۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Attention! Javascript must be enabled to read our newsticker.
Сафҳаи асосии сомонаи «Фирдавсӣ»
Сангҳои қимати Бадахшон, дар интизори муштариён
Posted in
Қазоёи муосир -
Ҳиҷоб
Баррасиҳои заминшиносӣ собит карда, ки дар атрофи кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон беш аз 80 навъи сангҳои гаронбаҳо вуҷуд дорад.
Мушкилоти молии баҳрабардорӣ аз ин сангҳо ва таваҷҷӯҳи нокофии сармоядорони дохилӣ ва хориҷӣ ба ин арса боъис шуда, то сангҳои гаронбаҳои Бадахшон то ҳол дар қалби кӯҳҳои ин мантақа нуҳуфта бимонанд.
Дар солҳои ахир бахши хусусӣ дар Бадахшон ва баъзе созмонҳои байналмилалӣ барои роҳандозии корхонаҳои тавлиди ҷавоҳирот ва фурӯши онҳо талош мекунанд.
Муҷассамаи Носири Хисрав, шоъир ва файласуфи порсизабонро, ки дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони Бадахшон се сол пеш гузоштанд, аз санги мармари бадахшонӣ сохта шудаааст.
Ин муҷассама ба хотири бузургдошти шахсияти Носири Хисрав, ки солҳои поёнии умрашро дар дараи Юмгони Бадахшон гузаронда,
Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо
Posted in
Ахбор -
Ахбор
Мазорҳо ва мақбараҳои афроди мазҳабӣ ва маъруфи таърихӣ дар Тоҷикистон ба монанди ҳар кишваре дигар дар миёни мардум аз шӯҳрати зиёде бархурдоранд.
Ҳарчанд ин мавзеъҳо назди рӯҳониён бештар барои зиёрат ва ибрози эҳтиром ба шахсиятҳои мазҳабии гузашта аҳаммият доранд, аммо мардуми авом ва алоқамандони хурофот ба зиёрати ин мавзеъҳо бештар ба дунболи хостаҳои дигаре меоянд.
Ба бовари Санавбари Хайрулло , як сокини ноҳияи Шаҳритус и вилояти Хатлон , танҳо пас зиёрати мазорҳо ва шаҳидҳо "бахт ба рӯйи ӯ хандида" ва ӯ шавҳар ёфтааст.
Аксари солмандон ва духтарони маҳаллӣ дар ноҳияи Шаҳритус ба "бахткушо" будани мазорҳои бузургони дин ва ҷойи шуҳадои ноҳияи худ бовар доранд.
Аз назари духтарони ҷавон "бахт" бештар ба маънии "издивоҷ" ё зиндагии хонаводагӣ аст.
Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ: Моҳро дидед, рӯза бигиред!
Posted in
Қазоёи муосир -
Қазоёи муосир
Домулло Муҳаммадӣ ибни Саид Аҳмади Эшонҷон ё худ Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ аз зумраи он нухбагони олами ислом дар Тоҷикистон аст, ки таълими ибтидоии диниро дар назди қиблагоҳи худ Домулло Саид Аҳмад гирифта, баъдан барои такмили донишу малака дар назди донишмандони маъруфи динии Тоҷикистон Домулло Саидҷалол, Домулло Назрӣ ва Домулло Абдурашид «Мухтасар», «Шарҳ-ул-виқоя», «Ҳидоя», «Наҳв»-у «Усули маонӣ», «Ақида», «Аҳодису тафсир» -ро аз бар намудааст.
Имрӯз даҳҳо нафар аз уламо ва пешвоёни маҳаллии динии кишвар, имом хатибону дигар толибони илми Қуръон шогирдони Домулло Муҳаммадӣ мебошанд. Дар доираҳои динии кишвар Домулло Муҳаммади ро аз донишмандони саршиноси дин дар ҷануби Тоҷикистон ном мебаранд. «Миллат» дар остонаи моҳи шарифи Рамазон сӯҳбати ихтисосиро бо Домулло Муҳаммадӣ анҷом додааст, ки пешкаши хонандаи рӯзадор мегардад.
ШӮРАВИИ БЕДИН ВА ТОҶИКОН
Рамазон ва пойтахти фарҳанги исломӣ
Posted in
Қазоёи муосир -
Қазоёи муосир
Ё то кай аз Қуръон мегурезем?
РАМАЗОН
Рамазон моҳи нуҳум дар солшумории ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Рамазон дар миёни моҳҳои дигар бо он фарқ мекунад, ки мусулмонон дар рӯзҳои он рӯза мегиранд. Аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб наменӯшанд, намехӯранд, бо ҳамсарони хеш наздикии ҷинсӣ намекунанд ва дар умум аз чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунанд, худдорӣ менамоянд.
МОҲИ РӮЗАДОРӢ ВА БОТАҚВО ШУДАН
Дар моҳи рамазон рӯза гирифтан барои мусулмонон фарзи айн аст. Яъне мусулмон дар моҳ, ки 30 рӯз дорад, бояд рӯза бигирад. Ҳукми он дар Қуръони карим, дар оёти 182 то 187-и сураи "Бақара" омадааст:
"Ай касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо воҷиб шуда, ҳамонтавр, ки бар ақвоми қабл аз шумо воҷиб шуда буд, шояд ботақво шавед".
Сомонаи «ШИФО» ва «Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон»
Posted in
Эълонҳо -
Эълонҳо
Наъра зад WEB , ки сайти дигаре пайдо шуд,
Ҷиншикан, ҷинфикане, сеҳрдаре пайдо шуд.
Ва ин сайти ҷиншикан, ҷинфикан, сеҳрдар, ки пардаи сиёҳи рӯи соҳирону даҷҷолонро меафганад ва чеҳраи ҳақиқии ононро ошкор месозад, сомонаи навест, бо номи Сомонаи «ШИФО» ки ба наздикӣ, чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушуда.
Бояд гуфт, ки ҷаҳони ҷинну шаётин ҷаҳонест, аз чашми башар ниҳон ва роҳе барои донистани ин ҷаҳон вуҷуд надорад, магар аз тариқи ду ваҳй – Қуръони Карим ва Суннати Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам }, ки ҷаҳони аз чашм ниҳонро барои ҷаҳони башар рӯшании комил бахшида, ҳама ҷиҳатҳои норӯшани онро муфассалан партав афканда ва машокили бархӯрди ин ду ҷаҳонро васфи комил намуда, роҳи ҳалли ин машокилро баён намуда аст. Ҷодугарӣ, фолбинӣ, ғайбгӯӣ низ дар бештари ҳолот аз ҳамин бархӯрд маншаъ мегирад, ки дар назари бештари мардум ноогоҳ умурест, мубҳам ва хориқулъодда, то ҳадде ки бархе аз ҷоҳилон ин падидаҳоро ҳамчун каромати илоҳӣ
Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо
Posted in
Қазоёи муосир -
Қазоёи муосир
Муҳоҷирати корӣ, ки шеваи зиндагӣ дар хонаводаҳои тоҷикро дар тӯли як даҳсолаи гузашта, тағйир додааст, ба мафҳуми вафодорӣ ва ё хиёнат беасар намондааст. Таҳқиқоти мухталиф нишон додааст, ки бисёре аз ҳамсарони муҳоҷирони корӣ, ба иртиботҳои ғайришаръии шавҳарони муҳоҷири худ, аз пушти панҷа менигаранд.
Санавбари 28-сола ва сокини Душанбе, ки як фарзанд дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гоҳ чунин рафтори шавҳарашро таҳаммул нахоҳад кард: «Мисол дар он ҷо хонавода ташкил карда бошад, зиндагӣ ташкил карда бошад ва агар дар чашми ман хок мепошад, ман намебахшам. Ман мегӯям, ки ҷудо мешавам, ман таҳсилдидаам ва як фарзанд дорам, ман худам ӯро ба воя мерасонам, мехононам, шумо ба ман даркор нестед, ҷавоби маро диҳед, шумо он тараф ва ман тарафи дигар». Аммо агар шавҳараш иртибот бо хонаводаро нигаҳ дорад ва дар ҳаққи ӯ ғамхорӣ кунад, бо вуҷуди он сахтгирӣ, Санавбар аз гуноҳи шавҳараш мегузарад ва бевафоии муваққатии ӯро нодида
Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон IV (дарси 1, 2, 3) Рӯза
Posted in
Фиқҳ -
Рӯза
БАХШИ ЧОРУМ
КИТОБИ РӮЗА
ДАРСИ АВВАЛ
Рӯза
Яке дигар аз фароиз ва барномаҳои солонаи Ислом барои худсозии инсонҳо «рӯза» аст. Ва рӯза он аст, ки ҳар мусалмони болиғ ва оқил аз «дамидани субҳи дуюм» то «ғуруби хуршед» бо нияти итоати фармони Худованд аз бархе корҳо, ки шарҳашон хоҳад омад, бипарҳезад. Барои ошнои бо аҳкоми рӯза аввалан бояд қисмҳои онро бишиносем.
АҚСОМИ РӮЗА :
1. Фарз.
2. Ҳаром.
Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон
Posted in
Фиқҳ -
Рӯза
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Пешгуфтор
Ба номи онки дил кошонаи ӯ ст ,
Нафас гарди матоъи хонаи ӯ ст .
Салом ба Рамазон - моҳи зиёфати Илоҳӣ. Салом ба рӯзадорони ин моҳ, ки хобашон ибодату нафасҳояшон тасбеҳ аст ва салом ба шаби Қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст.
Моҳи Рамазон шуд маю майхона вар - уфтод ,
Ишқу тарабу бода ба вақти саҳар уфтод .
Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост. Ҳар кас худро барои ин меҳмонӣ беҳтар омода карда бошад, аз хони густӯрдаи лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Ҳар кас дар ин меҳмонӣ муаддабтару оростатар бошад соҳибхона ба ӯ лутфу навозиши бештар хоҳад дод.
Дар ривоят омадааст, ки «Дарҳои осмон дар шаби аввали моҳи
Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост
Posted in
Фиқҳ -
Рӯза
Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон
Рамазон рамзи муноҷоти шаб аст,
Зикри Қуръон дар вуҷудаш бар лаб аст.
Рамазон моҳест, ки бо вуҷуд ва ҳузуру фарорасии он бандаи мӯъмину мусалмон оромиши хотиру болидагии рӯҳ ва тазкияи нафсро дармеёбад. Дигар он ки ин моҳ моҳи мизбонии Қуръони карим аст. Мо дар ин моҳ бо ифтихор Қуръонро ба меҳмонии худ мепазирем ва бояд, ки аломатҳо ва нишонаҳои ин меҳмонӣ дар пайкари ҷомеъаи мо ошкоро дида шавад.Шарти мизбонӣ ва меҳмондорӣ ин меҳмоннавозӣ аст, ки дар фарҳанги ғанӣ ва кӯҳани мардуми мо тоҷикон маъруфу машҳур буда ва меҳмонро атои Худо мегӯянд.Чи чиз болотар ва беҳтару арзишмандтар аз номи дилнишин ва волои Қуръон аст, ки забон аз гуфтану номбурдани он лаззатеро ҳис мекунад ва гӯшҳову чашмҳо аз шунидану дидани оятҳои рӯҳбахш ва ҳуруфу нақшҳои рамзнокаш фикрҳои олиеро дармеёбад ва бо фарогирии ҳамаи инҳо дилу хотир оромиш пайдо менамояд. Ин моҳ моҳи маҳфилороии Қуръони карим аст, ки бо барподории намози таровеҳу намози шаб ва хатми Қуръони карим
Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ
ВАҚТ
1. БОМДОД
4:31
тулуъи хуршед
6:00
2. ПЕШИН
12:23
3. АСР
4:53
4. ШОМ
6:44
5. ХУФТАН
8:09
Корбарон : 166
Мавод : 511
Пайвандҳои Web : 54