Навиштаҳои тозатарин
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Рамазон дар ақсои олам
- Нақли аъзо аз манзури фиқҳи исломӣ
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
- Сангҳои қимати Бадахшон, дар интизори муштариён
- Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо
- Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо
- Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ: Моҳро дидед, рӯза бигиред!
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон IV (дарси 1, 2, 3) Рӯза
- Рамазон ва пойтахти фарҳанги исломӣ
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон
- Сомонаи «ШИФО» ва «Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон»
- Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост
- Рамазони соли 2010 фаро расид!
Маводи таҷдидшуда
- Рамазон дар ақсои олам
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон I (дарси 1)
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон (муқаддима)
- Имом Бухорӣ дар хотироти таърих
- Иқбол даргузашт, форсӣ ҳам мурд
- Роғун иззати миллист, онро доғдор накунед!
- "Патент"-и 1000-рублӣ барои муҳоҷирон
- Дар ниёиши Худованд
- Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин {алайҳи-с-салоту ва-с-салом}
- Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад...
- Хушунат дар хонаводаҳои аврупоӣ
- Роҳбари бузургтарин муассисаи аҳли Суннат
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
Маводи мардумписанд
- Қироати дилнишини Сураи Муъминун
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт!
- Намози бомдод - садди роҳи пайдоиши бемории саратон
- Дуои пардохтани вом (қарз)
- Ақидаҳои ахлоқии Имоми Аъзам
- Даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа - мавсими тоату ибодат
- Имомхатибони тоҷик дар масҷидҳои Русия
- Шарҳи як ҳадис дар мавзӯъи зан
- Тарҳи густариш ва бозсозии Масҷиди Набавӣ
- Ислом, демократия ва интихобот
- Шарҳи форсӣ-тоҷикии «Фиқҳи акбар»-и Имом Абуҳанифа
- Ҳизби Таҳрир
- «Мухтасари таърихи Ислом»
- Рӯзи Oшуроро чӣ гуна бигузаронем?
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
|
20 Феврали 2010
ДАРСИ ҲАЖДАҲУМ
[55] وَلَا نَخُوضُ فِي اللهِ، وَلَا نُمَارِي فِي دِينِ اللهِ،
[55] ДАР ЗОТИ ХУДОВАНД ҒАВР НАМЕНАМОЕМ ВА ДАР ДИНИ Ӯ ДАСТ БА МУҶОДАЛА ВА НИЗОЪ НАХОҲЕМ ЗАД.
ШАРҲ: Дар Зот ва шаъни Ҳақ таъло ғавр наменамоем, зеро ин амр аз ашёи ғайбӣ аст ки ҳеҷ махлуқе онро дарк карда наметавонад, балки аз ҳарфзанӣ дар ин маврид худдорӣ хоҳем кард ва фақат ба ҳамин иктифо менамоем, ки Аллоҳ таъолоро ба он номҳое ки худро ба он номгузорӣ карда, ном мебарем ва ба он сифатҳое ки худро ба он тавсиф намуда, васф менамоем ва дар ин замина аз ҳудуди ахбори саҳеҳа берун намебароем. Инчунин дар дини ӯ ба муҷодала ва низоъ даст нахоҳем зад ва бар аҳли ҳақ шубҳаҳо ворид намесозем, зеро ин корҳо талбис ва фосидсозии дину мазҳаб ба ҳисоб мераванд.
***
[56] وَلَا نُجَادِلُ فِي الْقُرْآنِ، وَنَشْهَدُ أَنَّهُ كَلاَمُ رَبِّ الْعَالَمِينَ، نَـزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِينُ، فَعَلَّمَهُ سيِّدَ الْمُرْسَلِينَ مُحَمَّداً صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَعَلَى آلِهِ وَسَلَّمَ، وَهُوَ كَلامُ اللهِ تَعَالَى لَا يُسَاويِهِ شَيْءٌ مِنْ كَلَامِ الْمَخْلُوقِينَ، وَلْا نَقُولُ بِخَلْقِهِ، وَلَا نُخَالِفُ جَمَاعَةَ الْمُسْلِمِينَ،
[56] ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ МУҶОДАЛА ВА НИЗОЪ НАМЕНАМОЕМ ВА ГУВОҲӢ МЕДИҲЕМ, КИ Ӯ КАЛОМИ ПАРВАРДИГОРИ ҶАҲОНИЁН АСТ, КИ ОНРО РУҲУ-Л-АМИН (ҶАБРАИЛ) ФУРУД ОВАРДА, БА ПАЁМБАР МУҲАММАД {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ТАЪЛИМ НАМУДААСТ ВА ОН КАЛОМИ ХУДОВАНДИ БУЗУРГ АСТ, КИ СУХАНИ МАРДУМ БА ОН БАРОБАР ШУДА НАМЕТАВОНАД, ӮРО МАХЛУҚ НАГУФТА, БО ҶАМОЪАТИ МУСЛИМИН МУХОЛИФАТ НАМЕВАРЗЕМ.
ШАРҲ: Бо афкору орои хеш ба муҷодала дар Қуръон ва мӯҳтавои ӯ намепардозем ва ҳарфҳои гумроҳонро дар бораи ӯ нахоҳем гуфт, балки гувоҳӣ медиҳем, ки он каломи Раббулъоламин буда, Ҷабраил {алайҳи-с-салом} онро ба паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фуруд овардаву таълим додааст. Чи тавре ки Худованд фармуда:
وَإِنَّهُ لَتَنْزِيلُ رَبِّ الْعَالَمِينَ (192) نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِينُ (193) عَلَى قَلْبِكَ لِتَكُونَ مِنَ الْمُنْذِرِينَ (194) بِلِسَانٍ عَرَبِيٍّ مُبِينٍ (195)
«Ва ин Қуръон ба ҳақиқат аз ҷониби Худо нозил шуда. Ҷабраил онро нозил гардонида ва онро бар қалби ту фуруд оварда, то ба ҳикмат аз иқоби Худо битарсонӣ, ба забони арабии фасеҳ». [Сураи Шуаро; 192-195]
Ҳамчунин иқрор менамоем, ки ҳақиқатан Қуръон каломи Худованди бузург аст ва ҳеҷ навъ суханони мардум ба он баробар, қариб ва монанд ҳам нест. Ба монанди тоифаи ҷаҳмияи гумроҳ нахоҳем гуфт, ки Қуръон махлуқ мебошад, балки мегӯем он каломи Аллоҳи бузург аст ва чизе беш аз ин нагӯем ва ба он чизе ки саҳобагон ва тобиъин (пайравонашон) имон овардаанд, имон меоварем ва ҳар касе ба эшон мухолифат варзид, яқинан дар залолат ва гумроҳӣ қарор дорад.
ХУЛОСА: Дар Зоти Ҳақ таъоло ва дину ойинаш ғавр намудан ҷоиз нест ва инчунин дар Қуръон ҷидол ва мубоҳиса намудан ҷоиз нест ва он (Қуръон) каломи Аллоҳ таъолост, ки ғайри махлуқ мебошад ва мухолафату саркашӣ намудан аз эътиқодоти ҷамоъатулмуслимин дуруст нест.
ПУРСИШҲО:
1. Дар Зоти Аллоҳ таъоло ғавр намудан чӣ ҳукм дорад?
2. Оё дар Қуръон ҷидолу муноқиша намудан ҷоиз аст?
3. Ҷамоъати мусулмонон чист?
***
Таҳияи Сомонаи «Фирдавсӣ»
- Умар ибни Хаттоб поягузори адолати додгоҳии исломӣ
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 3. Усмон ибни Аффон
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 2. Умар ибни Хаттоб
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
- Даҳ ёри биҳиштӣ (муқаддима)
- Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 101 қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 11. Ҳамза ибни Абдулмутталиб
- 6. Саъд ибни Абуваққос
- 3. Абузарри Ғифорӣ















