۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

11. Қуръон ва илмҳои умумӣ

Чоп
Баҳогузории корбар: / 0
БадБеҳтарин 

Нақши сарангуштон

﴿أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَلَّن نَجْمَعَ عِظَامَهُ (3) بَلَى قَادِرِينَ عَلَى أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُ﴾ (القيامة: 4)

«Оё мепиндорад одамӣ, ки ҷамъ накунем устухонҳои ӯро (3). Оре, мекунем тавоношуда бар он, ки ҳамвор кунем сарангуштҳои ӯро.» (Қиёмат: 3-4)

Мункирони вуҷуди Худо дар бораи зинда гардонидан пас аз мурдани инсонҳо гуфтугӯ мекунанд ва мегӯянд, ки чӣ гуна дар рӯзи қиёмат пас аз пароканда шудани устухонҳо дар замин мурдаи одам зинда мешавад? Худои бузург посух медиҳад, ки на танҳо устухонҳоро ҷамъ меорад, балки бо диққат нақши ангуштонро ҳамвор мекунад.

Чаро Худованд дар Қуръон ҳангоми Сухан гуфтан дар бораи муайян кардани ҳувият сарангуштро зикр кардааст? Соли 1880-и медолӣ нақши сарангушт ҳамчун тариқаи муайян кардани ҳувият қарор гирифт. Сер Франсис Голт (Sir Fransis Golt) дар пайи пажӯҳишҳо ба исбот расонд, ки дар тамоми олам ду шахсе пайдо намешаванд, ки нақши сарангушти онҳо як хел бошад.

Ҳамин тавр полис (милиса) барои муайян кардани ҳувият нақши сарангуштро ба кор мебарад. Пеш аз 1400 сол пеш кӣ метавонист якнавохт набудани нақши сарангушти башарро бидонад? Балки, оё диққат ба сарангушти инсон дар хотираш меомад?

Қабулкунандаҳои дард дар пӯст

Пештар мардум ба ин бовар буданд, ки ҳисси ламс танҳо ба мағзи сар эътимод дорад. Пажӯҳишҳои нави илмӣ ба исбот расонанд, ки қабулкунандагони дард дар пӯст вуҷуд доранд ва бидуни онҳо инсон наметавонад дардро эҳсос кунад.

Ҳангоме, ки як табиб дардманеро муоина мекунад, ки аз сӯхтан исобат дидааст, барои муайян кардани дараҷаи сӯхтагии пӯстро бо сарсӯзан мехорад. Агар дардманд дар ин ҳолат дардеро эҳсос кунад, табиб хушбин мешавад. Барои он, ки ин сатҳӣ будани сӯхтаро нишон медиҳад ва қабулкунандаҳои дард саломат ҳастанд. Аммо, агар дардманд дар ҳоли халидани сарсӯзан ҳеҷ дардеро эҳсос накунад ин далолатгари чуқур будани сӯхтагист ва қабулкунандаҳои дард аллакай нобуд шудаанд.

Қуръон дар бораи қабулкунандаҳои дард дар ин оят мегӯяд:

﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ بِآيَاتِنَا سَوْفَ نُصْلِيهِمْ نَاراً كُلَّمَا نَضِجَتْ جُلُودُهُمْ بَدَّلْنَاهُمْ جُلُوداً غَيْرَهَا لِيَذُوقُواْ الْعَذَابَ إِنَّ اللّهَ كَانَ عَزِيزاً حَكِيماً﴾ (النساء: 56)

«Ҳаройина касоне, ки кофир шуданд ба ояти мо зуд дарорем эшонро ба оташ. Ҳаргоҳ ки пухта гардад пӯстҳои эшон, ба иваз пайдо кунем барои эшон пӯстҳои дигар ғайр аз он, то бичашанд азобро. Ҳар оина Худо ҳаст ғолиби устуворкор» (Нисо: 56).

Профессор Тагатат Теҷасен (Prof. Tagаtat Tejasen) сарвари бахши анатомия дар донишгоҳи Чайнг Майи (Chaing Mai) Таиланд як муддати дароз ба пажӯҳиши қабулкунандаҳои дард саргарм будаааст. Ӯ дар оғоз бовар намекард, ки ин ҳақиқати илмӣ 1400 сол пеш аз ин дар Қуръон ёдоварӣ шудааст ва охиран аз тарҷумаи ояти қуръонӣ ин ҳақиқатро исбот кард.

Профессор Теҷасен аз ин оят то дараҷае таъсирпазир шуд, ки дар 8-умин конфронси табибон дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз дар маърӯзааш «Ваҳйҳои илмӣ дар Қуръону Суннат» эълон дошт:

Ба ҷуз Аллоҳ худои барҳақе нест ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ ҳаст!

ХУЛОСА

Исботу муҳаққақ кардани вуҷуди ҳақиқатҳои илмӣ дар Қуръон бо ин, ки аз қабили мутобиқат ҳастанд, амрест дар паҳлӯи идроки ом ва самти дурусти илмӣ. Қуръон бо ояти зер ҳамаи мардумро ба андешаву тааммулу тафаккур фаро мехонад:

﴿إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَاخْتِلاَفِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ لآيَاتٍ لِّأُوْلِي الألْبَابِ﴾ (آل عمران : 190)

«Ҳаройина дар офариниши осмонҳо ва замин ва омаду шуди шабу рӯз нишонҳост худовандони хирадро» (Оли Имрон: 190).

Нишондодҳои илмӣ дар Қуръон бо амри рӯшан тавзеҳ медиҳанд, ки онро бунёди худовандист. Барои ҳеҷ инсоне имкон надошту надорад, ки 1400 сол пеш аз ин чунин китоберо шомили ҳақиқатҳои илмии ошкор, бинависад, ки кашфиёту исботи онҳо пас аз чандин садсолаҳои дароз дар пай биёяд. Қуръон китоби ҳеҷ илми ҷудогонае нест, вале китоби ишораву оёт ҳаст, ки ҷиҳати идроки сабаби вуҷуди инсон дар замин ва барои зиндагоние ки бо табиат мувофиқат кунад, фаро мехонад.

Қуръон – рисолаи ҳақиқат аз ҷониби Худои офарандаи ҳамешапойдори коиноту ҳастист. Ин рисолат ҳамчунин шомили ҳамон рисолат дар бораи ягонагии Худост, ки ҳамаи паёмбарон аз Одам, Мӯсо, Исо то Муҳаммад (бар онҳо дуруду паём бод!) бо он башорат додаанд.

Китобҳои зиёд дар мавзӯи «Қуръон ва улуми муосир» навишта шудаанд. Ҳамакнун чандин пажӯҳишгоҳҳо ин иқдомро ба баррасӣ гирифтаанд ва таҳқиқот дар ин бора идомадор ҳаст. Хостаи Яздон бошад, чунин пажӯҳиш ҷинси башариятро дар наздик шудан ба Худованд кӯмак мекунад. Ин китобча танҳо баъзе ҳақиқатҳои илмии мавҷуд дар Қуръонро фаро гирифтааст ва банда наметавонам иддао кунам, ки ҳаққи ин мавзӯъро адову вафо кардаам.

Профессори таиландӣ Теҷасен танҳо бо неруи як далели илмӣ, ки дар Қуръон аз он ёд шудааст, имон овард. Барои имон овардан ба ин, ки Қуръон ваҳй аз Худост, бархе ба даҳҳо ва бархе ба садҳо далел ниёз доранд. Бархе дигар ҳатто бо вуҷуди ҳазорҳо далел ба ваҳй аз Худо будани Қуръон бовар намекунанд. Қуръон ин ақлияти маҳдудро маҳкум мекунад:

﴿صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لاَ يَرْجِعُونَ﴾ (البقرة : 18)

«Каронанд, гунгонанд, кӯронанд пас эшон боз намегарданд» (Бақара: 18).

Қуръон шомили румузи комили зиндагӣ барои ҳар фарду ҷомеае ҳаст. Барномаи Қуръон барои зиндагонӣ дар муқобили гуноҳҳое, ки инсон бо ҷаҳолати худ ихтироъ кардааст, билкул бартарӣ дорад.

Ба ҷуз офаридгор дигар роҳнамои бузург кист?

Аз Худо хоҳонам, ки ин амали хоксоронаро бипазирад ва марову ҳамаи оламиёнро дар раҳмату ҳидояти худ фаро гирад. Омин.

***

Китоби «Қуръон ва улуми муосир»

Муаллиф: Доктор Зокир Абдулкарим

Тарҷумон: Зоири Давлат

Устоди забони арабии

шуъбаи филологияи араби

донишкадаи шарқшиносии ДДМТ

Таҳияи Сомонаи «Фирдавсӣ»

Изҳори назар


Рамзи ҳимоят
Таҷдид

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз378
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4511
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6099
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67858

Дар сомона: 2 меҳмон, 2 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.108
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval