. Магӯ амиру-л-муъминин, ки ман имрӯз барои муъминон амир нестам. Ва мегӯяд: Оё ба ӯ иҷозат медиҳад, ки ҳамроҳи дӯстонаш дафн карда шавад?
Чун Абдуллоҳ ибни Умар ба назди Оиша {разияллоҳу анҳо} омад, ӯро гирён дид. Пас ба ӯ салом дода гуфт:
- Умар ибни Хаттоб аз шумо иҷозат мехоҳад, ки ҳамроҳи дӯстонаш дафн карда шавад.
Умму-л-муъминин Оиша {разияллоҳу анҳо} гуфт:
- Қасам ба Худо, ки ман низ ҳаминро мехостам.
Чун Абдуллоҳ ба назди падараш баргашт, Форуқ {разияллоҳу анҳу} бо уммедворӣ ба ӯ гуфт:
- Чӣ хабар бо худ дорӣ?
Абдуллоҳ ибни Умар {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Он чи дӯст медоштӣ, бароят иҷозат дода шуд.
Форуқ бо итминони хотир гуфт:
- Ситоиш Худоро, барои ман чизе муҳимтар аз ин ҷойгоҳ набуд.
Сипас, Форуқ {разияллоҳу анҳу} фармуд:
- Қасам ба Худо, агар он чи дар рӯи замин аст, азони ман мебуд, ҳароина аз даҳшати ин азоб фидя медодам.
Ибни Аббос {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Қасам ба Худо, албатта, умедворам, ки онро набинӣ, магар он андозае ки Худованди Азза ва ҷалла гуфтааст:
... وَإِنْ مِنْكُمْ إِلَّا وَارِدُهَا...
«Ва нест аз шумо ҷуз воридшаванда ба он». [Сураи Марям; 71]
Агар мо намедонистем, ки ту амири муъминон ва пешвои муъминон ҳастӣ ва аз рӯи китоби Худо {азза ва ҷалла} ҳукм мекунӣ ва қисматро баробар анҷом медиҳӣ… Эй амиру-л-муъминин, қасам ба Худо, набуд исломи ту магар фирӯзӣ ва набуд пешвоии ту магар фатҳу кушоиш. Ва қасам ба Худо, ки дар замони амирии ту замин аз адл лабрез гашт. Ва агар ду нафар бо хусумат назди ту шикоят мекарданд, албатта, бо сухани ту ба салоҳ меомаданд.
Пас, Форуқ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Эй Ибни Аббос, оё ба ин гуфтаҳо барои ман рӯзе ки бо Худо мулоқӣ хоҳӣ шуд, гувоҳӣ медиҳӣ!
Ибни Аббос {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Оре, гувоҳӣ медиҳам.
Баъд аз он Форуқ, коҳеро аз замин гирифта гуфт:
- Кошкӣ, ман ҳамин коҳ мешудам, кошкӣ, офарида намешудам, кошкӣ, маро модарам намезод, кошкӣ, чизе намебудам, кошкӣ, аз ёдҳо фаромӯшшуда мебудам… Вой бар ман ва вой бар модари ман, агар Худо {азза ва ҷалла} маро наомурзад.
Бо ин ҳол, рӯҳи покаш аз бадан ҷудо шуд. Мусибате аз мусибати он рӯз сахттар бар мусулмонон нарасида буд. Сипас, ҷасади Форуқ {разияллоҳу анҳу}-ро асҳоби Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бар дӯши худ гирифта оварданд. Ва дар масҷиди Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бар вай намози ҷаноза хонда шуд ва дар назди Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} гӯронида шуд. Абдуллоҳ ибни Салом {разияллоҳу анҳу} назди қабри ӯ истода мегирист ва мегуфт:
- «Беҳтарин бародари Исломӣ будӣ, ҷонфидо дар роҳи Ҳақ ва бахил дар роҳи ботил, дар ҳолати ризо розӣ будӣ ва дар ҳолати ғазаб ғазаб мекардӣ, некӯкору хушахлоқ будӣ, маддоҳ ва ғайбаткунанда набудӣ».
Алӣ ибни Абутолиб {разияллоҳу анҳу} истод ва гуфт:
- «Эй Абуҳафс, Худованд туро биомурзад. Баъд аз Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} барои ман маҳбубтар аз ту касе нест».
Қалъаи Ислом
Зайд ибни Ваҳб назди Абдуллоҳ ибни Масъуд {разияллоҳу анҳу} омада хоҳиш намуд, то барои ӯ оятеро аз Қуръон тиловат кунад. Ӯ оятеро барояш тиловат кард. Зайд {разияллоҳу анҳу} гуфт: Умар {разияллоҳу анҳу} ин оятро барои ман дигар хел хонда буд! Пас Ибни Масъуд {разияллоҳу анҳу} чунон гирист, ки сангрезаҳо аз оби дидагонаш тар шуданд. Баъд аз он гуфт:
- Ҳамон тавре бихон, ки Умар {разияллоҳу анҳу} барои ту хонда буд. Қасам ба Худо, ҳароина Умар барои Ислом ба манзалаи қалъаи мустаҳкаме буд, ки Ислом ба он дохил мешуд ва аз он намебаромад. Чун Умар {разияллоҳу анҳу} кушта шуд, дар он қалъа рахнае шуд, ки Ислом аз он мебарояд ва дар он дохил намешавад.
Саъид ибни Зайд {разияллоҳу анҳу}-ро диданд, ки мегирист. Ба ӯ гуфтанд:
- Барои чӣ гиря мекунӣ?
Гуфт:
- Барои Ислом мегирям. Ба таҳқиқ, марги Умар {разияллоҳу анҳу} ба Ислом рахнаи бузург ворид кард, ки асари он то рӯзи Қиёмат аз байн намеравад.
Абуубайда ибни Ҷарроҳ {разияллоҳу анҳу} рӯзе Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу}-ро ёдоварӣ карда гуфт:
- Дӯст намедорам, ки барои ман офтоб тулӯъ кунад ё ғуруб намояд ва ман баъди Умар боқӣ бимонам.
Ҳузайфа ибни Ямонӣ {разияллоҳу анҳу} гуфт:
- Ислом дар замони Умар мисли марди пешоянда буд, ки ҳамеша наздик мешуд, чун Умар {разияллоҳу анҳу} кушта шуд, мисли марди ба қафораванда гашт, ки ҳамеша дур меравад.
Баъзе амалҳое ки аввалин бор Форуқ {разияллоҳу анҳу} анҷом дод
- Аввалин шахсест, ки лақаби «Амиру-л-муъминин»-ро гирифт.
- Аввалин шахсест, ки таърихро (солшумориро) аз ҳиҷрат навишт.
- Аввалин шахсест, ки қиёми моҳи Рамазонро суннат гардонид ва мардумро дар ин кор сарҷамъ намуд ва барои анҷом додани ин амал ба кишварҳо нома навишт.
- Аввалин шахсест, ки Қуръонро дар шакли китоб ҷамъ намуд.
- Аввалин шахсест, ки сабти аснодро ба роҳ монд ва мардумро бо қабилаҳояшон номнавис кард.
- Аввалин шахсест, ки барои огоҳ шудан аз аҳволи раъият, шабона дар шаҳр мегашт.
- Аввалин шахсест, ки қоидаҳои наҳв (грамматикаи забони арабӣ)-ро вазъ намуд ва фармуд, ки танҳо забондонон хонданро ба мардум таълим диҳанд.
- Аввалин шахсест, ки анборхона сохт ва дар он орд, хурмо, мавиз ва дигар чизҳои лозимаро захира намуд, то аз он чизҳо ба дармондагон кӯмак намоянд.
- Аввалин шахсест, ки барои лашкариён бимаи (суғуртаи) иҷтимоӣ муаян намуд.
- Аввалин шахсест, ки аркони давлати Исломиро мустаҳкам кард ва нуфузашро васеъ намуд ва идораашро ба низом даровард ва адолату ҳақиқатро дар гӯшаву канори он ҷорӣ намуд.
- Аввалин шахсест, ки аз Миср дар киштиҳо хӯрокворӣ овард.
- Аввалин шахсест, ки дар аҳди Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} вазифаи қозигиро ба ӯҳда дошт.
- Аввалин шахсест, ки дар шаҳрҳо қозӣ таъин намуд ва вазифаи қозигиро алоҳида сохт.
- Аввалин шахсест, ки баробарҳуқуқиро дар вақти мурофиъаи додгоҳӣ тасдиқ кард.
- Аввалин шахсест, ки ҳабсхона сохт, ки гунаҳкорон дар он ҷо ҳабс карда мешуданд.
- Аввалин шахсест, ки ба васеъ кардани масҷиди Набавӣ шурӯъ намуд.
- Аввалин шахсест, ки барои тақсим кардани ҳадяҳо ба мусулмонон асос гузошт.
- Аввалин шахсест, ки пулҳои Исломӣ сикка зад.
- Аввалин садақае ки дар дини Ислом анҷом дода шуд, садақаи Умар ибни Хаттоб аст ва он замине буд дар Хайбар, ки ба Умар {разияллоҳу анҳу} расида буд.
- Аввалин шахсест, ки дурра (тозиёна) ба даст гирифта бо он адаб дод. Баъди ин ҳодиса гуфта мешуд, ки «дурраи Умар {разияллоҳу анҳу} аз шамшери шумо боҳайбаттар аст».
- Аввалин шахсест, ки барои шаробхорӣ 80 тозиёна зад.
- Аввалин шахсест, ки мардумро дар намози ҷаноза ҷамъ намуд.
- Аввалин шахсест, ки барои интиқоли мактубҳо аз пайк (почта) истифода намуд.
- Аввалин шахсест, ки наҳрҳо (ҷӯйборҳо) канд ва пулҳо (купрукҳо) сохт.
- Аввалин шахсест, ки ба обод кардани заминҳо фармон дод ва гуфт: ҳар касе замини мурдаеро зинда кунад, пас он замин аз они вай аст.
- Аввалин шахсест, ки дар моҳи Рамазон масҷидҳоро равшан кард.
- Аввалин шахсест, ки дар масҷиди Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз сангреза фарш кард.
- Аввалин шахсест, ки байтулмол созмон дод.
- Аввалин шахсест, ки роҳати лашкарро бисёр мехост ва амр кард, ки лашкариёнро аз дидорбинӣ бо аҳли хонаводаҳояшон аз чаҳор моҳ зиёд манъ накунанд.
- Аввалин шахсест, ки шаҳрҳоро обод кард ва заминҳо ва кӯҳҳоро поку обод намуд ва ба заминҳо хироҷ муаян кард ва ба аҳли зимма ҷизя муқаррар сохт.
- Аввалин шахсест, ки яҳудиёнро аз Ҳиҷоз берун кард ва аз Ҷазирату-л-араб ба Шом муҳоҷирашон намуд ва аҳли Наҷронро хориҷ кард.
- Аввалин шахсест, ки футуҳоти бузурги мусулмононро оғоз кард ва он заминҳо ва ноҳияҳоеро тасарруф намуд, ки дар онҳо хироҷ ва фоида аст. Тамоми Ироқу Озарбойҷон ва ноҳияҳои Басра ва заминҳояш ва ноҳияҳои Аҳвоз ва Форс ва аксари сарзамини Осиёи Миёна, Мовароуннаҳр ва навоҳии Шомро фатҳ кард, ғайр аз Аҷнодин, ки он дар замони хилофати Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} фатҳ карда шуда буд. Ҳамчунин, Умар {разияллоҳу анҳу} ноҳияҳои Алҷазира, Мавсил, Миср ва Искандарияро фатҳ кард. Ҳангоме ки ӯро ба қатл расонданд, лашкари ӯ дар Рай[24] қарор дошт ва тамоми он сарзаминро фатҳ карда буданд.
Эй хонандаи гиромӣ, огоҳ бош, ки мусулмон шудани аҷдоду бобоҳои мо ба дасти ин абармарди бузург ва дуввумин ёри Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} анҷом гирифтааст. Пас дӯсташ бидор ва дар ҳаққаш дуъои хайр бикун ва номашро зинда намо!
***
Манбаъ: БУНЁДИ ҶАМЪИЯТИИ «ВАСАТИЯТ»
Таҳияи Сомонаи «ФИРДАВСӢ»
[1] «Ат-табақоту-л-кубро» (201/3).
[2] «Ҳиляту-л-авлиё» (47/1).
[3] «Сифату-с-сафва» (86/1) ва «Маҷмаъу-з-завоид» (84/9).
[4] «Усду-л-ғобба» (4/154).
[5] Тахриҷи Аҳмад (154/4) ва Тирмизӣ (619/5).
[6] Тахриҷи Тирмизӣ (3684) ва «Усду-л-ғобба» (160/4).
[7] Сураи То-Ҳо, ояти 14.
[8] Тирмизӣ (3682) ва Аҳмад (2/35)
[9] «Ат-табақоту-л-кубро» (3/202-205)
[10] «Усду-л-ғобба» (4/152-153).
[11] Бухорӣ дар боби табассум ва зиҳк ривоят кардааст (6085).
[12] Сураи Бақара, ояти 125.
[13] Сураи Аҳзоб, ояти 53.
[14] Сураи Таҳрим, ояти 5. «Сифату-с-сафва» (1/85)
[15] Сураи Моида, оятҳои 90-91.
[16] Сураи Анфол, оятҳои 67-68.
[17] «Ҳуллияту-л-авлиё» (1/42-43) ва «Усду-л-ғобба» (4/106).
[18] «Ат-табақоту-л-кубро» (3/213).
[19] «Ат-табақоту-л-кубро» (3/218).
[20] «Ҳиляту-л-авлиё» (1/50, 51).
[21] «Ат-табақоту-л-кубро» (3/262).
[22] «Ат-табақоту-л-кубро» (3/219).
[23] «Ат-табақоту-л-кубро» (3/220).
[24] Рай – шаҳри машҳурест, ки масофаи байни он ва Нишопур яксаду шаст фарсах аст.
- Умар ибни Хаттоб поягузори адолати додгоҳии исломӣ
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 3. Усмон ибни Аффон
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 2. Умар ибни Хаттоб
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
- Даҳ ёри биҳиштӣ (муқаддима)
- Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 101 қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 11. Ҳамза ибни Абдулмутталиб
- 6. Саъд ибни Абуваққос
- 3. Абузарри Ғифорӣ














