۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Сафҳаи асосии сомонаи «Фирдавсӣ»

Шӯрои исломӣ дастбӯсиро ноҷоиз шумурд

Чоп

Раҳбари шӯрои уламои Маркази исломӣ дар охирин мавъизаи худ бӯсидани дасти пешвоёни мазҳабӣ аз сӯи бархе аз намозгузоронро нодуруст шуморидааст.

Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламо, ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ин иқдом дар пайи ҷилавгирӣ аз издиҳоми бештари намозгузорон баъд аз хатми намози ҷумъа ва талоши онҳо барои гирд кардани як пешвои мазҳабӣ гирифта шудааст.
Вай афзуд, «мо дастбӯсиро манъ кардем. Сабабаш ҳам издиҳому талош кардани намозгузорон аст. Чанд рӯз пештар меҳмонҳои зиёде ба кишвари мо омада буданд. Мардуми мо, ки ба меҳмонон муҳаббат доранд, аз онҳо хостем, ки роҳро банд накунанд ва бо даст салом кунанд кофист. Шарт нест, ки дастро бӯса кунанд».

Оқои Боев ҳамчунин гуфт, аммо шариати ислом расман бӯсидани дасти як пешвои мазҳабиро манъ накардааст. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе низ дар ин бора назарҳои мухталиф доранд. Баъзе аз сокинон, ки зоҳиран шахси мазҳабиянд, бӯсидани дасти пешвоёни динӣ ва ё ба гуфтаи худи онҳо олимони исломро як амри дуруст мешуморанд. Ба назари онҳо, бӯсидани дасти муллоҳо як роҳи баёни муҳаббат ва эҳтироми шахс ба дини ислом ва пешвоёни он будааст:

«Петух запевал», Саддом Ҳусейн имом шуд ё Симпозиуми байналмилалӣ ва тарҷумонҳои сатҳи маҳаллӣ

Чоп

СИМПОЗИУМИ БЕСОБИҚА ВА ШИНОХТИ ВОҚЕИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Дар рӯзҳои баргузории Симпозиуми байналмилалии "Мероси Имоми Аъзам ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо", Душанбешаҳр мизбони беш аз 500 нафар аз донишмандону чеҳраҳои саршиноси ҷаҳони Ислом гардид. Бешубҳа, ин сарбаландӣ барои миллати тоҷик ва ин сарзамин, ки меҳмонони гиромӣ низ муқаддасу муборакаш хонданд, бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва баракати Соли бузургдошти Имоми Аъзам насиб гашт. Дар воқеъ, дар рӯзҳои мубораки баргузории Симпозиум васоити ахбори умуми кишвар, ба хусус шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ бисёр фаол буданд ва тавонистанд, ки мубоҳасаҳои саривақтӣ ва барномаҳои ҷолибро барои тамошобинон пешкаш кунанд.

Дар умум, Симпозиум ба таври бесобиқа баргузор гардид ва боиси он гардид, ки тоҷикон ва Тоҷикистон аз нав шинохта шаванд ва иншоаллоҳ, меҳмононе ки дар он ширкат карданд, пас аз бозгашт тоҷиконро ҳамчун мардуми бофарҳанг ва Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини муқаддас муаррифӣ хоҳанд кард.

Намози бомдод - садди роҳи пайдоиши бемории саратон

Чоп

Намозу рӯза доштан ва соири ибодатҳои исломӣ судҳои фаровони дунявӣ ва ухравӣ доранд, хоссатан, агар адои онҳо дар фазои рӯҳонӣ, бо ихлос ва ҳузури қалбу сафои зеҳнӣ ва риояти комили аҳкоми шаръӣ қарин бошад.

Бар асоси пажӯҳишҳое, ки аз тарафи маркази пажӯҳишҳои миллии Қоҳира анҷом ёфтаанд, хондани намози бомдод дар вақти муқарарашудаи он, кори ҳуҷайраҳои баданро фаъол месозад ва онҳоро аз тақсимоти номарғуб нигаҳ медорад ва аз ибтило шудан ба варамҳои саратонӣ, бемориҳои қалбӣ, монанди ҳамлаҳои қалбӣ (инфаркти миокард) ҷилавгирӣ менамояд ва кори ҳормонҳои бадан ва гардиши хунро ба танзим медарорад.

Доктор Муҳаммад Ал-Хашшоб (محمد الخشاب) устоди шуъбаи дастгоҳи гувориш ва ҷигари донишкадаи тибби донишгоҳи Зақозиқ (Миср) ба ин мавзӯъ ишора мекунад, ки бедор шудан барои намози бомдод, кори соати биологии баданро беҳ месозад ва дастгоҳҳои гуногуни ҷисмро водор месозад, ки ба беҳтарин ваҷҳ вазифаҳои худро анҷом диҳанд.

Аммо доктор Самир Ал-Мулло (سميرالملا) устоди шуъбаи кордпизишкии мағз ва аъсоби донишкадаи тиббии донишгоҳи Айну Шамс (Миср) тавзеҳ медиҳад, ки дар вақти намози бомдод, таровидани тамоми ҳормонҳои ҷисм афзоиш меёбад, ба вижа таровиши ҳормони кортизон (cortisone), ки ба сабаби аҳаммияти бузургаш дар бадан, онро «ҳормони ҳаёт» низ меноманд.

Вокунишҳо дар баробари фатвои Азҳар дар бораи ниқоб

Чоп

Баъди дидани яке аз дабиристонҳои азҳарии Қоҳира (донишкадаи ба номи Аҳмади Либӣ, воқеъ дар шаҳраки Мадинати Наср) Имоми Акбар Шайхи Азҳар Муҳаммад Саййиди Тантовӣ тасмим гирифт, то барои манъи пӯшидани ниқоб қароре содир кунад, ки тибқи он пӯшидани ниқобро [1] дар синфхонаҳо дар назди омӯзгорзанон наҳй кунад. Дар ин боздид, Шайхи Азҳар дар байни ҳама духтаракони донишомӯзи ҳиҷобвар [2] як духтаракро ниқобпӯш мебинад ва аз ӯ бо исрор дархост мекунад, ки ниқобашро бардорад, зеро ӯ дар ҳузури ҳамсинфдухтарон ва зани омӯзгор қарор дорад ва ҳоҷате ба ниқоб ва пӯшидани рӯ нест. Ҳамчунин ин духтаракро мавриди истеҳзо қарор медиҳад, ки агар андаке зебо, ё хӯшрӯйтар мебудӣ чӣ мекардӣ? Чун духтарак аз бардоштани ниқоб имтиноъ меварзад ва мегӯяд, ки ниқобпӯшии тибқи шариати Ислом аст, Шайхи Азҳар хашмолудона посух медиҳад, ки ман динро аз ту ва аз касоне ки туро ба дунё овардаанд, беҳтар медонам...  

Ғайр аз ин, ӯ зимни баъзе тасриҳоти худ гуфт, ки ниқоб дар шариати исломӣ асле надорад ва ҷуз оддате беш нест. Ин суханони Шайхи Азҳар ва қарори содиркардаи муассисаи Азҳар бо амри ӯ сабаби хашму ғазаби табақаҳои гуногуни мисриёнро ба ҷӯш овард ва сабаби ҳамлаи васеи интиқодӣ дар васоили эълом ва телевизюну кӯчаву бозор гашта аст, ки ҳамагонӣ ин қарорро бо шиддат маҳкум менамоянд. Талабҳои муътаризони қарори Тантовӣ гуногунанд, яке талабгори истеъфои ӯст ва дигаре хостори эътизори ӯ аз духтари донишомӯзи ҷабрдида.

Дуои пардохтани вом (қарз)

Чоп

 Дуои пардохтани вом (қарз)

عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالَكٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لِمُعَاذٍ أَلَا أُعَلِّمُكَ دُعَاءً تَدْعُو بِهِ، لَوْ كَانَ عَلَيْكَ مِثْلُ جَبَلِ أُحُدٍ دَيْنًا لَأَدَّاهُ اللَّهُ عَنْكَ، قُلْ يَا مُعَاذُ:اللَّهُمَّ مَالَكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَنْ تَشَاءُ وَتَنْزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشَاءُ وَتُعِزُّ مَنْ تَشَاءُ وَتُذِلُّ مَنْ تَشَاءُ بِيَدِكَ الْخَيْرُ إِنَّكَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، رَحْمَنَ الدُنْيَا وَالْآخِرَةِ وَرَحِيمَهُمَا، تُعْطيِهُمَا مَنْ تَشَاءُ وَتَمْنَعُ مِنْهُمَا مَنْ تَشَاءُ، ارْحَمْنيِ رَحْمَةً تُغْنيِنيِ بِهَا عَنْ رَحْمَةِ مَنْ سِوَاكَ[1]

ТАРҶУМАИ ҲАДИС:

Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:

اللَّهُمَّ مَالَكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَنْ تَشَاءُ وَتَنْزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشَاءُ وَتُعِزُّ مَنْ تَشَاءُ وَتُذِلُّ مَنْ تَشَاءُ بِيَدِكَ الْخَيْرُ إِنَّكَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، رَحْمَنَ الدُنْيَا وَالْآخِرَةِ وَرَحِيمَهُمَا تُعْطيِهُمَا مَنْ تَشَاءُ وَتَمْنَعُ مِنْهُمَا مَنْ تَشَاءُ، ارْحَمْنيِ رَحْمَةً تُغْنيِنيِ بِهَا عَنْ رَحْمَةِ مَنْ سِوَاكَ

Муҳаммадсолеҳ Пурдил: Аз зиёрати Тоҷикистон эҳсоси саодат мекунам

Чоп

- Оқои Пурдил, чун ин нахустин сафари Шумо ба Тоҷикистон аст, қабл аз ҳар чизе моилам бидонам, ки кишвари моро чигуна ёфтед?

- Тоҷикистон бидуни муболиға як кишвари хеле хуб ва дӯстдоштанист. Банда аз муддатҳо пеш қалбан мардуми азизи Тоҷикистонро дӯст доштам ва қалбан онҳоро зиёрат мекардам ва ҳамеша бо онҳо дар иртибот будам. Вале пайваста орзуи зиёрати ин сарзамини меҳрубонро доштам ва саодати ман буд, ки билохира даъват шудам ва ба дидори ин мардуми хуб, алоқаманд, ошиқ ва пок расидам.

- Нақши Конфронси байналмилалии "Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар гуфтугӯи тамаддунҳо"-ро дар ваҳдати ҷаҳони Ислом ва бавижа ду кишвари дӯсту ҳамзабони Тоҷикистон ва Ирон чигуна арзёбӣ мекунед?

- Саъодати музоаф ва дучанди банда ҳамин буд, ки бо дидор аз Тоҷикистон дар ин ҳамоиши бузурги илмӣ низ ҳузур ёфтам ва файз бурдам.

Дар лобалои мушоҳидаҳо ва гуфтугӯҳоям бо шахсиятҳо ба ояндаи ин кишвари хуб ва мардуми азизи он хеле умедвор шудам. Бахусус насли ҷавон ва ояндасози ин миллатро ба илму уламо бисёр алоқаманд, ҳамзамон муаддаб, дорои тавозуъ ва фурутанӣ ёфтам, ки аз сифоти муҳим аст. 

Даргириҳои ахири Яман

Чоп

Чандин сол аст, ки дар вилояти кӯҳии Саъда шимоли Яман, байни пайравони «Имом»-и худхонда Алӣ Ҳусайн Ал-Ҳусӣ бо ҳарбиёни ҳукумати Яман муқобилияти мусаллаҳона идома дорад. Аммо дар январи ҳамин сол, ин оташи муқобилияти ҳусиён бо қуввати беш аз пеш афрӯхта шуд.

Тайи ду рӯзи ахир, дар натиҷаи даргириҳо байни шӯришгарони шиимазҳаби ҳусӣ ва низомиёни ҳукумати Яман дар шимоли он бештар аз 95 нафар кушта шуд. Намояндагони нерӯҳои амниятии яманӣ дар баёнияи худ иброз доштанд, ки аз 95 нафар кушташудагон, 15 нафар ҳарбиёни ҳукуматӣ ва 80 нафар аз ҷанговарони ҳусӣ ҳастанд.

Аз ҷониби дигар, ҳусиён иброз доштанд, ки онҳо бар минтақаи Мунаббеҳ, ки ҳамммарзи Арабистони Саудӣ аст, мусаллат гаштанд.

Шимоли Яман, ки минтақаи даргириҳост, акнун, аз ҳама ҷаҳони хориҷӣ бурида аст, алоқаи телфунӣ қатъ ва роҳҳои асосии минтақаи даргирӣ ҳама баста шудаанд. Дар амалиёти низомӣ, беш аз 20 ҳазор нафар ҳарбиён сафарбар гаштаанд. Мавоқеи шӯришгарони ҳусӣ бо тӯпу танку ҳавопаймоҳои ҳарбӣ тирборон мешавад. Ҳамчунин, тибқи бархе маълумотҳо, ҳукумат барои фурӯ гузоштани силоҳ, бо ҳусиён гуфтушунидҳо мебарад.

Моҳи майи соли 2004, намояндаи халқии Маҷлиси Шӯрои Яман — Алӣ Ҳусайн Ал-Ҳусӣ худро «Имом» ва «Амири муъминон» эълом дошт ва бо нияти барпо кардани давлати исломии имомигарӣ, ки то соли 1962 навъе аз низоми давлатдории динии Яман буд, шӯриши зиддиҳукуматиро сарварӣ намуд ва шиорҳои зиддиҳукуматӣ ва зиддиамрикоиро барафрошт, аммо ин сарварии ӯ дер напоист. Баъди муқовимати семоҳа, моҳи сентябри соли 2004, «Амири муъминон» Алӣ Ҳусайн Ал-Ҳусӣ кушта шуд.

Тадқиқот: 23 %-и ҷаҳон мусалмонанд

Чоп

Як таҳқиқоти нав ва фарогири ахир дар беш аз 200 давлати ҷаҳон мегӯяд, ки дар айни замон дар саросари ҷаҳон 1,57 миллиард мусалмон ба сар мебаранд, ки 23 дарсади ҷамъияти сайёраро ташкил медиҳанд.

Ин гузориш мегӯяд, мусалмонҳо ҳоло дар ҳама нуқоти ҷаҳон ба сар мебаранд, вале маҳалли таҷаммӯъи бештари онҳо дар Осиё мушоҳида мешавад. Ҳисоб шудааст, ки 60 дарсади мусалмонҳо ҳоло дар кишварҳои осиёӣ ва 20 фоизашон дар Ховари Миёнаву Африқои Шимолӣ ба сар мебаранд. Дар айни замон, дар ин ду минтақаи ахир кишварҳои мусалмоннишини калонтарин ҷойгир шудаанд, яъне 95 дарсади онҳое, ки дар минтақаи Ховари Миёнаву Африқои Шимолӣ ба сар мебаранд, пайрави дини Ислом будаанд.
Гузориши маркази таҳқиқотии Pew бар асоси омор ва маълумоти қобили дастраси 232 кишвари ҷаҳон таҳия шудааст. Барои таҳияи ин гузориш, ин ниҳод ҳудудан 50 мутахассиси соҳаи демография, донишмандони улуми иҷтимоӣ дар донишгоҳҳову марказҳои таҳқиқотии саросари ҷаҳонро ҷалб карда, бо садҳо манбаи иттилоотӣ, маълумоти омориву гузоришҳо кор кардааст. Дар қаламравҳои дигар бошад, беш аз 300 миллион мусалмон, яъне аз ҳар панҷ кас як нафарашон дар манотиқе ба сар мебаранд, ки дини Ислом дар ин қаламрав мақоми асосиро касб намекунад. Масалан, дар Ҳинд 30 дарсади ҷамъияти мусалмонони ҷаҳон ба сар мебаранд. Чин назар ба Сурия ва Русия дар муқоиса бо Урдуну Либия мусалмони бештар доштааст.

Дуо пас аз фориғ шудан аз вузӯ ва пас аз азон

Чоп

ДУО ПАС АЗ ФОРИҒ ШУДАН АЗ ВУЗӮ

1. «Аллоҳуммаҷъалнӣ минат-таввобина ваҷъалнӣ минал-мутатаҳҳирин»[1].

2. Ашҳаду ан ло илоҳа илаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ»[2].

3. «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ашҳаду ан ло илоҳа илло анта, астағфирука ва атубу илайка.»[3]

Пас аз вузӯ кардан агар ду ракъат намоз бигузорад сабаби бахшидани гуноҳҳои пешинаи ӯ гардад[4].

ДУОҲО ПАС АЗ ШУНИДАНИ АЗОН

1. Ҳангоми азон додан, ончи ки муаззин бигӯяд монанди ӯ гӯяд, магар дар «ҳаййа ъала-с-салоҳ»[5] ва «ҳаййа ъала-л-фалоҳ»[6] ки пас аз он «ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»[7]гӯяд.

2. Пас аз фарҷоми посухгӯии муаззин, бар пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуруд (салавот) фиристад.[8]

Арабӣ

ТАҚВИМИ ҲИҶРӢ


ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз473
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4606
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6194
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67953

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.107
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

ОМОРИ СОМОНА

Корбарон : 167
Мавод : 511
Пайвандҳои Web : 54

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval