۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Имомхатибони тоҷик дар масҷидҳои Русия

Чоп
PDF

Солҳои ахир ба далели афзоиш пайдо кардани теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия сафи намозгузорон ва дар пайи он сафи имом ва имомхатибҳои тоҷик дар ин кишвар ҳам бештар шудааст.

Ҳарчанд то замони муҳоҷирати афзуни тоҷикон раҳбарии созмонҳои динии исломӣ ва имоматӣ дар масоҷиди Русияро аслан тоторҳо ба ӯҳда доштаанд.
Муҳаммади Эгамзод, раҳбари ширкати расонаи гурӯҳии “Tajinfo” дар Маскав, дар сӯҳбат ба барномаи “Ойини мадоро” ин нуктаро таъйид кард ва аз ҷумла чунин гуфт, “ҳузури ҳамватанони мо дар масҷидҳои Русия хеле чашмгир аст. Зеро мо мебинем, ки аксари намозгузорон дар рӯзҳои ҷумъа дар масоҷиди калон аслан тоҷикбачаҳо ҳастанд. Онҳо барои кор ва дарёфти рисқу рӯзӣ ба ин ҷо омадаанд. Воқеан шоистаи таҳсин аст, ки дар бисёре аз шаҳрҳои Русия ҳузури рӯҳониёни тоҷик зиёд мешавад. Аслан раҳбарии масоҷид дар Русияро маруми тотор, бошқирд ва як идда мардумони зодаи минтақаи Қафқози Русия ба ӯҳда доранд. Аммо солҳои ахир тоҷикон бо ҳузури худ нишон доданд, ки ин миллат ба дини ислом пайвастагии зиёд дорад. Ва аз лиҳози дониш, аз лиҳози баланд будани маърифати динӣ ва донистани илми Қуръон тоҷикбачаҳо дар аксари ҷойҳо қодир ҳастанд ва метавонанд, ки имомхатиби ин ё он масҷиди шаҳрҳои Русия бошанд.

Президент дар дидораш бо муҳоҷирон, аз ҷумла онҳое, ки имомхатиб ҳастанд, таъкид кард, ки ба ҳеҷ як созмони террористӣ ва экстримистӣ напайванданд, ки ин ҳам як зарбае мешавад ба обрӯи тоҷикон дар Русия”.

Аммо ба саволи мо дар ин бора ки оё то ин замон дар Русия нафаре аз рӯҳониёни тоҷик барои узвият ё ҳамкорӣ дар ягон созмони ифротгарои исломӣ ё экстримистӣ боздошт шудааст ё на, оқои Эгамзод афзуд, “хушбатона, дар робита ба ин мавзӯъ чизе нест. Касе ягон чизе нагуфтааст. Ба ҳар ҳол, бояд ҳамватанони мо эҳтиёт кунанд. Зеро вазъ дар минтақаи Қафқози Русия ҳам вазнин аст. Вале ман дар кӯчаҳои шаҳри Маскав занони тоҷикро дидам, ки сатр пӯшидаанд. Хеле зебост. Касе ба онҳо мутаваҷҷеҳ намешавад. Дар Русия ба ин одат кардаанд ва одат мекунанд. Ва бори дигар мегӯям, ки дар робита ба саволи шумо ҳамватанони мо ҳеҷ мушкиле надоранд”.
“Мақомдорони Русия бо рӯҳониён муносибати хуб доранд”
Домулло Фарҳод Шоҳдавлатов, ки дар вилояти Хабаровск ӯро ба унвони Фарҳод–ҳазрат мешиносанд, дар тамос бо “Ойини мадоро” аз муносибати хуби мақомоти маҳаллии ин минтақаи Русия бо рӯҳониёни тоҷик чунин тавсиф кард.
Вай гуфт, “дар охирин вохӯрӣ, ки бо ҳукуматдорон доштем, ман барои онҳо гуфтам, агар бихоҳед, ки мардуми мо дар ин ҷо таҳҷоӣ шаванд ва барои шумо ҳисса гузоранд, барои мо шароит фароҳам шавад. Ин мардум бояд аввалин вазифаи худ – дини худро нигаҳ доранд. Ба ин масъала ҳукуматдорони рус розӣ шуданд, моро хуб фаҳмиданд. Ягон маротиба нашудааст, ки ҳукуматдорон нисбат ба мо бадие карда бошанд ва моро манъ карда бошанд”.
Фарҳод Шоҳдавлатов ҳамроҳи бародаронаш тақрибан даҳ сол мешавад, ки дар Русия ба сар мебарад ва натанҳо сокинони мусулмони Тоҷикистон, балки мусулмонони Озарҷбойҷону Қафқозро ҳам раҳнамоӣ мекунад. Вай мегӯяд, имоматии ӯ бепул сурат мегирад ва барои ин кораш касе ба ӯ ҳуқуқи моҳона ҳам намедиҳад. Оқои Шоҳдавлатов гуфт, танҳо чизе ки онҳо мехоҳанд, ин аст, ки муҳоҷирони мусулмон одатҳои исломӣ, аз ҷумлаи рӯзаву намоз ва парҳезкориро фаромӯш накунанд.
Вай мегӯяд, “мо дидем, ки дар ҳамин шаҳр масҷид нест, ободӣ нест. Мардуми худамон майхораву роҳзан шудаанд. Ҳамчун як ҷонсӯзи миллат ин вазифаро ба гардан гирифтем. Бояд касе пешдаро мешуд. Алҳамдулиллоҳ сафи мо имрӯз зиёд мешавад. Ҳукумат моро ба унвони инсони рӯҳонӣ мешиносад. Муфтиёт мешиносад. Ман худам писари домулло Қиёмиддин, ки дар соли 1996 шаҳид карда шуданд. Шукри худо дар ин ҷо замин гирифтем барои масҷиди калон. Чунки ин масҷиде, ки ҳоло дорем, барои мо тангӣ мекунад”.
Мадрасаи нави мазҳабӣ дар Хабаровск
Дар идомаи ин сӯҳбаташ Фарҳод-ҳазрат Шоҳдавлатов ҳамчунин аз ташкили як мадрасаи динӣ хабар дод, ки бо кӯмаки худи мусулмонҳои Тоҷикистон сохта шудааст. Вай мегӯяд, дар ин мадраса онҳо ҳарчи бештар ба таълими дини мубини ислом хоҳанд пардохт. Ӯ гуфт, “мударрисонро даъват мекунем, ки ин ҷо омада дарс диҳанд. Ин ҷо мардуми мо зиёданд. Агар худованд қабул кунад, аз дасти мо ҳамин кор меомадааст. Албатта, на барои маош…”
Дар ҳамин ҷо бояд гуфт, ки як сол инҷониб дар вилояти Хабаровски Русия нашрияи “Минбари ислом” ба забони русӣ ва аммо аз сӯи муҳоҷирони тоҷик нашр мешавад. Ин нашрия асосан мавзӯъоти динӣ ва аркони исломро дар саҳифаҳои худ шарҳу тавзеҳ медиҳад.
Назари нек аз дохил
Дар дохили Тоҷикистон ҳам ба масъалаи ҳузури чашгир пайдо кардани рӯҳониёни тоҷик дар Русия бо назари нек менигаранд. Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раҳбари Шӯрои уламо дар вилояти Суғд ва сархатиби масҷиди ҷомеъи Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд мегӯяд, онҳо низ бо баъзе аз ин рӯҳониён ҳамкорӣ доранд:

 “Аҳли ҳамон диёр онҳоро ҳамчун имомхатиб, ҳамчун пешвои худ интихоб кардаанд. Аз ин мо бояд хурсанд бошем. Мо дар ҳақиқат бисёре аз онҳоро мешиносем. Масалан, сархатиби масҷиди Томск тоҷик аст. Мо ҳамроҳи раиси шӯрои уламои ҷумҳурӣ дар Новокузнетск будем. Имомхатиб бо забони русӣ, тоҷикӣ ва тоторӣ сӯҳбат мекунад. Онҳо ҳатто дар ин вилоят соли бузургдошти Имоми Аъзамро ҷашн гирифтаанд”.
Дар ҳамин ҳол, Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аксари ин руҳонёин, ки дар масоҷиди ҷомеъ дар Русия раҳбарӣ мекунанд ва ё вазъ мегӯянд, бо ҳамкорӣ бо мақомот ба ин мақом таъйин шудаанд. Аз ин рӯ, оқои Қосиддинов мегӯяд, набояд мақомоти Русия аз ин амали рӯҳониёни тоҷик нигарон бошанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо ҳамагӣ рӯҳониёни мӯътадиланд ва ба ҳеҷ ҳизбу созмони исломии ифротгаро ҳам шомил нестанд.
Вай гуфт, “онҳое, ки мераванд ва расман адои вазифа мекунанд, аз инҳо набояд нигарон бошанд. Он нафаре, ки мехоҳад як амали фаъолияти зиштро анҷом диҳад, ҳаргиз бо мақомот ҳамкорӣ намекунад”.
Бо ин ҳол, ҳанӯз теъдоди дақиқи мусулмонони Тоҷикистон дар Русия рӯйи даст нест. Вале гуфта мешавад, ҳазорон тоҷики муҳоҷир ва аммо мусулмон дар масоҷиди Русия намози худро мехонанд. Ва даҳҳо тоҷик дар ин гуна намозгузориҳо имоматӣ мекунанд ва ё вазъ мегӯянд.

Каюмарси Ато

ОЗОДӢ

Дидгоҳҳо  

 
0 #1 abu abdulaziz 12.11.2009 16:33
Alhamduliloh ki khudoi taolo dini
mubinashro bo tariqae nashr mekunad ki dar khaeli banda nest
Mo jangu qashoqii tojikistonro manfi baho doda doimo az be noniu
be barqi shikoyat mekunem
Vale agar barqu non mebud e tinji mebud ovozi azonro az Khabarowsk meshunidem??
Kame az shikamseronro didam e shunidam ki ghamkhori in din boshand
Khudoi buzurg shumoro tavfiq dihad nashrkunandagon i in khabari musirr !!!
Нақли қавл кардан
 

Изҳори назар


Рамзи ҳимоят
Таҷдид

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз472
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4605
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6193
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67952

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.105
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval