۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Шарҳи осони ақидаи Таҳовӣ (дарси 20)

Чоп
PDF

ДАРСИ БИСТУМ

[63] وَجَمِيعُ مَا صَحَّ عَنْ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَعَلَى آلِهِ وَسَلَّمَ مِنْ الشَّرْعِ وَالْبَيَانِ كُلُّهُ حَقٌّ، 

[63] ВА ТАМОМИ УМУРИ ШАРЪӢ ВА ИРШОДОТЕ КИ АЗ РАСУЛИ ХУДО {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} БО РИВОЁТИ САҲЕҲ ОМАДААНД, ҲАМААШОН ҲАҚ ВА РОСТАНД.

ШАРҲ: Тамоми фармудаҳои шариъат ва ривоятҳои тавзеҳкунандаи умури дин, хоҳ онҳо ба тавотур ё ба тариқи оҳод[1] нақл шуда бошанд, ҳамаи онҳо ҳақ ва рост мебошанд. Ин мазҳаби аҳли ҳақ ба шумор меравад ва ҳар шахсе ки ба Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дурӯғ бандад, яъне аз номи он ҳазрат ҳадиси дурӯғ гӯяд, бешакку шубҳа, Аллоҳи бузург ӯро расво ва хор мегардонад.

***

[64] وَالْإِيمَانُ وَاحِدٌ، وَأَهْلُهُ فِي أَصْلِهِ سَوَاءٌ، وَالتَّفَاضُلُ بَيْنَهُمْ بِِالْخَشْيَةِ وَالتُّقَى، وَمُخَالَفَةِ الهَوَى، وَمُلَازَمَةِ الْأُوْلَى،

[64] ВА ИМОН ЯК АСТ ВА МУЪМИНОН ДАР АСЛИ ОН БАРОБАРАНД ВА БАРТАРӢ ДАР МИЁНАШОН БА ХУДОТАРСӢ ВА ПАРҲЕЗКОРӢ ВА МУХОЛИФАТ НАМУДАНИ ҲАВОВУ ҲАВАС ВА БО МУЛОЗАМАТИ ШОИСТА (яъне, бо пайравӣ ва иҷрои фармонҳои Ҳақ таъоло ва дур шудан аз наҳйҳои Ӯ) МЕБОШАД.

ШАРҲ: Ин сухан бино бар аслест, ки Имом Таҳовӣ аввалан дар таърифу баёни имон зикр намуда буд. Вале ҳақиқат ин аст, ки мардум дар асли имон ҳам аз якдигар фарқ доранд ва

агар ин тавр набошад, мумкин аст, ки бигӯем: Ҳамоно имони мо монанди имони Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва мисли имони фариштагон аст, ки ин фикр ботили ошкор мебошад. Дар ҳақиқат, аъмол дар исми имон дохил аст, ки мардум ба василаи он аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ҳатто дар тасдиқ мардум аз якдигар тафовут ва фарқ доранд, бинобар ин тасдиқу боварии мо монанди тасдиқи Ҷабраил {алайҳи-с-салом} нест. Ҳамчунин, мардум ба тақво ва саркашӣ аз ҳавову ҳавас ва нофармонии нафси фосид ва бо анҷомдиҳии аъмоли писандида аз ҳамдигар дар назди Аллоҳ таъоло тафовут доранд. Чи тавре ки дар Қуръон омадааст:

... إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ...

«Ҳамоно, гиромитарини шумо дар назди Худо, парҳезгортарини шумост». [Сураи Ҳуҷурот; 13]

***

[65] وَالْمُؤمِنُونَ كُلُّهُمْ أَوْلِيَاءُ الرَّحْمَنِ، وَأَكْرَمُهُمْ عِنْدَ اللهِ أَطْوَعُهُمْ وَأَتْبَعُهُمْ لِلقُرْآنِ،

[65] ВА ТАМОМИ МУЪМИНОН ДӮСТОНИ ХУДОЯНД ВА ГИРОМИТАРИНИ ОНҲО ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ТАЪОЛО МУТЕЪТАРИНИ ОНҲО ВА ПАЙРАВТАРИНИ ОНҲО БА ҚУРЪОНИ КАРИМ МЕБОШАНД.

ШАРҲ: Муъминон дӯстони Худо ба шумор мераванд, чуноне ки Ҳақ таъоло фармуда:

أَلَا إِنَّ أَوْلِيَاءَ اللَّهِ لَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ (62) الَّذِينَ آمَنُوا وَكَانُوا يَتَّقُونَ (63)

«Огоҳ бошед, ки дӯстони Худо на тарсе бар онон бошад ва ва на эшон андӯҳгин шаванд. Онҳо касоне ҳастанд, ки имон оварданд ва парҳезгорӣ мекарданд». [Сураи Юнус; 62-63]

Аз ҳамин ҷиҳат, ба андозаи тафовути онҳо дар имон ва тақво мартабаи дӯстӣ ва муқаррабияти онҳо ба Худо низ фарқ мекунад ва гиромитару азизтари эшон дар назди Аллоҳ ҳамон аст, ки Худо ва Расулашро бештар итоат намуда, ҳамеша китоби Худо ва суннати паёмбари Исломро пайравӣ намояд.

ХУЛОСА: Тамоми суханоне ки аз Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар баёни шариъат ва умури дин ривоятшуда ҳақ мебошанд ва аҳли имон дар асл ва мартабаи он аз ҳамдигар тафовут доранд. Муъминон дӯстони Худо ҳастанд ва эшон дар вилояту дӯстии Ӯ ба андозаи тақво ва худотарсиашон аз ҳамдигар тафовут ва фарқ доранд.

ПУРСИШҲО:

1. Оё мардум дар асли имон баробаранд, ё аз ҳамдигар тафовут доранд?

2. Дӯстони Худо кистанд?

***

Таҳияи Сомонаи «Фирдавсӣ»


[1] Оҳод ҳадисеро мегӯянд, ки як ё ду нафар онро ривоят кардааст ва мутавотир ҳадисест, ки онро як ҷамоъа аз ҷамоъаи дигар ривоят кардаанд, чунончӣ бар дурӯғ ҳамдостон шудани онҳо ғайриимкон бошад.

Изҳори назар


Рамзи ҳимоят
Таҷдид

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз473
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4606
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6194
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67953

Дар сомона: 1 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.105
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval