۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Гӯшае аз зиндагонии асҳоб: 4. Баро' ибни Молики Ансорӣ

Чоп
Баҳогузории корбар: / 0
БадБеҳтарин 

Баро' ибни Молики Ансорӣ марди жулидамӯй ва лоғар буд, бинанда фикр намекард, ки ин шахс ин ҳама қаҳрамонӣ ва шуҷоат нишон диҳад. Аммо бо вуҷуди ин заъфи ҷисмонӣ ва нотавонии бадан беш аз сад танро ба танҳоии хеш ба қатл расонидааст ва ин теъдод ғайр аз теъдодест, ки ба дасти вай дар саҳнаи набард зиндагӣ худро аз даст додаанд.

Ин қаҳрамони номовар ва шуҷоъ он қадар дар саҳнаи набард бебокона меразмид, ки ҳазрати Умари Форуқ ба кордорони худ дар гӯшаву канори қаламрави Ислом дар хусуси вай навишта ирсол намудааст, ки ба вай вазифаи қумандонии лашкари мусулмононро надиҳанд, ки мабодо бо иқдоми хеш ҳамаро дар вартаи ҳалокат ва нобудӣ андозад. Вай бародари Анас ибни Молик ходими ҳазрати Расулуллоҳ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аст.

Мо агар бихоҳем ҳама ҷониби зиндагии Баро' ва қаҳрамониҳову диловариҳои вайро ба риштаи таҳрир дарорем ин амр аз тавони мо берун аст. Ва фақат ба зикри як ҳодиса аз қаҳрамониҳои вай дар ин ҷо иктифо мекунем ва ин қисса худ боқӣ дигар ҳама саргузашт ва қаҳрамониҳои вайро дар ихтиёри мо хоҳад гузошт.

Ин достон аз давраи вафоти ҳазрати Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва пайвастанаш ба рафиқи аъло оғоз мешавад. Тавре ки қабилаҳои араб баъд аз вафоти он ҳазрат тасмим гирифтанд, ки ҳама дастаҷамъӣ аз дини Худо берун шаванд, ҳамон тавре ки ҳама дастҷамъӣ дар ибтидо ба дини Худо дохил шуда буданд, то он ки аз Ислом ному нишоне намонад ва ба ҷуз аҳли Макка ва Мадина ва Тоиф ва ҷамъиятҳои маъдуде, ки ба суратҳои пароканда дар ин ҷо дар Ислом боқӣ монданд, боқӣ ҳама аз дини Худо саркашӣ карданд.

Ҳазрати Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} дар баробари ин фитнаи бузург мардонавор истодагӣ намуд ва бемуҳобот бо он ҷангид. Ва аз муҳоҷирин ва Ансор ёздаҳ сипоҳ омода сохт. Ва барои қумандони ҳар як аз ин ёздаҳ сипоҳ парчамеро барафрошт ва ишонро дар саросари Ҷазирату-л-Араб гумошт то муртадинро ба роҳи ҳақ ва ҳидоят баргардонад ва бо зӯри шамшер мунҳарифонро бо ҷодаи рост ва мустақим маҷбур созад. Аз нерӯмандтарини ин гурӯҳи муртадин Банӣ Ҳанифа буд, ки ба эътибори ҷанговар ва теъдод қавитар буд ва роҳбарии ононро Мусайлимаи каззоб ба ӯҳда дошт. Мусайлима аз қавми худ ба теъдоди чиҳил ҳазор нафар ҷанговарро муттаҳид намуд ва ин теъдод ҳама ба ҳукми нажодпарастӣ ва қавмият дар гирди вай ҷамъ шуда буданд на ба ҳукми ин ки ишон ба вай имон оварда бошанд. Чунончи баъзе аз ишон ин матлабро изҳор намуда мегуфтанд:

- Мо медонем, ки Мусайлима каззоб ва дурӯғгӯ ва Муҳаммад содиқ ва ростгӯ аст. Аммо каззоби (қабилаи) Рабеъ (Мусайлима) назди мо аз содиқи (қабилаи) Музар (Ҳазрати Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} беҳтар аст. 

Нерӯҳои Мусайлима нахустин даста аз сипоҳиёни исломро, ки сарварии онро Икрима ибни Абуҷаҳл ба дӯш дошт, шикаст дод ва ишонро ба ақибнишинӣ маҷбур сохт.

Ҳарду лашкар дар сарзамини Ямома дар Наҷд бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Дере нагузашт, ки паллаи мизони Мусайлима гарон шуд ва замин дар зери пои мусулмонон ба ларза афтод ва тасмим ба он гирифтанд, ки ақибнишинӣ кунанд. Лашкариёни Мусайлима дохили хаймаи Холид ибни Валид гардида ва хаймаашро аз замин бардоштанд ва наздик буд, ки ҳамсарашро ба қатл расонанд. Аммо як тан аз мусулмонони бомаҳорат вайро наҷот дод. Дар чунин фурсате мусулмонон дарёфтанд, ки хатари бузурге ба онҳо таҳдид мекунад ва донистанд, ки агар лашкари мусулмонон ин бор дар баробари Мусайлима шикаст бихӯранд, дигар Ислом дар Ҷазирату-л-Араб бапо нахоҳад истод ва дигар ҳеҷ яке дар ин сарзамин ба парастиши Худованди ягона нахоҳад пардохт.

Дар гирудори ин хатар бузург буд, ки Холид мутаваҷеҳи лашкари худ шуд ва онро аз сар танзим кард ба тавре, ки муҳоҷиринро аз Ансор ва бадавиро аз шаҳрӣ як тараф намуд. Ва фарзандони ҳар қабиларо ба таври алоҳида дар таҳти як байрақ қарор дод, то бубинад, ки кадом як аз ин қабилаҳо ҷанговартар аст ва дарёбад, ки омили шикасти мусулмонон аз кадом ноҳия аст.

Ҷанги хунин дар миёни ду тараф сурат гирифт, ки мусулмонон қаблан ба чунин як ҷанги табоҳкунанда рӯ ба рӯ нашуда буданд. Ва ҷанговарони Мусайлима бо субот нопойдории аҷибе ба набард идома доданд ва шумораи зиёди кушташудагон онҳоро аз идомаи ҷанг боз надошт ва чун кӯҳ истодагӣ намуданд. Ва мусулмонон аз худ қаҳрамониҳои аҷибе нишон доданд, ки агар шоире дар васфи онҳо месуруд, шояд аз маъруфтарин ва дилангезтарин қасидаҳои шеърӣ мебуд.

Собит ибни Қайс, парчамдори гурӯҳи Ансор кафан пӯшида ва барои худ қабр меканад ва то нисфи бадани худ дар он фурӯ наравад ва дар мавқифи худ собит ва устувор мемонад, ва бо дифоъ аз парчами қавми худ, то сарҳади марг меразмад, то он ки ҷоми шаҳодат ба сар мекашад.

Ва Зайд ибни Хаттоб - бародари ҳазрати Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} дар миёни лашкар фарёд мезанад, ки эй мусулмонон, собитқадам бошед ва бо матонат ҳамлаи душманро саркӯб кунед ва қадам ба пеш ниҳед. Эй мардум, қасам ба Худо, баъд аз ин калима, дигар ҳаргиз ҳарфе бар забон нахоҳам овард, то онки Мусайлима шикаст бихӯрад ва ё он ки Худовандро бо хуни худ мулоқот кунам ва онро далел ва ҳуҷҷати худ бидонам.

Ва баъд бар лашкариёни Мусайлима ҳамла бурд ва пайваста меҷангид то ин ки ба шаҳодат расид.

Солим ғуломи Абуҳузайфа парчами муҳоҷиринро ба даст дорад қавмаш аз он бим намуд, ки дар ҷанг заиф гардад ва ё субот ва пойдориро аз даст диҳад, лизо ба ӯ гуфтанд:  

- Аз он бим дорем, ки дар натиҷаи заъфи ту душман бар мо даст ёбад.

Вай дар ҷавоб гуфт:

- Агар дар натиҷаи заъфи ман душман бар шумо даст ёбад, ман ба ҳақ ҳофизи Қуръон нахоҳам буд.

Баъд ба душман ҳамлаи шуҷоона намуд, то ин ки мавриди исобат қарор гирифт.

Аммо ин ҳама қаҳрамониҳо дар баробари қаҳрамонӣ ва шуҷоате, ки Баро' ибни Молик {разияллоҳу анҳу} анҷом додааст чизе нахоҳад буд ва он ин ки: Вақте Холид дид, ки оташи ҷанг шӯълавар гардид ва шиддати он ба авҷи худ расид, рӯ ба сӯи Баро' ибни Молик овард ва гуфт: Эй ҷавони Ансорӣ ба сӯи ишон бишитоб. Баро' ба сӯи қавми худ рӯй гардонид ва гуфт: Эй ҷамъи Ансор, набояд ҳеҷ яке аз шумо дар фикри бозгашт ба Мадина бошад. Шуморо баъд аз ин рӯз Мадина нахоҳад буд... Балки шуморо Худои ягона аст ва баъд биҳишт...

Баъд бар мушрикин ҳамла намуд ва ёронаш низ аз ақиби ӯ рафтанд. Ва шурӯъ ба рахна кардани сафи душман намуд ва бо шамшер гарданҳои душманони Худоро аз тан ҷудо месохт, то ин ки қадамҳои Мусайлима ва лашкариёнашро мутазалзил сохт ва онҳоро маҷбур ба фирор намуда ва дар бӯстоне, ки баъдан ба номи бӯстони марг шӯҳрат ёфт, ҳамла бурданд ва теъдоди куштагон дар он бӯстон аз шумор берун гардид.

Ин бӯстони марг дорои майдони васеъ ва девори баланде буд. Мусайлима ва ҳазорон тан аз мудофеъонаш вақте дохили ин бӯстон шуданд, дарвозаҳои онро ба рӯи худ бастанд ва аз баланди деворҳои он барои дифоъ аз худ истифода намуда ва мусулмононро аз дохили он ҳадафи тирҳои худ қарор доданд. Дар чунин фурсате ин қаҳрамони диловар Баро' ибни Молик омад ва гуфт:

Эй қавм, маро бо ин сипар бигзоред ва баъд онро ба нӯки найзаҳо бардошта дар наздикии дарвозаи боғ бияндозед, ё шаҳид мешавам ва ё он ки дарвозаро ба рӯятон мекушоям.

Баро' ибни Молик бо суръат дар миёни сипар нишаст ва ёронаш бо нӯги найзаҳо ӯро ба дохили боғ андохтанд.

Ҳазорон тан аз лашкариёни Мусайлима ба сари вай рехтанд ва даргирии шадиде дар миёни вай ва душманонаш даргирифт ва баъд аз бархӯрде, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт тавонист, ки дарвозаро бикшояд ва беш аз ҳаштод ҷой аз баданаш захми шамшер ва найза дида буд. Мусулмонон чун сел дохили бӯстон шуданд ва чунон ба куштани муртаддин пардохтанд, ки аз тавсиф берун аст. Ва дар ҳудуди беш аз бист ҳазор нафар аз лашкариёни Мусайлимаро аз теғ гузарониданд ва ахиран, худи Мусайлимаро низ ба қатл расониданд.

Баро' ибни Моликро бардошта ба қароргоҳаш бурданд, то ӯро муолиҷа намоянд. Ҳазрати Холид ҳудуди як моҳро назди вай сипарӣ кард, то он ки Худованд ӯро шифо бахшид ва тавассути вай лашкари мусулмононро пирӯзӣ насиб фармуд.

Баро' ибни Молики Ансорӣ орзуи шаҳодат мекард, ки дар рӯзи корзори бӯстони марг насибаш нашуд...

Баъд аз он дар ҷангҳо яке паи дигар ширкат кард то орзуи деринаи худро дарёбад ва бо Паёмбари гиромии худ бипайвандад, то он ки рӯзи фатҳи шаҳри Тустар яке аз шаҳрҳои Форс фаро расид. Форсҳо дар яке аз қалъаҳои мустаҳками ин шаҳр сангар гирифта буданд. Мусулмонон ин қалъаро дар муҳосираи шадиди худ гирифтанд. Чун муддати замони тӯлонӣ бар ин ҳисор сипарӣ шуд, ва форсҳо дар он ба танг омаданд. Бинобар ин нишон барои дифоъ аз хеш ҳалқаҳои оҳанинеро, ки бар нӯки он чангакҳои фулодӣ, ки дар оташ доғ шуда буд, насб намуда ва аз фарози деворҳои қалъа поин карда дар ҷисми мусулмонон онро фурӯ бурда ва ба сӯи худ онхоро мекашиданд, ки дар ин ҷараён мусулмонон, ё ҳаёти худро аз даст медоданд ва ё он ки ба марг онҳоро наздик месохтанд.

Яке аз ин чангакҳо дар тани Анас ибни Молик бародари Баро' хӯрд ва ӯро ба сӯи худ кашиданд. Ҳамин ки чашми Баро' ба вай афтод ва дид, ки бародараш ҳадафи шикори душман қарор гирифта ба суръат ба сӯи вай давид ва худро ба девори қалъа расонд ва занҷирро, ки бародараш ба он овезон буд, ба даст гирифт ва бо ҳама тавони худ саъй намуд, то бародашаро аз он халос кунад ва ахиран тавонист, ки бо сӯзондани дасти худ ба тасмимаш ноил гардид. Дар ин ҷанг Баро' ибни Молики Ансорӣ аз Худованд хост, ки ӯро шаҳодат насиб фармояд. Ҳамон буд, ки дуъои ӯро иҷобат намуд ва ба мартабаи олии шаҳодат ноил гардид ва ба лиқои Аллоҳ пайваст.

Худованд Баро' ибни Моликро дар биҳишти барин ҷой диҳад ва мақому манзалаташ баланд дорад ва орзуяшро дар пайвастан ба ҳазрат Расули Худо бароварда созад.

***

Китоби «Гӯшае аз зиндагонии асҳоби Паёмбар» {разияллоҳу анҳум}

Муаллиф: Доктор Абдурраҳмон Раъфат-пошо

Таҳияи Сомонаи «Фирдавсӣ»

Изҳори назар


Рамзи ҳимоят
Таҷдид

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз473
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4606
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6194
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67953

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.105
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval