۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Сафҳаи асосии сомонаи «Фирдавсӣ»

Рақобат бар сари манобеъи энержии Осиёи Миёна

Чоп

Осиёи Миёна нақши хатире дар таъмини амнияти энержии ҷаҳон бозӣ мекунад. Ин минтақа дорои манобеъи азими нефту гоз аст ва маъодини нефтӣ ва гозии худро дар ихтиёри ширкатҳои байналмилалӣ қарор додааст.

Ин минтақа шомили “Қошоғон”, бузургтарин майдони нефтии дарёӣ дар Қазокистон ва низ “Юлтун”, яке аз се майдони гозии бузурги дунё дар Туркманистон аст.

Хутути лулаҳо ин манобеъро ба манотиқи мухталиф мунтақил мекунанд. Ба рағми талоши ҳамаҷонибаи Чин барои тавсеъаи хутути лулаи нефту гоз ба шарқ ҳанӯз умдаи манобеъи ин минтақа ба самти ғарб ҷараён дорад.

Агарчи Чин фурсати ҷадиде баро кишварҳои маҳсур дар хушкии Осиёи Миёна аст, бо ин ҳол ин кишварҳо тайи даҳаҳои оянда ба ифои нақши умдаи худ дар умури энержии минтақаи Урупо идома хоҳанд дод.

БОЗОРҲОИ ДУР АЗ ДАСТРАС

Бузургтарин мушкиле, ки тавлидкунандагони Осиёи Миёна бо он мувоҷеҳанд, пайдо кардани роҳе барои таҳвили он ба муштариён аст. Ин нукта дар мавриди Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам, ки дар ҷавори баҳри Хазар қарор дорад, содиқ аст.

Духтарони оқшуда: иштибоҳи фарзанд ва ё иштибоҳи волидон

Чоп

Модар ин суханонро бо қотеъияти олуда ба хашм ба забон овард, аз обрӯрезӣ ва таънаи атрофиён ёдовар шуд ва такрор ба такрор гуфт, ки аз дидори ин гуна фарзанд безор аст, аз баҳраш гузаштаасту ӯро дубора ба хона роҳ намедиҳад. Ваҷоҳати модар тавре буд, ки ба назар мерасид, ҳеҷ вақт, ҳеҷ касе ва ҳеҷ чизе наметавонад ӯро, ки мегӯяд духтарашро оқ кардааст, аз райъаш баргардонад. Модар мегӯяд, ки духтараш барои ӯ мурдааст, духтар мегӯяд, иштибоҳ кард, ва мехохад ба хона баргардад:
"Ман пушаймон шудагиям, то кая ман дар кӯчаҳо хоб меравам. Рӯзе мешавад, ки дар зери таҳхонаву даруни подъездҳо шабро рӯз мекунем."
Баъди сӯҳбат бо модару духтар маро пурсише гирифтор кард, ки оё сарнавишти ин духтари ноболиғ, ки бо ҳадафи фирор аз мушкилоти камбизоатӣ, хушии рӯзгорро дар танфурӯшӣ ҷуста ва билохира ба сиёҳтарин сарнавишт рӯ ба рӯ шудааст, чӣ хоҳад шуд. Ва оё ин ҳалқаи сарбаста роҳи берун рафтан дорад ё не. Оё "оқ" чӣ маънӣ дорад, ин чӣ таҷрибаест, ки баргашт надорад?
Тибқи қавонини Тоҷикистон давлат ва падару модар дар якҷоягӣ масъули сарнавишти ноболиғони мушкилтарбияро дар дӯш доранд ва масҷиду сарвари маҳаллаҳо дар ин ҷода ба онҳо кӯмак мекунанд. Бори сарнавишти ноболиғони мушкилтарбия, ки маъмулан волидайн дар нахустин марҳилаи душворӣ аз онҳо шона холӣ мекунанд, комилан ба дӯши давлат меафтад. Аммо давлат тарбияи онҳоро танҳо то хатми мактаби махсус бар дӯш мегирад ва баъди хатми мактаб, яьне дар сини 17 солагӣ, онҳо дубора дар чорроҳаи зиндагӣ танҳо ва бе мутако, бе ҷойи кор, бе таълиму тадрис ва бе сарпаноҳ мемонанд.

Оғози ҷанги обӣ

Чоп

Ё хунбаҳои узбаку қирғиз ба гардани кист?

ЧАРО НИЗОЪИ ҚАВМӢ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН ПЕШ ОМАД?

Ҷараёни ҳодисаҳои Қирғизистон нишон медиҳад, ки ду кишвар Узбакистон ва Русия бештар аз ҳар кишвари дигаре манфиатдори низоъ дар Қирғизистон мебошанд. Кӯтоҳи қисса, Тоҷикистон шарики стратегии Қирғизистон аст ва хоҳиш, тавон ва имкони мудохила ба корҳои Қирғизистонро надорад. Кишваре, ки бештар аз ҳама аз ин низоъ ранҷ хоҳад бурд, Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро дар муҳимтарин масъала барои Тоҷикистон, ҳалли мушкили об, Қирғизистон шарики Тоҷикистон аст ва агар даргири мушкили дохилии худ шавад, Тоҷикистон дар ин роҳ танҳо хоҳад монд.

Ба ин далел ин комилан истисност, ки Тоҷикистон дар ин ҳаводис даст дошта бошад. Ҳамсояи дигари Қирғизистон Чини бузург аст. Ин кишвар ба суръат нуфузи худро дар минтақаи мо ва аз ҷумла Қирғизистон густариш медиҳад ва бояд гуфт, ба далели имконоти молие, ки Чин дорад, вазъи аз ҳама беҳтареро дар минтақа соҳиб шудааст ва ҳар гуна низоъ дар ин қаламрав ба манфиати миллии Чин созгор нест. Чин барномаҳои иқтисодӣ ва тарҳҳои худро дар минтақа пиёда мекунад ва иттифоқан муваффақтар аз ҳар кишвари дигаре. Ду ҳамсояи дигари Қирғизистон, яке Қазоқистон ва дигаре Узбакистон аст. Ҳаводиси Қирғизистон аз чанд дидгоҳ ба манофеъи Қазоқистон низ ҳамхонӣ надорад. Аммо агар қарор бошад, аробакашро шарики дузд ҳисоб кунем, пас Қазоқистон низ дар ин ҳаводис саҳим аст.

Рейд дар казиноҳо ва тарабхонаҳои Душанбе

Чоп

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат бар пояи анҷом додани рейди муштарак дар тарабхонаву дикскоклубҳои пойтахт тасмим гирифтааст, ки барномаҳои фароғатии ин мавзеъҳоро дар чаҳорчӯби фарҳанги миллӣ роҳандозӣ кунанд.

Маърифат Шокирова, корманди масъули Кумитаи мазкур, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз роҳандозии рейди мазкур ба танзим даровардани мавзеъҳои фароғатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ будааст:
«Мо ният дорем, ки тамоми диску клубҳо ва тарабхонаҳоро аз назар гузаронем. Бубинем, ки талабот ба онҳо чи гуна аст, кадом табақа бештар ба инҷо таваҷҷӯҳ доранд. Чи гуна барномаҳои фароғатӣ доранд.»
Даврони казино ва дискоклубҳо
Дискоклубҳо, казино ва тарабхонаҳо бо барномаҳои тефреҳӣ дар Тоҷикистон баъди пошхӯрии Шӯравӣ пайдо шуданд. Ҷомеаи кишвар ба ин падида назари манфӣ дорад ва онро хилофи суннатҳои як кишвари мусалмоннишин унвон мекунад. Насли калонсоли Тоҷикистон бо ишора ба муҳофизакории сохтори шӯравӣ мегӯяд, ки дар шӯравӣ фаъолияти чунин мавзеъҳои фароғати мамнӯъ буд ва мардум низ ба масоили ахлоқ бархӯрди ҷиддитар доштанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо тарабхонаву дискоклубҳо ва казиноҳо фаъолият доранд, ки маъмулан дар баробари пахши таронаву мусиқии зинда, ҳамчунин рақсҳои арабиро пешниҳод мекунанд, ки умдатан бо шиками урён анҷом мешаванд.

Дастхатҳое ки дар олами Ислом беназиранд

Чоп

БОЗЁФТИ НОДИР АЗ САНҶАРШОҲИ ПАНҶАКЕНТ

Нимаи аввали солҳои сиюми асри гузашта, вақте дар қалъаи Муғи ноҳияи Айнӣ нахустин маротиба дар Осиёи Миёна аз ҷониби шарқшиноси маъруф, устоди Донишгоҳи Санкт –Петербург А. Фрейман дар байни ҳуҷҷатҳои бойгонии суғдии Деваштич дастхати арабии асрҳои VIII-IX дарёфт шуд, онро чун бозёфти хеле нодир ва арзишманд арзёбӣ намуда буданд. То кунун он ягона дастхат ба забони арабӣ дар аввали футӯҳоти ислом маҳсуб меёфт.
Инак, соли гузашта дар шаҳраки қадимаи Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакент бостоншиносон боз якчанд порчаи дастхати арабии он асрҳоро пайдо намуданд.
Ин бозёфти нодирро сарвари ҳафриёт, олими бостоншинос, корманди Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Шарофиддин Қурбонов чунин шарҳ дод:
-Шаҳраки (теппаи) Санҷаршоҳ дар дувоздаҳкилометрии қисмати шарқии шаҳри Панҷакент, дар   самти ҷанубии деҳаи Сӯҷина, дар соҳили рости  Моғиёндарё  ҷойгир буда, бори нахуст соли 1947 аз ҷониби шарқшиноси номии шӯравӣ О. Смирнова таҳқиқ шудааст. То кунун дар шаҳрак ҷустуҷӯҳои доимии бостоншиносӣ сурат нагирифта буд. Таҳқиқи ёдгорӣ соли 2008 бо дастгирии ҷамъияти Швейтсария оид ба таҳқиқи Аврупою Осиё ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оғоз ёфта буд.
Сокинони маҳаллӣ ин шаҳракро Санҷаршоҳ ном мебаранд. Вале он ба Султон Санҷар –Муизиддин Абӯҳорис Аҳмад ибни Маликшоҳи Салчуқӣ, ки солҳои 1118-1157 ҳукмронӣ кардааст, робитае надорад.

Ибни Лодан хӯсаи сохтаи Амрикост

Чоп

Ду тан аз кормандони Хадамоти истихборотии Амрико (ХИА) иқрор шудаанд, ки дар омода кардани навори видеоии Усома ибни Лодан шахсан худашон ниқоб пӯшида, онро гӯё аз Ховари Миёна омода кардаанд. Дар ин бора рӯзноманигори "Вашингтон Пост" (Washington Post) дар як таҳқиқоти худ бо собиқ корманди ХИА Ҷеф Стейф маълум кардааст. Сарчашмаҳо аз ХИА ҳамчунин ба Стейф гуфтаанд, ки ҳамчунин бояд дар соли 2003 пеш аз ҳукми Саддом Ҳусейн як видеои худсохт омода мешуд, аммо чун созиш байни гурӯҳи корбари ИМА дар Ироқ ва шӯъбаи техникии ХИА ҳосил нашуд, ин видео рӯйи навори телевизионҳои ҷаҳон наомад.

"Дар ин видео алоқаи маҳрамонаи Саддом бо як навраси ироқӣ бояд омода мешуд" ва пас аз ин он ба тамоми телевизионҳои Ироқ ва минтақа равона шудаву рӯи навор медид. Ҳамчунин таҳқиқгарон дар ин таҳқиқоти худ маълум сохтанд, ки ХИА боз чандин видеои худсохтро дар бораи Усома ва ёронаш омода кардаанд. Аз ҳама "видеои аҷоиб"-ро дар бораи Усома он мешуморанд, вақте ки ӯ ва пайравонаш дар кадом қисмате аз Осиё гирди оташ нишаста, нӯшокиҳои спиртӣ ва нашъа мекашанду ғалабаи худро бар чизе таҷлил мекунанд. Бештари "ҳунармандон" дар омода кардани ин видео аз ҳисоби кормандони нисбатан сиёҳпӯсти хадамот нақш бозиданд, - мегӯяд сарчашма ба Washington Post.

Сарчашмаҳо аз ХИА дар сӯҳбат ба Стейф гуфтанд, ки баъдан ҳарбиёни ИМА ин лоиҳаро бар дӯши худ гирифтанд ва дигар ба ХИА имкони омода кардани видеои худсохт иҷозат набуд, чун хадамот маблағи муайяне барои кор аз болои чунин лоиҳа надошт.

Имлои тоҷикӣ ислоҳ мешавад

Чоп

Додихудои Саймиддин - раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки пешнависи имлои нави забони тоҷикӣ таҳия шуда ва дар моҳи оянда ба баррасии умум пешинҳод хоҳад шуд.

Ҳамчунин раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки ислоҳот ба алифбои тоҷикӣ марбут намешавад.

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳангоми баррасии пешнависи имлои нави забони тоҷикӣ мубоҳисоти аслӣ дар атрофи ҷойгоҳи ҳарфи "ӯ" дар забони тоҷикӣ сурат гирифтааст. Ба эътиқоди ҷаноби Саймуддин дар забони тоҷикии форсӣ ҳеч вожае бо ҳарфи "ӯ" оғоз нашуда ва 28 калимае, ки бо чунин шакл дар имлои кириллиу тоҷикӣ мавҷуданд, ба забони узбакӣ мутааллиқ ҳастанд. Ҳамчунин, тибқи имлои нав пеш аз ҳарфҳои "ъ" ё аломати сакта ва "ҳ" ба ҳарфи "ӯ" зарурате нест - ба мисли "мӯътақид", "тӯҳфа" ё "мӯҳтарам". Додихудои Саймуддин изҳор кард: "Бидуни шак, аз ин ҳарф дар вожаҳое, ба мисли "рӯз" ё "зӯр", ки бар асоси сарфу наҳви забони форсӣ "вови маҷҳул" доранд, кор гирифта мешавад". Бино ба иттилои корманти кумитаи забон ва истилоҳот дар пешнависи имлои ҷадиди забони тоҷикӣ ҷойгоҳи ҳарфҳоии арабӣ, ба мисли "айн" ё аломати сакта низ мушаххас шудааст.

Ҳамчунин дар ин нишасти хабарӣ раиси кумита зикр кард, ки феълан дар забони тоҷикӣ хараҷу мараҷ ва сардаргумӣ ҳукумфармо мебошад. Истифода аз вожаҳои марбут ба лаҳҷаҳои маҳаллӣ дар расмӣ ва матбуот аз нигарониҳои дигари масъулони кумитаи забон ва истилоҳот буд.

Сатҳи забондонӣ бояд боло равад

Чоп

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли ҷорӣ ба давраи оғози фаъолияти вакилони  навинтихоби Маҷлиси намояндагон ва аъзои  нави Маҷлиси миллӣ ва инчунин 15 - солагии таъсиси Маҷлиси Олӣ - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилону намояндагони Маҷлиси Олиро ба ин муносибат табрику шодбош гуфта, боз як бори дигар масъулияти онҳоро дар бобати  таҳия, такмил ва қабули  қонунҳо таъкид намуд. Дар Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари  самтҳои  муҳими рушди иқтисодии кишвар ва таъмини истиқлолияти  кишвар дар пояи се ҳадафи стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ,  аз бунбасти  нақлиётиву коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва  ҳифзи амнияти  озуқаворӣ, масъалаҳои маорифу илму фарҳанг, тандурустӣ ва дигар масъалаҳои марбути ҳаёти иҷтимоии кишвар мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор гирифтааст. Бахши иҷтимоии рушди кишвар ҳамчун самт ва ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шудааст. Тавре ки дар Паём омадааст: «Мақсади асосии мо дар ин самт аз он иборат аст, ки ҳифзи иҷтимоии мардум ҳарчи беҳтар таъмин гардад, соҳаҳои маорифу тандурустӣ рушди бештар пайдо намоянд, шабакаи технологияҳои иттилоотӣ тавсеа ёбад, барои тарбияи кӯдакону наврасони солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ шароити мусоид муҳайё карда шавад».

Забони миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ

Чоп

Гуногунии забониву фарҳангӣ ва сиёсати забонии давлатҳои  мухталифи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ё ҷаҳонигароӣ ба ду масъалаи муҳим – масъалаи якзабонӣ ва таъмини шароити мусоиди меъёриву ҳуқуқӣ барои забонҳои  миллӣ ва масъалаи нигоҳдорӣ ва  ҳимояи забонҳои  маҳаллӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ин масъала дорои ҷанбаҳои милливу динӣ ҳам мебошад. Махсусан гуногунзабонӣ ва дар назар гирифтани масъалаҳои  он дар шароити якзабонии миллӣ, ки имрӯз аксарияти кишварҳои демократӣ дар меъёрҳои сиёсати забони худ аз он пайгирӣ менамоянд, муҳим ба назар мерасад. Зеро бо қабули қонунҳои  гуногун, ки асосан забонҳои миллии давлатҳоро  забони давлатӣ эълон карда, барои  забони миллӣ шароити бартари истифода дар сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ медиҳад, масъалаи муносибати  забони давлатӣ бо забонҳои дигари дар як марзи  сиёсӣ вуҷуддошта, на танҳо хусусияти забонӣ, балки сиёсиву давлатӣ гирифта, ҳатто дар бархе ҳолатҳо ба таркишҳои иҷтимоӣ ва муноқишаҳои миллӣ оварда мерасонад. Бинобар ин таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба забонҳои давлативу расмӣ ва муносибати онҳо ба забонҳои  дигар аз  масъалаҳои муҳими сиёсати забонии давлатҳо мебошад.
Аксарияти кишварҳои ҷаҳон масъалаҳои  сиёсати забони худро ба воситаи меъёрҳои  қонунгузорӣ ҳал мекунанд. Аз 141 кишваре, ки ҳуқуқшиносон масъалаҳои забониро дар ин кишварҳо таҳқиқ кардаанд, дар 110 кишвар қонунҳои  мушаххас дар бораи истифодаи  забонҳо қабул шудаанд.

Арабӣ

ТАҚВИМИ ҲИҶРӢ


ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз379
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4512
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6100
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67859

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.106
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

ОМОРИ СОМОНА

Корбарон : 166
Мавод : 511
Пайвандҳои Web : 54

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval