Навиштаҳои тозатарин
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Рамазон дар ақсои олам
- Нақли аъзо аз манзури фиқҳи исломӣ
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
- Сангҳои қимати Бадахшон, дар интизори муштариён
- Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо
- Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо
- Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ: Моҳро дидед, рӯза бигиред!
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон IV (дарси 1, 2, 3) Рӯза
- Рамазон ва пойтахти фарҳанги исломӣ
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон
- Сомонаи «ШИФО» ва «Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон»
- Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост
- Рамазони соли 2010 фаро расид!
Маводи таҷдидшуда
- Рамазон дар ақсои олам
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон I (дарси 1)
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон (муқаддима)
- Имом Бухорӣ дар хотироти таърих
- Иқбол даргузашт, форсӣ ҳам мурд
- Роғун иззати миллист, онро доғдор накунед!
- "Патент"-и 1000-рублӣ барои муҳоҷирон
- Дар ниёиши Худованд
- Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин {алайҳи-с-салоту ва-с-салом}
- Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад...
- Хушунат дар хонаводаҳои аврупоӣ
- Роҳбари бузургтарин муассисаи аҳли Суннат
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
Маводи мардумписанд
- Қироати дилнишини Сураи Муъминун
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт!
- Намози бомдод - садди роҳи пайдоиши бемории саратон
- Дуои пардохтани вом (қарз)
- Ақидаҳои ахлоқии Имоми Аъзам
- Даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа - мавсими тоату ибодат
- Имомхатибони тоҷик дар масҷидҳои Русия
- Шарҳи як ҳадис дар мавзӯъи зан
- Тарҳи густариш ва бозсозии Масҷиди Набавӣ
- Ислом, демократия ва интихобот
- Шарҳи форсӣ-тоҷикии «Фиқҳи акбар»-и Имом Абуҳанифа
- Ҳизби Таҳрир
- «Мухтасари таърихи Ислом»
- Рӯзи Oшуроро чӣ гуна бигузаронем?
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
Posted in Саҳобагони Паёмбар
Умайр ибни Ваҳб дар маъракаи Бадр ҷон ба саломат бурд. Аммо фарзандаш Ваҳбро дар дасти мусулмонон асир гузошт.
Умайр аз он бим дошт, ки мабодо мусулмонон писари ҷавонашро ба ҷурми падараш озор диҳанд ва ӯро сахттарин азоб бичашонанд, чун падараш ҳазрати Расули Худо ва ёронашро азият медод ва онҳоро шиканҷа мекард.
Дар яке аз рӯзҳо Умайр ба қасди тавофи Каъба ва табаррук ҷустан ба бутҳо ба Масҷиду-л-ҳаром рӯй оварда дид, ки Сафвон ибни Умайя дар гӯшае аз Ҳиҷр нишастааст. Ба сӯи вай мутаваҷҷеҳ шуд ва ба ӯ саломи пагоҳӣ дод ва гуфт:
- Субҳат ба хайр, эй сардори Қурайш!
Сафвон низ дар ҷавоб ӯро субҳ ба хайр гуфт ва изҳор дошт:
- Эй Абуваҳб, биё чанд лаҳзае бинишинем, ки вақтро ҷуз сӯҳбат чизи дигар ба сар наёварад.
Умайр дар канори Сафвон ибни Умайя нишаст ва ҳар ду риштаи сӯҳбатро аз гузаштаҳои рӯзи Бадр кушоданд ва ин рӯзи сиёҳи худро ёдовар шуданд, ки дар ин рӯз чӣ шикасти шармандавор насибашон гардид ва чӣ қадар аз сарон ва бузургонашонро аз даст доданд ва чӣ қадар аз фарзандон ва наздиконашон ба дасти мусулмонон асир гашт.
Ва онгоҳ сарони бузурги Қурайшро баршумурданд, ки тавассути шамшери мусулмонон аз по даромаданд ва дар қаъри чоҳ дафн карда шуданд.
Сафвон ибни Умайя аз шунидан ва ёдоварии ин ҳарфҳо изҳори таассуф ва гуфт:
- Қасам ба Худо, зиндагӣ баъд аз онҳо ҳеҷ кайфу лаззате надорад.
Умайр гуфт:
- Рост гуфтӣ.
Баъд андаке сукут намуда гуфт:
- Қасам ба Худо, агар ман қарздор намебудам ва чораи он медоштам, ки метавонистам қарзҳои худро мепардохтам ва агар хавфи парешонӣ ва нобудии аҳлу аёлам баъд аз даргузаштам намебуд, ҳатман худро ба Муҳаммад расонда ва ӯро ба қатл мерасондам ва якбора худро аз шарри вай роҳат месохтам.
Ва баъд ба идомаи ҳарфҳои оҳистаи худ афзуд ва гуфт:
- Асорати фарзандам дар дасти онҳо худ далели ростин бар ин азм аст, ки ҳеҷ як дар ин тасмим шакку тардид нахоҳад кард.
Сафвон ибни Умайя сухани Умайрро ғанимат шумурд ва нахост, ки чунин фурсатеро аз даст диҳад, лизо рӯ ба вай намуда гуфт:
- Эй Умайр, ҳамаи қарзҳоятро ба ӯҳдаи ман гузор. Ман худ донаму пардохти он. Ва ба ҳар андозае, ки буда бошад, ман онро мепардозам ва аммо аҳлу аёлатро ба аҳлу аёли худ зам созам ва то вақте ки ман ва онҳо зиндаем, ба пардохти масорифи онҳо вазифадор хоҳам буд. Ва ман он қадар пул ва амвол дорам, ки дар тӯли зиндагониямон моро кифоят мекунад ва зиндагонии пурсаодат ва оромеро сипарӣ хоҳанд намуд.
Умайр гуфт:
- Вақте мавзӯъ аз ин қарор буда бошад, ин розро пинҳон дор ва набояд ҳеҷ як аз ин тасмим огоҳӣ ёбад.
Сафвон гуфт:
- Чунин хоҳам кард.
Умар дар ҳоле, ки оташи ақида ва кини Муҳаммад дар ниҳодаш шӯъла мезад, аз ҷой бархост ва худро ба қасди иҷрои ин амал омода кард ва аз гумони касе дар бораи ин сафари хеш парвое надошт, чунки хонаводаҳои қурайшиён, ки дар Мадина асирон доштанд, ба он ҷо рафтуомад мекарданд, ба умеди ин ки битавонанд дар ивази пардохти фидя асиронашонро раҳо созанд. Умайр ибни Ваҳб шамшери худро тез кард ва дамҳои онро бо заҳр олуда сохт ва маркаби худро омода кард ва бар он савор шуд ва роҳи Мадинаро пеш гирифт ва ба қасди азиятрасонӣ ва шарарангезӣ ба роҳ афтод. Ва чун ба Мадина расид, рӯ сӯи масҷид ниҳод, то Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро дарёфта ва тасмими худро амалӣ созад. Ҳамон буд, ки уштури худро дар фосилаи наздик ба вай хобонд ва худ аз он фуромад.
Дар чунин фурсате, Ҳазрати Умар ибни Хаттоб ҳамроҳ бо баъзе асҳоби дигар дар наздики масҷид нишаста ва перомуни рӯйдодҳои Бадр ва шикасти мушрикин ва қатлу асорати душманон ҳарф мезаданд ва аз қаҳрамониҳо ва муқовимати мусулмонони муҳоҷир ва ансор дар миёни ҳам сӯҳбат доштанд ва кӯмак ва ёрии Аллоҳ таъолоро ба мусулмонон дар ин набард ва расвоӣ ва хашми душманонро бо ҳам ёдоварӣ менамуданд, ки дар ин асно, чашмаш ба Умайр ибни Ваҳб афтод, ки аз шутури худ фуруд омада ва шамшер бар гардан ороста ва ба сӯи масҷид равон аст. Чун ӯро ба ин ҳолат дид, ваҳшатзада аз ҷой парид ва гуфт:
- Ин саг ҳамоно душмани Худо Умайр ибни Ваҳб аст. Қасам ба Худо, ки вай ба нияти баде ин ҷо омадааст. Ин ҳамон шахсест, ки дар Макка мушрикинро алайҳи мо мешӯронд ва ин шахс андак қабл аз воқеаи Бадр барои мушрикин аз мо ҷосусӣ мекард.
Ва баъд ба ҳамнишинони худ гуфт:
- Ҳар чи зудтар ба назди Расули Худо биравед ва барои ҳимояи вай навбатдорӣ намоед ва ҳушёру мутаваҷеҳ бошед, ки ин шахси маккор ва бадкирдор ба вай осебе нарасонад.
Баъд, худи ҳазрати Умар ба ҳузури ҳазрати Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} рафт ва гуфт:
- Эй Расули Худо, ин душмани Худо Умайр ибни Ваҳб, шамшери худ ороста ва ин ҷо омадааст. Гумони ғолиби ман он аст, ки вай қасди баде дорад.
Ҳазрати Расули Худо фармуд:
- Ӯро назди ман оред.
Ҳазрати Умар ибни Хаттоб ба сӯи Умайр рӯй овард ва ӯро аз гиребон гирифт ва ресмони шамшерашро дар гарданаш печонд ва вайро кашон-кашон ба ҳузури Расулуллоҳ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} овард. Вақте ҳазрати Расули Худо ӯро бо чунин ҳолате дид, ба ҳазрати Умар гуфт:
- Ӯро раҳо соз, эй Умар!
Ҳазрати Умар ӯро раҳо сохт ва баъд ба ӯ гуфт:
- Аз вай дур шав!
Ҳазрати Умар аз назди вай дур шуд ва баъд худ сӯи вай наздик шуд ва гуфт:
- Эй Умайр, пеш биё.
Умайр пеш омад ва гуфт:
- Анъим сабоҳан - яъне, субҳат ба хайр, эй Расули Худо! (Дар даврони ҷоҳилият салом чунин буд.)
Ҳазрати Расули Худо фармуд:
- Худованд барои мо саломи беҳтар аз саломи ту бахшидааст. Худованд барои мо саломро, ки саломи аҳли ҷаннат аст, бахшида аст.
Умайр гуфт:
- Қасам ба Худо, ту худ аз ин саломи мо чандон дур набудӣ ва акнун ин саломи тозаро ривоҷ додаӣ.
Ҳазрати Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуд:
- Эй Умайр омили омаданат ба ин ҷо чӣ буд?
Гуфт:
- Омадам, ки ин асиреро, ки дар даст доред, раҳо созед ва дар ин бора ба ман некӣ ва эҳсон намоед.
Ҳазрати Расули Худо фармуд:
- Ин шамшери овехта бар гарданатро барои чӣ овардаӣ?
Гуфт:
- Худованд ин шамшерҳоро аз мо бигирад. Ин шамшерҳо дар рӯзи Бадр чӣ нафъе барои мо расонид?!!
Ҳазрати Расули Худо боз фармуд:
- Эй Умайр, сухани рост гӯ, чӣ чиз туро ба ин ҷо овард?
Гуфт:
- Ҷуз ин ҳадаф, ки асирамро бароям раҳо созед, дигар коре надоштам.
Ҳазрати Расули Худо фармуд:
- Ҳақиқат ин аст, ки ту ва Сафвон ибни Умайя дар наздики Ҳиҷр бо ҳам нишаста ва аз асҳоби Қалиб ва куштагони Қурайш сӯҳбат ба миён овардед ва баъд гуфтӣ:
- Агар қарздор намебудам ва нафақаи аҳлу аёл бар ман намебуд, бечуну чаро ба қатли Муҳаммад берун мешудам.
Ва баъд Сафвон ибни Умайя дайн ва масорифи аҳлу аёлатро ба зимма гирифт, то ту ба ин тасмими худ ҷомаи амал пӯшонӣ ва маро ба қатл расонӣ. Аммо Худованд туро ба чунин мақсад нарасонд.
Умайр аз шунидани ин ҳарфҳо ҳайрон монд ва лаҳзае дар фикр фурӯ рафт. Ва баъд дере нагузашт, ки калимаи шаҳодат ба забон овард ва ба ҳаққонияти рисолати вай шаҳодат дод ва гуфт:
Шаҳодат медиҳам, ки ту ҳақиқатан фиристода ва Расули Худованд ҳастӣ.
Ва баъд афзуд:
- Эй Расули Худо! Мо қабл аз ин ҳарфҳои туро дурӯғ мепиндоштем, ваҳйеро, ки бар ту нозил мешуд, тақзиб менамудем. Аммо ин сухани ман ҳамроҳ бо Сафвон ибни Умайяро ҷуз ман ва ӯ каси дигаре намедонист ва ҳоло ки ту аз он ҳамаро якояк бароям баён доштӣ, дигар ҳеҷ гуна шак ва тардиде дар ҳаққонияти даъвати ту надорам. Чун медонам, ки ҷуз Худо дигар ҳеҷ кас ин хабарро ба ту нарасонидааст. Худоро сипосгузорам, ки маро ба сӯи ту овард, то барои Ислом ҳидоятам кунад ва раҳнамунам гардонад.
Баъд шаҳодат дод, ки «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур Расулуллоҳ». Умайр ибни Ваҳб ва ҳамин тавр мусулмон шуд Ҳазрати Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} барои ёронаш фармуд:
- Бародаратонро дарси дин биёмӯзонед ва Қуръонро ба вай таълим диҳед ва асирашро раҳо кунед.
Мусулмонон ба ислом овардани Умайр ибни Ваҳб сахт шодмон ва хушҳол шуданд, то он ҷо ки ҳазрати Умар ибни Хаттоб {разияллоҳу анҳу} фармуд:
- Вақте Умайр ибни Ваҳб ба назди ҳазрати Расули Худо омад, дар назди ман хук аз вай беҳтар буд ва акнун, ки вай мусулмон шудааст, вай дар назди ман аз баъзе фарзандонам маҳбубтар аст.
Дар ин фурсат, ки Умайр рӯҳу равони худро сайқал мебахшид ва худро ба таълимоти Ислом ороста ва қалбашро бо нури Қуръон мунаввар месохт ва беҳтарин лаҳзаҳои зиндагии худро дар ҷавори Ҳазрати Расули Худо сипарӣ мекард, Макка ва ёронашро фаромӯш намуда буд.
Сафвон ибни Умайя орзуҳо ва хаёлотро дар зеҳни худ мепарваронид ва вақте гузараш бар маҷолиси Қурайш меафтод ба онҳо мегуфт:
- Анқариб муждаи некеро хоҳед шунид, ки рӯйдодҳои сиёҳи рӯзи Бадрро фаромӯшатон созад.
Вақте муддати замоне бар ин амр сипарӣ шуд ва интизори Сафвон ибни Умайя ба дарозо кашид, шакку тардид оҳиста-оҳиста ба дилу равони вай роҳ ёфт, то он ҳад, ки аз шиддати он дар худ оташ мегирифт ва пайваста аз мусофироне, ки ба Макка меомаданд аз аҳволи Умайр ибни Ваҳб пурсон мешуд. Ва аз ҳеҷ як ҷавобе дарёфт намедошт, ки аз ғаму андӯҳи вай бикоҳад, то он ки мусофире омад ва гуфт:
- Умайр мусулмон шудааст.
Ин хабар чун раъду барқи шадид ӯро такон дод, чун вай ба ин андеша буд, ки агар ҷаҳон ҳама мусулмон шаванд, Умайр ҳаргиз мусулмон нахоҳад шуд. Умайр пайваста ба фаро гирифтани умури динӣ ва ҳифзи каломи Худо машғул буд, то он ки рӯзе ба ҳузури Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} омаду гуфт:
- Эй Расули Худо, ман муддати замони тӯлониро дар мубориза алайҳи ин оин ва хомӯш сохтани нури Худо сипарӣ намудам ва онҳоеро, ки ба дин мепайвастанд, сахт азият додаам ва ҳоло орзуям ин аст, ки барои ман иҷоза диҳӣ, ки ба Макка бозгардам ва Қурайшро ба дини Худо ва Паёмбараш даъват намоям. Агар ишон ин даъватро аз ман пазируфтанд, ин чи беҳтар ва агар аз қабули он ибо варзиданд, ба онҳо чунон азият расонам, ки қаблан ба мусулмонон азият мерасондам.
Ҳазрати Расули Худо ба вай иҷоза дод ва ба Макка бозгашт ва ба хонаи Сафвон ибни Умайя омад ва гуфт:
- Эй Сафвон, ту аз сардорони бузург ва кишоварзони Макка ҳастӣ ва аз мардони оқил ва хайрандеши Қурайш ба ҳисоб меравӣ. Оё ин шевае, ки шумо дар иртибот бо ибодати ин бутҳои сангӣ ва тақдими қурбониҳо барои онон дар пеш гирифтаед, кори маъқул аст? Ва оё ақл инро меписандад, ки дин ба ҳамин шева буда бошад? Аммо ман шаҳодат медиҳам ба ин, ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуде шоистаи парастиш нест ва Муҳаммад Паёмбари Худост.
Баъд Умайр ба даъвати аҳли Макка идома дод, то он ки иддаи зиёде ба дини Ислом сар ниҳоданд ва мусулмон шуданд.
Худованд Умайр ибни Ваҳбро подоши нек насиб намояд ва қабри ӯро нуронӣ созад.
***
Китоби «Гӯшае аз зиндагонии асҳоби Паёмбар» {разияллоҳу анҳум}
Муаллиф: Доктор Абдурраҳмон Раъфат-пошо
Таҳияи Сомонаи «Фирдавсӣ»
- Умар ибни Хаттоб поягузори адолати додгоҳии исломӣ
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 3. Усмон ибни Аффон
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 2. Умар ибни Хаттоб
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
- Даҳ ёри биҳиштӣ (муқаддима)
- Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 101 қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 11. Ҳамза ибни Абдулмутталиб
- 6. Саъд ибни Абуваққос
- 3. Абузарри Ғифорӣ














