۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

«Мухтасари таърихи Ислом»

Чоп
PDF

Муштариёни гиромӣ! Мо азм намудаем, ки зери рубрикаи «Дин насиҳат аст» варианти электронии як силсила китобҳоеро, ки дар бораи таърихи дини мубини ислом аз сӯйи муаллифони шинохта навишта шудаанд ва қиммати таърихиву маърифатӣ доранд, ба тадриҷ пешкаши шумо намоем. Нахуст

Китоби Абдуррауфи Фитрат «Мухтасари таърихи ислом»-ро, ки он бори аввал бо ҳуруфи ниёгон соли 1915 дар матбаъаи Гозоруф дар шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст ва соли 1991 онро олими шинохтаи тоҷик профессор Абдулҳайи Саидзодаи Муҳаммадамин ба ҳуруфи кириллӣ баргардон карда дар нашриёти «Ирфон» чоп кардааст, манзуратон мекунем. Чуноне, ки таҳиягари он дар сарсухани аввалин нашри кириллии ин китоб овардааст: «Ин китоб арзиши бузурги маърифативу тарбиявӣ дошта, ақидаву тасаввуроти нодуруст ва машкукро дар бораи ислом ва моҳияти он аз байн мебардорад, ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад, мардумро бо ахлоқи ҳамидаву сифатҳои писандида ба шоҳроҳи зиндагӣ ҳидоят мекунад». Аз ин ба баъд ҳар ҳафта як қисмате аз ин китобро дар ин гӯшаи сомона пешниҳоди шумо, азизони дил, менамоем.

***

БИСМИЛЛОҲИР-РАҲМОНИР-РАҲИМ

МУҚАДДИМА

ТАЪРИФИ ТАЪРИХ

Таърих илмест, ки аҳволи миллатҳои гузашта ва сабабҳои тараққиву таназзули онҳоро мефаҳмонад.

ТАҚСИМИ ТАЪРИХ

Таърих ду қисм аст: таърихи умумӣ ва таърихи хусусӣ. Таърихи умумӣ таърихест, ки аҳволи ҳамаи миллатҳо ва ҷамоъаҳоро дар ӯ менависанд. Таърихи хусусӣ таърихест, ки аҳволи як миллат ва ҷамоъатро дар ӯ менависанд. Таърихи ислом ҳам таърихи хусусӣ аст. Таърихи ислом аз зуҳури ҳазрати Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва интишори дини ислом баҳс карда, сабабҳои тараққӣ ва таназзули олами исломро ба мо мефаҳмонад. Бинобар он донистанаш барои ҳар мусалмон даркор аст.

ҚИСМИ АВВАЛ: АСРИ САЪОДАТ

АҲВОЛИ РУМ ВА ЭРОН ПЕШ АЗ ЗУҲУРИ ИСЛОМ

Вақто ки таърихи исавӣ аз панҷсад мегузашт, дар дунё ду давлати бузург мавҷуд буданд: яке Рум, дигаре Эрон. Подшоҳони инҳо доимо ба сари якдигар лашкар кашида, муддатҳои дароз ҷанг мекарданд. Оқибат аз қувват уфтода, ҳар як ба мамлакати худ рафта, зӯр зада, лашкару пул ҷамъ менамуданд ва боз ба ҷанги ҳамдигар меомаданд. Аз тарафи дигар, мардуми ин мамлакатҳои васеъ ҳам ба анвои бадаҳлоқӣ ва беандешагӣ мубтало буданд.

Гоҳо ба сабаби ихтилофоти динӣ ва гоҳо ба баҳонаи азлу насби подшоҳон ба рӯи ҳамдигар шамшер мекашиданд. Фисқу фуҷур, ғасбу ғорат, ҷавру зулм низ дар ин мамлакатҳо бо камоли сахтӣ ҷорӣ буд. Бинобар он, ин мамлакат рӯз ба рӯз харобтар ва адади мардумаш камтар мешуд.

ҶАЗИРАТ-УЛ-АРАБ ВА АҲВОЛИ МАРДУМИ ОН ҶО

Дар ҷониби ҷанубии ин ду мамлакат, як қитъа замини дигар ҳаст, ки ӯро Ҷазират-ул-Араб мегӯянд, аҳолии ин ҷо араб мебошанд. Ҷазират-ул-Араб мисли мамлакатҳои Рум ва Эрон обод нест, балки бисёртаринаш заминаш регзор буда, дар баъзе ҷойҳояш қитъа- қитъа ободӣ мавҷуд аст. Машҳур ва муборактарини ин қитъаҳо қитъаи Ҳиҷоз аст, ки Макка ва Мадина дар ҳамин қитъа мебошанд.

Ба харита нигоҳ кунед мебинед, ки як тарафи қитъаи Ҳиҷоз Баҳри Аҳмар ва дигар тарафаш чӯл аст. Бинобар он давлатҳои Рум ва Ирон ин қитъаро гирифта натавонистанд. Худи инҳо ҳам монанди Рум ва Эрон давлат ва ҳукумате надоштанд. Қабила- қабила, яъне ҷамоъа - ҷамоъа зиндагӣ мекарданд.

Ҳар қабила як сардоре доштанд. Ҳамаи арабҳо ҷоҳилу бадавӣ буданд, ба чӯпонӣ ва роҳзанӣ рӯзгузаронӣ менамуданд. Ҳар қабила бо қабилаи дигар соле чанд маротиба ҷангу хунрезӣ мекарданд. Динашон бутпарастӣ буд. Дар хонаи Каъба, ки дар шаҳри Макка аст, сесаду шаст бут чида монда, ҳар қабила ба яке аз онҳо саҷда ва ибодат мекарданд.

Қиморбозӣ ва шаробхорӣ низ дар миёнашон ҷорӣ буд. Агар занашон духтар мезоид, ор карда, он кӯдаки бегуноҳро зинда мегӯрониданд. Инак, дар он вақт мардуми Рум, Эрон ва Арабистон ба ин ҳол ва дигар миллатҳо аз эшон ҳам бадтар буданд. Дунё тамом рӯй ба харобӣ оварда буд. Ҳазрати Парвардигори азимушшаън, ки харобии дунёро намехоҳад, хост, ки як пайғамбаре таъин карда, аҳволи одамиёнро ислоҳ намояд.

Ин пайғамбарро аз миллати Эрон ва Рум таъин накард, чунки онҳо бисёр бадаҳлоқу беандеша ва беғайрат шуда буданд. Арабҳои Ҳиҷоз, ки аслан тобеъи подшоҳони Эрон ва Рум нашуда ва бо мардуми он мамлакатҳо хамроҳ нагашта буданд, аз онҳо беҳтар буданд, беъзе одатҳои хуб доштанд: мусофирпарвар, ростгӯй, боғайрат, суханвар ва шоир буданд. Бинобар он Худои таъоло он Пайғамбари бузургворро аз қавми араб таъин кард, ки он ҷаноб пайғамбари моён ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошанд.

ТАВАЛЛУД ЁФТАНИ ҲАЗРАТИ РАСУЛИ АКРАМ АЛАЙҲИСАЛЛОМ

Дар боло гуфта будем, ки арабҳо қабила – қабила шуда зиндагонӣ мекарданд. Арабҳои ҳиҷозӣ ҳам инчунин чанд қабила буданд. Бузургтар ва соҳибэътибортарини онҳо қабилаи Қурайш буданд. Зеро хидмати хонаи Каъба ба дасти ҳаминҳо буд. Қабилаи Қурайш сардоре буд номаш Абдулмутталиб, писаре дошт номи ӯ Абдуллоҳ. Абдулмутталиб ин писарро аз дигар писарони худ дӯсттар медошт. Омина ном яке аз духтарони арабро ба никоҳи Абдуллоҳ даровард. Амина аз Абдуллоҳ ҳомила шуд. Баъд аз ҳафт моҳ Абдуллоҳ барои савдогарӣ ба Мадина рафта, дар он ҷо вафот кард. Баъд аз ду моҳи дигар дар санаи 570 исавӣ, дувоздаҳуми моҳи рабеъулаввал, бегоҳии душанбе раҳмати оламиён, Пайғамбари мо ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ибни Абдуллоҳ дар шаҳри Макка аз шиками Омина ба дунё омад.

ТАРБИЯИ ҲАЗРАТИ ПАЙҒАМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Чунончӣ дар боло хондем, ҳазрати Пайғамбар ба дунё ятим омаданд. Падарашон мурда буд, бинобар он бобояшон Абдулмутталиб тарбияти он ҳазратро дар ӯҳдаи худ гирифт. Аҳли Макка як одати хубе доштанд, ки кӯдакони навзодро ба доягони саҳроӣ супурда, беруни шаҳр мефиристоданд. Абдулмутталиб ҳам он ҳазратро ба Ҳалима ном доя дода, ба саҳро фиристод. Чунончӣ дар боло хондем, ҳазрати Пайғамбар ба дунё ятим омаданд.

Падарашон мурда буд, бинобар он бобояшон Абдулмутталиб тарбияти он ҳазратро дар ӯҳдаи худ гирифт. Аҳли Макка як одати хубе доштанд, ки кӯдакони навзодро ба доягони саҳроӣ супурда, беруни шаҳр мефиристоданд. Абдулмутталиб ҳам он ҳазратро ба Ҳалима ном доя дода, ба саҳро фиристод.

Ҳалима чанд сол ҳазратро тарбия карда, баъд аз он оварда супорид. Вақто ки ҳазрат шашсола шуданд, модарашон аз дунё гузашт ва дар ҳаштсолагӣ бобояшон вафот кард. Амакашон Абутолиб он ҷавонро ба ҳимояи худ гирифт. Вақто ки сездаҳсола шуданд, ҳамроҳи Абутолиб ба сафари Шом баромаданд. Дар ними роҳ Баҳиро ном як шахси насронӣ он ҳазратро дида, аз баъзе аломатҳо пайғамбари охирзамон буданашро донист ва ба Абутолиб гуфт, ки «Ин ҷавонро ба Шом мабар, ки яҳудон ӯро шинохта, зарар мерасонанд». Абутолиб сухани Баҳироро қабул карда, гашта ба Макка омад. 

ЗАН ГИРИФТАНИ ПАЙҒАМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Ахлоқу одоби ҳазрат бисёр мақбулу комил буд. Ҳаргиз дурӯғ намегуфтанд, ба касе хиёнат намекарданд, беинсофӣ, бемурувватӣ ва беҳаёӣ аз он ҷаноб асло дида намешуд. Бинобар он рӯз то рӯз эътибораш зиёд мегашт. Аҳли Макка он ҷанобро Муҳаммадамин мегуфтанд. Вақто ки 24 сола шуданд, Хадиҷа ном яке аз занони молдори Макка мол дода, ҳазратро ба Шом фиристод. Ин дафъа ҳам дар ними роҳ Настуро ном як шайхи насрониро диданд. ӯ аз сафари Шом манъ кард. Бинобар он молҳоро дар ҳамон ҷо ба фоидаи бисёр фурӯхта, гашта омаданд. Хадиҷа аз он ҳазрат мамнун шуд. Дар синни 25 солагӣ Хадиҷаро ба никоҳи худ гирифтанд.

ПАЙҒАМБАР ШУДАНИ ОН ҲАЗРАТ ВА НУЗУЛИ ВАҲЙ

Дар боло андаке аз ахлоқи некӯи он ҳазратро хондем. Он ахлоқ ва одаташон рӯз ба рӯз зиёдтар мешуд. Он ҳазрат мисли мардуми Макка ба бутҳо ибодат намекарданд, онҳоро бад медиданд. Вақто ки ба 40-солагӣ расиданд, аз ҷониби Илоҳӣ ба воситаи Ҷабраил ояи каримаи «Иқра' бисми раббика» нозил шуд ва се соли дигар ҳеҷ оят наёмада, баъд аз он ояти «Ё айюҳал Муддассир, қум фаанзир» нозил шуд ва ҳазратро ба изҳори пайғамбарӣ амр кард. Он ҳазрат ин воқеаро аввалан ба ҳазрати Хадиҷа, баъд аз он ба ҳазрати Абубакр ва Алӣ фаҳмониданд. Аз баски дини ислом дини маъқул буд, мардумро ба покизагӣ ва худотарсӣ ва корҳои нек амр мекард, одамкӯшӣ ва корҳои беҳударо манъ менамуд, арабҳо ба ин дин рағбат кардан гирифтанд. Лекин баъзе калонҳои Макка, мисли Абуҷаҳл ва Абусуфиён «агар мо мусалмон шавем, тобеъи Муҳаммад шуда, калониро аз даст медиҳем» гуфта мусалмон намешуданд. Одамони мусалмон шудагиро ҳам бисёр азоб медоданд, ба худи он ҳазрат ҳам бисёр азоб мерасониданд. Ҳазрат аз азоби кофИрон асло дилгир нашуда, доимо амри Худоро барҷо меоварданд, яъне онҳоро ба дини ислом мехонданд.

МУСАЛМОН ШУДАНИ ҲАЗРАТИ ҲАМЗА ВА ҲАЗРАТИ УМАР

То ки ба баракати суботи он ҳазрат, ҷаноби Ҳамза ва Умар, ки баҳодурони номдори араб буданд, мусалмон шуданд. Дили мусалмонон қувват гирифт. Ба далолати ҳазрати Умар, он ҳазрат бо ёрони худ ошкоро ба масҷиди Каъба рафта намоз хондаанд. Мардумро ба мусалмонӣ даъват намуданд, мардум як- як , ду-ду омада мусалмон мешуданд.

ҲИҶРАТИ ЁРОНИ НАБӢ БА ҲАБАШ

Дар соли панҷуми пайғамбарии он ҳазрат адади мусалмонон ба сесад расид. То адади мусалмонон бисёр мешуд, кофИрон зулму ҷаври худро бисёртар мекарданд. Он ҳазрат тараҳҳум карда ба ёрон гуфт, ки ҳар кас хоҳад, ба мамлакати Ҳабаш ҳиҷрат намояд. Чанде аз асҳоби киром кӯчида ба Ҳабаш рафтанд, аз подшоҳи он ҷо навозиш диданд, то қувват гирифтани дини ислом дар он ҷо монданд, баъд аз он ба хидмати ҳазрат омаданд.

ҚАТЪИ МУНОСИБАТ ВА ВАФОТИ ХАДИҶА ВА АБУТОЛИБ

КофИрон диданд, ки изо ва ҳақорат ба мардум таъсир намекунад, ҳар рӯз чанд кас мусалмон шуда исодааст, чанде аз калононашон ҷамъ шуда, машварат карданд, ки бо пайғамбар ва ёронаш қатъӣ муносибат намоянд. Ҳама иттифоқ карда, аҳднома навиштанд, ки баъд аз ин ҳеҷ кас ба мусалмонон зан надиҳад ва аз онҳо зан нагирад, ба онҳо салом надиҳад, сухан накунад ва харидуфурӯш нанамояд. Аҳдномаро даст монда, ба дари хонаи Каъба овехтанд. Ин Аҳднома се сол ҷорӣ буд, мусалмонон бисёр сахтӣ мекашиданд. Оқибат, кофИрон диданд, ки ин ҳам фойда надорад, худашон аҳдномаи мазкурро дарронида партофтанд ва аҳли ислом ҳам халос шуданд. Дар соли даҳуми пайғамбарии он ҳазрат завҷаашон Хадиҷа ва амакашон Абутолиб аз дунё гузаштанд. Аҳли Макка мурдани Абутолибро ғанимат дониста, ҷавру ҷафои худро бисёртар карданд. Дар ҳамин вақтҳо меъроҷи расули акрам воқеъ шуд, ки он ҳазрат аз олами моддӣ ба олами маънавӣ сафар карданд. Панҷ вақт намоз дар шаби Меъроҷ фарз шуд. 

ҲИҶРАТИ ОН ҲАЗРАТ АЗ МАККА БА МАДИНА

Чун ҷафои кофИрон аз ҳад гузашт, расули акрам гоҳо ба беруни шаҳр мебаромаданд, ки мусофИрони аз атроф меомадагиро ба дини ислом даъват карда, тарафдории худро бисёртар намоянд. Соли дувоздаҳуми пайғамбарӣ, як рӯз беруни шаҳр баромада буданд, чанд одами аз Мадина омадагиро мусалмон карданд. Онҳо гуфтанд, ки агар шумо ба Мадина биёед, моён молу ҷони худро ба роҳи муъовинати шумо фидо мекунем. Ҳазрат қабул карда, дар ин маънӣ аз онҳо байъат гирифтанд. Ин мулоқот дар Ақаба ном мавзеъе воқеъ шуд, бинобар он ӯро байъати Ақаба мегӯянд. Соли дигар ҳам чанд нафар аз калони Мадина омаданд ва боз дар Ақаба байъати соли гузаштаро тоза карда рафтанд. КофИрони Макка ин хабарро шунида, ҷавру зулми худро бисёртар карданд. Ҳазрат асҳоби худро фармуданд, ки акнун ба Мадина ҳиҷрат кунед. Асҳоб як-як, ду-ду кӯчида ба Мадина рафтанд.

Дар Макка аз ёрони ҳазрат ғайр аз Абубакр ва Алӣ каси дигаре намонд. КофИрон ин танҳоии пайғамбарро ғанимат дониста машварат карданд, ки шаб ба хонаи ишон ҳуҷум карда ҳазратро қатл намоянд. Он ҳазрат аз ин машварати кофИрон хабар ёфта, ҳазрати Алиро ба ҷои худ монда шабошаб ҳамроҳи ҳазрати Абубакр аз Макка баромада рафтанд. КофИрон алассабоҳ аз рафтани пайғамбар хабар ёфта, бисёр кофтанд, асаре наёфатанд. Он ҳазрат ҳамроҳи ҳазрати Абубакр сиҳату саломат ба Мадина расиданд. Рӯзи омаданашон мардуми Мадина бисёр шодмонӣ карданд. Ҳазрати Алӣ баъд аз се рӯз расида омаданд. Ҳиҷрат соли чаҳордаҳуми набувват ба санаи 622 исавӣ воқеъ шудааст. Мусалмонон соли ҳиҷратро сари таърих эътибор кардаанд.

БИНОИ МАСҶИД ВА ТАҲВИЛИ ҚИБЛА

Чун ҳазрат ба Мадина омаданд, аввалан дар Қубо ном деҳае аз деҳаҳои Мадина масҷиде сохтанд. Баъд аз он дар шаҳри Мадина ҳам як масҷиди дигаре бино карданд.

Ҳанӯз аз тарафи Илоҳӣ қиблае таъин нашуда буд. Мусалмонон дар ҳангоми намоз ба Байтулмуқаддас, ки қиблаи ҷуҳудон аст, рӯй меоварданд. Бинобар он қиблаи ин ду масҷид ҳам Байтулмуқаддас буд. Мусалмонон чанд вақт ҳамин тариқ намоз хонданд. Аз он вақт боз қиблаи мо, мусалмонон хонаи Каъба аст. Ҳамин мавқеъро дар таърихи ислом «таҳвили қибла» мегӯянд. Ҳар кадом аз амрҳои Илоҳӣ, чандин фойдаҳо ва ҳикматҳо дорад. Ҳамин амр – «таҳвили қибла» ҳам бисёр фойда кард. МуҳоҷИрон баъд аз ин дар ҳар намоз рӯй ба Каъба меоварданд. Маккаро, ки ватани аслии ишон буд, ёд мекарданд. Ва аз ин сабаб ғайрату кӯшиш менамуданд, ки барвақтар қувват гирифта Маккаро аз дасти кофИрон халос намоянд.

АМРИ ҶИҲОД

Дар боло хондем, ки воқеъаи таҳвили қибла, ба дили муҳоҷИрони ислом муҳаббати ватан ҳосил кард. Баъд аз он доимо ҷанг кардан ва гирифтани Маккаро орзу менамудан. Соли дуввуми ҳиҷрат буд, ки амри Илоҳӣ нозил шуда, ҷиҳодро фарз гардонид. Баъд аз он аҳли ислом бо кофИрон бисёр ҷангҳо карданд. Дар ҳар ҷанге, ки худи он ҳазрат ҳам рафта бошанд, ӯро ғазо мегӯянд ва дар ҷанге, ки лашкар фиристода, худашон нарафта бошанд, ӯро сарийя меноманд. Дар миёни мусалмонон қариб 20 ғазо ва 50 сарийя воқеъ шудааст. Машҳуртарини онҳо ғазаҳо: Бадр, Уҳуд, Хандақ, Хайбар ва фатҳи Макка мебошад. Баъд аз ин аз онҳо ҳам кам кам менависем.

ҒАЗОИ БАДР

Аввалин ғазоҳо ҷанги Бадр аст. Дар ин ҷанг он ҳазрат бо 313 нафар баромаданд, кофИрони Макка қариб ҳазор кас ҷамъ шуда омаданд. Ду лашкар дар як мавзеъ, ки номаш Бадр буд, фуруд омада ҷанг карданд. Мусалмонон дар роҳи ҳақ якдила шуда, ҷанг карда лашкари кофИронро, ки се баробари асокири ислом буд, шикаст доданд. Дар ин ҷанг аз мусалмонон 14 кас аз кофИрон 70 кас кушта гардид. Аз душманони калони ислом Абуҷаҳл ҳам дар миёни куштагон буд. Ҳафтод каси дигар ҳам ба дасти мусалмонон асир уфтод. Он ҳазрат ба Мадина омада, баъзе асИронро пул гирифта, озод карданд ва баъзеҳоро, ки пул надоштанд, нигоҳ дошта ба ҳар кадоми онҳо даҳ бачаи мусалмонро супориданд, ки он асИрон хату саводи ин бачаҳоро бароварда, баъд аз он озод шуда рафтанд. Ин ғазо дар соли дуввуми ҳиҷрат воқеъ шуд.

ҒАЗОИ УҲУД

КофИрон аз ҷанги Бадр шикаст хӯрда ба Макка омаданд. Як моҳ азодорӣ карда, баъд аз он ба хаёли интиқом гирифтан саъйю кӯшиш намуданд. Соли дигар бо се ҳазор кас ба сӯи Мадина сафар карданд. Ҳазрати Пайғамбар омадани лашкари кофИронро шунида мӯътабарони асҳобро ҷамъ оварда маслиҳат карданд, ки «Лашкари душман бисёр аст. Мо дарвозаҳои шаҳро баста, ба дарун истода ҷанг кунем, хуб мешавад». Ҷавонони ғайратманди асҳоб ин маслиҳатро написандиданд. «Берун баромада, бо душманон рӯ ба рӯ шуда ҷанг мекунем» гуфтанд. Ҳазрат диданд, ки инҳо тарафдори берун баромадан ҳастанд, чизе нагуфта бо 700 нафар мусалмон баромаданд. Ба домани кӯҳи Уҳуд, ки дар беруни Мадина аст, бо душманон рӯ ба рӯ шуданд. Дар ҷониби чапи аскари ислом як дарае буд.Он ҳазрат панҷоҳ нафар тирандозро ҷудо карда гуфтанд, ки «Шумоён дар ҳамин дара истед, асло ба ҷои дигар наравед, ки агар душманон аз ин ҷо баромада, ба мо ҳуҷум кунанд, кор мушкил мешавад». Ҷанг сар шуд, мусалмонон ҳуҷум карданд, кофИрон шикаст хӯрданд. Лекин ҳамон панҷоҳ нафар тирандоз фармони он ҳазратро аз хотир бароварда, барои гирифтани моли кофИрон аз сари он дара ҷудо шуданд.

Чанд нафар аз лашкари душман ин ҳолро ғанимат дониста, аз он дара омада баногоҳ худро ба лашкари ислом заданд. Мусалмонон шикаст хӯрданд. Ҳафтод нафар аз мусалмонон шаҳид шуданд, ки амаки Пайғамбарҳазрати Ҳамза аз он ҷумла буданд. Худи он ҳазрат маҷрӯҳ шуданд, дандони муборакашон шикаст. Агарчи дар ин ҷанг кофИрон мусалмононро шикаст доданд, лекин худҳошон ҳам «боз мусалмонон қувват гирифта, моёнро назананд» гуфта зуд кӯчида, ба роҳи омодаи худ рафтанд.

ҒАЗОИ ХАНДАҚ

Дар соли панҷуми ҳиҷрат аҳли Макка ба иттифоқи ҷуҳудон даҳ ҳазор кас ҷамъ карда, ба сӯи Мадина равона шуданд. Он ҳазрат ин хабарро шунида бо асҳоб машварат карданд. Аз рӯи машварати Салмони Форс бо се ҳазор кас берун омада, дар қарибии шаҳр фаромада, ба даври лашкари ислом хандақ канданд. КофИрон омада дар рӯ ба рӯи лашкари ислом саф бастанд. Лекин аз хандақ гузашта натавонистанд. Ночор аз ҳамон тарафи хандақ тирандозӣ карданд. Аҳли ислом ҳам аз ин тараф бо тир ҷавоб гуфтанд. Оқибат, лашкари душман бо сабаби беиттифоқӣ вайрон шуда гашта рафтанд. Мусалмонон музаффару мансур ба Мадина омаданд.

СУЛҲИ ҲУДАЙБИЯ

Дар соли шашуми ҳиҷрат он ҳазрат бо панҷсад нафар саҳоба ба нияти зиёрати Каъба баромаданд. Азбаски нияти ҷанг надоштанд, фармуданд, ки «Касе ғайр аз шамшер дигар асбоби ҷанг нагирад». Вақто ки ба наздикии шаҳри Макка омада, дар Ҳудайбия ном мавзеъе манзил карданд, элчӣ фиристода ба аҳли Макка нияти худро фаҳмониданд. Лекин онҳо бо сабаби кинаи дерина, он ҳазратро ба зиёрати Каъба рухсат надоданд, дарҳол одам ҷамъ карда ба фикри ҷанг шуданд. Қариб буд, ки миёни онҳо ва мусалмонон ҷанг шавад. Лекин баъзе одамон ғайрат карда, дар миён даромада сулҳ карданд ва аҳдномае тартиб доданд аз ин қарор, ки ҳазрат имсол Каъбаро зиёрат накарда мераванд, соли дигар омада зиёрат мекунанд. Мусалмонон то даҳ сол ба аҳли Макка ҷанг намекунанд. Ҳар кас аз Макка ба Мадина гурезад, мусалмонон ӯро ба Макка мефиристанд ва ҳар кас аз Мадина ба Макка гурезад, аҳли Макка ӯро ба Мадина намефиристанд. Ҳар ду тараф ҳамин аҳдномаро даст монданд. Он ҳазрат гашта ба Мадина омаданд ва соли дигар рафта Каъбаро зиёрат карданд. Ҳамин воқеаро сулҳи Ҳудайбия мегӯянд.

ҒАЗОИ ХАЙБАР

Дар миёни Шом ва Мадина қалъае буд Хайбар ном. Дар ин ҷо яҳудон ҷамъ шуда буданд. Он ҳазрат дар соли ҳафтуми ҳиҷрат бо ҳазор нафар аҳли ислом барои гирифтани ин қалъа омаданд. Ҷуҳудон дарвозаҳои шаҳрро баста, аз дарун ҷанг карданд. Лашкари ислом қалъаи Хайбарро даҳ рӯз муҳосира намуда, ҷанги сахт карданд ва оқибат гирифтанд. Аз ин шаҳр моли бисёре ба дасти лашкари ислом уфтод.

ЭЛЧӢ ФИРИСТОНДАНИ ОН ҲАЗРАТ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Баъд аз ин фатҳ овозаи мусалмонон ба ҳар ҷониб рафт. Ҳар қавме ба зуҳури ногаҳонии аҳли ислом ҳайрат мекарданд. Он ҳазрат чунин муносиб диданд, ки ба подшоҳони атроф хату элчӣ фиристода, онҳоро ба дини ислом даъват намоянд. Ин буд, ки 6 нома навиштанд, ба шаш подшоҳ фиристоданд. 

Аввал ба подшоҳи Эрон, дуввум подшоҳи Рум, севвум подшоҳи Ҳабаш, чаҳорум ҳокими Миср, панҷум ҳокими Ямома, шашум ҳокими Булқо (номи мавзеест дар надики Шом). Баъзеи инҳо элчиёни он ҳазратро иззату икром карда, бо ҳадяҳо равона карданд ва баъзеи дигар таҳқир намуданд.

ФАТҲИ МАККА

Дар дарсҳои гузашта воқеаи сулҳи Ҳудайбияро хонда будем. Аз рӯи ҳамун аҳднома мусалмонон бо аҳли Макка даҳ сол ҷанг намекарданд. Лекин баъд аз ду сол, яъне дар соли ҳаштуми ҳиҷрат худи аҳли Макка аҳдномаи мазкурро шикастанд. Он ҳазрат ин маъниро ғанимат дониста, ҳамроҳи даҳ ҳазор кас ба сӯи Макка равон шуданд. Дар беруни Макка омада фаромаданд ва фармуданд, ки «Ҳар кас дар ҷодаи худ оташ гИронад». 
Аҳли Макка аз омадани мусалмонон ҳанӯз бехабар буданд. Имшаб дар беруни шаҳр ин қадар оташро дида, якбора тарсиданд. Абусуфён барои хабар гирифтан омада, мусалмон шуда рафт ва воқеъаро ба онҳо фаҳмонид. Онҳо ҳозирӣ дида натавонистанд, ҳар кас ба ҳар тараф гурехт. Он ҳазрат алассабоҳ бе ҷанг даромада, Маккаро гирифтанд. Аҳли Маккаро авф карданд. Онҳо ҳам гурӯҳ – гурӯҳ омада мусалмон мешуданд.

ҒАЗОИ ҲУНАЙН

Вақто ки хабари фатҳи Макка ба ҳар тараф расид, баъзе қабилаҳои араб, ки ҳанӯз мусалмон нашуда буданд, ба ғазаб омада, дар Ҳунайн ном мавзеъе ҷамъ шуданд, хаёл доштанд, ки ба лашкари ислом ҳуҷум биёранд. Он ҳазрати ин хабарро шунида, аз Макка бо дувоздаҳ ҳазор кас ба сари онҳо рафтанд. Дар мавзеи Ҳунайн ҷанги сахте карда, онҳоро шикаст доданд ва мамлакаташонро гирифтанд. Тамоми Ҷазиратул-ул-Араб мусалмонобод шуд ва ҳазрат ба Мадина омаданд.

ҒАЗОИ ТАБУК

Дар он вақтҳои вилояти Шом ба дасти императури Рум буд. Он ҳазрати шуниданд, ки дар вилояти Шом ба фармоиши императур хеле аскар ҷамъ шудааст, хаёли ба Мадина ҳуҷум кардан доранд. Дарҳол ба фикри лашкар ҷамъ кардан шуданд. Лекин бо лашкари императори Рум ҷанг кардан кори зӯр буд. Албатта, лашкари бисёр даркор мешуд. 
Барои хароҷоти лашкари бисёр пул ёфта намешуд. Дар болои ин қадар мушкилӣ ҳамин сол дар Мадина қимматӣ рӯй дода буд. Бинобар он ба миллат муроҷиат карда, муъованат талабиданд. Ҳар кас ба қадри тоқат чизе дод. Ба ин тариқа, асбоби лашкаркашӣ ҳозир шуд. Ҳазрат бо сӣ ҳазор одам баромада, ба Табук ном мавзеъе, ки дар миёни Шом ва Мадина мебошад, расиданд.

Аз душман асаре надиданд. Калонҳои лашкарро ҷамъ карда, машварат талабиданд. Абубакри Сиддиқ арз кард, ки «Агар шомиҳо хиёли ҷанг медоштанд, то алҳол нишонааш маълум мешуд». Ҳоло ки ҳеҷ асаре аз онҳо нест, дониста шуд, ки хиёли ҷанг надоштанд. Овозаи то ин ҷо омадани моён ҳам онҳоро метарсонад. Ба замми инҳо дар Шом вабо низ будааст. Аз ҳамин ҷо гашта равем ҳам, хуб мешавад». Ҳазрат ин машваратро муносиба дида, қабилаҳои дар атрофи Табук будагиро тобеъ ва боҷгузор карда, Мадина омаданд.

ҲАҶҶИ ВИДОЪ

Дар соли даҳуми ҳиҷрат он ҳазрат нияти ҳаҷ намуда, ин нияти худро ба тамоми мусалмонон эълон кунониданд ва бо чиҳил ҳазор кас ба Макка омаданд. Мусалмонони атроф ҳам гурӯҳ - гурӯҳ расида меомаданд, то ки адади мусалмонони омадагӣ ба сад ҳазор нафар расид. Он ҳазрати хутба хонда, дар қарибӣ аз дунё гузаштани худро ба мардум фаҳмониданд. Онҳоро насиҳат доданд, баъд аз он ба Мадина гашта омаданд. Ин ҳаҷ ҳаҷи охирини он ҳазрат аст. Бинобар он ӯро дар таърих ҳаҷи видоъ меноманд.

АЗ ДУНЁ ГУЗАШТАНИ ОН ҲАЗРАТ АЛАЙҲИССАЛОМ

Воқеан баъд аз се моҳ дар соли ёздаҳуми ҳиҷрат аз рабеъул аввал як рӯз пеш ҳазрат бемор шуданд. Асҳобро ҷамъ карда, ба ин тариқа насиҳат доданд, ки «Ман аз дунё меравам. «Қуръон»-ро дар миёни шумо мегузорам. Шумо доимо ба «Қуръон» амал кунед. Якдигарро дӯст доред. Ба ҳамдигар мадад расонед. Асло аз корҳои нек ҷудо нашавед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кушишу ғайрат намоед». Баъд аз ин бемории он ҳазрат сахттар шуд, то он ки дар дувоздаҳуми моҳи рабеъулаввали соли уздаҳуми ҳиҷрат дар синни 63 аз дунё гузаштанд.

ШАМОИЛИ ҲАЗРАТИ ПАЙҒАМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Беҳтарин махлуқот ва раҳмати оламиён ҳазрати Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар боби раҳму шавқат, караму саховат, ҳиммату тавозӯъ, авфу мадоро, ақлу дониш машҳури олам буданд. Беҳуда ба ғазаб намеомаданд. Ғайр аз корҳои динӣ дар дигар хусус ҳар кӯтоҳиро авф менамуданд. Аз доираи инсоф асло қадаме берун намегузоштанд. Ҳар касро аз рӯи дониш ва иқтидораш кор мефармуданд. Барои кори уммат ва адои вазифаи набувват то дами марг ором нагирифта кӯшиш карданд. Аз ҳеҷ кас чизе тамаъ надоштанд. Садақа намегирифтанд. Хулоса, тамоми доноёни олам, ҳатто уламои Фаранг ҳам ба доноӣ ва хушахлоқии он ҳазрат қоил ҳастанд. Ба занон ва хидматгорони худ доимо ба тавозӯъ ва кушодарӯӣ муомила мекарданд.

ЗАНОН ВА ФАРЗАНДОНИ ОН ҲАЗРАТ

Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ёздаҳ зан гирифтаанд. Аз инҳо ду нафарашон дар вақти зиндагии он ҳазрат аз дунё гузаштанд ва 9 нафарашон баъд аз вафоти он ҳазрат боқӣ монданд. Машҳуртарини занони ҳазрат : Ҳадиҷа, Оиша, Ҳафиса ва Маймуна буданд. Се писар ва чаҳор духтар доштанд. Писаронашон: Қосим, Абдуллоҳ ва Иброҳим. Духтаронашон: Фотима, Зайнаб, Руқия ва Уммилкулсум буданд. Лекин ғайр аз ҳазрати Фотима дигар ҳамаи инҳо дар вақти зиндагии ҳазрат вафот карда буданд.

ХУЛАФОИ РОШИДИН

ХИЛОФАТИ ҲАЗРАТИ АБУБАКР

То вақте ки он ҳазрати зинда буданд, ҳамаи мусалмонон тобеи фармони он ҷаноб буданд. Аммо баъд аз он ки аз дунё гузаштанд, албатта, мусалмононро сардоре даркор буд. Вақто ки ҳазрат аз дунё гузаштанд, асҳоб ба фикри сардор таъин кардан шуданд. Иҷтимоъ ва машварат карданд. Дар миёнашон андак ихтилоф баромад – наздик буд, ки кор ба низоъ анҷомад.

Ҳазрати Умар ғайрату чолокӣ карда, ҳазрати Абубакро ба сардории аҳли ислом номзад карда, аввал худашон ба он ҷаноб байъат намуданд. Инак, ба ҳамин тариқа, ҳазрати Абубакр халифа, яъне ҷонишини пайғамбар шуданд. Ба минбар баромада, дар миёни халоиқ нутқе карда, гуфтанд, ки «Эй мусалмонон! Бо вуҷуди он ки ман лоиқи халифагӣ набудам, дар миёни шумо мухолифат ва низоъ нашавад гуфта қабул кардам. 
Агар баъд аз ин аз рӯи гуфтаҳои Худо ва расул рафтор кунам, ба ман ёрӣ диҳед ва агар аз гуфтаҳои онҳо бароям, ба ман итоат накунед». Ҳамин ки хабари вафоти ҳазрат ба ҳар ҷониб рафт, бисёр аз қабилаҳои араб муртад шуданд, яъне аз дини ислом баргаштанд ва чанд кас ба дурӯғ даъвои пайғамбарӣ карданд. Аҳли Мадина аз шунидани ин воқеаҳо ғамгин ва ҳайрон монданд. Ҳазрати халифа дар сари ғайрат омада, аввалан бо муртадҳо ҷанг карда, онҳоро парешон карданд. Баъд аз он лашкар фиристода, пайғамбарони дурӯғиро барҳам заданд. 

ҶАМЪИ «ҚУРЪОН»

«Қуръон»- и Карим аз тарафи Аллоҳ ба ҳазрати Пайғамбар кам - кам нозил мешуд. Он ҳазрат дар вақти зиндагӣ оятҳои «Қуръон»-ро ҷамъ накунонида буданд. Баъзе асҳоб ҳамаи оятҳои нозил шудагиро аз ёд медонистанд, ки онҳоро ҳофизони «Қуръон» мегӯянд. Боқимондагон баъзе оятҳоро ёд карда ва баъзашро навишта нигоҳ медоштанд. 
Баъд аз халифа шудани ҳазрати Абубакр бисёре аз он ҳофизони «Қуръон» дар ҷанги муртадон шаҳид шуданд. Ҳазрати Абубакр диданд, ки агар ҳамин тариқ монанд, дар андак вақт ҳамаи ин ҳофизон аз дунё мегузаранд ва баъзе оятҳои қуръонӣ зоеъ мешавад. Бинобар он ҳамаи оятҳои нозил шудагиро ҷамъ карда як ҷо навиштанд.

ФУТУҲОТИ ИРОҚ ВА СУРИЯ

Дар боло хонда будем, ки он вақтҳо дар дунё ду давлат буданд бузург: яке Ирон, дигаре Рум. Вақто ки тамоми мардуми Ҷазират-ул-Араб мусалмон шуданд, акнун аҳли исломро лозим буд, ки ба ин ду мамлакати бузург рафта, мардуми он ҷоро ҳам мусалмон намоянд. Инак, Абубакри Сиддиқ баъд аз ин ба фикри ҳамин мақсад шуда, Холид ибни Валидро сардори ҳаждаҳ ҳазор одам карда ба ҷониби Ирон ва Убайда ибни Ҷарроҳро бо лашкари бисёр ба сарҳади мамлакати Рум фиристоданд.

Ҷаноби Холид бини Валид бо лашкари Ирон ҷангҳои сахт карда, Ироқи Араб ном вилояти васеъро гирифта, баъд аз он ба мадади Абуубайда ал Ҷарроҳ омаданд. Ин ду сардори бузург бо иттифоқи якдигар бо лашкари бегарони Рум чанд майдон ҷанг карданд ва ҳар дафъа зӯр баромада, хеле шаҳрҳои онҳоро гирифтанд. Дар ҳамин ҳангом ҳазрати Абубакр бемор шуданд. Ҳазрати Умарро ба ҷои худ халифа карда, аз дунё гузаштанд. Синни ҳазрати Абубакр шасту се сол ва муддати халифаташон ду солу се моҳу даҳ рӯз буд. 

ФАЗОИЛИ ҲАЗРАТИ АБУБАКР {разияллоҳу анҳу}

Ҳазрати Абубакр ёри аввал ва соҳибмаслиҳати Пайғамбар буданд. Ба ҳиҷрат низ ҳамроҳӣ карданд. Аввал касе, ки аз мардон мусалмон шуд, ҳамин ҷаноб буданд. Ҳам шуҷоат, ҳам тавозӯъ ва мадоро доштанд. Дар замони он ҳазрат барои қувват гирифтани дини ислом бисёр меҳнат кашиданд ва тамоми молашонро дар ҳамин роҳ сарф карданд.

ХАЛИФАГИИ ҲАЗРАТИ УМАР ВА ҶАНГҲОИ ИРОН

Дар соли сездаҳуми ҳиҷрат ҳазрати Умар ба маснади хилофат нишастанд. Мусалмонон ин ҷанобро Амиралмӯъминин лақаб ниҳоданд. Амиралмӯъминин аввалан аз рӯи васияти ҳазрати Абубакр лашкари бузург тартиб дода, ба сардории Саъд ибни Ваққос ба Ирон фиристоданд. Ин лашкар бо ирониён бисёр ҷангҳо карда, хеле шаҳрҳоро гирифтанд. 
Сахттар ва машҳуртарини ин ҷангҳо ҷанги Қодисия буд. Дар ин ҷанг лашкари ислом чиҳил ҳазор ва лашкари Ирон яксаду бист ҳазор кас буданд. Чаҳор рӯз ҷанг шуд. Панҷяки лашкари мусалмонон шаҳид шуданд. Оқибат, лашкари Иронро, ки Мадоин ном дошт, гирифтанд. Аз ин ҷангҳо бисёр мол ғанимат ба дасти мусалмонон уфтод.

ФАТҲИ ШОМ ВА ҚУДС

Дар вақте ки лашкари ислом ба Ирон ҷанг доштанд, ҳазрати Умар дар болои лашкаре, ки дар сарҳади мамлакати Рум ҳам ҷанг мекарданд, мадад фиристода, Абуубайда ибни ал Ҷарроҳро амири кули лашкар таъин карданд. Лашкари ислом Шом ва Ҳалабро аз дасти лашкари Рум гирифтанд ва як қисми онҳо рафта шаҳри Байтулмуқаддасро муҳосира, намуданд. Худи ҳазрати Умар низ дар болои ин муҳосира омада, Байтулмуқаддасро ба сулҳ гирифта, дар ҳаққи насрониёни ин шаҳр бисёр адолату мурувват намуданд. 

ФАТҲИ МИСР ВА ТАРОБЛИСИ ҒАРБ

Баъд аз он Амр бини ал-Ос ном сардорро бо чаҳор ҳазор кас ба Миср фиристоданд. Онҳо омада ҷанг карда, Мисрро гирифта, ба Искандария омаданд. Се моҳ муҳосира карда, Искандарияро ҳам гирифтанд. Баъд аз он ба Тароблиси Ғарб гузашта, ин мамлакатро гирифтанд.

ВАЗЪИ ТАЪРИХ

Дар замони ҳазрати Умар шавкати мусалмонон бузург ва мамлакати ислом хеле васеъ шуд. Аз маркази хилофат ба ҳар тараф хатҳо ва супоришнома мерафт. Ба ин хатҳо ва супоришномаҳо як таърихи муайян навиштан даркор мешуд. Бинобар он ҳазрати Умар аз барои мусалмон як таърихи муайян ва умумӣ таъин карданӣ шуда, бо асҳоб машварат намуданд. Аз рӯи машварати ҳазрати Алӣ соли ҳиҷрати Пайғамбарро, ки моҳи муҳаррам буд, сари таърих эътибор карданд. Ин воқеа дар соли ҳафтаҳуми ҳиҷрат воқеъ шуд.

ШАҲОДАТИ ҲАЗРАТИ УМАР

Ҳазрати Умар ғайрат карда, ба ривоҷи дини ислом ва шавкати мусалмонон мекӯшиданд. Лекин дар соли 23 ҳиҷрат баногоҳ як рӯз як ғуломи насронӣ он ҷанобро ба корд зада шаҳид кард. Сини мубораки Амиралмӯъминин 63 ва муддати халифагиашон даҳ солу шаш моҳ буд.

ФАЗОИЛИ ҲАЗРАТИ УМАР

Ҳазрати Умар бисёр қаноаткор, одил, низомпарвар ва боғайрат буданд. Ғайр аз адои вазифа ба ҳеҷ коре намепардохтанд. Бо вуҷуди он ки Ирон ва Рум аз ҳайбаташон меларзид, ҷомаи ямоқӣ мепӯшиданд. Дар мавриди сафари Байлутмуқаддас як уштурро бо ғуломашон ба навбат савор шуда рафтанд. Ҳатто вақте ки аз дарвозаи Байтулмуқаддас медаромаданд, аз рӯи навбат ғуломашонро савор карда, худашон дар ҷилави ӯ пиёда буданд.

ХАЛИФАГИИ ҲАЗРАТИ УСМОН

Ҳазрати Умар дар вақти бемории худ касеро халифа накарданд, балки аз калонони асҳоб шаш нафарро ҷамъ карда гуфтанд, ки «Шумоён аз миёни худатон кадоматонро, ки лоиқ бинед халифа кунед!». Ҳазрати Алӣ, Ҳазрати Усмон ва Абдурраҳмон ибни Авф аз ҷумлаи ҳамин шаш нафар буданд. Инҳо баъд аз дафни ҳазрати Умар дар як хона ҷамъ шуда, машварат карданд.

Ғайр аз Абдураҳмон ибни Авф дигар ҳамаи ишон толиби хилофат буданд. Ҳазрати Абдурраҳмон диданд, ки аҳвол дигаргун шудааст. Пештар ҳар кас аз халифа шудан метарсид, имрӯз ҳама толиб шудаанд. Бинобар он фикри дигаре карданд. Фардо, ки мардум ба масҷид ҷамъ омаданд, ҷаноби Абдураҳмон ба минбар баромада, аввалан ҳазрати Алиро ба назди худ оварда, ба овози баланд гуфтанд, ки «Ё Алӣ, ман туро ба халифагӣ меписандам, ба шарте он ки аз раҳе, ки ҳазрати Пайғамбар ва ду халифаи дигар рафтанд, қадаме берун намегузорӣ!». Ин шарт мушкил буд.

Ҳазрати Алӣ «Ман наметавонам» гуфта ҷавоб доданд. Ҷаноби Абдурраҳмон ин дафъа ҳазрати Усмонро оварда, ба ҳамин шарт халифагиро таклиф карданд. Ҳазрати Усмон қабул намуданд. Мардум ҳам байъат карданд.

ФУТУҲОТ

Дар замони ҳазрати Усмон низ лашкари ислом ба ҳар ҷониб музаффаррона пеш мерафтанд. Лашкаре, ки дар замини Ирон буданд, тамоми мамлакати Иронро гирифта, ба сарҳади Туркистон расиданд. Лашкаре, ки бо давлати Рум ҷанг доштанд, қитъаи Сурияро ба даст дароварданд. Дар ҷониби Офриқо ҳам мусалмонон ҳамин тариқа музаффару мансур мегаштанд. Дар замони ҳазрати Усмон мамлакати ислом бисёр васеъ шуд.


ҶАНГИ ДАРЁ

Аз замони ҳазрати Пайғамбар то вақти ҳазрати Усмон аҳли ислом ҳар ҷанге, ки карда бошанд, ҳамаро ба хушкӣ намуда, дар дарё ҷанг накарда буданд. Дар замони ин халифа лашкари ислом кемаҳои ҷангӣ дуруст карда омода, ҷазираҳои Радус ва Қибрисро гирифтанд. Импиротури Рум ин воқеаро шунида дар ғазаб шуд ва ҳама кемаҳои ҷангии худро тайёр карда, омада бо мусалмонон дар дарё ҷанги сахт кард. Мусалмонон зӯр баромада, импиратурро шикаст доданд. Аввалин ҷанге, ки аҳли ислом дар дарё карданд, ҳамин ҷанг буд.

ЗУҲУРИ ФИТНА ВА ШАҲОДАТИ ҲАЗРАТИ УСМОН

Баъд аз он ки ҳазрати Усмон ба маснади халифагӣ нишастанд, аксари волиҳои ҳазрати Абубакр ва Умар таъинкардагиро аз вилоятҳо бекор карда, ба ҷои онҳо хешони худро волӣ мекарданд ва ҳол он ки баъзеи ин хешони ҳазрати Усмон дар замони он ҳазрат гунаҳкор шуда буданд. Ба илова волиҳои тоза дар вилоятҳо зулм менамуданд. 
Бинобар он мусалмонон ин корҳои ҳазрати Усмонро бо ҳамун шарте, ки аввал карда буданд, мухолиф дониста фитна бароварданд. Мардуми Мисру Куфа ва Басра гурӯҳ – гурӯҳ ба Мадина омада, ҳазрати Усмонро дида гуфтанд, ки «Шумо ба шартатон вафо накардед. Акнун халифагиро тарк кунед. Мо ягон каси дигарро халифа менамоем». Ҳазрати Усмон қабул накарданд. Мардум ба хонааш ҳуҷум оварда, он ҷанобро шаҳид карданд. Инак, ҳамин фитна барои мусалмонон бисёр бад буд.

Сабабу решаи фитнаҳои дигар ҳамин аст. Баъд аз ин аҳли ислом ба фитнаҳои дохилӣ машғул шуда, аз ҷаҳонгирӣ бозмонданд. Агар ҳамин фитна сар намезад ва мусалмонон мисли аввал иттифоқ карда, ба нашри ислом мекӯшиданд, имрӯз тамоми олам мусалмонобод мешуд. Муддати халифагии ҳазрати Усмон даҳуним сол аст.

ҶАНГИ СИФФИН

Агарчи ҳазрати Алӣ дар ҷанги Ҷамал музаффар шуданд, лекин ҳанӯз кор дар пеш буд. Зеро Муъовия, ки волии Шом буд, Банӣ Умайяро ба даври худ ҷамъ карда буд. Инҳо ҳазрати Алиро кушандаи ҳазрати Усмон гуфта, хилофаташонро қабул намекарданд. Муъовия ҳам аҳолии Шомро дар ҳаяҷон оварда, оқибат худашро халифа эълон намуд. Ночор ҳазрати Алӣ ба болои ӯ лашкар кашиданд. Дар Сиффин ном мавзеъ ду лашкари ислом рӯ ба рӯй шуда, навад рӯз ҷанг карданд. Аз ду тараф хуни ҳаштод ҳазор мусалмон рехта шуд.

ТАЪИНИ ҲАКАМ

Ҳазрати Алӣ қариб зӯр баромада буданд, ки лашкари Муъовия ҳила карда, сулҳталаб шуданд. Ду лашкар даст аз ҷанг кашиданд. Аз барои ҳал кардани масъалаи хилофат аз ду тараф ҳакам, яъне ду оқсақол таъин карданӣ шуданд. Ҳазрати Алӣ Абумусо ал- Ашъариро, Муъовия Амр ибни Ал- Осро таъин карданд. Ин ду оқсақол як ҷо нишаста машварат намуданд. Амр ибни ал-Ос Абумусоро фиреб дода, баромада, дар миёни ду лашкар ҳазрати Алиро бекор ва Муъовияро халифа таъин кард. Тарафдорони ҳазрати Алӣ аз ин ҳодиса ғамгин шуданд ва ҳамроҳи он ҷаноб ба Куфа омаданд. 

ЗУҲУРИ ХОРИҶИЁН ВА ШАҲИД ШУДАНИ ҲАЗРАТИ АЛӢ

Баъзе аз тарафдорони ҳазрати Алӣ ба сабаби ин ки дар воқеъаи Сиффин фиреб хӯрданд, бисёр ғамгин шуда, ба худи ҳазрати Алӣ кина гирифтанд. Дар шаҳри Наҳравон ҷамъ шуда, бо худи ҳазрати Алӣ ҷанг карданӣ буданд. Амиралмӯъминин ин хабарро шунида, ба сари онҳо рафта, ҷанг карда шикаст доданд. 

Аз ин воқеъа онҳо дар ғазаб шуда, то рафтар ба ҳазрати Алӣ душмантар шуданд. Ҳамин ҷамъомад: хориҷӣ ва ё хавориҷ мегӯянд. То дар соли чиҳилуми ҳиҷрат Абдурраҳмон ибни Мулҷам ном яке аз онҳо дар масҷиди Куфа ҳазрати Алиро шаҳид кард. Мусалмонон ҳамин чаҳор хилофаро хулафои рошиддин мегӯянд.

ИМОМ ҲАСАН

Баъд аз шаҳодати ҳазрати Алӣ тарафдоронаш имом Ҳасанро халифа карданд. Лекин имом Ҳасан диданд, ки бо Муъовия баробарӣ карда наметавонад, аз баҳри халифагӣ гузашта, ӯро ба Муъовия тарк карданд.

***

Чунончи аз дарсҳои гузашта фаҳмидем, аз замони вафоти Пайғамбар то замони Муъовия халифагӣ ҳаққи махсуси ҳеҷ кас набуд. Мусалмонон ҳар касро, ки мехостанд, халифа мекарданд. Вақте ки баъд аз истеъфои имом Ҳасан Муъовия ба хилофагӣ муқарар шуд, халифагиро авлодӣ карда, писари худ Язидро валиаҳд намуд. Баъд аз он халифагӣ ба хонадони ин монд. Аз он ҷо ки аз қабилаи Банни Умая буданд, инҳро Умавия мегӯянд.

Аз ин ҷамоъа чаҳордаҳ кас ба навбат халифа шуданд. Мудатти халифагии онҳо наваду ҳафт сол ва пойтахташон шаҳри Шом аст. Машҳуртарини халифаҳои Умавия: Муъовия, Язид ва Валид ибни Абдулмалик ва охИрони онҳо Марвон ибни Муҳаммад мебошад. Акнун камтар аз аҳволи ҳаминҳо баён мекунем.

МУЪОВИЯ ИБНИ АБУСУФЁН

Муъовия муассиси давлати Умавия аст. Дар замони ҳазрати Умар ба вилояти Шом волӣ шуда буд. Баъд аз қатли ҳазрати Усмон ба ҳазрати Алӣ исён намуда, хуни ҳазрати Усмонро даъво кард ва ба ҷанги Сиффин сабаб шуд. Баъд аз шаҳид шудани ҳазрати Алӣ ва истеъфои имом Ҳасан тахти хилофатро соҳибӣ кард. Бисёр тавозӯъкор ва соҳибтадбир буд. 
Бузургони ҳар вилоятро ба зури пул тарафдори худ мекард. Дар замонаш лашкари ислом баъзе шаҳрҳоро гирифтанд. Ҳатто шаҳри Истонбулро ҳам муҳосира карданд, лекин гирифта натавонистанд. Аввал касе, ки дар вилоятҳои ислом қозӣ ва муфтӣ фиристод, роҳҳоро дуруст сохт ва почта таъсис кард, ҳамин зот буд. Дар зиндагии худ писарашро валиаҳд карда, дар соли шастуми ҳиҷрат вафот намуд. 

ЯЗИД ВА ҲОДИСАИ КАРБАЛО

Язид ибни Муъовия ба ҷои падараш нишаст. Аз ин кор аҳли Макка ва Куфа дар ғазаб шуданд. Аҳли Куфа ба имом Ҳусейн хат навиштанд, ки «Мо аз Язид безорем, биёед шуморо халифа мекунем». Имом Ҳусейн ба суханони онҳо фирефта шуда, бо аҳли байт ва мутааллиқони худ, ки ҳафтоду ду нафар буданд, аз Мака ба сӯи Куфа равон шуданд. Язид ин воқеъаро шунида, лашкар фиристод. Лашкари Язид дар Карбало ном мавзеъе ба ҳазрати Ҳусейн рӯ ба рӯ омада, он ҷанобро бо тобеъонаш куштанд ва дили мусалмононро аз ин ҷинояти бераҳмонаи худ пурхун намуданд.

Аз он ҳодиса ба ҷуз имом Зайнулъобиддин ибни имом Ҳусейн, ки кӯдаки хурдсол буд, каси дигаре халос наёфт. Ин хабарро шунида, аҳли Макка ба ғазаб омаданд ва Абдуллоҳ ибни Зубайро халифа карданд. Аҳли Мадина ҳам ба ӯ тобеъ шуданд. Язид бар сари онҳо ҳам лашкар фиристод. Лашкараш аввалан Мадинаро ба чанг гирифта, баъд аз он омада, Маккаро муҳосира карданд. Дар ҳамин ҳангом хабари мурдани Язид шунида гашта рафтанд. 

ВАЛИД ИБНИ АБДУЛМАЛИК

Валид баъд аз мурдани падараш дар соли ҳаштоду шашум ба тахти хилофат нишаст. Дар замони ин халифа бисёр мамлакатҳо ба дасти мусалмонон даромад. Муҳаммад ибни Қосим ном сардораш баъзе шаҳрҳои Ҳиндустонро гирифт. Қутайба ибни Муслим ном як сардори дигараш Туркистон ва Кошғарро забт намуд. 

ФАТҲИ АНДАЛУС

Андалус дар канори ғарби ҷанубии Урупо мебошад. Дар харита нигоҳ кунед, мебинед, ки мамлакати бисёр васеъ аст. Дар замони мо Испаниё ва Пуртагиз ном ду давлат дар он ҷо ҳукумронӣ доранд. Мамлакати Андалус аз тарафи шимол ҳамсояи Фаронса ва аз тарафи ҷанубӣ ҳамсояи мамлакати Форс аст. Дар миёни Форс ва Андалус буғозе ҳаст, ки ӯро Буғози Сабта мегӯянд. Инак, ҳамин мамлакат ҳам дар айёми хилофати Валид ибни Абдулмалик ба дасти мусалмонон гузашт, ба ин тариқа, ки мамлакати Миср то Фое ҳама дар дасти аҳли ислом буд.

Волии инҳо, ки Мӯсо ибни Насир ном дошт, ба Валид мактуб навишт, ки агар халифа рухсат диҳад, ман мамлакати Андалусро фатҳ мекунам. Валид рухсат дод. Мӯсо ибни Насир Тариқ ибни Заёд ном ғуломи худро ҳамроҳи андак лашкар фиристод, ки аз аҳволи Андалус хабар биёрад. Тариқ бо ҳамон лашкари кам аз Буғози Сабта гузашта, ба хоки Андалус даромад ва дар зери кӯҳе, ки ба қарибии Буғоз буд, истод.

Аввалан кемаҳоро оташ дода, сӯхта ба ҳамроҳони худ гуфт, ки «Акнун моро роҳи баргаштан намонд. Ғайрат кунед, пеш меравем ва ин мамлакати ободро мегирем». Баъд аз он аз зери кӯҳ равона шуда, бо ҳукуматдорони Андалус ҷанг кардан, шаҳри онҳоро гирифт. Ҳамон кӯҳро то имрӯз Ҷабал-ут-Тариқ ва Буғози Сабтаро ҳам Буғози Ҷабал-ут-Тариқ мегӯянд. Мӯсо ибни Насир ин хабарро шунида, худаш ба лашкари худ ба Андалус омад. Ҳар ду сардор яке шуда, бо мардуми Андалус ҷангҳо карда, он мамлакатро гирифтанд. 

МАРВОН ИБНИ МУҲАММАД ВА ЗАВОЛИ ДАВЛАТИ УМАВИЯ

Баъд аз мурдани Валид ибни Абдулмалик дигар касоне, ки халифа шуданд, аксарашон золим, хунрез ва фосиқ буданд ва дар ҳаққи мусалмононе, ки араб набуданд, бисёр зулму ҷабр мекарданд. Зотан мусалмонон дар воқеаи Карбало боз аз инҳо безор буданд, нафрат менамуданд, лекин он вақтҳо давлати Умавия зӯр буд, мардум метарсиданд, нафрати худро изҳор карда наметавонистанд. То дар соли яксаду бисту ҳафтуми ҳиҷрат Марвон ибни Муҳаммад, ки охирин подшоҳони Умавия аст, ба тахти хилофат нишаст. Ин мард бисёр ғайрат ва дониш дошт. Чӣ фойда, ки бинои давлати Умавия аз шуми зулми фисқи ҳукуматдорони аввал пӯсида буд, нигоҳ доштанаш мумкин намешуд.

Мардум аз ҳар тараф исён карда Марвонро саргардон менамуданд, то замоне ки Абумуслими Хуросонӣ зоҳир шуд. Абумуслим яке аз миллатпарварони Ирон буд. Барои ин ки миллати худро аз зулми халифаҳои Умавия халос кунад, ба даври худ одам ҷамъ карда, бо тарафдорони давлати Умавия ҷангҳои сахт намуд. Абумуслим мегуфт, ки «Банни Умая халифагиро ғасб карданд, аз онҳо халифагиро гирифта, ба соҳибони аслиаш медиҳем». 
«Ин сухани Абумуслим ба мардум қабул мешуд, ба давраш ҷамъ меомаданд, рӯз ба рӯз қувват гирифта, то дар соли яксаду сиюдуюми ҳиҷрат лашкари Марвонро тамоман шикаст дод, Марвон гурехта рафт. Абумуслим Абулаббос ном шахсеро, ки аз авлоди ҳазрати Аббос буд, халифа кард. Инак ба ҳамин тариқа, халифагӣ аз хонадони Банни Умая ба хонадони Банни Аббос гузашт. 

ХИЛОФАТИ АББОСИЯ

Ҳазрати Аббос амаки ҳазрати Пайғамбар буданд. Аббосия аз авлоди ҳазрати Аббос ҳастанд. Баъд аз он ба саъй ва ғайрати Абумуслими Хуросонӣ хилофат аз Умая ба инҳо гузашт, як ду халифаи аввалашон «Аз Умая интиқом мегирем» гуфта бисёр хунрезӣ ва беинсофӣ карданд.

Баъд аз он ду се халифаи дигарашон ба илму санъати мусалмонон ва бо ободии мамлакати ислом бисёр кӯшишу хидмат карданд. Бақияашон ба завқу сафоҳат машғул гардиданд. Дар замонашон олами ислом порча порча шуд, дар ҳар тараф подшоҳону амИрон пайдо гаштанд.

Аз ҷамоъаи Аббосия сию ҳафт нафар халифагӣ карданд, муддати хилофаташон панҷсаду бисту чаҳор сол ва пойтахташон Бағдод аст. Машҳуртарини инҳо Ҳорунаррашиду Маъмун ва охиринашон Мустаъсими Биллоҳ мебошад, ки камтар аз аҳволи онҳо дар поён мехонед. 

ҲОРУНАРРАШИД

Ҳорунаррашид дар соли яксаду ҳафтоду се ба тахт нишаст. Халифаи панҷуми Аббосия аст. Ҳорунаррашид яке аз подшоҳони бузурги ислом аст. Дар замонаш хеле мадрасаҳо, китобхонаҳо ва шифохонаҳо сохта шуд. 

Ин халифа одил, ҳақиқатдӯст, маорифпарвар, соҳибазамат ва дорои шавкат буд. Бисёре аз китобҳои илмӣ ва фанниро аз Ирону Руму Ҳиндустон оварда ба забони арабӣ тарҷума кунонид. Санъатро ҳам ривоҷ дод. Дар замони ӯ мусалмонон соати зангнокро ихтироъ карданд. Ҳорун яке аз он соатҳоро ба яке аз подшоҳони Фарангистон фиристод.

Мардуми он ҷо ҳанӯз соати зангнокро надида буданд. Бинобар он соати мазкурро асари сеҳру ҷоду гуфта тарсиданд. Ҳорунаррашид бо импиротури Рум ҷангҳо карда, ӯро хироҷгузори худ гардонид. Вазираш Яҳё ибни Холиди Бармакӣ буд. Баъд аз Яҳё писаронаш Фазл ибни Яҳё ва Ҷаъфар ибни Яҳё низ ба Ҳорун вазирӣ карданд. Ин се вазир ҳам ба адлу инсоф ва ба хайру эҳсон машҳури ҷаҳонанд. Дар таърих онҳоро Оли Бармак мегӯянд.

МАЪМУН АЛ-МУСТАЪСИМИ БИЛЛОҲ ВА ЗАВОЛИ ДАВЛАТИ АББОСИЯ

Баъд аз Маъмун аз ҷамоъаи Аббосия бист нафари дигар халифагӣ карданд. Лекин аксари онҳо ӯҳданобарову сусттабъ ва баъзеи онон сафеҳу бадақлоқ буданд. Бинобар он давлати Аббосия рӯз ба рӯз танозул кард. Рафта – рафта ба ҳар тарафи мамлакатҳои исломӣ як подшоҳи дигар пайдо гардид. Халифаҳои Аббосӣ дар Бағдод нишаста, тобеи фармони яке аз ин подшоҳ мешуданд. То ки дар санаи 645 ал – Мустаъсими Биллоҳ халифа шуд.

Ал Мустаъсим халифаи охирин Аббосия аст, марде сусттабъ буд. Понздаҳ сол халифагӣ кард. Дар санаи 656 Ҳалокухон омада Бағдодро гирифт, халифаро ҳамроҳи писаронаш кушт, ҷамъи мадраса ва китобхонаҳоро сӯхт. Бағдоди биҳиштободро дар миёни хуну оташ гузошт. Давлати Аббосияро низ барҳам зад. Амаки ал-Мустаъсим аз дасти Ҳалок гурехта, ба Миср рафт, ба амири онҷо худро шиносонид. Амири Миср ӯро халифа карда, дар назди худ нигоҳ дошт. Баъд аз он дар Миср ҳам чаҳордаҳ нафар аз Аббосия халифагӣ карданд. Лекин халифагии онҳо подшоҳӣ набуд, балки шайхӣ буд. Давлати Усмония халифагиро аз ҳаминҳо гирифтааст.

ДАВЛАТИ УМАВИЯИ АНДАЛУС

Дар дарсҳои боло гузашта буд, ки дар санаи 132 ба саъю кӯшиши Абумуслими Хуросонӣ хилофат аз хонадони Умавия ба хонадони Аббосия гузашт ва як ду халифаи Аббосӣ ба нияти интиқом гирифтан бисёре аз Умавиёнро куштанд. Дар ҳамон вақтҳо Абдураҳмон ибни Муъовия бини Ҳишом ном яке аз онҳо гурехта ба Андалус рафт. Мусалмонони Андалус ӯро дар миёни худ подшоҳ карданд.

Абдураҳмон дар санаи 135 ба тахти салтанати Андалус нишаста, ба ободоии он мамлакат бисёр хидмат кард. Масҷидҳо ва мадрасаҳо бино кард, ҷӯйҳо ва роҳҳо дуруст намуда, зироат ва тиҷорати он мамлакатро тараққӣ дод. Инак ба ҳамин тариқа, дар мамлакати Андалус низ як салтанати исломӣ таъсис ёфт.

Бузургтарин подшоҳони Андалус Малик Абдураҳмони Солис аст, ки дар сана 291 подшоҳ шуда, қитъаи Андалусро аз роҳи илму маданият беҳтарин мамлакатҳои олам сохт. Дар харита нигоҳ кунед, мебинед ки Андалус, яъне Испания ҳамсояи Фаронса аст. Дар он вақтҳо мардуми Фарангистон ба Андалус омада, дар мадрасаҳои мусалмонӣ илму фан хонда мерафатанд. Аз он ҷост, ки таърихдонони олам мусалмонони Андалусро устоди Фарангистон мегӯянд.

Давлати Андалус то ба санаи 422 ба ҳамин шавкату бузургӣ пойдор буд. Баъд аз он ба шуми нифоқи мардум ва беандешагии подшоҳон мамлакат порча – порча шуд ва ҳар порча ба дасти як амире уфтод. Ин амИрон бо вучуди мусалмон будан бо ҳамдигар доимо ҷанг доштанд ва насрониён аз худкушии онҳо баҳра бурда, баъзе вилоятҳояшонро мегирифтанд. То кор ба ҷое мерасид, ки дар замони Абуабдуллоҳи ас – Сағир, ки охирин подшоҳони Андалус аст, аз шаш тақсими Андалус як тақсимаш ба дасти ӯ монд ва дигараш ба дасти насрониён гузашта буд.

Подшоҳи насрониёни Андалус, ки номаш Фердинонд буд, шаҳрҳои Абуабуллоҳи ас-Сағирро ҳам кам кам гирифта омада, шаҳри Ғарнотаро, ки пайтахти ӯ буд, муҳосира кард. Абуабдуллоҳ чорае наёфта шаҳрро маъа тоҷу тахташ ба Фардинонд супурда, чизҳои худро бардошта, ҳамроҳи аҳлу аёлаш кӯчида рафт. Ба ҳамин тариқа, ҳукумати Андалус тамоман ба дасти насрониёни он ҷо уфтод. (870)

ОҚИБАТИ ҲОЛИ МУСАЛМОНОНИ АНДАЛУС

Дар замоне ки мусалмонон дар Андалус ҳукмрон буданд, насрониёни он ҷоро бисёр осудаву роҳат медоштанд, ба онҳо аз ҳеҷ ваҷҳ зулму таадӣ намекарданд. Лекин баъд аз он ки ҳукумати исломияи он ҷо ҳам барҳам хурд ва мамлакат ба дасти Фардинонд уфтод, дарвозаи зулму бемуруватиро ба рӯи аҳли ислом кушод.

Онҳоро ба зӯр ва ҷабр насронӣ кард, додашонро напурсид, масҷиду мадрасаҳояшонро вайрон сохт, баъзеашонро кушт, баъзеашонро ба оташ сӯхт, боқимондагонро бо як пираҳане, ки доштанд, аз мамлакат берун кард. Алҳосил зулме, км мусалмонони он ҷо диданд, ҳеҷ мағлубе аз ҳеҷ ғолибе надидааст. Ба ҳамин сабаб мусалмонӣ аз Андалус зуд барҳам хӯрд. Имрӯз дар тамоми Андалус (яъне Испания ва Пуртуқол) як мусалмон ҳам намондааст.

Манбаъ: Сомонаи РӮЗГОР

Таҳия ва тасҳеҳи Сомонаи ФИРДАВСӢ

Изҳори назар


Рамзи ҳимоят
Таҷдид

Арабӣ

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз375
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4508
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6096
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67855

Дар сомона: 3 меҳмон, 1 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.105
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval