۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Сафҳаи асосии сомонаи «Фирдавсӣ»

Гуногунфарҳангии ҷавонон ва зарари он ба ҷомеъа

Чоп

Ва ё шомили гурӯҳҳои «Эммову» «Рок» будан барои ҷавонон қаҳрамони аст?

Ҷавонон ояндаи миллатанд, нерӯёи созандаву бунёдкори онҳо пояи устувории ҳар як миллату давлатӣ соҳибистиқлолро инъикос намуда, барои рушду нумӯъи он заминаҳову сарчашмаҳои бузургро фароҳам месозад. Баракс солҳои охир шуҷоату далерии қисме аз ҷавононро аҳён-аҳён мушоҳида намуда, дар зери хатар будани ҳаёташонро эҳсос мекунем. Инқилоби зоҳирву ботинии ҷавонони мамолики Ғарб бевосита ба ҳаёту фаъолияти ҷавонони зиёди мамлакатҳо зуд таъсири худро мерасонад. Шабакаҳои интернетӣ, телевизион, маҷаллаҳо барои тағйироти ҷалбу рағбати ҷавонон низ воситаи ёрирасон аст. Дар ин мақола хостам аз ҳаёту ҷараёнҳои номатлуби ҷавонон, ки имрӯз таъсири ҳам моддиву маънавӣ барои ҷомеъаи муосир меораду ва ҳар яки моро намегузорад, ки барои бартараф кардани он бетарафи зоҳир кунем. Албатта бояд зидди чунин амалҳои замонаи шайтонсифатон гашт!

«Субкультура» – калимаи руси буда, маънияш сохтори ҷадид, самт, роҳу

26. Намоз аз паси касе ки андомаш айб дорад

Чоп

Салом ба хамватанони азизам!!!... Ҳарчанд ба рафиқам мефаҳмонам, ки намоз хондан аз паси ҳама нафарони соҳибилму доно вале маъюб (чеҳраи вайрон, чашми олус, пои ланг ...) равост, ҳеҷ таслим намешавад. Хуб мешуд, бо шарҳи муфассал рӯшноӣ андозед, то бо чашми худаш хонаду донад. Шояд, ман нодуруст фаҳмида бошам. Вассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. [Муллоаҳмад]

Ва алайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Дар китоби муътабари ҳанафӣ «Баҳру-р-роиқ, шарҳу канзи-д-дақоиқ»-и Ибни Наҷими Мисрӣ омада аст:

وَكُرِهَ إمَامَةُ الْعَبْدِ وَالْأَعْرَابِيِّ وَالْفَاسِقِ وَالْمُبْتَدِعِ وَالْأَعْمَى وَوَلَدِ الزِّنَا

Ва имомати ғулом ва араби бодиянишин ва фосиқ ва бидъатгор ва нобино ва синд (ҳаромзода) макруҳ аст.

Мусанниф дар шарҳи ин ақвол мегӯяд, инҷо ду чиз баён шуда аст, яке, дуруст будани намоз ва дигаре, кароҳият доштани намоз аз паси ин ашхоси номбурда. Сабаби кароҳияти намозгузорӣ аз паси ин афрод дар камрағбатии мардум ба иқтидои онон аст, ки мӯҷиби коҳиш ёфтани ҷамоати мусулмонон дар намози ҷамоат мешавад.

Суханони уламои ислом дар васфи Имоми Аъзам

Чоп

Оид ба шахсият ва зиндагиву осори Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит асарҳои зиёде навишта шудаанд. Чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб олимони шинохта суханҳои неку холисона гуфтаанд. Дар ин ҷо суханони чанд тан аз олимони маъруфу шинохтаи исломро, ки дар ситоиши Имоми Аъзам гуфтаанд меорем:

• Дар илми тафсир ва илми ҳадис касеро мисли Имоми Аъзам надидам. (Имом Абуюсуф)

• Дар хусуси қиёс кардан уламо аз сарчашмаи Имоми Аъзам об хӯрдаанд. (Имом Шофеъӣ)

• Имоми Аъзам аз носиху мансух ниҳоят эҳтиром меварзид ва зиёда баҳсу мунозира менамуд. Ба ривояти аҳли Кӯфа аз дилу ҷон пайравӣ мекард. (Ҳасан ибни Солеҳ)

• Ин замон дар баробари ӯ ва мисли ӯ ҳеҷ кас нест, зеро Абуҳанифа бо қиёсу далели комил исбот менамояд. Субҳоналлоҳ, муҳаққиқи бузургу бемисл аст. (Имом Молик)

• Дар иқтидо кардан Абуҳанифа аз ҳар кас бартарӣ дорад, зеро ӯ олими муттақӣ парҳезкор ва имому фақеҳи муҳаққиқ аст. (Ибни Муборак)

Салом қарзи Худост

Чоп

«Ва ҳар гоҳ касе шуморо салом (ситоиш) кунад, шумо низ бояд ба саломе (ба ситоише) беҳтар (аз он) ё мисли он посух диҳед, ки Худованд ба ҳисоби ҳар нек ва бад комилан хоҳад расид…». (Cураи «Нисо», ояти 86).

Аксари уламои шариати Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, фарзиятии ҷавоби саломро ба ҳамин ояти фавқ марбут донистаанд. Зеро Худованд ҷалла ва ъало шаънуҳу мегӯяд, ки ҳар вақте касе ба шумо салом кард, шумо мисли он ва ё (саҳеҳтараш) аз он ҳам беҳтар посух диҳед. Инҷо лафзи Қуръонро агар ба эътибор гирем, пас сиғаи амрро дучор мешавем, ки Худованд гуфтааст: «…Фаҳайю!», яъне, «салом кунед!» бо сифтаи беҳтар аз саломи саломкунанда.
 Шариат мефармояд, ки салом суннат аст ва ҷавоби он фарз.
 Акнун бояд биандешем, ки чаро салом суннат асту ҷавоби он фарз? Рӯ меорем ба далоили қотеъ аз кутуби маъруф. Шореҳон меоранд, ҳикмат дар он аст, ки Парвардигори олам дар шаби меъроҷ ба Расули худ Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ин тавр салом дод, ки «Ассалому ъалайка ё айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу». Пас салом суннати илоҳӣ бошад, ҷавоби салом фарз омад.
Дар хусуси он ки дар салом бояд кӣ ибтидо кунад, яъне ҳангоми мулоқӣ шудан бояд, ки аввал ба салом шурӯъ намояд, ҳар гуна фарзияҳо мавҷуданд.

Фиқҳи ҳанафӣ барои навомӯзон II (дарси 11)

Чоп

ДАРСИ ЁЗДАҲУМ

Намозҳои навофил

Ба ғайр аз намозҳои ҳаррӯзае ки зикр шуд, намозҳои нафлии дигаре низ вуҷуд дорад, ки ба хондани онҳо дар тамоми вақтҳои шабу рӯз дар шаръи муқаддас (ба ғайр аз вақтҳое ки аз намоз хондан дар он манъ шуда аст ва қаблан ба онҳо ишора шуда буд) тарғиб ва ташвиқ шуда аст. Бархе аз ин навофил ҳамроҳ бо вақтҳояшон ки аз аҳаммияти бештаре бархурдор ҳастанд, иборатанд аз:

1. Намози шаб (таҳаҷҷуд) камтарин микдори намози таҳаҷҷуд ду ракъат, миёнаи он чор ракъат ва бештаринаш ҳашт ракъат мебошад. Вақти намози таҳаҷҷуд аз нисфи шаб то ҳангоми азони субҳ аст.

2. Намози чошт (зуҳо), ки чор ракъат ва ё бештар буда ва ҳангоми чошт ки баъд аз баромадани офтоб то гардидани он аст, хонда мешавад.

3. Намоз гузоридан дар шабҳои моҳи мубораки Рамазон ва ба хусус шаби қадр.

4. Намози шукронаи таҳорат (вузӯ), ки ду ракъат буда ва баъд аз таҳорат ва ё ғусл хонда мешавад.

Шабаҳи бурқа ва ҳиҷоб дар Аврупо

Чоп

Вакилони порлумони Аврупо пешниҳод кардаанд, ки дар саросари Иттиҳоди Аврупо пӯшидани бурқа ё ҳиҷоби ниқобдор манъ шавад. Нахустин намунаи маъни он аз тариқи тасвиби қонун чанде пеш дар Белгия иттифоқ афтод ва ҳоло чунин тарҳ дар Фаронса мавриди гуфтугӯи вакилони порлумони ин кишвар аст.

Шабаҳе дар Аврупо гардон аст, шабаҳи ҳиҷоб...

Нахустин шуда порлумони Белгия зуҳури занони бурқапӯшро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард. Фаронса дар садади тасмимгирист ва баҳси ҳиҷоб дар Испания низ тадриҷан ба авҷ мерасад. Чанд вакили порлумони Аврупо дар аввали моҳи майи соли равон пешниҳод карданд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар ҳамаи қаламрави Иттиҳоди Аврупо манъ гардад.
Муаллифони тарҳ ва онҳое, ки аз он пуштибонӣ мекунанд, мегӯянд, бурқа хилофи арзишҳои мардуми Аврупо ва зидди ҳуқуқи занон аст. Вале мухолифони тарҳ бар инанд, ки баракс манъи он хилофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, яъне яке аз ормонҳои бунёдии Аврупо мебошад.
Таҳоҷуми ҳиҷобӣ?

Вакили порлумони Белгия, Ҷорҷ Далеман рӯзи қабули қонуни манъи ҳиҷоб аз минбари ин порлумон гуфт, "замоне занони ҳиҷобпӯшро асосан дар назди меҳмонсароҳои бузург медидем.

Ситораи тобони ҷаҳони Ислом

Чоп

Бо фурӯпошии давлати бузурги Сосониён ва тасарруфи сарзамини Эронзамин ба дасти арабҳо барои ақвоми эронинажод давраи нави таърихӣ оғоз ёфт, ки агарчи дар арсаҳои ҳарбӣ ба шикасти назми давлатдории эронӣ ба анҷом расид, аммо дар пайкори илмию фарҳангӣ арабҳо бо фатҳу нусрати дилхоҳ ноил наомаданд. Бо гузашти фосилаи кӯтоҳ арабҳо истеъдоди илмӣ ва раъйу тадбири донишмандони эрониро шинохтанд ва ин боис гардид, ки нуфузи ин донишмандон дар муҳимтарин марокизи илмии хилофати Умавиён ва алалхусус Аббосиён ба дараҷот афзоиш ёбад.
 Мардуми эронӣ вобаста ба шароити нави таърихиву сиёсӣ барои эҳёи фарҳанги тасхиршудаи Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр камари ҳиммат бастанд. Онҳо дар ин давра алоқа ва иштиёқи зиёди худро ба касби илму дониш зоҳир менамуданд ва вазирони донишдӯсту маърифатпарвари эронӣ маблағҳои фаровоне дар ин роҳ сарф мекарданд. Ин майлу алоқа боис шуд, ки эрониён дар олами ислом мақоми пешвоии худро дар муҳити донишу фарҳанг ҳифз намоянд ва ба таъбири Ибни Халдун «парчамбардорони илм дар ислом» гарданд. Онҳо ҳатто дар таҳқиқи илмҳои онвақтаи марбут ба улуми нақливу ақлии араб дар сафи устодон ҷой гирифтаанд. Эрониён дар тамоми давраҳои рушди тамаддуни исломӣ ба тақвият ва нашри фарҳанги арабӣ ва ҳамчунин ворид кардани улум ва суннатҳои муҳим ба забону адабиёти арабӣ пардохтанд. Барои исботи ин қазия номи чанд тан аз пешвоёни аз улуми ақливу нақлиро ба хотир овардан кофӣ аст.

Салмони Форсӣ аз оташпарастӣ то Ислом

Чоп

Агар илм дар Сурайё бошад ҳароина мардоне аз инҳо онро ба даст оваранд.

Ин ҳадиси Паёмбари Ислом Муҳаммади Мустафо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ҳаст ва онро дар ҳоле гуфт, ки дасташ болои шонаи САЛМОНИ ФОРСӢ буд.

Дурустии сухани Паёмбари Худоро дар хидмати Ислом камар бастани мардоне аз Форс дар мисоли Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Насоӣ, Имом Тирмизӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Ҷамолиддини Афғонӣ ва дигар ситораҳои дурахшону раҳнамои осмони маорифи исломӣ ба исбот расондаву ҳама муъминон бузургии ононро қоиланд. Ӯ тарроҳи аслии ҷанги Хандақ буд. Дар охири умри худ волии Мадоин шуд. Ба қавле Салмон дар соли 35-уми ҳиҷрӣ, дар авохири хилофати Усмон даргузашту ҳазрати Алӣ пайкарашро ғусл дод, кафан кард ва бар ӯ намоз гузорид. Ҳамроҳи эшон Ҷаъфар ибни Абутолиб ва гӯиё Хизри набӣ ҳам бар пайкари Салмон намоз гузориданд. Салмонро баъзеҳо аввалин тарҷумони бархе сураҳои Қуръон медонанд. Аз тарҷумаи ӯ танҳо тарҷумаи сураи "Фотиҳа" боқӣ мондааст.
Дар бораи Салмони Форсӣ дар тӯли торихи Ислом зиёд навиштаанд. Зеро ӯ саҳобаи ҷалили паёмбари Худо буд. Ӯро ҳама мусулмонон дӯст медоштанду дӯст медоранд.

Сабаби нуктагирӣ аз Абуҳанифа чӣ буд?

Чоп

Имрӯз дар ҷаҳон 60%-и мусулмонон пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ намуда, дар бархе аз кишварҳои исломӣ қонун ва аҳкоми хонаводагӣ дар пояи ин мазҳаб амалӣ мегардад. Асосгузори ин мазҳаб Имоми Аъзам Абуҳанифа мебошад, ки ҳамасрон ва донишмандони баъдӣ дониш ва истеъдоди баланди истинбот, парҳезгорӣ ва саховатмандии ӯро сутудаанд ва хидматҳои ӯро дар ҷодаи фиқҳ эътироф намудаанд.

Аммо дар тӯли таърих аз даврони зиндагии ӯ то ба имрӯз аз ҷониби бархе мардум нуктагириҳое дар бораи ин шахсияти бузург ба назар мерасад. Ба вижа дар ҷодаи забондонӣ, яъне грамматикаи арабӣ ва фарогирии аҳодиси набавӣ аз Абуҳанифа нуктагирӣ намудаанд. Чунонки, Ибни Халликон ривоятеро меорад, ки Имоми Аъзам дар иборае ба ҷойи ҳолати насб ҳолати ҷарро истифода бурдааст ва инро далели тақсири Абуҳанифа дар илми забон шуморидааст. Вале ҳақиқат он аст, ки ин далел баёнгари тақсири Абуҳанифа дар забондонӣ нест. Зеро донишмандони илми наҳв истеъмоли исмҳои шашгонаро дар ҳама ҳолоти эъробӣ дар баъзе лаҳҷаҳои арабӣ баён намудаанд, ки мардуми Кӯфа низ инро ба таври густурда истифода мебаранд.

Инчунин дар ради ин нуктагирӣ ривоят шудааст, ки Абуҳанифа (раҳматуллоҳи алайҳ) аз як оят ё ҳадис чандин масъаларо истинбот менамуд, ки ин пеш аз ҳама аз иттилооти пурраи ӯ аз қонуну қоида ва мафҳуму вожаҳои арабӣ дарак медиҳад.

Арабӣ

ТАҚВИМИ ҲИҶРӢ


ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз473
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4606
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6194
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67953

Дар сомона: 2 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.106
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

ОМОРИ СОМОНА

Корбарон : 167
Мавод : 511
Пайвандҳои Web : 54

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval