Навиштаҳои тозатарин
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Рамазон дар ақсои олам
- Нақли аъзо аз манзури фиқҳи исломӣ
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
- Сангҳои қимати Бадахшон, дар интизори муштариён
- Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо
- Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо
- Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ: Моҳро дидед, рӯза бигиред!
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон IV (дарси 1, 2, 3) Рӯза
- Рамазон ва пойтахти фарҳанги исломӣ
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон
- Сомонаи «ШИФО» ва «Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон»
- Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост
- Рамазони соли 2010 фаро расид!
Маводи таҷдидшуда
- Рамазон дар ақсои олам
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон I (дарси 1)
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон (муқаддима)
- Имом Бухорӣ дар хотироти таърих
- Иқбол даргузашт, форсӣ ҳам мурд
- Роғун иззати миллист, онро доғдор накунед!
- "Патент"-и 1000-рублӣ барои муҳоҷирон
- Дар ниёиши Худованд
- Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин {алайҳи-с-салоту ва-с-салом}
- Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад...
- Хушунат дар хонаводаҳои аврупоӣ
- Роҳбари бузургтарин муассисаи аҳли Суннат
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
Маводи мардумписанд
- Қироати дилнишини Сураи Муъминун
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт!
- Намози бомдод - садди роҳи пайдоиши бемории саратон
- Дуои пардохтани вом (қарз)
- Ақидаҳои ахлоқии Имоми Аъзам
- Даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа - мавсими тоату ибодат
- Имомхатибони тоҷик дар масҷидҳои Русия
- Шарҳи як ҳадис дар мавзӯъи зан
- Тарҳи густариш ва бозсозии Масҷиди Набавӣ
- Ислом, демократия ва интихобот
- Шарҳи форсӣ-тоҷикии «Фиқҳи акбар»-и Имом Абуҳанифа
- Ҳизби Таҳрир
- «Мухтасари таърихи Ислом»
- Рӯзи Oшуроро чӣ гуна бигузаронем?
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
|
12 Октябри 2009
Намозу рӯза доштан ва соири ибодатҳои исломӣ судҳои фаровони дунявӣ ва ухравӣ доранд, хоссатан, агар адои онҳо дар фазои рӯҳонӣ, бо ихлос ва ҳузури қалбу сафои зеҳнӣ ва риояти комили аҳкоми шаръӣ қарин бошад.
Бар асоси пажӯҳишҳое, ки аз тарафи маркази пажӯҳишҳои миллии Қоҳира анҷом ёфтаанд, хондани намози бомдод дар вақти муқарарашудаи он, кори ҳуҷайраҳои баданро фаъол месозад ва онҳоро аз тақсимоти номарғуб нигаҳ медорад ва аз ибтило шудан ба варамҳои саратонӣ, бемориҳои қалбӣ, монанди ҳамлаҳои қалбӣ (инфаркти миокард) ҷилавгирӣ менамояд ва кори ҳормонҳои бадан ва гардиши хунро ба танзим медарорад.
Доктор Муҳаммад Ал-Хашшоб (محمد الخشاب) устоди шуъбаи дастгоҳи гувориш ва ҷигари донишкадаи тибби донишгоҳи Зақозиқ (Миср) ба ин мавзӯъ ишора мекунад, ки бедор шудан барои намози бомдод, кори соати биологии баданро беҳ месозад ва дастгоҳҳои гуногуни ҷисмро водор месозад, ки ба беҳтарин ваҷҳ вазифаҳои худро анҷом диҳанд.
Аммо доктор Самир Ал-Мулло (سميرالملا) устоди шуъбаи кордпизишкии мағз ва аъсоби донишкадаи тиббии донишгоҳи Айну Шамс (Миср) тавзеҳ медиҳад, ки дар вақти намози бомдод, таровидани тамоми ҳормонҳои ҷисм афзоиш меёбад, ба вижа таровиши ҳормони кортизон (cortisone), ки ба сабаби аҳаммияти бузургаш дар бадан, онро «ҳормони ҳаёт» низ меноманд.
Кортизон, ё кортизол (cortisol) моддаест, ки боиси афзоиши фаъолиятҳои бадан шуда нисбати қанди таркиби хунро боло мебарад, то қувваи лозимро барои бадан фароҳам оварад. Аз назари илмӣ исбот шуда аст, ки субҳгоҳон, миқдори кортизони хун ба болотарин меъёр, ба 7-22 микрограмм дар ҳар 100 милилитри мукаъаб мерасад.
Ин ҳормонҳо барои адои амали ҳаррӯзаи шахс, дорои аҳаммияти вижа ҳастанд, зеро андомҳои ҷисмро аз бемориҳои мухталиф ҳимоят мекунанд. Бомдодон аз хоб бедор шудан ва аз ҳавои тозаи субҳгоҳӣ нафас кашидан, кори ин ҳормонҳоро сахт тақвият ва нишот мебахшад.
Доктор Саъид Шалабӣ (سعيد شلبي) устоди тибби бадили маркази пажӯҳишҳои миллии Қоҳира гуфт: «Ҳавои тозаи субҳгоҳӣ дорои миқдори зиёди оксиген аст, ки тапиши дилро фаъол мекунад, инқибозоти рагҳои хунгардро, ки сабаби баланд шудани фишори хун мегарданд, коҳиш медиҳад. Аз мудовамати ҳамешагии намози бомдод дар вақти муайяншуда, кори ҳормонҳо ба танзим медарояд, ки дар натиҷа, миқдори зарурии қанд барои мағзи сар ва ҳуҷайраҳои аъсоб фароҳам меояд ва саранҷом, фаъолияти хотира беҳбуд мепазирад...»
Ҳамчунин, доктор Шалабӣ афзуд: «... Бар асоси ин пажӯҳиш, ҳангоми адои намози бомдод, тамоми андомҳо дар авҷи фаъолияташон қарор доранд, ба гунае ки таровиши ҳормонҳо афзоиш меёбад, ба вижа, таровиши адреналин аз ғадудҳои рӯи гурда (adrenal gland), ки ба фаъол шудани ҳама андомҳо ва ҷилавгирӣ аз варамҳои саратонӣ кумак мекунад. Аз ҳама шигифтангез ин аст, ки оғози таровиши адреналин ба вақти намози бомдод, яъне ба соати 5-и субҳ баробар меояд!!!»
Фирдавсии Нуралиён
- Умар ибни Хаттоб поягузори адолати додгоҳии исломӣ
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 3. Усмон ибни Аффон
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 2. Умар ибни Хаттоб
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
- Даҳ ёри биҳиштӣ (муқаддима)
- Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 101 қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 11. Ҳамза ибни Абдулмутталиб
- 6. Саъд ибни Абуваққос
- 3. Абузарри Ғифорӣ















Дидгоҳҳо
Албатта намоз саломати, покизаги, имондори, такводори ва бисёр хислатхои хуби инсонист.
Шайтон, ки ронда шуд, чуз як хато накард,
Худро барои сачдаи одам ризо накард.
Шайтон хазор мартаба бехтар зи бенамоз,
К-у сачда бахри одаму, ин бар Худо накард.
Ташаккури зиёд барои ин суханони некатон!
Умедвори ҳамкории шумо ҳастем.
Хабархои наву тозаро дар сайтатон чой медодед Иншоаллох хуб мешуд
Ташаккур бародари азиз!
Мо низ аз Худои таоло умеди инро дорем, ки ҳама мусулмонони яктопарастро аз раҳматаш навмед насозаду аз гуноҳҳояшон даргузарад ва дохили биҳишташон гардонад!
Пешниҳоди шумо ҳатман, ба мадди назар гирифта мешавад.
Комраво бошед!
Xydo shymoro dar panoh va hifzash nigoh dorad. Maqolai xelo jolib. Agar imkon boshad, saitatro dar Google reklama namoed (roigon hast reklama namydan dar on) to ki mardymi beshtar bo i sait oshno shavand.
Ташаккури зиёд, бародари азиз ва фозилам Муҳаммадрӯзӣ барои таваҷҷуҳат ба сайти нотамоми мо.
Агар унвони рекламаи ройгони google-ро мефиристодӣ, миннате бузург бар гардани мо мениҳодӣ.
Ва ҷазокаллоҳу хайран!
Навори RSS-и дидгоҳҳои ин навишта.