۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Инчунин дар ради ин нуктагирӣ ривоят шудааст, ки Абуҳанифа (раҳматуллоҳи алайҳ) аз як оят ё ҳадис чандин масъаларо истинбот менамуд, ки ин пеш аз ҳама аз иттилооти пурраи ӯ аз қонуну қоида ва мафҳуму вожаҳои арабӣ дарак медиҳад.
Ин минтақа шомили “Қошоғон”, бузургтарин майдони нефтии дарёӣ дар Қазокистон ва низ “Юлтун”, яке аз се майдони гозии бузурги дунё дар Туркманистон аст.
Ду тан аз кормандони Хадамоти истихборотии Амрико (ХИА) иқрор шудаанд, ки дар омода кардани навори видеоии Усома ибни Лодан шахсан худашон ниқоб пӯшида, онро гӯё аз Ховари Миёна омода кардаанд. Дар ин бора рӯзноманигори "Вашингтон Пост" (Washington Post) дар як таҳқиқоти худ бо собиқ корманди ХИА Ҷеф Стейф маълум кардааст. Сарчашмаҳо аз ХИА ҳамчунин ба Стейф гуфтаанд, ки ҳамчунин бояд дар соли 2003 пеш аз ҳукми Саддом Ҳусейн як видеои худсохт омода мешуд, аммо чун созиш байни гурӯҳи корбари ИМА дар Ироқ ва шӯъбаи техникии ХИА ҳосил нашуд, ин видео рӯйи навори телевизионҳои ҷаҳон наомад.
"Дар ин видео алоқаи маҳрамонаи Саддом бо як навраси ироқӣ бояд омода мешуд" ва пас аз ин он ба тамоми телевизионҳои Ироқ ва минтақа равона шудаву рӯи навор медид. Ҳамчунин таҳқиқгарон дар ин таҳқиқоти худ маълум сохтанд, ки ХИА боз чандин видеои худсохтро дар бораи Усома ва ёронаш омода кардаанд. Аз ҳама "видеои аҷоиб"-ро дар бораи Усома он мешуморанд, вақте ки ӯ ва пайравонаш дар кадом қисмате аз Осиё гирди оташ нишаста, нӯшокиҳои спиртӣ ва нашъа мекашанду ғалабаи худро бар чизе таҷлил мекунанд. Бештари "ҳунармандон" дар омода кардани ин видео аз ҳисоби кормандони нисбатан сиёҳпӯсти хадамот нақш бозиданд, - мегӯяд сарчашма ба Washington Post.
Сарчашмаҳо аз ХИА дар сӯҳбат ба Стейф гуфтанд, ки баъдан ҳарбиёни ИМА ин лоиҳаро бар дӯши худ гирифтанд ва дигар ба ХИА имкони омода кардани видеои худсохт иҷозат набуд, чун хадамот маблағи муайяне барои кор аз болои чунин лоиҳа надошт.
Ҳамду сипос Худовандро, ки Парвардигори оламиён аст ва дуруду таҳият бар фиристодаи амини ӯ Муҳаммади Мустафо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} то рӯзи қиёмат.
Аммо баъд, ба дурустӣ, ки Ислом занро гиромӣ дошта ва инсофро дар ҳаққи ӯ риоят намуда ва истеҳкому бақои ҷомеаро вобаста ба вуҷуди ӯ намуда ва сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ дар ҷомеаро вобаста ба ӯ кардааст.
Паёмбари бузургвори мо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} низ мардро ба эҳтирому икроми зан суфориш намуда ва ба фарзандон тавсия кардаанд, ки нисбат ба модарони хеш эҳтиром намоянд. Ҳамон гуна ки занро ба риояти ҳуқуқи шавҳар ва фарзандонаш тавсия намудаанд; ба иборати дигар зан бояд нисбат ба адои ҳуқуқи шавҳар ва фарзандон кӯтоҳӣ накунад ва онҳо низ бояд риояти ҳоли зан ва модарро бинамоянд.
Ибни Асокир аз Амири мӯъминонАлӣ {разияллоҳу анҳу} нақл мекунад, ки он ҳазрат аз Расули Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ҳадисе нақл карда, ки фармуданд: