۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа - мавсими тоату ибодат

Чоп
PDF

Аз раҳмати фарохи Худои таоло ин аст, ки барои бахшидану омурзидани бандагони худ дар ҳар замоне ибодоте қарор додаву савоби онҳоро афзуда аст. Ҳар вақте мавсими тоату ибодати худро дорад, ки барои мусулмони худотарси ҳушманд фурсатҳои тиллое барои тоату ибодат фароҳам меоварад, то ӯ ба сӯи Худои таоло беш аз пеш наздикӣ ҷӯяд. Даҳ рӯзи аввали моҳи мубораки Зулҳиҷҷа аз чунин фурсатҳои тиллоист, ки Худои таоло онро бар ҳама рӯзҳои сол бартарӣ бахшида аст. Имом Бухорӣ ва Имом Тирмизӣ {раҳматуллоҳи алайҳимо} аз Абдуллоҳ ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} овардаанд, ки Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:

مَا مِنْ أَيَّامٍ الْعَمَلُ الصَّالِحُ فِيهِنَّ أَحَبُّ إِلَى اللَّهِ مِنْ هَذِهِ الأَيَّامِ الْعَشْرِ . فَقَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ، وَلا الْجِهَادُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ؟ فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: وَلا الْجِهَادُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ، إِلا رَجُلٌ خَرَجَ بِنَفْسِهِ وَمَالِهِ فَلَمْ يَرْجِعْ مِنْ ذَلِكَ بِشَيْءٍ

Ҳеҷ рӯзҳое кирдори шоиста ба сӯи Худои таоло дар онҳо дӯстдоштатар аз ҳамин даҳ рӯз (-и Зулҳиҷҷа) нестанд. (Ёронаш) гуфтанд: Эй Фиристодаи Худо ва на ҷиҳод дар роҳи Худо? Онгоҳ, Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт: Ва на ҷиҳод дар роҳи Худо, магар марде ки бо молу ҷони худ (ба ҷиҳод) берун равад ва аз он бе ҳеҷ чиз бозгардад. [Бухорӣ; 969 ва Тирмизӣ; 757 ва ин ривоят лафзи ӯст.]

Ҳамчунин, боз аз Ибни Аббос {разияллоҳу анҳу} омада аст, ки Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:

مَا مِنْ عَمَلٍ أَزْكَى عِنْدَ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ وَلَا أَعْظَمَ أَجْرًا مِنْ خَيْرٍ تَعْمَلُهُ فِي عَشْرِ الْأَضْحَى قِيلَ وَلَا الْجِهَادُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ قَالَ وَلَا الْجِهَادُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ إِلَّا رَجُلٌ خَرَجَ بِنَفْسِهِ وَمَالِهِ فَلَمْ يَرْجِعْ مِنْ ذَلِكَ بِشَيْءٍ

Ҳеҷ коре дар назди Худои азза ва ҷалла покизатар ва на бузургмуздтар аз кори неке ки банда дар даҳ рӯзи Қурбонӣ мекунад, нест. Гуфтанд: Ва на ҷиҳод дар роҳи Худо? Гуфт: Ва на ҷиҳод дар роҳи Худои азза ва ҷалла, ҷуз марде ки бо молу ҷони худ (ба ҷиҳод) берун равад ва аз он бе ҳеҷ чиз бозгардад. [Сунан-и Доримӣ; 1774, иснодаш ҳасан аст.]

Ин аҳодис бар он далолат мекунанд, ки даҳ рӯзи моҳи Зулҳиҷҷа аз ҳамаи рӯзҳои сол беҳтаранд, магар даҳ рӯзи ахири Рамазон ки шомили шаби мубораки Қадр (Лайлату-л-қадр) аст.

Аз ин рӯ, боястӣ, бандаи мусулмон ин даҳ рӯзро бо тавбаи холисона оғоз намояд ва ба сӯи Худои таоло аз ҳама гуноҳҳояш тавба кунад ва умуман, кирдорҳои неки худро бияфзояд ва ба андозаи тавони худ бад-ин ибодатҳо таваҷҷуҳи бештар бидиҳад:

1. РӮЗА ДОШТАН.

Барои бандаи мусулмон суннат (мустаҳаб) аст, ки нуҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷаро рӯза дорад, аммо рӯза доштани рӯзи даҳум, ки рӯзи иди Қурбон аст, раво нест, балки ҳаром аст, Чунончи, Имом Бухорӣ [1992, аз Абусаиди Худрӣ] ва Имом Муслим [827] ривоят кардаанд, ки Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз рӯза доштани рӯзи (иди) Фитр ва рӯзи (иди) Қурбон наҳй фармуда аст:

نَهَى النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَنْ صَوْمِ يَوْمِ الْفِطْرِ وَالنَّحْرِ...

Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мусулмононро ба кардани кирдори нек дар рӯзҳои даҳгонаи Зулҳиҷҷа ташвиқ карда аст. Бе ҳеҷ шакке, рӯза аз беҳтарин кирдори нек аст, зеро Худои таоло савоб додани онро барои худ вижа гардонида аст, чунончӣ дар ҳадиси қудсӣ омада, ки Худои таоло гуфта аст:

كُلُّ عَمَلِ ابْنِ آدَمَ لَهُ إِلَّا الصِّيَامَ فَإِنَّهُ لِي وَأَنَا أَجْزِي بِهِ...

Ҳама кирдори одамизода ӯро бошад, магар рӯза, ки он барои ман аст ва ман ӯро аз баҳри он музд медиҳам... [Бухорӣ; 1904]

Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} нуҳ рӯзи Зулҳиҷҷаро рӯза медошт. Имом Абудовуд ва Имом Насоӣ аз модари муъминон Уммусалама Ҳинд бинти Абуумайяи Махзумӣ {разияллоҳу анҳо} ривоят аст, ки гуфт:

كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَصُومُ تِسْعَ ذِي الْحِجَّةِ وَيَوْمَ عَاشُورَاءَ وَثَلَاثَةَ أَيَّامٍ مِنْ كُلِّ شَهْرٍ أَوَّلَ اثْنَيْنِ مِنْ الشَّهْرِ وَالْخَمِيسَ

Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} нуҳ рӯзи Зулҳиҷҷа ва рӯзи Ошуро ва се рӯзро аз ҳар моҳе, душанбеи нахустини ҳар моҳ ва панҷшанберо рӯза медошт. [Насоӣ; 2372, 2417 ва Абудовуд; 2437 ва ин лафзи Абудовуд аст. Ҳадиси саҳеҳ аст.]

Ҳама фақеҳони исломӣ иттифоқ кардаанд, ки рӯза доштани ҳашт рӯзи даҳҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа пеш аз рӯзи Арафа мустаҳаб аст.

2. ЗИЁД ГУФТАНИ ҲАМДИ ХУДО[1], ТАКБИР[2], ТАҲЛИЛ[3].

Гуфтани ҳамди Худо, такбир, таҳлил низ дар ин рӯзҳои муборак суннат аст. Барои ошкор намудани ибодат ва эълони бузургдошти Худои азза ва ҷалла, баланд гуфтани ин азкор дар масоҷид, хона, роҳҳо, кӯчаву барзану бозор ва дигар ҷойгоҳ, аз ҷониби мардон ва паст гуфтани онҳо аз ҷониби занон равост. Худои таоло фармуда аст:

وَأَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَى كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِنْ كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ (27) لِيَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ وَيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ فِي أَيَّامٍ مَعْلُومَاتٍ عَلَى مَا رَزَقَهُمْ مِنْ بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْبَائِسَ الْفَقِيرَ (28)

Ва дар миёни мардум ба ҳаҷ овоз бидеҳ, то пиёдаву савор бар ҳар шутури борикандом аз ҳар роҳи дур (барои адои ҳаҷ ба Макка) пеши ту биёянд, {27} то шоҳиди манфиатҳои хеш бошанд ва номи Худоро дар чанд рӯзи донисташуда (-и рӯзи қурбонӣ ва рӯзҳои ташриқ) ва (баъд аз он,) бар забҳи ончи Худо аз ҷондорони чаҳорпо (аз қабили шутуру гову бузу гӯсфанд) ба онҳо рӯзӣ додааст, бояд ёд кунанд. Пас, аз он бихӯред ва дармондаи дарвешро (аз он) бихӯронед. {28} [Сураи Ҳаҷ; 27-28]

Бештари донишмандони исломӣ бар инанд, ки рӯзҳои маълум дар ин ояти карима рӯзҳои даҳгонаи моҳи Зулҳиҷҷа ҳастанд. Чунончӣ аз Абдуллоҳ ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} омада аст:

الْأَيَّامُ الْمَعْلُومَاتُ: أَيَّامُ الْعَشْرِ

Рӯзҳои маълум рӯзҳои даҳгона (-и Зулҳиҷҷа)-анд.

Имом Аҳмад аз Абдуллоҳ ибни Умар {разияллоҳу анҳумо} оварда аст, Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:

مَا مِنْ أَيَّامٍ أَعْظَمُ عِنْدَ اللَّهِ وَلَا أَحَبُّ إِلَيْهِ مِنْ الْعَمَلِ فِيهِنَّ مِنْ هَذِهِ الْأَيَّامِ الْعَشْرِ فَأَكْثِرُوا فِيهِنَّ مِنْ التَّهْلِيلِ وَالتَّكْبِيرِ وَالتَّحْمِيدِ

Ҳеҷ рӯзҳое кирдори нек дар онҳо дар назди Худои таоло бузургтар ва ба сӯи ӯ дӯстдоштатар аз рӯзҳои даҳгона (-и Зулҳиҷҷа) нестанд. Пас, дар онҳо таҳлил ва такбир ва таҳмиди зиёд бигӯед! [Аҳмад; 5423, 6119. Донишманди ҳадис Аҳмад Шокир занҷираи ривоятгаронашро саҳеҳ дониста аст.]

Сиғаҳои гуногуни такбир гуфтан вуҷуд доранд. Яке аз сиғаҳои такбир гуфтан чунин аст: «Аллоҳу акбару-л-Лоҳу акбару ло илоҳа иллаллоҳ, валлоҳу акбару ва лиллоҳи-л-ҳамд».

Такбир гуфтан, дар ин рӯзгор аз суннатҳои тарккшуда гашта аст, ки ҳатто дар рӯзҳои даҳгонаи Зулҳиҷҷа ва идҳои исломӣ он шунида намешавад, магар хеле нодир, аз ин хотир, зинда кардани он, кори писандида ва савоби бузург аст. Имом Ибни Моҷа оварда аст, ки Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфта:

مَنْ أَحْيَا سُنَّةً مِنْ سُنَّتِي فَعَمِلَ بِهَا النَّاسُ كَانَ لَهُ مِثْلُ أَجْرِ مَنْ عَمِلَ بِهَا لَا يَنْقُصُ مِنْ أُجُورِهِمْ شَيْئًا وَمَنْ ابْتَدَعَ بِدْعَةً فَعُمِلَ بِهَا كَانَ عَلَيْهِ أَوْزَارُ مَنْ عَمِلَ بِهَا لَا يَنْقُصُ مِنْ أَوْزَارِ مَنْ عَمِلَ بِهَا شَيْئًا

Касе суннате аз суннатҳоямро зинда созад ва мардум аз рӯи он амал кунанд, ӯро музди касоне бошад, ки аз рӯи он суннат амал кардаанд ва аз муздҳои онон чизе накоҳад. Ва ҳар кӣ бидъате оварад ва аз рӯи он амал карда шавад, гуноҳи ҳар кӣ аз рӯи он бидъат амал кардаанд, бар ӯ бошад ва аз гуноҳҳои касоне ки аз рӯи он амал кардаанд, чизе кам нагардад. [Ибни Моҷа; 209, ҳадиси саҳеҳ аст.]

Барои ҳар мусулмоне шоиста аст, ки такбирро дар ин рӯзҳо ошкор намояд, то ин суннати фаромушшуда аз нав зинда гардад ва то касоне ки аз ин суннат ғофиланд, ёдрас шаванду панд бигиранд ва саранҷом, бо зикри Худои таоло ширинком шаванд. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ омада аст, ки:

كَانَ ابْنُ عُمَرَ وَأَبُو هُرَيْرَةَ يَخْرُجَانِ إِلَى السُّوقِ فِي أَيَّامِ الْعَشْرِ يُكَبِّرَانِ وَيُكَبِّرُ النَّاسُ بِتَكْبِيرِهِمَا

Абдуллоҳ ибни Умар {разияллоҳу анҳумо} ва Абуҳурайра {разияллоҳу анҳу} дар рӯзҳои даҳгона (-и Зулҳиҷҷа) ба бозор мебаромаданд ва ҳар ду такбир мегуфтанд ва мардум бо такбири онҳо такбир мегуфтанд. [Бухорӣ; бобу фазли-л-ъамали фӣ айёми-т-ташриқ]

Инҷо мурод такбири ҳамагонӣ нест, ки ҳама бо як овоз такбир гӯянд, зеро такбири ҳамагонӣ машрӯъ нест, балки мақсуд ин аст, ки ҳар яке аз бозориён бо шунидани такбири саҳобагони гиромӣ, бо худ такбир мегуфтанд.

3. АДОИ ҲАҶ ВА УМРА.

Аз беҳтарин кирдор дар даҳ рӯзи Зулҳиҷҷа ҳаҷҷи хонаи Худост. Ҳар киро Худои таоло бар адои ҳаҷ комёб гардонида аст ва ӯ нусуки ҳаҷро чунонки шояду бояд анҷом дода бошад, Худо хоҳад, аз ин сухани Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бархӯрдор мешавад, ки гуфта аст:

الْعُمْرَةُ إِلَى الْعُمْرَةِ كَفَّارَةٌ لِمَا بَيْنَهُمَا وَالْحَجُّ الْمَبْرُورُ لَيْسَ لَهُ جَزَاءٌ إِلَّا الْجَنَّةُ

Умра то умра каффорати ончи байни онҳост ва ҳаҷҷи ба некӣ пазируфта шуда, подоше ҷуз биҳишт надорад. [Бухорӣ; 1773, аз Абуҳурайра]

4. ҚУРБОНӢ КАРДАН.

Аз кирдорҳои солеҳ дар ин рӯзҳои муборак, барои хушнудии Худои таоло қурбонӣ намудани чорво мебошад.

Ҳамчунини дигар Қуръон хондан, садақа додан, ба доду диҳишу бахшидани мол машғул шудан аз корҳои матлуби ин рӯзҳои гаронқадр аст.

Пас, эй бародари азиз, эй хоҳари гиромӣ, ин чанд рӯзи ангуштшуморро ғанимат бидону дар тоату ибодату кирдори нек биштоб, пеш аз он ки ин фурсат аз даст раваду роҳи бозгаште ба сӯи ин рӯзҳо ва ба сӯи ин ҷаҳон баста гардад.

***

Фирдавсии Нуралиён

Таҳияи Сомонаи «Фирдавсӣ»


[1]Алҳамду лиллоҳ.

[2]Аллоҳу акбар.

[3]Ло илоҳа иллаллоҳ.

Дидгоҳҳо  

 
0 #1 zuhuriddin 20.11.2009 22:08
assalomu alaikum va rahmatulloh va bad
Dar avvali mavzu omada ast ki ayomi okhiri zu alhijja oe shumo avvali zulhijjaro dar nazar nadored???
Agar ishtibohi mo boshad ravshan kuned??
va jazakum olloh khair
Нақли қавл кардан
 
 
0 #2 Фирдавсии Нуралиён 21.11.2009 12:41
Ва алайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Ҷазокаллоҳу хайран!
Иштибоҳ бартараф шуд.
Саломат бошӣ, тағо!
Нақли қавл кардан
 

Изҳори назар


Рамзи ҳимоят
Таҷдид

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз472
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4605
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6193
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67952

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.109
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval