۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Шарҳи як ҳадис дар мавзӯъи зан

Чоп
PDF

Рӯзи 9 январ дар нишасте, ки зери унвони «Бонувон ва интихобот» аз тарафи рӯзномаи Миллат ташкил шуда буд, ҳузур ёфтаму дар кунҷе хамуш нишаста наззора мекардам. Дар ин маҳфил бонувони гуногуне бо намояндагӣ аз аҳзобу ташкилотҳои ғайри давлатӣ ва ВАО ва инчунин намояндагони тамоми аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Мавзуоту андешаҳои гуногуне радду бадал мешуд то ин ки сухан ба намояндаҳои аҳзоб дода шуд ва ин саволро низ бояд онҳо посух медоданд, ки чаро дар рӯйхатҳои ҳизбӣ бонувон камтар дида мешаванд ва чаро дар аҳзоби сиёсӣ занон мавқеи муҳкаму қавӣ надоранд ва ғайра...

Ғафуров ва бардошти ғалат

Дар ин миён, сухан ба раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ҷаноби Ғафуров Абдуҳалим дода шуд. Ӯ каме аз мавзӯъ фаротар рафта ба мӯди рӯз худро мутобиқ сохту аз аҳодиси Пайғамбари Худо дар мавзӯъи зан ёдовар шуд.

Ба унвони пажӯҳишгари масоил ва андешаи динӣ хеле ба ин нукта таваҷҷуҳ намудам. Ҷаноби Ғафуров дар оғоз ин ҳадиси «биҳишт зери пойи модарон»-ро хонда изҳори ақида намуд, ки ин ҳадиси ҷойгоҳ ва мавқеъи занро боло бардоштааст.

Сипас, ҳадиси дигариро, ки мегӯяд: «зан аз параки (қабурғаи) каҷи мард офарида шудааст»-ро хонда аз он ба ҳамин соддагӣ интиқод намуд ва бардошти ғалати худро, ки гӯё ин ҳадис занонро паст зада бошадро бебокона иҳзор дошт.

Ба ин нукта иктифо нанамуда аз ин, ки гӯё Ислом ба мардҳо нисбат ба занҳо ҳаққи бештаре қоил аст ва аз қонуни мероси исломӣ низ интиқод кард.

Ғафуров, Кабирӣ ва ҳадиси зан

 Дар ҳоле, ки Ғафуров аз бардоштҳои нодурусти худ мегуфт, касе дигар аз ҷамъи он маҳфил эътироз намекард ва гӯё ба шумули баранда ҳама аз гуфтаҳояш розӣ буданд. То ин, ки сухан ба Кабирӣ дода шуду ӯ аз масоили дохилиҳизбӣ ва мавқеъи зан дар ҳизбаш гуфту инчунин чанд ҷумлаеро дар масоили умумӣ радду бадал намуда, дар охир, ба иштибоҳоти Ғафуров посух дод. Аммо иштибоҳро бо иштибоҳ.

Кабирӣ дар мавриди ҳадиси «офарида шудани зан аз параки каҷ» гуфт, ки мо чунин ҳадис надорем, балки дар динҳои дигар аст, ки зан фиреби шайтон асту нопок ва ҳатто ҳаққи ба ибодатгоҳ рафтанро надорад. То инҷо расида буд, ки як хонуми инҷилхоне аз васат садо баланд намуда гуфт, ки «ин дар Инҷил аст».

Кабирӣ бо ҳамон дипломатияи баланде, ки дорад ба он зан руй оварда фармуд: «Ман нахостам номи динро бигирам». Сипас суханро Кабирӣ дар мавриди ҳуқуқи зан идома дода гуфт, ки мо чун аз қавонини динӣ дар мамлакатамон кор намегирем чизе гуфта наметавонем, аммо занҳое, ки дар кишварҳои исломӣ зиндагӣ доранд аз ҳуқуқи худ шикояте надоранд.

Дар оғоз аз зеҳнам гузашт, ки вақт бигираму дар ҳамон маҳфил роҷеъ ба ҳадиси «офариниши зан аз параки каҷи мард» як ду ҷумла бигӯям чун медонистам, ки мо на фақат чунин ҳадисе аз Пайғамбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дорем, балки он ҳадиси саҳеҳе низ ҳаст. Аммо вақте дидам, ки сӯҳбат тафсиду ба дарозо кашиду фурсат нест, сарфи назар намудам.

Баъди маҳфил ва ҳангоми кофебрейк назди Кабирӣ рафтам.Чун кофебрейкҳое, ки дар Иттифоқи журнолистон ҳастанд худхидматрасониянд, оқои Кабирӣ машғули чой, ё кофе дуруст кардан барои худ буд. Салому аҳволпурсӣ намудаму гуфтам, ки чаро шумо гуфтед, ки «мо чунин ҳадис надорем», дар ҳоле, ки мо дорем. Гуфт, дорему аҳодиси заъифанд. Гуфтам, ки вале ман фикр мекунам аҳодиси саҳеҳ ҳастанд ва боз инро таъкид мекунам.

Кабирӣ бо ҳамон ахлоқи волову латифе, ки дорад гуфт: «таъкид, ки кардӣ маро низ огоҳ кун то агар иштибоҳ карда бошам дар ҷоҳои дигар ин иштибоҳро такрор накунам». Ба Кабирӣ гуфтам, ки таъкид мекунаму мақолае дар ин бора менависам. Ӯ низ розӣ шуд, чун дар он маҳфил иштирокчиёни гуногуне буданд ва ҳама бо ин қаноат аз маҳфил бархостанд, ки Пайғамбар нагуфтааст, ки «зан аз параки каҷи мард» офарида шуда аст.

Ҳадис саҳеҳ аст

Дар улуми исломӣ илмест басо муҳиму тақрибан дар тамоми донишгоҳҳои муътабари исломӣ дар ҷаҳон ҳамчун яке аз моддаҳои асосӣ тадрис мешавад. Номи арабияш «усул-ал-ҳадис» ё «мусталаҳ-ул-ҳадис» ҳаст ва ба англисӣ онро «science of hadith» мегӯянд. Мутобиқи ин илм, ба як эътибор аҳодиси Пайғамбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: Аҳодиси саҳеҳ ва аҳодиси заиф.

Аҳодиси саҳеҳ он ҳадисҳое мебошанд, ки нисбаташон ба Пайғамбар Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам аз тариқи ровиёни муътамад дар кутуби пурэътибори ҳадис ба исбот расида аст. Акси инро аҳодиси заиф ё нодуруст ташкил медиҳанд. Аҳодисе, ки нисбаташон ба Пайғамбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз тариқи ровиёни боэътибору муътамад ва дар кутуби ҳадис ба субут нарасидааст.

Ҳадиси мазкурро (офариниши зан аз парак) Абуҳурайра {разияллоҳу анҳу} яке аз ёрони Пайғамбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} чунин ривоят намудааст:

اسْتَوْصُوا بِالنِّسَاءِ، فَإِنَّ الْمَرْأَةَ خُلِقَتْ مِنْ ضِلَعٍ، وَإِنَّ أَعْوَجَ شَىْءٍ فِى الضِّلَعِ أَعْلاَهُ، فَإِنْ ذَهَبْتَ تُقِيمُهُ كَسَرْتَهُ، وَإِنْ تَرَكْتَهُ لَمْ يَزَلْ أَعْوَجَ، فَاسْتَوْصُوا بِالنِّسَاءِ

«Бо занҳо васияти хайр намоед, зеро занон аз параки (қабурғаи) каҷ офарида шудаанд ва каҷтарин ҷойи парак сари он, ё нӯги он мебошад, вақте шумо бихоҳед, онро рост намоед, мешиканед ва агар ба ҳоли худ вогузоред, он ҳамоно каҷ боқӣ хоҳад монд, пас бо занҳо васияти хайр намоед!»

Ин ҳадисро ҳам Имом Бухорӣ ва ҳам Имом Муслим ривоят намудаанд. Ба таъбири илми ҳадисшиносӣ ин ҳадис ҳадиси «муттафақун алайҳи» ҳаст. Яъне, ҳам Бухорӣ ва ҳам Муслим рӯйи он ё ба сиҳҳати он мувофиқат намудаанд.

Ҳадиси саҳеҳу бардоштҳои носаҳеҳ

Тааҷҷуб намудам, вақте дар интернет дидам, ки ҳадиси мазкур ғавғои маҳшар бапо намудааст. Дар яке аз сомонаҳои арабӣ аз қавли Доктор Муҳаммад Шомма мушовири вазири Авқофи Миср нақл шудааст, ки ӯ ин ҳадисро заиф ва исроилӣ (аз динҳои дигар гузашта) хонда аст ва баъд нороҳатӣ ва вокуниши шайхҳои Азҳари Мисрро оварда аст, ки акси онро ба исбот расонида гуфтаанд, ки ин ҳадис ҳадиси саҳеҳе ҳаст ва ҳиҷ кас ҳаққи инкору радди онро надорад.

Муаллифи мақола бо номи Ширин Наср мавқеъи Доктор Шоммаро таҳлил намуда гуфтааст, ки номбурда зери фишори ҷамъиятҳои занона чунин изҳори ақида намуда аст, ки бо маблағситонӣ аз муассисаҳои ғарбӣ чунин ақидаҳоро дар ҷомеа нашр мекунанд. Ба ҳар ҳол онҳое, ки мехоҳанд тафсилоти ин мавзӯъро биёбанд, метавонанд, саре ба интернет бизананд ва аз шабакаи "Ислам он-лайн" бахши арабияш тафсилоти инро пайдо намоянд.

Маънои ҳадис чист?

Албатта, дар адабиёти динии мо дар шарҳи ин ҳадиси дар боло зикр шуда изҳори назарҳо ва қавлҳои фаровоне аз Розӣ то муҳаддисони муосир вуҷуд дорад, аммо банда инҷо мехоҳам ончӣ бар зеҳну фаҳми ман гузаштаастро бо хонанда дар миён бигузорам.

 Ба назари ман, ин ҳадис ишорае дорад ба нозукиҳо ва капризҳои зебои табиати зан (freaks of nature). Он нозу ишваҳое, ки хоси табиати зан мебошанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин гуфта, Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба мардҳо мегӯяд, бо занҳо ҳамеша аз роҳи хубӣ рафтор кунед, зеро онҳо капризҳои занона доранд: «Бо занҳо васияти хайр намоед, зеро занон аз параки (қабурғаи) каҷ офарида шудаанд...», яъне аз ҷинси шумо мардҳоянд (инҷо маънои маҷозӣ дар назар аст) кӯшиш накунед онҳоро бо рафтори хоси мардона мисли худатон бикунед, зеро агар чунин кардед, онҳоро мешиканед: «вақте шумо бихоҳед онро рост намоед мешиканед» ва инчунин занҳоро ба ҳоли худ ва ё ба гӯшаи танҳои тела надиҳед: «Агар ба ҳоли худ вогузоред онҳо ҳамоно каҷ боқӣ хоҳад монд».

Яъне Пайғамбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба мардон мегӯяд, ки зан табиати махсуси худро дорад, ки аз мард фарқ мекунад. Формулаи таомул бо зан ингуна ҳаст, ки аз роҳи хубӣ ва некӣ ва бо таваҷҷуҳи мудовим ба зан бо бонувон рафтор кунед.

Бале ман чунин мепиндорам, ки он Ҳабиб {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бо дарки дақиқ ва мӯшикофонаи табиати зан ин ҳадисро гуфтаасту Абуҳурайра {разияллоҳу анҳу} онро ривоят намуда аст.

Оре инро ҳатто донишмандони равонишинос низ исбот намудаанд, ки нигоҳи мардон ба занон дар умум шаҳвонӣ ҳаст, вале занон аз мардон интизори таваҷҷуҳ ва ба қавли бародарони иронӣ "ҳолу ҳаво доштан"-ро доранд.

Зан аз хушбахтӣ дар миёни абрҳо парвоз мекунад, вақте бифаҳмад, ки ҳамсараш доим ӯро ёд мекунад ва ҳушу гӯшаш ба ӯст. Агар ман хоста бошам бо забони муосиртар ин ҳадиси набавиро баён кунам хоҳам гуфт: Бо занҳо аз роҳи хубӣ, комплимент гуфтан, на хушунату зуроварӣ рафтор кунед ва табиати нозуки занонагии онҳоро, капризҳои зебои табиати онҳоро ҳамеша мадди назар дошта бошед фаромӯш накунед, ки зан зан асту мард мард ва ҳар кадом дунё ва табиати хоси худро доранд. Аз занҳо нахоҳед мисли мард бошанд ва ин кӯшиши бефоидаро низ накунед, фақат ба занҳо таваҷҷӯҳ кунед ва ин эҳсосро дар дилашон бедор намоед, ки онҳо ҳамеша дар фикру хаёли шумо ҳастанду барои шумо азиз.

Магар аз Пайғамбаре, ки мегӯяд, ман аз дунё бӯйи атр, зан ва намозро меписандам ва биҳишти мардонро зери пойи зан-модар қарор дода аст, метавон интизори таҳқир ё таъни занонро дошт?????

Саъдии ЮСУФӢ

МИЛЛАТ (14.01.2010)

Дидгоҳҳо  

 
+1 #1 Шахло 18.02.2010 09:57
Раҳмати Худовани меҳрабун бар шумо бародарҳо барои ҳалу тафсили ин мазуъ!
Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, қаҳр аз бабру борондагӣ аз абр, вафодорӣ аз қуву равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Дар ситоиши занон бузургони олам андарзҳои безавол офаридаанд. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар васфи зан-модар чунин фармудаанд:"Биҳишт зери қудуми модарон аст". Аз ин рӯ, ҳар касе, зан - модарро хор медорад, ӯ назди Худованд гунаҳкор аст.
Нақли қавл кардан
 
 
+1 #2 Қорӣ-Баҳруллоҳ 15.06.2010 03:58
salamu alaikum
Нақли қавл кардан
 
 
0 #3 Фирдавсии Нуралиён 15.06.2010 13:11
Иқтибос аз суханони qori-bahrulloh:
salamu alaikum

Ва алайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳ.
Нақли қавл кардан
 

Изҳори назар


Рамзи ҳимоят
Таҷдид

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз378
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4511
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6099
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67858

Дар сомона: 2 меҳмон, 2 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.109
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval