Навиштаҳои тозатарин
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Рамазон дар ақсои олам
- Нақли аъзо аз манзури фиқҳи исломӣ
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
- Сангҳои қимати Бадахшон, дар интизори муштариён
- Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо
- Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо
- Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ: Моҳро дидед, рӯза бигиред!
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон IV (дарси 1, 2, 3) Рӯза
- Рамазон ва пойтахти фарҳанги исломӣ
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон
- Сомонаи «ШИФО» ва «Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон»
- Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост
- Рамазони соли 2010 фаро расид!
Маводи таҷдидшуда
- Рамазон дар ақсои олам
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон I (дарси 1)
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон (муқаддима)
- Имом Бухорӣ дар хотироти таърих
- Иқбол даргузашт, форсӣ ҳам мурд
- Роғун иззати миллист, онро доғдор накунед!
- "Патент"-и 1000-рублӣ барои муҳоҷирон
- Дар ниёиши Худованд
- Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин {алайҳи-с-салоту ва-с-салом}
- Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад...
- Хушунат дар хонаводаҳои аврупоӣ
- Роҳбари бузургтарин муассисаи аҳли Суннат
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
Маводи мардумписанд
- Қироати дилнишини Сураи Муъминун
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт!
- Намози бомдод - садди роҳи пайдоиши бемории саратон
- Дуои пардохтани вом (қарз)
- Ақидаҳои ахлоқии Имоми Аъзам
- Даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа - мавсими тоату ибодат
- Имомхатибони тоҷик дар масҷидҳои Русия
- Шарҳи як ҳадис дар мавзӯъи зан
- Тарҳи густариш ва бозсозии Масҷиди Набавӣ
- Ислом, демократия ва интихобот
- Шарҳи форсӣ-тоҷикии «Фиқҳи акбар»-и Имом Абуҳанифа
- Ҳизби Таҳрир
- «Мухтасари таърихи Ислом»
- Рӯзи Oшуроро чӣ гуна бигузаронем?
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
|
12 Декабри 2009
ДАРСИ ҲАФТУМ
[28] آمَنَّا بِذَلِكَ كُلِّهِ، وَأَيْقَنَّا أَنَّ كُلاًّ مِنْ عِنْدِهِ، [29]وإِنَّ مُحَمَّداً عَبْدُهُ الْمُصْطَفَى، وَنَبِيُّهُ الْمُجْتَبَى،
[28] БА ТАМОМИ АШЁИ МАЗКУР ИМОН МЕОРЕМ ВА ЯҚИН МЕКУНЕМ, КИ ҲАМАИ ИН АЗ НАЗДИ ХУДОСТ.
[29] ВА ҲАМОНО МУҲАММАД БАНДАИ ПОКИЗАКАРДАШУДАИ Ӯ ВА ПАЁМБАРИ БАРГУЗИДА ВА ИХТИЁРКАРДАИ ӮСТ.
ШАРҲ: Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} яке аз машҳуртарин номҳои бузург мебошад. Аз ҷиҳати дарбаргирии ин исм хислатҳои волои инсониро, соҳибашро барои он хислатҳо ситоишу тавсиф менамоянд. Ин исм номи охирин паёмовари Илоҳист, ки аз бузургтарин ва поктарин насаби Араб ба дунё омадааст. Ӯро Муҳаммад писари Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб меномиданд. Убудияту бандагӣ бузургтарин мақомҳо барои инсон маҳсуб мегардад, чунончи Аллоҳ таъоло мефармояд:
سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلًا مِنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الْأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ...
«Бисёр пок ва муназзаҳ аст, он касе ки шабонгаҳ бандаи худ (Муҳаммад)–ро аз Масҷиду-л-ҳаром ба сӯи Масҷиду-л-ақсо бурд, ки перомуни онро пурбаракат гардонидаем...» (Исро; 1)
Дар ҳақиқат, Худованд Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро аз беҳтарин махлуқоташ баргузида, бар ҳама мардум фазилат ва бартариаш дода аст ва бешак, ӯ Паёмбари муқарраб ва баргузида аст, ки Аллоҳ таъоло ӯро барои охирин рисолат ва паёми хеш нтихоб намуда, бузургтарин ва шарифтарин китоби осмониро бар ӯ нозил сохтааст.
***
[30]وَرَسُولُهُ الْمُرْتَضَى، وَإِنَّهُ خَاتَمُ الْأَنْبِيَاءِ، وَإِمَامُ الْأَتْقِيَاءِ، وَسَيِّدُ الْمُرْسَليِنَ، وَحَبيِبُ رَبِّ الْعَالَمِينَ، [31] وَكُلُّ دَعْوَى النُّبُوَّةِ بَعْدَهُ فَغَيٌّ وَهَوَى،
[30]ВА ҲАМОНО Ӯ (МУҲАММАД) ФИРИСТОДАИ ПИСАНДИДАИ Ӯ ВА ВОПАСИНИ ПАЁМБАРОН ВА ПЕШВОИ ПАРҲЕЗГОРОН ВА ХОҶАИ ФИРИСТОДАГОН ВА МАҲБУБИ ПАРВАРДИГОРИ ҶАҲОНИЁН МЕБОШАД.
[31]ҲАМА ДАЪВОИ НУБУВВАТ ВА ПАЁМБАРӢ БАЪД АЗ Ӯ (МУҲАММАД) ИНҲИРОФУ ГУМРОҲӢ ВА ҲАВОВУ ҲАВАСИ ШАЙТОНИСТ.
ШАРҲ: Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} охирон паёмовари илоҳӣ мебошад. Чи тавре ки Ҳақ таъоло фармуда:
مَا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِنْ رِجَالِكُمْ وَلَكِنْ رَسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ
«Нест Муҳаммад падари яке аз мардони шумо, ва лекин ӯ Расули Худо ва хатмкунандаи паёмбарон мебошад...»(Аҳзоб; 40)
Ва ӯ (Муҳаммад) худотарстарини мардум аз Худо, парҳезгортарини эшон ба шумор мерафт, чунончи он ҳазрат {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармудаанд:
أَنَا أَتْقَاكُمْ لِلَّهِ وَأَعْلَمُكُمْ بِحُدُودِ اللَّهِ
«Ман тарсандатарини шумо ба Худо ва донотарини шумо ба ҳудуд ва аҳкоми Аллоҳ таъоло мебошам.» (Ба ривояти Бухорӣ[1])
Ва низ он ҳазрат {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} сарвари анбиё ва паёмбарон мебошанд, чуноне ки фармудаанд:
أَنَا سَيِّدُ وَلَدِ آدَمَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَلَا فَخْرَ
«Рӯзи Қиёмат, ман сарвари фарзандони Одам мебошам ва аз ин ҳеҷ фахру сарбаландӣ намекунам.»(Ба ривояти Имом Аҳмад ва Тирмизӣ)
Ҳамчунин ӯ бузургтарин махлуқот ва маҳбуби Парвардигори оламиён мебошад, ки Худованд ӯро барои рисолати осмонӣ баргузида, ба худ муқаррабу наздик гардонидааст. Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар ин маврид чунин мефармоянд:
فَإِنَّ اللَّهَ تَعَالَى قَدْ اتَّخَذَنِي خَلِيلًا كَمَا اتَّخَذَ إِبْرَاهِيمَ خَلِيلًا
«Ҳароина, Худованд маро дӯсти худ гирифта аст, ҳамчуноне ки Иброҳимро дӯст гирифта буд...»(Ба ривояти Муслим)
Ҳама иддиъои нубувват ва паёмбарӣ баъди ҳазрати Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} инҳироф ва гумроҳӣ маҳсуб мегардад, бинобар ин касе ки баъд аз Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} барои худ, ё барои дигарон даъвои пайғамбарӣ кунад, кофир мешавад. Ҳамчунин касе ки ӯро дар ин амр тасдиқ ва бовар намояд, кофир мегардад, балки ҳар касе ки дар ин амр шакку оварад (ё дудила шавад), низ кофир мегардад . Зеро, ки бандаи мӯъмин чунин имон меоварад, ки баъди Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ҳеҷ паёмбаре нест. Оре, шояд баъд аз Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} даъвогари дурӯғгӯ биёяд, ки ӯ иддиъои паёмбарӣ намояд ва эҳтимолан, баъзе корҳои ғайриоддӣ анҷом диҳад ва пайравоне низ дар атрофи хеш ҷамъ намояд, вале ӯ ба дарозо накашида расво мегардад ва кораш ба ҳеҷ ҷое намерасад. Зеро тамоми касоне ки баъди ҳазрати Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}даъвои нубувват ва паёмбарӣ кардаанд, ба ҳамин сарнавишт гирифтор шудаанд.
***
[32]وَهُو الْمَبْعُوثُ إِلَى عَامَّةِ الجِنِّ وَكَافَّةِ الوَرَى بِالْحَقِّ وَالْهُدَى، وَبِالنُّورِ وَالضِّيَاءِ،
[32] ВА Ӯ (МУҲАММАД) БО ҲАҚИҚАТ ВА РАҲНАМУНӢ ВА НУРУ РӮШНОӢ БА СӮИ ТАМОМИ ҶИНН ВА ВА ҲАМАИ ОФАРИДАГОН ФИРИСТОДА ШУДА АСТ.
ШАРҲ: Дар ҳақиқат Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бузургтарини паёмбарон буда, рисолати ӯ ҳама инсу ҷиннро дарбар мегирад. Ҳама паёмбарони пеш аз ӯ фақат ба сӯи қавмҳои худ фиристода шуда буданд, вале ӯ ба сӯи тамоми махлуқот, инсу ҷинн фиристода шудааст. Чи тавре ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ (107)
«Ва нафиристодем туро, магар раҳмате барои ҷаҳониён.»(Анбиё; 107)
Ҳамчунин Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мегӯяд:
وَكَانَ النَّبِيُّ يُبْعَثُ إِلَى قَوْمِهِ خَاصَّةً وَبُعِثْتُ إِلَى النَّاسِ كَافَّةً
... Ва паёмбар(он) пеш аз ман фақат ба сӯи қавмаш(он) фиристода мешуд(анд), вале ман ба сӯи тамоми мардум фиристода шудаам...(Бухорӣ ва Муслим)
Воқиан, Аллоҳ таъоло ӯро бо ҳақиқат ва ҳидоят ва ойини пок фиристода аст:
هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ (9)
«Аллоҳ таъоло фиристодааш (Муҳаммад)-ро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то ӯро бар тамоми динҳо пирӯз гардонад, агарчанде кофирон аз ин кор нохуш шаванд.»(Саф; 9)
Худованд ӯро бо нуре ки ба роҳи рост ҳидоят менамояд, фиристодааст, чи тавре ки Ҳақ таъоло мефармояд:
قَدْ جَاءَكُمْ مِنَ اللَّهِ نُورٌ وَكِتَابٌ مُبِينٌ (15)
«... Ба дурустӣ, аз ҷониби Аллоҳ бароятон нур ва китоби возеҳу рӯшан омада аст.»(Моида; 15)
Аз ин рӯ, Қуръон ҳамон рушноиест, ки ба роҳи рост ҳидоят ва раҳнамоӣ мекунад ва инчунин нур ва шифои дилҳо мебошад.
ХУЛОСА:Паёмбари мо ҳамон расули баргузидааст, ки Худованд ӯро ба сӯи инсу ҷинн бо ҳидоят ва дину ойини ҳақ фиристода аст ва ӯ охирини паёмбарон аст, ки баъд аз ӯ ҳеҷ паёмбаре намеояд.
ПУРСИШҲО:
1. Оё Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба сӯи тамоми мардум фиристода шудааст, ё фақат ба сӯи қавми худ?
2. Ҳар касе ки баъди Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} барои худ, ё барои дигарон даъвои паёмбарӣ намояд, чӣ ҳукм дорад?
***
Таҳияи ۞Сомонаи «ФИРДАВСӢ»۞
[1]Ин ривоят, ривояти Имом Аҳмад (23170) аст, на ривояти Бухорӣ ва ривояти ӯ чунин аст:
إِنَّ أَتْقَاكُمْ وَأَعْلَمَكُمْ بِاللَّهِ أَنَا
Ҳароина, парҳезгортарини шумо ва донотарини шумо ба Аллоҳ манам! (Бухорӣ; 20)
- Умар ибни Хаттоб поягузори адолати додгоҳии исломӣ
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 3. Усмон ибни Аффон
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 2. Умар ибни Хаттоб
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
- Даҳ ёри биҳиштӣ (муқаддима)
- Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 101 қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 11. Ҳамза ибни Абдулмутталиб
- 6. Саъд ибни Абуваққос
- 3. Абузарри Ғифорӣ















