۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Рӯзи Oшуроро чӣ гуна бигузаронем?

Чоп
PDF

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Дар назди аҳли Суннат ва Ҷамоат рӯзи Oшуро чунин аст:

Хулосаи қиссаи Мусо {алайҳи-с-салом} ва Фиръавн:

Мусо {алайҳи-с-салом} ва ҳамроҳонаш бо дастури Худованди мутаъол роҳии соҳили дарё шуданд, Фиръавн ва ҳамроҳонаш ба дунболи Мусо {алайҳи-с-салом} ва Банӣ Исроил равон гаштанд, Мусо {алайҳи-с-салом} ва Банӣ Исроил ба соҳили дарё расиданд, аммо киштӣ ва чизе дар ихтиёр надоштанд, ҷилави рӯяшон дарё ва пушти сарашон Фиръавн ва лашкариёнаш ҳама бо силоҳ буданд. Ҳамроҳони Мусо {алайҳи-с-салом} гуфтанд: Фиръавниён ба мо мерасанд. Мусо {алайҳи-с-салом} гуфт: Фиръавниён ҳаргиз ба мо намерасанд, зеро Парвардигор бо мост, маро раҳнамунӣ мекунад ва роҳи наҷотро ба ман нишон медиҳад. Худованд ваҳй ба Мусо фиристод, то асои худро ба дарё бизанад, дарё аз ҳам шикофта шуд ва барои Мусо ва ҳамроҳонаш дувоздаҳ ҷода дар дарё пайдо шуд, дар ду тарафи ҷодда, оби дарё ба сурати кӯҳи азиме истода буд. Фиръавни буҳтзада (ҳайратзада) бо чашми худ медид, ки Мусо ва ҳамроҳонаш аз роҳи бозшуда дар миёни дарё мегузаранд. Дар он мавқеъ ки Фиръавн медид, Мусо ва Банӣ Исроил дар соҳили дигари аз дарё берун мераванд ва дар соҳил роҳ мераванд, фиръавниён тасаввур карданд, ки роҳ барои онҳо низ дар дарё боз аст ва ба дунболи Мусо ва ҳамроҳонаш ворид шуданд, аммо ҳамин ки Мусо ва Банӣ Исроил ба соҳил расиданд дарё сар ба ҳам ниҳод ва Фиръавну лашкариёнашро ба зери об бурд. Вақте Фиръавн ба ҳоли ғарқ шудан расид, чунонки Худованд аз забони ӯ дар Қуръон баён мефармояд, чунин гуфт:

وَجَاوَزْنَا بِبَنِي إِسْرَائِيلَ الْبَحْرَ فَأَتْبَعَهُمْ فِرْعَوْنُ وَجُنُودُهُ بَغْيًا وَعَدْوًا حَتَّى إِذَا أَدْرَكَهُ الْغَرَقُ قَالَ آمَنْتُ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا الَّذِي آمَنَتْ بِهِ بَنُو إِسْرَائِيلَ وَأَنَا مِنَ الْمُسْلِمِينَ (90) آلْآنَ وَقَدْ عَصَيْتَ قَبْلُ وَكُنْتَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ (91) فَالْيَوْمَ نُنَجِّيكَ بِبَدَنِكَ لِتَكُونَ لِمَنْ خَلْفَكَ آيَةً وَإِنَّ كَثِيرًا مِنَ النَّاسِ عَنْ آيَاتِنَا لَغَافِلُونَ (92) وَلَقَدْ بَوَّأْنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ مُبَوَّأَ صِدْقٍ وَرَزَقْنَاهُمْ مِنَ الطَّيِّبَاتِ فَمَا اخْتَلَفُوا حَتَّى جَاءَهُمُ الْعِلْمُ إِنَّ رَبَّكَ يَقْضِي بَيْنَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فِيمَا كَانُوا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ (93)

«Мо Банӣ Исроилро аз дарё гузаронидем, пас Фиръавну лашкариёнаш ба қасди ситаму таҷовуз ба таъқибашон пардохтанд. Чун Фиръавн ғарқ мешуд, гуфт: “Имон овардам, ки ҳеҷ худованде ҷуз он ки Банӣ Исроил ба он имон овардаанд нест ва ман аз таслимшудагонам”.Оё акнун (имон меоварӣ)? Дар ҳоле ки ту пеш аз ин исён мекардӣ ва аз фасодкорон будӣ.Имрӯз ҷисми туро ба хушкӣ мепартоем, то барон онон ки пас аз ту мемонанд, ибрате бошӣ ва ҳол он ки бисёре аз мардум аз оёти Мо ғофиланд!Албатта, Банӣ Исроилро дар маконе некӯ ҷой додем ва аз покиҳо рӯзияшон додем ва то он ҳангом ки соҳиби дониш нашуда буданд, зиддияте надоштанд. Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ зиддият  мекарданд,  миёнашон ҳукм  хоҳад кард!» [Сураи Юнус; 90-93]

Вақте Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз Макка ба Мадина ҳиҷрат фармуданд, диданд, ки яҳудони Мадина рӯзи Ошуроро рӯза мегиранд, пас фармуд:

مَا هَذَا اليَوْمُ الذِي تَصُومُونَهُ

«Барои чи ин рӯзро рӯза мегиранд»?

Гуфтанд: Ин рӯзест ки Худованд Мусо ва муъмининро аз дасти Фиръавн ва лашкариёнаш наҷот дод ва Фиръавну ҳамроҳонашро дар дарё ғарқ кард. Мусо {алайҳи-с-салом} барои шукргузории Худо он рӯзро рӯза гирифт ва мо низ онро рӯза мегирем. Расули акрам  {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуд:

نَحْنُ أَحَقُ مِنْكُم بِمُوسَى

Мо ба Мусо аз шумо барҳақтар ҳастем.

Ва амр кард ба рӯза гирифтани он рӯз ва фармуд:

لَئِنْ بَقَيْتُ إِلَى قَابِلٍ لَأَصُومَنَّ التَّاسِعَ

Агар дар соли оянда зинда будам. рӯзи нуҳумро низ рӯза хоҳам гирифт.

Яъне рӯзи нуҳуму даҳумро рӯза хоҳам гирифт.

Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуд:

أَفْضَلُ الصَّوُمِ بَعْدَ رَمَضَانَ شَهْرُ اللهِ المُحَرَّم

Беҳтарин рӯзаҳо баъд аз рӯзаи моҳи мубораки Рамазон, рӯзаи моҳи Муҳарраму-л-ҳаром аст.

Ва дар бораи рӯзаи рӯзи Ошуро пурсида шуд, он ҳазрат фармуд:

يُكَفِّرُ السَّنَةَ المَاضِيَةَ

Рӯза гирифтани он каффорати гуноҳони (сағира) соли гузашта мешавад.

Рӯзи Ошуро афзалияти бисёр бузурге дорад ва рӯзаи он дар миёни Паёмбарон {алайҳиму-с-салом} машҳур ва маъруф аст. Ҳамчунин, Қурайш дар ҷоҳилият онро рӯза мегирифтанд. Ва дар ривояти дигар омада аст, ки он Ҳазрат {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуда:

صُوموُا يَوُمَاً قَبْلَهُ أَوْ يَوُمَاً بَعْدَهُ، خَالِفُوا اليَهُودَ

Ба яҳуд мухолифат кунед ва як рӯз қабл аз он ва як рӯз баъд аз он рӯза бигиред.

Пас боястӣ, мусалмонон рӯзҳои нуҳум ва даҳум, ё даҳуму ёздаҳумро рӯза бигиранд, то инки фоидаҳои бисёре бибаранд. Ва аз ин фоидаҳо:

1. Ин ки аҷри як моҳ барои ӯ навишта мешавад, зеро ҳар ҳасана ва некӣ ба даҳ баробар табдил мешавад ва Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} се рӯз аз ҳар моҳро рӯза мегирифт ва ба он амр мекард.

2. Ин ки рӯзаи ин моҳ (-и Муҳаррам) беҳтарин рӯзаҳо баъд аз моҳи мубораки Рамазон аст, чунонки дар ҳадис омада аст.

3. Ин ки бо рӯза гирифтани рӯзи нуҳуму ёздаҳум бо рӯзи даҳум мухолифат ба яҳуд мешавад.

4. Ин ки иқтидо ва таассӣ (пайравӣ) ба Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аст.

5. Ин ки каффорати гуноҳони сағираи як сол хоҳад буд.

Ва фавоиди бисёри дигар....

***

Навиштаи: Исҳоқи Дабирӣ

Аз форсӣ баргардони: Абдуллоҳи Нодир

Таҳияи Сомонаи «Фирдавсӣ»

Дидгоҳҳо  

 
+2 #1 zuhuridin 25.12.2009 21:16
as salomu alaikum va rahmatulloh
dar yak hadise az kitobi sahehu jomey saghiri suyuti shunidam ki
dar borai ruzai tatavu meguft
va avvalin darajoti ruza dar 1 mohro
3 ruz meguft kadom ruzhoe naboshad
Afzaltarash ruzhoi 13-14-15 az mohhoi arabi
darajai duyum ruzai dushanbe va panjshanbero zikr mekunad
Holo savoli man
Oe ruzai dushanbe va panjshanbe badali on 3 ruz ast
E har kadomi in 2 ruza mustaqiland???
va jazakum olloh kull al khair
Нақли қавл кардан
 
 
+2 #2 Шахло 25.12.2009 22:00
Алхамду лиллохи раббил-ъоламин.Вал-ъокубату лилмуттакин.Вас-салоту вас-салому ъало сайидино Мухаммадин ва ъало олихи ва асхобихи
ъачмиъин.

Дар хакки хамаи бандахои муъмину мусулмон аз Худованди мутаъол таманнои онро дорам,ки ба рохи сирот-ал-мустакими худ хидояат карда, сазрвори рахмати худ гардонад ва аз савобу самараи ин дахха хамаи мою шуморо бо насиб гардонад.Омин ва раббул-ъоламин.
Нақли қавл кардан
 

Изҳори назар


Рамзи ҳимоят
Таҷдид

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз473
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4606
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6194
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67953

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.107
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval