Навиштаҳои тозатарин
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Рамазон дар ақсои олам
- Нақли аъзо аз манзури фиқҳи исломӣ
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
- Сангҳои қимати Бадахшон, дар интизори муштариён
- Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо
- Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо
- Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ: Моҳро дидед, рӯза бигиред!
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон IV (дарси 1, 2, 3) Рӯза
- Рамазон ва пойтахти фарҳанги исломӣ
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон
- Сомонаи «ШИФО» ва «Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон»
- Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост
- Рамазони соли 2010 фаро расид!
Маводи таҷдидшуда
- Рамазон дар ақсои олам
- Одоб ва аҳкоми иди Фитр
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон I (дарси 1)
- Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон (муқаддима)
- Имом Бухорӣ дар хотироти таърих
- Иқбол даргузашт, форсӣ ҳам мурд
- Роғун иззати миллист, онро доғдор накунед!
- "Патент"-и 1000-рублӣ барои муҳоҷирон
- Дар ниёиши Худованд
- Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин {алайҳи-с-салоту ва-с-салом}
- Бисёр солҳо ба сари хоки мо равад...
- Хушунат дар хонаводаҳои аврупоӣ
- Роҳбари бузургтарин муассисаи аҳли Суннат
- Ислом - заминаи густариши илм
- Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
Маводи мардумписанд
- Қироати дилнишини Сураи Муъминун
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт!
- Намози бомдод - садди роҳи пайдоиши бемории саратон
- Дуои пардохтани вом (қарз)
- Ақидаҳои ахлоқии Имоми Аъзам
- Даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа - мавсими тоату ибодат
- Имомхатибони тоҷик дар масҷидҳои Русия
- Шарҳи як ҳадис дар мавзӯъи зан
- Тарҳи густариш ва бозсозии Масҷиди Набавӣ
- Ислом, демократия ва интихобот
- Шарҳи форсӣ-тоҷикии «Фиқҳи акбар»-и Имом Абуҳанифа
- Ҳизби Таҳрир
- «Мухтасари таърихи Ислом»
- Рӯзи Oшуроро чӣ гуна бигузаронем?
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
|
06 Октябри 2009
Муҳаммад Сайид Тантовӣ, шайхи акбари Донишгоҳи Ал-Азҳар мегӯяд, донишҷӯдухтарон набояд дар дохили синфхонаҳо ниқоб пӯшанд.
Донишманди маъруфи ислом Муҳаммад Cайид Тантовӣ, имоми акбари Масҷиди Ал-Азҳар ва шайхи Донишгоҳи Ал-Азҳар, ки дар Симпозиюми байнулмилалии Имоми Аъзам дар Душанбе ширкат дорад, дар сӯҳбате бо хабарнигорони радиои Озодӣ дар мавриди тасмими манъи пӯшидани ҳиҷоб ё ниқоб дар донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ибрози назар кард.
Вай гуфт, «мо фатво содир накардаем, ки зани мисрӣ дар кӯчаву хиёбон ниқоб напӯшад. Ин амри мо марбут ба он аст, ки набояд донишҷӯдухтар дар дохили синфхонаҳои донишгоҳ, ки дар он ҷо танҳо духтарон ҳузур доранд ва танҳо занҳо таълим мегиранд, ниқоб пӯшад. Зеро дар он синфхонаҳо бо шумули устозаҳо танҳо занҳо ҳузур доранд ва ҳоҷат ба ниқоб пӯшидан нест».
Муҳаммад Cайид Тантовӣ ҳамчун донишманди маъруф дар ҷаҳони ислом шинохта шудааст ва фатвои ӯ дар мавриди ниқоб ё ҳиҷоб барои донишҷӯдухтарон вокуниш дар байни уламои исломро ба бор овардааст. Чунончи, имрӯз чанд вакили исломгарои порлумони Миср истеъфои Муҳаммад Сайид Тантовиро аз маснади имом-акбари Масҷиди Ал-Азҳар ва шайхи Донишгоҳи Ал-Азҳарро талаб кардаанд.
Масъалаи ҳиҷоб ахиран дар Тоҷикистон низ мавриди баҳсу баррасиҳо қарор дорад. Қаблан Вазорати маорифи Тоҷикистон бо таҳия ва қабули дастурамали нав пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳои кишварро манъ кард.
Оқои Тантовӣ зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар иртибот ба баҳси ҳиҷобпӯшӣ дар донишгоҳу макотиби Тоҷикистон гуфт, ин масъала марбут ба мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон аст ва посухи ин суолро бояд аз онҳо пурсид.
Дар масъалаи марбут донистани терроризм ба ислом профессор Муҳаммад Тантовӣ гуфт, ин назари хирадмандона ва оқилона нест. Вай афзуд, «мардуми бофарҳанг ва оқил ҳеҷ гоҳ намегӯянд, ки ислом бо терроризм ва харобкорӣ иртиботе дорад. Терроризм маънии хароб кардан ва зиндагии мардуми осоиштаро нооором ва зери хатар гузоштан аст ва ҳама динҳои осмонӣ бо шумули дини ислом ва ҳамчунон аҳли башарият онро маҳкум мекунад».
Мавзуи дигаре, ки дар сӯҳбат бо шайх Тантовӣ матраҳ шуд, масъалаи зуҳури ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон буд. Оқои Тантовӣ дар мавриди ин ҷараён гуфт, «модоме, ки Салафия аз шариати ислом пазироӣ мекунад, мо ба он муқовимат нишон намедиҳем ва онро хайрамақдам мегӯем. Ба шарте, ки мувофиқи таълимоти шариати ислом бошад ва аз он берун наравад».
- Умар ибни Хаттоб поягузори адолати додгоҳии исломӣ
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 3. Усмон ибни Аффон
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 2. Умар ибни Хаттоб
- Даҳ ёри биҳиштӣ: 1. Абубакри Сиддиқ
- Даҳ ёри биҳиштӣ (муқаддима)
- Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 101 қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}
- 11. Ҳамза ибни Абдулмутталиб
- 6. Саъд ибни Абуваққос
- 3. Абузарри Ғифорӣ















Дидгоҳҳо
Нависандаи ин мақола қасдан, ё аз рӯи ғафлат ба истилоҳҳои шаръӣ байни ниқоб ва ҳиҷоб фарқеро қоил нест. Фатвои Шайх Муҳаммад Саййид Тантовӣ дар хусуси пӯшидани ниқоб дар ҳузури устозаҳост, на дар ҳузури устодон.
Навори RSS-и дидгоҳҳои ин навишта.