۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Сафҳаи асосии сомонаи «Фирдавсӣ»

Ёриро табъу забони оташ аст

Чоп

Дар қаламрави Бадахшон, алалхусус Ванҷу Вахё ва Дарвоз эҳтирому маҳбубияти шоири оташзабон Ёрӣ то ба ҳаддест, ки бе ном бурдани вай, гӯё дар ин тобеот шеъру шоирӣ вуҷуд надошта бошад. Ин аз як тараф баҳои сатҳӣ менамояд, вале чун ба ҷараёни воқеоти замон ва мундариҷоти эҷодиёти дастрасбудаи шоирони ҳамзамони Ёрӣ амиқтар шинос шавем, ба осонӣ дарк хоҳем кард, ки ин баҳогузории мардум ба шоири дӯстдоштаашон заминаи қавӣ ва бурҳони қотеъ дорад. Саволе ба миён меояд, ки сабаби ҳама ин шӯҳрати Ёрӣ дар чист? Баҳри чӣ шоироне, ки шеърашон дар маҷмӯъ нисбат ба Ёрӣ бештар асту аз нуқтаи назари нафосати калом аз ӯ камӣ надоранд, ба ин шӯҳрат соҳиб нашуда, шоире ки аксар бо як забони тезутунд ва баъзан бо лаҳҷаи маҳаллӣ шеър месуруд, ин қадар мақбули доираи васеи мардум гаштааст. Дар мақоле омадааст, ки аз бисёр истеъмол кардан шаҳд ҳам ба дил мезанад! Ин «шаҳд» аз «сари зулфу кокул» хондани шоирони ҳамзамони Ёрӣ буд, ки мардум онро дар сари ҳар қадам мешуниданд.

Ба қавли муҳаққиқи маъруфи Эрон доктор Парвиз Нотили Хонларӣ: «Ҳама ҷо гуфтугӯ аз себи занахдону холу хату гесуву зулфу қади сарви маъшуқ ва ғами фироқу орзуи васласт», на нидое аз дарду алами рӯзгори номусоиди мардуми бе пушту паноҳ ва бехонумонгашта.

Қуръон барои хондан ва амал кардан аст

Чоп

Қуръон каломи Худованд ва охирин китоби осмонист, ки бар муаллим ва ҳидоятгари мушфиқ Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}нозилшуда ва дар он тамоми дастурот ва қавонини пурраи Ислом такмил ёфтааст. Қуръон китоби муқаддасест барои ҳамаи мусалмонон ва ҳидоятгару раҳнамоест дар дунё ва охират. Ҳамин аст, ки тамомимусалмонони кураи заминдар иртибот бо Қуръон як эҳтироми хоссаеро раво дидаанд, ки ин боиси хушнудӣ ва сарфарозию саодатмандии онҳост.

Қуръон китобест поку муназзаҳ аз айбҳо ва нурест дар зулмати роҳ ва абадист дар дилҳо ва маҳфуз аст аз таҳрифоту тағйироти пайравон, зеро ки Худованд мефармояд:

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ (9)

"Бешак, Қуръонро мо нозил кардаем ва мо муҳофиз ва нигоҳдорандаи он ҳастем".

Дар таърихи динҳои гуногуни осмонӣ Қуръон ягона каломест, ки дар он ҳеҷ ягон тағйироту иловаҳо аз ҷониби пайравонаш дида намешавад, бар хилофи пайравони динҳои дигари осмонӣ, ки онҳо дар китобҳои худ тағйироту иловаҳоро раво дидаанд.

Гуноҳи инсон дар Библия ва Қуръон

Чоп

ГУНОҲИ НАХУСТИН ВА ТАБИАТИ АНТОЛОГИИ ИНСОН

Аз таълимоти аҳди ҷадидӣ бармеояд, ки ҳар қадар табиати онтологии инсон бо содир кардани нахустгуноҳ халалдор шуда бошад ҳам, он аллакай ба сабаби он ки бо образ ва монандии Худо офарида шудааст, қисман ва тавассути қурбонии Масеҳ барои хариди гуноҳон пурра барқарор (эҳё) мешавад. Қуръон аксаран ба нокомилии ахлоқии инсон таваҷҷуҳ дорад. Инсон ба худии худ, бидуни итоат аз Худо ҳеҷ аст, устувор нест, заъиф аст.

Ин мавзӯъ дар Қуръон зиёд садо медиҳад. Масалан, "Ҳар оина одамиро ҳарису ношикебо офаридаанд" (Қуръон 70:19), "Ҳаққо, ки одамӣ нофармонӣ мекунад" (Қуръон 96:6), "…вале одамӣ беш аз ҳама ба ҷадал бармехезад" (Қуръон 18:54), "…хасме ошкор аст", "одамӣ носипос аст" (Қуръон 36:77 ва 17:67), "Чун ба инсон неъмат додем, эътироз кард ва хештан ба як сӯ кашид ва чун газанде ба ӯ расид, навмед гардид" (Қуръон 17:83).

Ҳар як амали инсон билкулл аз амали созанда ва офарандаи Худо вобастагӣ дорад. "Офаринандаи ҳар чизест" (Қуръон 6:102), - гуфта шудааст дар Қуръон ва зиёда аз ин таъкид мешавад, ки: "Парвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад … ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд, бартар аст" (Қуръон 28:68).

Гуногунфарҳангии ҷавонон ва зарари он ба ҷомеъа

Чоп

Ва ё шомили гурӯҳҳои «Эммову» «Рок» будан барои ҷавонон қаҳрамони аст?

Ҷавонон ояндаи миллатанд, нерӯёи созандаву бунёдкори онҳо пояи устувории ҳар як миллату давлатӣ соҳибистиқлолро инъикос намуда, барои рушду нумӯъи он заминаҳову сарчашмаҳои бузургро фароҳам месозад. Баракс солҳои охир шуҷоату далерии қисме аз ҷавононро аҳён-аҳён мушоҳида намуда, дар зери хатар будани ҳаёташонро эҳсос мекунем. Инқилоби зоҳирву ботинии ҷавонони мамолики Ғарб бевосита ба ҳаёту фаъолияти ҷавонони зиёди мамлакатҳо зуд таъсири худро мерасонад. Шабакаҳои интернетӣ, телевизион, маҷаллаҳо барои тағйироти ҷалбу рағбати ҷавонон низ воситаи ёрирасон аст. Дар ин мақола хостам аз ҳаёту ҷараёнҳои номатлуби ҷавонон, ки имрӯз таъсири ҳам моддиву маънавӣ барои ҷомеъаи муосир меораду ва ҳар яки моро намегузорад, ки барои бартараф кардани он бетарафи зоҳир кунем. Албатта бояд зидди чунин амалҳои замонаи шайтонсифатон гашт!

«Субкультура» – калимаи руси буда, маънияш сохтори ҷадид, самт, роҳу

Шабаҳи бурқа ва ҳиҷоб дар Аврупо

Чоп

Вакилони порлумони Аврупо пешниҳод кардаанд, ки дар саросари Иттиҳоди Аврупо пӯшидани бурқа ё ҳиҷоби ниқобдор манъ шавад. Нахустин намунаи маъни он аз тариқи тасвиби қонун чанде пеш дар Белгия иттифоқ афтод ва ҳоло чунин тарҳ дар Фаронса мавриди гуфтугӯи вакилони порлумони ин кишвар аст.

Шабаҳе дар Аврупо гардон аст, шабаҳи ҳиҷоб...

Нахустин шуда порлумони Белгия зуҳури занони бурқапӯшро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард. Фаронса дар садади тасмимгирист ва баҳси ҳиҷоб дар Испания низ тадриҷан ба авҷ мерасад. Чанд вакили порлумони Аврупо дар аввали моҳи майи соли равон пешниҳод карданд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар ҳамаи қаламрави Иттиҳоди Аврупо манъ гардад.
Муаллифони тарҳ ва онҳое, ки аз он пуштибонӣ мекунанд, мегӯянд, бурқа хилофи арзишҳои мардуми Аврупо ва зидди ҳуқуқи занон аст. Вале мухолифони тарҳ бар инанд, ки баракс манъи он хилофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, яъне яке аз ормонҳои бунёдии Аврупо мебошад.
Таҳоҷуми ҳиҷобӣ?

Вакили порлумони Белгия, Ҷорҷ Далеман рӯзи қабули қонуни манъи ҳиҷоб аз минбари ин порлумон гуфт, "замоне занони ҳиҷобпӯшро асосан дар назди меҳмонсароҳои бузург медидем.

Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}

Чоп

Пешгуфтор

Тамоми уммат дорои фарзандҳоест, ки таърихи гузаштагони хешро бо камоли ҳирс сабт менамоянд. Онҳо аз ҳодисаҳои дардноки гузаштагонашон дифоъ намуда, ҳолати ба вуқуъ пайвастан, замони номусоид ва дигар паҳлӯҳои ҳодисаро барои хонандагони худ таҳлил намуда ниёгони худро аз он варта мебароранд. Бо ин сурат, симои гузаштагони хешро сафед карда, онҳоро обрӯю фахри худ қарор медиҳанд. Он хатогиҳои рухдодаро барои насли наврас ибрат қарор медиҳанд. Пас, чаро дар таърихи исломӣ нофаҳмиҳо роҳ ёфта барои насли оянда мушкилоти зиёдеро дар атрофи хеш гузоштааст?!!!

Ин мазмун, моро водор сохт, то дар атрофи ин мавзӯъ равшанӣ андохта хонандагони азизро, ба қадри тавоноӣ, бо таърихи гузаштагон шинос созем.

Ислом аз рӯзи аввали нозил гаштани ваҳй ба Расули акрам ба душманиҳои гуногун дучор гашт. Аз ин рӯ, дар аввали бунёд гаштани давлати исломӣ дар Мадинаи Мунавара дасти душманони Ислом зоҳир набуд. Баъд аз интизории зиёд, дар аввал халифаҳои Пайғамбарро ба шаҳодат расонданд ва пас мусулмонҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо сохтанд.

Узбакистон - Исроили Осиёи Миёна

Чоп

Тоҷикистони сабур ва Узбакистони зӯр

Узбакистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки тайи 19-соли касби истиқлоли Тоҷикистон ва ҳам то истиқлол садди пешрафт ва тараққиёти ҷумҳурии мо гашта, ба ҳеҷ ваҷҳе шукуфоии минтақаро пазиро нест. Пас аз дарёфти мустақилият бошад, ҳукумати Узбакистон абзорҳои мухталифи фишорро истифода карда, шӯру валвала ва деги фитнаро алайҳи Душанбе ба ҷӯш овардааст. Тавре огаҳӣ дорем, ҳудуди 18 соли ахир хатти парвози муштараки ҳавоӣ миёни ду кишвари ҳамсоя аз фаъолият бозмонда, ширкати «Ҳаво Йулларӣ» фурудгоҳҳои Узбакистонро барои Тоҷикистон баста нигоҳ медорад. Мақомоти гуногуни Душанбе чандин дафъа омодагии хешро доир ба аз сар гирифтани ҳамкориҳо дар масири парвозҳо иброз доштаанд, аммо ҳамоно Тошканд қуфли хомӯшӣ бар лаб задааст.

Пӯшида нест, ки дар ҷанги таҳмилии дохилии кишварамон тайи солҳои 1992-1997 низ ин ҳамсояи бесоя «дасти тамом» дошт. Исботи ин гуфтаҳо китоби Сафаралӣ Кенҷаев «Табаддулоти Тоҷикистон». Ва шоҳидони зиёди барҳаёти замони ҷанг мебошанд. Агар ба он китоб дида дӯзем, аксари қаҳрамонони он шаҳрвандони Узбакистон мебошанд. Нисбати фарзандони фарзонаи миллат таҳқиру таҳвину такфири зиёде гуфтааст. Вале ин тири онҳо хок хӯрд ва натавонистанд мақсади хешро дар ин кишвар пиёда созанд.

26. Намоз аз паси касе ки андомаш айб дорад

Чоп

Салом ба хамватанони азизам!!!... Ҳарчанд ба рафиқам мефаҳмонам, ки намоз хондан аз паси ҳама нафарони соҳибилму доно вале маъюб (чеҳраи вайрон, чашми олус, пои ланг ...) равост, ҳеҷ таслим намешавад. Хуб мешуд, бо шарҳи муфассал рӯшноӣ андозед, то бо чашми худаш хонаду донад. Шояд, ман нодуруст фаҳмида бошам. Вассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. [Муллоаҳмад]

Ва алайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Дар китоби муътабари ҳанафӣ «Баҳру-р-роиқ, шарҳу канзи-д-дақоиқ»-и Ибни Наҷими Мисрӣ омада аст:

وَكُرِهَ إمَامَةُ الْعَبْدِ وَالْأَعْرَابِيِّ وَالْفَاسِقِ وَالْمُبْتَدِعِ وَالْأَعْمَى وَوَلَدِ الزِّنَا

Ва имомати ғулом ва араби бодиянишин ва фосиқ ва бидъатгор ва нобино ва синд (ҳаромзода) макруҳ аст.

Мусанниф дар шарҳи ин ақвол мегӯяд, инҷо ду чиз баён шуда аст, яке, дуруст будани намоз ва дигаре, кароҳият доштани намоз аз паси ин ашхоси номбурда. Сабаби кароҳияти намозгузорӣ аз паси ин афрод дар камрағбатии мардум ба иқтидои онон аст, ки мӯҷиби коҳиш ёфтани ҷамоати мусулмонон дар намози ҷамоат мешавад.

Суханони уламои ислом дар васфи Имоми Аъзам

Чоп

Оид ба шахсият ва зиндагиву осори Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит асарҳои зиёде навишта шудаанд. Чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб олимони шинохта суханҳои неку холисона гуфтаанд. Дар ин ҷо суханони чанд тан аз олимони маъруфу шинохтаи исломро, ки дар ситоиши Имоми Аъзам гуфтаанд меорем:

• Дар илми тафсир ва илми ҳадис касеро мисли Имоми Аъзам надидам. (Имом Абуюсуф)

• Дар хусуси қиёс кардан уламо аз сарчашмаи Имоми Аъзам об хӯрдаанд. (Имом Шофеъӣ)

• Имоми Аъзам аз носиху мансух ниҳоят эҳтиром меварзид ва зиёда баҳсу мунозира менамуд. Ба ривояти аҳли Кӯфа аз дилу ҷон пайравӣ мекард. (Ҳасан ибни Солеҳ)

• Ин замон дар баробари ӯ ва мисли ӯ ҳеҷ кас нест, зеро Абуҳанифа бо қиёсу далели комил исбот менамояд. Субҳоналлоҳ, муҳаққиқи бузургу бемисл аст. (Имом Молик)

• Дар иқтидо кардан Абуҳанифа аз ҳар кас бартарӣ дорад, зеро ӯ олими муттақӣ парҳезкор ва имому фақеҳи муҳаққиқ аст. (Ибни Муборак)

Арабӣ

ТАҚВИМИ ҲИҶРӢ


ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз375
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4508
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6096
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67855

Дар сомона: 3 меҳмон, 1 роботвар рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.105
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

ОМОРИ СОМОНА

Корбарон : 166
Мавод : 511
Пайвандҳои Web : 54

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval