Навиштаҳои тозатарин
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Рамазон дар ақсои олам
- Нақли аъзо аз манзури фиқҳи исломӣ
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
- Сангҳои қимати Бадахшон, дар интизори муштариён
- Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо
- Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо
- Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ: Моҳро дидед, рӯза бигиред!
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон IV (дарси 1, 2, 3) Рӯза
- Рамазон ва пойтахти фарҳанги исломӣ
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон
- Сомонаи «ШИФО» ва «Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон»
- Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост
- Рамазони соли 2010 фаро расид!
Маводи таҷдидшуда
- Рамазон дар ақсои олам
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон I (дарси 1)
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон (муқаддима)
- Имом Бухорӣ дар хотироти таърих
- Иқбол даргузашт, форсӣ ҳам мурд
- Роғун иззати миллист, онро доғдор накунед!
- "Патент"-и 1000-рублӣ барои муҳоҷирон
- Дар ниёиши Худованд
- Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин {алайҳи-с-салоту ва-с-салом}
- Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад...
- Хушунат дар хонаводаҳои аврупоӣ
- Роҳбари бузургтарин муассисаи аҳли Суннат
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
Маводи мардумписанд
- Қироати дилнишини Сураи Муъминун
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт!
- Намози бомдод - садди роҳи пайдоиши бемории саратон
- Дуои пардохтани вом (қарз)
- Ақидаҳои ахлоқии Имоми Аъзам
- Даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа - мавсими тоату ибодат
- Имомхатибони тоҷик дар масҷидҳои Русия
- Шарҳи як ҳадис дар мавзӯъи зан
- Тарҳи густариш ва бозсозии Масҷиди Набавӣ
- Ислом, демократия ва интихобот
- Шарҳи форсӣ-тоҷикии «Фиқҳи акбар»-и Имом Абуҳанифа
- Ҳизби Таҳрир
- «Мухтасари таърихи Ислом»
- Рӯзи Oшуроро чӣ гуна бигузаронем?
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
Posted in Эъҷози илмӣ
Якчанд сол пеш гурӯҳе аз донишмандони араб аз Қуръон маълумотеро оид ба ҷанин (эмбрион) ҷамъ оварданд. Онҳо дар ин кор васияти қуръонро пайравӣ кардаанд.
﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ إِلاَّ رِجَالاً نُّوحِي إِلَيْهِمْ فَاسْأَلُواْ أَهْلَ الذِّكْرِ إِن كُنتُمْ لاَ تَعْلَمُون﴾َ (النحل: 43)
«Пас суол кунед аз аҳли зикр агар намедонед» (Наҳл: 43).
﴿وَمَا أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ إِلاَّ رِجَالاً نُّوحِي إِلَيْهِمْ فَاسْأَلُواْ أَهْلَ الذِّكْرِ إِن كُنتُمْ لاَ تَعْلَمُونَ﴾ (الأنبياء: 7)
«Ва нафиристодем пеш аз ту магар мардонро, ки ваҳй мефиристодем бо эшон, пас бипурсед аз аҳли зикр агар шумо намедонед» (Анбиё:47).
Ҳамаи маълумот дар ин бора аз Қуръон ҷамъоварӣ шуд ва тарҷумаи англисии он ба профессор Кейс Мур (Keith Moore) пешкаш гардид, ки устоди илми эмбриология ва роҳбари кафедраи анатомияи донишгоҳи Торонтои Канада буд. Профессор Мур яке аз мутахассисони бузургтарин дар риштаи эмбриология маҳсуб мешавад.
Аз оқои Мур дархост шуд, ки дар бораи маълумоти мавҷудаи Қуръон, ки оид ба эмбриология мебошанд, андешаи худро баён дорад. Пас аз омӯзиши дақиқи тарҷумаи оёти Қуръон, ки ба оқои Мур пешкаш шуда буд, ӯ изҳор дошт, ки бештари маълумоти қуръонии мутааллиқ ба эмбриология бо кашфиёти муосир дар соҳаи ин илм мутобиқати комил доранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ мухолиф нестанд.
Ӯ изофаи намуд, ки бархе аз оятҳоро дар ҳоли ҳозир ба сабаби маълумоти пурра набудан дар соҳаи эмбриология ва аз нуқтаи назари илм дақиқ будани онҳо, наметавонад шарҳ бидиҳад.
Ояти зеринро мехонем:
﴿اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ (1) خَلَقَ الْإِنسَانَ مِنْ عَلَقٍ﴾ (العلق: 1-2)
«Бихон ба номи парвардигори худ, ки офарид.(1) Офарид одамро аз хуни баста (2)» (Алақ: 1-2).
Профессор Мур оиди ин, ки оғози шаклгирии ҷанин хуни баста ҳаст, маълумот надошт ва барои омӯзиши марҳалаи ибтидоии ҷанин дар лабораторияаш микроскопи қавиеро ба кор бурд. Ӯ мулоҳизаҳои худро бо расми хуни баста (عَلَقٍ.:алақ) қиёс кард ва аз мутобиқати комили онҳо дар ҳайрат афтод. Ба ҳамин минвол ӯ аз Қуръон маълумотеро аз худ кард, ки дар илми эмбриология ё худ илми инкишофи ҷанин дониста нашуда буданд.
Профессор Мур 80 суоли мутааллиқ ба эмбриологияро, ки дар Қуръон ва ҳадис зикр шудаанд, посух дод. Мулоҳиза мешавад, ки маъ- лумоти мавҷуда дар Қуръону Ҳадис бо охирин кашфиёт дар илми эмбриология мутобиқати пурра доранд. Оқои Мур гуфт: «Агар ин суолҳо 30 сол пеш аз ман пурсида мешуданд, ба сабаби кам будани маълумоти илмӣ наметавонистам нисфи онро посух бигӯям».
Китоби «Инсони пешрафта» (The Developing Human) ба қалами доктор Кейс Мур мансуб аст. Ӯ пас аз он, ки аз Қуръон маълумоти наверо ба даст овард, соли 1982 бори саввум онро аз чоп баровард ва ҷоизаи «Беҳтарин китоби як муаллиф оид ба тиб» - ро ноил гардид. Китоби ӯ ба чандин забонҳои ҷаҳонӣ тарҷума гардида, дар соли аввали факултаҳои тиб ҳамчун сарчашмаи асосӣ дар илми эмбриология истифода мешавад.
Соли 1981 дар ҳафтумин конфаронс доир ба пизишкӣ дар шаҳри ад-Даммоми Арабистони Саудӣ доктор Мур гуфт: «Боиси хушҳолии ман ҳаст, ки банда дар тавзеҳ додани баъзе гуфтаҳои Қуръон оид ба нашъати инсон кӯмак кардам. Барои ман рӯшан аст, ки ин гуфтаҳо ба Муҳаммад (с) аз Худо нозил шудаанд. Зеро тақрибан кашфи ҳамаи ин маълумот дар асрҳои охир анҷом гирифтааст ва ин барои ман собит месозад, ки Муҳаммад (с) бешубҳа фиристодаи Худост».[1]
Доктор Ҷоэ Лей Симпсон (Dr.Joe Leigh Simpsоn) - роҳбари бахши амрози занону тавлид (гинекология) дар донишкадаи тибби Хюстени Иёлоти Муттаҳиддаи Амрико изҳор доштааст, ки ҳадисҳои Муҳаммад (с) дар он замон имкон надоштанд ба маълумоти илмии он вақт вуҷуддошта эътимод кунанд. Ҳамчунин на танҳо миёни оятҳои Қуръону генетика ихтилоф нест, балки дар ҳақиқат Куръон бо тавзеҳоти бархе аз равияҳои илмӣ - тақлидӣ илмро кӯмак кардааст.
Дар Қуръон риво- ятҳое вуҷуд доранд, ки дурустии онҳо ҳамагӣ пас аз як қарн аз замони он собит шудаанд, то ба таъкид бирасо- нанд, ки Қуръон ваҳй аз ҷониби Худост.
Инсон аз қатрае, ки аз байни сутунмӯҳраҳо ва қабурға мебарояд, офарида мешавад
﴿فَلْيَنظُرِ الْإِنسَانُ مِمَّ خُلِق (5) خُلِقَ مِن مَّاء دَافِقٍ (6) يَخْرُجُ مِن بَيْنِ الصُّلْبِ وَالتَّرَائِبِ﴾ (الطارق: 7)
«Пас бояд бубинад одамӣ, ки аз чӣ чиз офарида шуда аст (5) офарида шуда аст аз оби ҷаҳанда, (6) ки бармеояд аз миёни пушт (-и мард) ва устухонҳои сина (-и зан)(7)» (Ториқ: 5-7).
Ба вуҷуд омадани аъзои таносули мардонаву занона (яъне хояи мард ва тухмдони зан) дар ҷанин дар наздики гурда миёни сутунмӯҳра ва қабурғаҳои 11-у 12-ум оғоз мешавад. Сипас нузули онҳо шурӯ шуда тухмдони зан дар холигии кос меистад ва ҳамзамон пеш аз таваллуд фаромадани ҳояҳои мард идома меёбанд то бо роҳи канали қадкашак (Inguinal Canal) ба хоядон бирасад.
Аммо дар касоне, ки ба балоғат расидаанд, пас аз нузули узвҳои таносул, имтидодҳои хунӣ ва асабии ин узвҳо аз шоҳраги аортаи шикам роҳ мегирад. Аорта дар байни сутунмӯҳра ва қабурға ҷой дорад. Ҳамчунин моеи лимфа ва хуни вена ба ҳаминҷо бармегарданд.
Офариниши инсон аз нутфа
Дар Қуръон беш аз 11 бор зикр шудааст, ки инсон аз нутфа падид меояд. Нутфа миқдори муайяне аз моеъ ё қатраҳои моеъст, ки аввал дар бачадон муаллақ мемонад. Қуръон инро дар оёти гуногун ёдоварӣ кардааст:
﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِن كُنتُمْ فِي رَيْبٍ مِّنَ الْبَعْثِ فَإِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ مِنْ عَلَقَةٍ ثُمَّ مِن مُّضْغَةٍ مُّخَلَّقَةٍ وَغَيْرِ مُخَلَّقَةٍ لِّنُبَيِّنَ لَكُمْ وَنُقِرُّ فِي الْأَرْحَامِ مَا نَشَاء إِلَى أَجَلٍ مُّسَمًّى ثُمَّ نُخْرِجُكُمْ طِفْلاً ثُمَّ لِتَبْلُغُوا أَشُدَّكُمْ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّى وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَى أَرْذَلِ الْعُمُرِ لِكَيْلَا يَعْلَمَ مِن بَعْدِ عِلْمٍ شَيْئاً وَتَرَى الْأَرْضَ هَامِدَةً فَإِذَا أَنزَلْنَا عَلَيْهَا الْمَاء اهْتَزَّتْ وَرَبَتْ وَأَنبَتَتْ مِن كُلِّ زَوْجٍ بَهِيجٍ﴾ (الحج: 5)
«Эй мардумон агар аз растахез дар шубҳаед, пас ҳароина мо офаридем шуморо аз хок, боз аз нутфа, боз аз хуни баста, боз аз гӯштпораи суратдода ва ғайрисуратдода, (мегӯем) то возиҳ созем барои шумо ва қарор медиҳем дар раҳмҳо чизеро, ки хоҳем то меоди муайян. Боз берун меорем шуморо кӯдаке, боз тарбият мекунем то бирасед ба ниҳояти ҷавонии худ. Ва аз шумо касе бувад, ки қабзи арвоҳи ӯ карда ояд ва аз шумо касе бошад, ки бозгардонида шавад ба бадтарин умр то надонад чизеро баъд аз он, ки медонист. Ва мебинӣ заминро хушкшуда. Пас вақте, ки фурӯ фиристодем бар он обро, ҷунбиш кунад ва бияфзояд ва бирӯёнад аз ҳар қисми равнақдор» (Ҳаҷ: 5);
﴿ثُمَّ جَعَلْنَاهُ نُطْفَةً فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ﴾ (المؤمنون: 13)
«Боз сохтем одамиро нуфта дар қароргоҳи устувор» (Муъминун: 13);
﴿خَلَقَ الإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُّبِينٌ﴾ (النحل: 4)
«Офарид инсонро аз манӣ, пас ногаҳон вай ситезандаи ошкоро шуд» (Наҳл: 4);
﴿قَالَ لَهُ صَاحِبُهُ وَهُوَ يُحَاوِرُهُ أَكَفَرْتَ بِالَّذِي خَلَقَكَ مِن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ سَوَّاكَ رَجُلاً﴾ (الكهف: 37)
«Гуфт ӯро ҳамнишини ӯ ва ӯ гуфтугӯ мекард бо вай: оё кофир шудӣ ба он Худое, ки пайдо кард туро аз хок, боз аз нуфта боз туро мард сохт» (Каҳф: 37);
﴿وَاللَّهُ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ جَعَلَكُمْ أَزْوَاجاً وَمَا تَحْمِلُ مِنْ أُنثَى وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلْمِهِ وَمَا يُعَمَّرُ مِن مُّعَمَّرٍ وَلَا يُنقَصُ مِنْ عُمُرِهِ إِلَّا فِي كِتَابٍ إِنَّ ذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ﴾ (فاطر: 11)
«Ва Худо офарид шуморо аз хок, боз аз нутфа, боз гардонид шуморо ҷуфти мадру зан ва дар шикам барнамедорад ҳеч зане ва намезояд магар ба илми Худо ва зиндагонӣ дода намешавад ҳеҷ дарозумреро ва кам карда намешавад аз умри вай илло сабт аст дар китоб. Ҳароина ин кор бар Худо осонаст» (Фотир: 11);
﴿أَوَلَمْ يَرَ الْإِنسَانُ أَنَّا خَلَقْنَاهُ مِن نُّطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُّبِينٌ﴾ (يس: 77)
«Оё надонистааст одамӣ, ки мо офаридем ӯро аз нутфа, пас ногаҳон ӯ хусуматкунандаи ошкоро шуд» (Ёсин: 77).
﴿هُوَ الَّذِي خَلَقَكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ مِنْ عَلَقَةٍ ثُمَّ يُخْرِجُكُمْ طِفْلاً ثُمَّ لِتَبْلُغُوا أَشُدَّكُمْ ثُمَّ لِتَكُونُوا شُيُوخاً وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّى مِن قَبْلُ وَلِتَبْلُغُوا أَجَلاً مُّسَمًّى وَلَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ﴾ (غافر: 67)
«Ӯст он, ки офарид шуморо аз хок, боз аз нутфаи манӣ, боз аз хуни баста, боз берун меорад шуморо кӯдак шуда, боз боқӣ мегузорад то бирасед ба ниҳояти қуввати худ, боз аз шумо касе боқӣ мегузорад то шавед пири калонсол. Ва баъзе аз шумо касе ҳаст, ки қабзи рӯҳи ӯ карда шавад пеш аз ин ва боқӣ мегузорад то барасад ба муддате муайян ва то бувад, ки бифаҳмед» (Ғофир: 67);
﴿مِن نُّطْفَةٍ إِذَا تُمْنَى﴾ (النجم: 46)
«Аз нутфа чун рехта шавад дар раҳм» (Наҷм: 46);
﴿أَلَمْ يَكُ نُطْفَةً مِّن مَّنِيٍّ يُمْنَى﴾ (القيامة: 37)
«Оё набуд нуфта аз манӣ ки рехта мешуд дар раҳм» (Қиёмат: 37);
﴿إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعاً بَصِيراً﴾ (الإنسان: 2)
«Ҳар оина мо офаридем одамиро аз як пораи мании дар ҳам омехта аз чанд чиз, ки биозмоем ӯро, пас сохтемаш шунаво, бино» (Инсон : 2);
مِن نُّطْفَةٍ خَلَقَهُ فَقَدَّرَهُ (عبس: 19)
«Аз нутфаи манӣ офаридаш, пас андозаи муайян кардаш» (Абаса: 19).
Илми муосир исбот кардааст, ки аз байни ба ҳисоби миёна 3 миллион сперматазоид як сперматазоид барои бордор кардани тухмдон кофӣ ҳаст. Ин чунин маъно дорад, ки аз 3000000 (се миллион) 1 (як) ҷузъ ё 0,000033% - и аз сперматозоидҳо барои раванди бордоршавӣ басанда аст.
Офариниши инсон аз обе беқадр
﴿ثُمَّ جَعَلَ نَسْلَهُ مِن سُلَالَةٍ مِّن مَّاء مَّهِينٍ﴾ (السجدة: 8)
«Боз пайдо кард насли ӯро аз сулола (хулоса), аз оби хор (беқадр» (Саҷда: 8).
Калимаи арабии «سُلَالَةٍ сулола» маънои хулоса ё беҳтарин ҷузъи мавҷудро дорад. Акнун медонем, ки як сперматозоид боиси бордор шудан мегардад. Ин сперматозоид ҳамон «сулола» - ест, ки Қуръон ба он ишорат кардааст. «Сулола» ҳамчунин маънои беруншудаи тунук аз моеъро дорад ва маънои ишорашуда ҳамон моеъи ҷанини омехта аз марду зан мебошад. Холишавии тунуки ҳар яке аз тухмдон ва сперматозоид аз муҳити онҳо дар ҷараёни бордоршавӣ анҷом мегирад.
Офариниши инсон аз як пораи мании дарҳамомехта
Ин ояти қуръонӣ моро водор ба он мекунад, ки биандешем:
﴿إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعاً بَصِيراً﴾ (الإنسان: 2)
«Ҳар оина мо офаридем одамиро аз як пораи мании дар ҳам омехта (нутфаи амшоҷ) аз чанд чиз, ки биозмоем ӯро, пас сохтемаш шунаво, бино» (Инсон: 2).
Калимаи «نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ нутфаи амшоҷ», ки дар ояти мазкур омадааст, маънои моеъи дарҳамомехта дорад. Бино бар навиштаи бархе аз муаллифон Қуръон ба омехтаи сперматозоиди марду тухмдони зан ишора мекунад. Пас аз омехта шудани ҳуҷайраҳои марду зан нутфа пайдо мешавад. Ишора кардан мумкин аст, ки «моеъи даромехта» ҳамон спермаи иборат аз чандин тарашшуҳоти (секретсияи) ғадудҳои гуногун ҳаст. Аз ҳамин рӯ, дар «нутфаи дарҳамомехта» - миқдори муайяни моеъи даромехта ба ҳуҷайраҳои марду зан ва ҷузъе аз моеъҳои атрофии он ишорае ҳаст.
МУАЙЯН ШУДАНИ ҶИНС
Ҷинси ҷанин (ё эмбрион) аз рӯйи хусусияти сперматазоид муайян мешавад на аз тухмдон. Ҷинси тифл, нарина ё модина ба ҷуфти 23-уми хромосомаҳо эътимод дорад. Оё вай ХХ ҳаст ё ХY?
Аслан муайян кардани ҷинс дар раванди бордор шудан аз рӯи навъи хромосомаи мавҷуд дар сперматазоид анҷом мегардад. Агар сперматазоид, ки тухмдонро бордор кардааст, ҳомили хромосомаи Х бошад, ҷанин модина мешавад, аммо агар ҳомили Y бошад, пас ҷанин нарина ҳаст.
﴿وَأَنَّهُ خَلَقَ الزَّوْجَيْنِ الذَّكَرَ وَالْأُنثَى (45) مِن نُّطْفَةٍ إِذَا تُمْنَى﴾ (النجم: 45-46)
«Ва он, ки Худо офарид ду қисм: нару модаро аз нутфае чун рехта шавад дар раҳм» (Наҷм: 45-46).
Калимаи арабии «نُّطْفَةٍ нутфа» миқдори андаке аз моеъст ва калимаи «манӣ» маънои «рехтан»-ро дорад. Аз ҳамин ҷиҳат нутфа ишора ба сперматозоид ҳаст, зеро ҳамон ҳаст, ки мерезад.
﴿أَلَمْ يَكُ نُطْفَةً مِّن مَّنِيٍّ يُمْنَى (37) ثُمَّ كَانَ عَلَقَةً فَخَلَقَ فَسَوَّى (38) فَجَعَلَ مِنْهُ الزَّوْجَيْنِ الذَّكَرَ وَالْأُنثَى﴾ (القيامة: 39)
«Оё набуд нутфа аз манӣ, ки дар раҳм рехта мешуд (37). Боз буд хуни баста, пас биёфарид Худо, пас дурустандом кард (38). Пас сохт аз он манӣ ду қисм: мардрову занро»(Қиёмат: 37-38-39).
Инҷо бори дигар миқдори дақиқ аз сперматозоид бо (тавзеҳи нутфа аз манӣ!) зикр шудааст, ки аз мард меояд ва он боиси ҷинси ҷанин мешавад.
Хушдоманҳо дар нимҷазираи Ҳинд набераҳои мардинаро бартар мешуморанд ва агар занҳои писарҳояшон духтар бизояд ононро маломат мекунанд. Агар онҳо медонистанд, ки боиси муайян шудани ҷинс хусусияти сперматозоиди мард ҳаст на тухмдони зан ҳаргиз занонро маломат намекарданд. Зеро ҳам Қуръон ва ҳам илм иқрор кардаанд, ки оби мард боиси муайян шудани ҷинси тифл ҳаст.
Ҷанин бо се пӯшиш аз торикӣ ҳимоят мешавад. Қуръон дарак медиҳад:
﴿خَلَقَكُم مِّن نَّفْسٍ وَاحِدَةٍ ثُمَّ جَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَأَنزَلَ لَكُم مِّنْ الْأَنْعَامِ ثَمَانِيَةَ أَزْوَاجٍ يَخْلُقُكُمْ فِي بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ خَلْقاً مِن بَعْدِ خَلْقٍ فِي ظُلُمَاتٍ ثَلَاثٍ ذَلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ الْمُلْكُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ فَأَنَّى تُصْرَفُونَ﴾ (الزمر : 6)
«Офарид шуморо аз як шахс, боз биёфарид аз он шахс занашро ва фурӯ фиристод барои шумо аз чаҳорпоён ҳашт қисм. Меофаринад шуморо дар шикамҳои модарони шумо як навъ офаридан баъд аз офаридани дигар дар торикиҳои сегона …» (Зумар: 6).
Ба гуфтаи профессор Кейс Мур ин пӯшишҳои сегона аз торикӣ, ки дар Қуръон зикр шудаанд, иборатанд аз:
- Девораи пеши шиками модар;
- Девори раҳм;
- Пардаи фарогири ҷанин (The amnioc - сhorionic membrane).
Марҳилаҳои ҷанин
﴿وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن سُلَالَةٍ مِّن طِينٍ (12) ثُمَّ جَعَلْنَاهُ نُطْفَةً فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ (13) ثُمَّ خَلَقْنَا النُّطْفَةَ عَلَقَةً فَخَلَقْنَا الْعَلَقَةَ مُضْغَةً فَخَلَقْنَا الْمُضْغَةَ عِظَاماً فَكَسَوْنَا الْعِظَامَ لَحْماً ثُمَّ أَنشَأْنَاهُ خَلْقاً آخَرَ فَتَبَارَكَ اللَّهُ أَحْسَنُ الْخَالِقِينَ﴾ (المؤمنون : 12- 13- 14)
«Ва ҳаройина офаридем одамиро аз хулосаи гил. Боз сохтем ода миро нутфа дар қа- роргоҳи устувор. Боз сохтем он нут- фаро хуни баста, боз сохтем он хуни бастаро гӯштпора, боз сохтем он гӯшт- пораро устухонҳое чанд, пас пӯшонидем бар он устухонҳо гӯштро, боз офаридем ӯро офаринише дигар. Пас бузург аст Худо – некӯта- рини нигорандагон» (Муъминун: 12-14).
Қуръон дар ин оятҳо зикр кард, ки инсон аз миқдори дақиқи моддаи моеъшакл, ки дар як ҷои матину устувор гузошта шудааст, офарида шуд. Барои ҳамин ҳам калимаи «қароргоҳи устувор» исти- фода шудааст. Раҳм баъдан аз пас бо воситаи сутунмӯҳра ва қабурғаҳои пушт, ки онро тақвият медиҳанд, ҳимоят мешавад. Ҳамчунин ҷанин бо воситаи ғишо ё пардаи ҷанин (amniotic sac) ки гирдогирди ҷанин моеъе дорад ҳимоят мешавад. Хулоса ин ҷанин «қароргоҳи устувор» дорад. Аз ҳамин об ё моеъ «عَلَقَةً алақа» - хуни баста ташкил мешавад. Маънои «алақа»- дар забони арабӣ чизест, ки мечаспад ё муаллақ мемонад. Ҳар ду маънои ин калима аз нигоҳи илм пазируфта мебошанд. Зеро ҷанин дар мароҳили аввал дар девора мечаспад ва дар он муаллақ мемонад ва бо воситаи машима(платсента)-и модар хуни заруриро мегирад. Маънои саввуми «алақа» хуни андаке ғафсшуда мебошад. Дар марҳилаи нутфа, дар ҳафтаи сеюму чаҳоруми обистанӣ хун дар дохили зарфҳои дарбастаи он ғафс шудан мегирад. Ҳамин тавр ҷанин дар баробари нутфа шакли хуни андак ғафсшударо мегирад.
Ҳам ва Лиувенҳоек (Ham & Leeuenhoek) дар соли 1677-и мелодӣ нахустин донишмандоне буданд, ки молекулаҳои сперматозоиди инсонро бо истифодаи микроскоп мушоҳида карданд. Онҳо мӯътақид буданд, ки молекулаи сперматозоид инсони хурдҳаҷмеро шомил аст ва он дар бачадон инкишоф ёфта тифл ба вуҷуд меорад. Ин ақида бо номи «Назарияи сӯрох- кунӣ» (Perforation theory) шинохта шудааст. Ҳангоме, ки донишмандон ҳаҷман бузург будани тухмдони зан аз сперматозоиди мардро исбот карданд, Де Граф (De Graf) ва дигарон мӯътақид буданд, ки ҷанин дар шакли ниҳоят хурд дар тухмдон вуҷуд дорад. Сипас дар асри 18 Мапертус (Maupertius) назарияи ирсият аз волидайнро (Theorу of biparental inheritance) изҳор дошт.
Хуни баста ба гӯштпора таҳаввул меёбад. Ин чунин маъно дорад, чизе хоида мешавад то андозае, ки гузоштани он дар даҳон мумкин бошад. Монанди сақич ва ҳардуи ин васф аз нигоҳи илм дуруст ҳаст. Профессор Кейс Мур як пораи хурд аз пластикаи рангаро ки бо ҳаҷми ҷанин дар мароҳили аввалияи он баробари буд гирифта онро бо дандонҳояш хоида то он, ки ба шакли «مُضْغَةً мудға» - чизи хоидашуда даромад. Сипас шакли онро бо сурати ҷанин дар марҳили аввали он муқоиса кард. Аломат- ҳои боқимонда аз дандон ба мароҳили аввалияи шаклгирии сутунмуҳра монанд буда, пас аз ин марҳила устухонҳо бо гӯшту мушакҳо пӯшида мешаванд.
Аз профессор Маршал Ҷонсон (Prоf. Marsall Johnson) яке аз донишмандони саршиноси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - мудири бахши анатомия ва раиси донишкадаи Дониёл (Daniel Institute) дар донишгоҳи Томас Ҷеферсон (Thomas Jefferson University) дар иёлоти Филаделфияи ИМА дархост шуд, ки оид ба оёти қуръонии дар бораи ҷанин андешаи худро иброз дорад. Ӯ гуфт: Ҳеҷ имкон надорад, ки оёти қуръонӣ дар бораи мароҳили инкишофёбии ҷанин тасодуфӣ бошанд. Ӯ мегӯяд, эҳтимол аст, ки Муҳаммад (с) микрос-копи қаввие бо худ доштааст. Вақте ба ӯ гуфтанд, ки Қуръон 1400 сол пеш нозил шудааст ва микроскоп якчанд қарн пас аз замони Муҳаммад (с) ихтироъ гардид, ӯ хандида гуфт, ки микроскопи нахустин бор ихтироъшуда танҳо 10 баробар калон нишон медод ва имкон набуд, ки сурат бо рӯшноӣ зоҳир шавад.
Ҷеферсон дар идома гуфт, ки миёни тадқиқоти ба исботрасидаи илми муосир ва мафҳуми ваҳйи Худовандӣ аз рӯи гуфтаи Муҳаммад (с) ва Қуръон ҳеҷ гуна мухолифат дида намешавад.
Ба гуфтаи профессор Кейс Мур ба осонӣ фаҳмидани мафҳуми тақсими нави мароҳили шаклгирии ҷанин, ки ҳамакунун дар дунё маъ- руф аст, имкон надорад. Зеро, ки ин мароҳил тақсими рақамӣ мешавад, яъне марҳилаи I ва П. Тақсими аз Қуръон гирифташуда низ ба шаклу намудҳое эътимод дорад, ки ҷанин дар давоми онҳо инкишоф меёбад ва муайян кардани он душвор нест. Он ба давраҳои гуногун шаклгирии ҷанин эътимод дошта, васфи илмию амалии ҷолиберо медиҳад, ки фаҳмидани он осон ҳаст.
Мароҳили инкишофи ҷанин дар Қуръон чунин зикр шудааст:
﴿أَلَمْ يَكُ نُطْفَةً مِّن مَّنِيٍّ يُمْنَى (37) ثُمَّ كَانَ عَلَقَةً فَخَلَقَ فَسَوَّى (38) فَجَعَلَ مِنْهُ الزَّوْجَيْنِ الذَّكَرَ وَالْأُنثَى﴾ (القيامة: 39)
«Оё набуд нутфа аз манӣ, ки рехта мешуд дар раҳм. Боз буд хуни баста, пас биёфарид Худо, сипас дурустандом кард. Пас сохт аз он манӣ ду қисмро: мардрову занро» (Қиёмат: 37-39).
﴿الَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّاكَ فَعَدَلَكَ (7) فِي أَيِّ صُورَةٍ مَّا شَاء رَكَّبَكَ﴾ (الإنفطار: 7-8)
«Он Худое, ки биёфарид туро, пас дурустандом кард туро, пас мӯътадилқомат кард туро. Дар ҳар сурате, ки хост таркиб дод туро» (Инфитор: 7-8).
Ҷанин бешакл ва шаклдода аст
Агар дар марҳилаи гӯштпора будан дар ҷанин кафе пайдо шавад ва ташреҳ ё чок кардани аъзои дохилӣ анҷом гирад, мебинем, ки қисми бештари он шакл гирифта, боқимондаи он ҳанӯз пурра ташкил нашудааст.
Ба андешаи профессор Ҷонсон (Prоf. Jonnson) агар ҷанинро офаридаи мукаммал бигӯем, пас бояд мо ин ҷузъеро, ки офариниши он анҷом гирифтааст, офарида мегӯем. Аммо агар мо ҷанинро офаридаи номукаммал васф кунем, пас бояд мо ҷузъеро, бигирем ки офариниши он анҷом нагирифтааст.
Суол ин аст ки, оё ҷанин офаридаи мукаммал ҳаст ё номукаммал? Васфи беҳтар аз васфи Қуръон оид ба ин марҳилаи ба вуҷуд омадани ҷанин вуҷуд надорад: сурат дода ва ғайри суратдода. Ҳамон гуна, ки дар ин оят омадааст:
﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِن كُنتُمْ فِي رَيْبٍ مِّنَ الْبَعْثِ فَإِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ مِنْ عَلَقَةٍ ثُمَّ مِن مُّضْغَةٍ مُّخَلَّقَةٍ وَغَيْرِ مُخَلَّقَةٍ لِّنُبَيِّنَ لَكُمْ وَنُقِرُّ فِي الْأَرْحَامِ مَا نَشَاء إِلَى أَجَلٍ مُّسَمًّى ثُمَّ نُخْرِجُكُمْ طِفْلاً ثُمَّ لِتَبْلُغُوا أَشُدَّكُمْ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّى وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَى أَرْذَلِ الْعُمُرِ لِكَيْلَا يَعْلَمَ مِن بَعْدِ عِلْمٍ شَيْئاً وَتَرَى الْأَرْضَ هَامِدَةً فَإِذَا أَنزَلْنَا عَلَيْهَا الْمَاء اهْتَزَّتْ وَرَبَتْ وَأَنبَتَتْ مِن كُلِّ زَوْجٍ بَهِيجٍ﴾ (الحج: 5)
«…Ҳароина мо офаридем шуморо аз хок, боз аз нутфа, боз аз хуни баста, боз аз гӯштпораи суратдода ва ғайрисуратдода (мегӯем) то возеҳ созем барои шумо ва қарор медиҳем дар раҳмҳо чизеро, ки хоҳем то муддати муайян…» (Ҳаҷ: 5).
Дар ин марҳалаи офариниш мо медонем, ки баъзе молекулаҳо фарқшаванда ҳастанд ва баъзе бефарқ. Ҳамчунин шаклгарии баъзе узвҳо анҷом гирифтааст ва бархе дигар то ҳанӯз не.
Ҳиссиёти шунавоӣ ва биноӣ (сомиаву босира)
Аз байни ҳиссиёт дар ҷанин пеш аз ҳама ҳисси сомеа ё шунавоӣ ба вуҷуд меояд. Ҷанин метавонад пас аз 24 ҳафта овозҳоро бишунавад. Баъд аз он, яъне пас аз 28 ҳафта ҳисси босира ё биноӣ пайдо мешавад ва дар идома шабакия эҳсоскунандаи рӯшноӣ мегардад.
Мебояд дар ин оятҳои қуръонӣ, ки ба пайдошавии узвҳои ҳис дар ҷанин таъаллуқ доранд, андеша намоем:
﴿ثُمَّ سَوَّاهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِن رُّوحِهِ وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ قَلِيلاً مَّا تَشْكُرُونَ﴾ (السجدة : 9)
«Ва пайдо кард барои шумо гӯшу чашмҳову дилҳо» (Саҷда: 9).
﴿وَهُوَ الَّذِي أَنشَأَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ قَلِيلاً مَّا تَشْكُرُونَ﴾ (المؤمنون: 78)
«Ва ӯст он, ки биёфарид барои шумо шунавоӣ ва дидаҳову дилҳоро, андаке шукургузорӣ мекунед» (Мӯъминун: 78).
Дар ҳамаи ин оятҳо зикри узви ҳисси шунавоӣ (гӯш) пеш аз қисмати босира омадааст.
[1] Гуфтаҳои доктор Кейс Мур дар видеокассетҳои «This is a truth» \ «Ҳақиқат ин аст» сабт аст ва онро бо забони англисӣ аз “Islamic Research foundation”\ «Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ» дастрас кардан мумкин аст.
***
Китоби «Қуръон ва улуми муосир»
Муаллиф: Доктор Зокир Абдулкарим
Тарҷумон: Зоири Давлат
Устоди забони арабии
шуъбаи филологияи араби
донишкадаи шарқшиносии ДДМТ
Таҳияи Сомонаи «Фирдавсӣ»
- Умар ибни Хаттоб поягузори адолати додгоҳии исломӣ
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 3. Усмон ибни Аффон
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 2. Умар ибни Хаттоб
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
- Даҳ ёри биҳиштӣ (муқаддима)
- Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 101 қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 11. Ҳамза ибни Абдулмутталиб
- 6. Саъд ибни Абуваққос
- 3. Абузарри Ғифорӣ














