۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт: Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока. Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ. Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞

Сафҳаи асосии сомонаи «Фирдавсӣ»

Симои Паёмбари Ислом дар андешаи адабии Достоевский

Чоп

Масоили таъсири фарҳангу адаби форсӣ ба шахсият ва эҷодиёти нависандагони бузурги русӣ Фёдор Достоевский аз мавзӯъҳои ҷадид ва омӯхтанашудаи адабиёти муъосир маҳсуб мешавад. Ба эътирофи муҳаққиқон Фёдор Достоевский ба адабиёти исломӣ, тарҷумаҳои Қуръонимаҷид ва зиндагиномаи ҳазрати Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} алоқамандии бештар доштааст. Ҳадафи ба мавзӯъоти исломӣ рӯй овардани ин адиби бузурги рус на танҳо ошноӣ бо андешаҳои қуръонӣ ва шахсияти ҳазрати Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, балки пайдо намудани андешаҳои муштарак  ва ба ҳам наздик дар ойинҳои ислому насронӣ буд, зеро ҳар ду ойин адёни иброҳимӣ мебошанд.  Чунонки ин корро пештар поягузори адабиёти классики рус Алекандр Пушкин дар силсилаи шеърҳои «Тақлидҳои Қуръон» анҷом дод, ки дар натиҷа оҳангҳои қуръонӣ ва исломӣ фалсафаи ашъори шоири бузурги русро хеле ҷолибу равшан ва муассир гардонид. Достоевский ҳам мисли Толстой аз ҷумлаи мазҳабитарин суханварони замони хеш мебошад. Ба иқрори нависанда мавқеъе, ки ӯ дар он қарор дорад, «аз умқи рӯҳи мазҳабии мардум сарчашма мегирад».1

Озодии пурхатар

Чоп

Акнун дар ин замина аст, ки Ғарб бо ҳар роҳу восита кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ғалабаи «фарҳанг»-и муғризона ва парокандасози худро дар мамолики мо таъмин созад. Агар ин пиёдасозӣ фарҳанги волои ғарбист ва бар манофеъи миллии мост, НУРИ ДИДА ТОҶИ САР, аммо ҳол дигар аст, ки ба мушоҳида мерасад. Яъне Ғарб барои мо адабиёти волои инсонии худро, ки барои пешрафти маънавӣ, ичтимоъӣ ва иқтисодии мардумони мо коргар буда бошад, интиқол намедиҳад, балки ба сурати зоҳирии дилфиребонаи хеш ҷавонони камогоҳи моро ба худ ҷалб сохта, ба тақлидкории кӯркӯронаи бемояву бепояе гирифтор месозад, ки дар натиҷа инон аз маънавиёти миллии «куҳнашуда»-и хеш дилсард шуда, онро дар муқобили «ҷаҳони воло»- и Ғарб хеле ночиз мепиндоранд.

Ҳоло риштаи сурхи сиёсати ҷаҳон танҳо иборат аз муборизаи яхуду насоро (дар симои иттиҳоди Аврупову ИМА) алайҳи ислом аст ва мо албатта аз ОЛАМИ ИСЛОМЕМ, ҳатто дар сиёсати ҷаҳони ҳам берун аз он эътиборе надорем, агар дорем муваққатию даргузар ва гирифтор бо ағрозест, ки бар мо доранд, то он даме, ки ғарази буда бар ҳадаф расад ва мо ночиз гардем. Имрӯз роҳи ғалабаи худро дар ибораи «ҷаҳонишавии олам» беҳтар ёфтаанд ва ҳам онро хеле оқилона бар манфиати худ анҷом медиҳанд.

Ҷашни собиқи забон ва баҳси «ӯ» ва «э»

Чоп

22 июли соли 1989 дар Тоҷикистон нахустин Қонуни забон тасвиб шуд, ки ба тоҷикӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ мақоми давлатӣ дод. Ва дар тӯли 20 сол ин рӯз чун Рӯзи забон таҷлил мешуд. Аммо имсол иди забон дар таърихи 22 июл таҷлил нашуд, балки парлумони кишвар ин ҷашнро ба 5 октябр, таърихи рӯзи тасвиби тарҳи ҷадиди Қонуни забон қафо бурд.

Баҳсҳои бархоста пиромуни тағйири рӯзи Иди забони тоҷикӣ ва ҳам ислоҳоти имлои ин забон, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон оғоз кардааст, мавзӯъи баррасии ин ҳафтаи мо дар гузориши вижаи "Симои ҳафта" аст.
«ЭРОН Ё «ИРОН»?
«Эрон» бинависем ё «Ирон»? «Мӯҳтарам» бояд гуфт ё «муҳтарам»? Баҳси ислоҳоти куллии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ин шабу рӯз бештар саргарми ҷову мақоми ҳамин чанд ҳарфу чанд садои забони тоҷикӣ шудааст.
Бо ин ҳол, имсол, 22 июл, ки дар тӯли 20 соли охир дар тақвими идҳои расмии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи Иди забон меомад, барои нахустин бор таҷлил нашуд. Маҷлисе ё анҷумане ба ин муносибат барпо накарданд, шодбоше ҳам ба шарафи забони тоҷикии форсӣ дар ин рӯз аз ҳеҷ минбаре баланд нашуд.

Ёриро табъу забони оташ аст

Чоп

Дар қаламрави Бадахшон, алалхусус Ванҷу Вахё ва Дарвоз эҳтирому маҳбубияти шоири оташзабон Ёрӣ то ба ҳаддест, ки бе ном бурдани вай, гӯё дар ин тобеот шеъру шоирӣ вуҷуд надошта бошад. Ин аз як тараф баҳои сатҳӣ менамояд, вале чун ба ҷараёни воқеоти замон ва мундариҷоти эҷодиёти дастрасбудаи шоирони ҳамзамони Ёрӣ амиқтар шинос шавем, ба осонӣ дарк хоҳем кард, ки ин баҳогузории мардум ба шоири дӯстдоштаашон заминаи қавӣ ва бурҳони қотеъ дорад. Саволе ба миён меояд, ки сабаби ҳама ин шӯҳрати Ёрӣ дар чист? Баҳри чӣ шоироне, ки шеърашон дар маҷмӯъ нисбат ба Ёрӣ бештар асту аз нуқтаи назари нафосати калом аз ӯ камӣ надоранд, ба ин шӯҳрат соҳиб нашуда, шоире ки аксар бо як забони тезутунд ва баъзан бо лаҳҷаи маҳаллӣ шеър месуруд, ин қадар мақбули доираи васеи мардум гаштааст. Дар мақоле омадааст, ки аз бисёр истеъмол кардан шаҳд ҳам ба дил мезанад! Ин «шаҳд» аз «сари зулфу кокул» хондани шоирони ҳамзамони Ёрӣ буд, ки мардум онро дар сари ҳар қадам мешуниданд.

Ба қавли муҳаққиқи маъруфи Эрон доктор Парвиз Нотили Хонларӣ: «Ҳама ҷо гуфтугӯ аз себи занахдону холу хату гесуву зулфу қади сарви маъшуқ ва ғами фироқу орзуи васласт», на нидое аз дарду алами рӯзгори номусоиди мардуми бе пушту паноҳ ва бехонумонгашта.

Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу}

Чоп

Пешгуфтор

Тамоми уммат дорои фарзандҳоест, ки таърихи гузаштагони хешро бо камоли ҳирс сабт менамоянд. Онҳо аз ҳодисаҳои дардноки гузаштагонашон дифоъ намуда, ҳолати ба вуқуъ пайвастан, замони номусоид ва дигар паҳлӯҳои ҳодисаро барои хонандагони худ таҳлил намуда ниёгони худро аз он варта мебароранд. Бо ин сурат, симои гузаштагони хешро сафед карда, онҳоро обрӯю фахри худ қарор медиҳанд. Он хатогиҳои рухдодаро барои насли наврас ибрат қарор медиҳанд. Пас, чаро дар таърихи исломӣ нофаҳмиҳо роҳ ёфта барои насли оянда мушкилоти зиёдеро дар атрофи хеш гузоштааст?!!!

Ин мазмун, моро водор сохт, то дар атрофи ин мавзӯъ равшанӣ андохта хонандагони азизро, ба қадри тавоноӣ, бо таърихи гузаштагон шинос созем.

Ислом аз рӯзи аввали нозил гаштани ваҳй ба Расули акрам ба душманиҳои гуногун дучор гашт. Аз ин рӯ, дар аввали бунёд гаштани давлати исломӣ дар Мадинаи Мунавара дасти душманони Ислом зоҳир набуд. Баъд аз интизории зиёд, дар аввал халифаҳои Пайғамбарро ба шаҳодат расонданд ва пас мусулмонҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо сохтанд.

Таъассуби мазҳабӣ - амали номақбул

Чоп

Рисолае ки пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад, силсиламақолотест, ки аз тарафи донишманди маъруф устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Наҷот» (№№50, 51, 52-и соли 2006 ва №№1, 2-и соли 2007) ба нашр расида буд. Тибқи дархосту хоҳиши баъзе аз дӯстону ҳаводорони эшон тасмим гирифта шуд, то он ба шакли рисолае бо ҳуруфи кириллӣ ва хати ниёгон ба нашр расонида шавад.

Рисола аз мавқеи васатият, холисона ва бетарафона иншо гашта, масъалаи ниҳоят муҳим ва доғи ҷомеа: Таъассубгароии мазҳабӣ ва ифротгароии бемазҳабиро мавриди баҳсу баррасӣ ва таҳқиқ қарор дода, иштибоҳоти ҳар ду гурӯҳро бо услуби илмӣ ва бо ҳуҷҷату далел баён намудааст, то хидмате ҷиҳати рафъи ихтилофот ва эҷоди ваҳдат намуда бошад.

Умедворем, хонандаи азиз рисоларо аз мавқеи беғаразонаву холисонаи худ мутолиа намуда, аз он мустафид хоҳад гашт.

***
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Таъассуби мазҳабӣ - амали номақбул

Номи некаш зевари авроқи девонҳо шуда

Чоп

Имоми Аъзам - Абуҳанифа, ки аз баргузидагони маърифату дониш буд, барои хештан дар осори ҳамгинони худ- нухбагони иқлими андешаву ҳикмат ҷойгоҳи арҷманде пайдо кард. Дар осори донишмандону суханварони асрҳои гузаштаву муосир афкору орои ин пешвои илму маърифати исломӣ бо шеваҳои гуногун ифода гардида, донишу заковати беназир, парҳезгориву сафои ботини ӯро тавсиф кардаанд.
Ҳаким Саноии Ғазнавӣ аз ҷумлаи онҳост. ӯ бо иродати тамом аз боби фазоили аъмол ва раъйу тадбири дурусти Имоми Аъзам {раҳимаҳуллоҳ} сухан ба миён овардааст. Дар маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат» бахши алоҳидаеро бо унвони «Ситоиши Имом Абуҳанифа {раҳимаҳуллоҳ}» ихтисос дода, дар перомуни 47 байт нуктаҳои меҳварии шахсияту андешаи ӯро ба арз расонидааст. Ҳамчунин дар бахшҳои дигари ин маснавии ирфонӣ нуктаҳои ҷолиберо дар иртибот бо Абуҳанифа мундариҷ сохтааст. Дар маҷмӯъ, Саноӣ дар даҳ ҷойи «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат» аз Имоми Аъзам {раҳимаҳуллоҳ} бо зикри куният ё номи ӯ ёд кардааст. Ҳамчунин мавридҳои зиёде бо унвонҳои ифтихорӣ ин пешвои бузурги мазҳабиро ба ҳайси усваи ҳасана тазаккур додааст. Унвонҳои ифтихории мундариҷ дар «Ҳадиқат-ул-хақиқат» муҳимтарин авсофи Имоми Аъзамро дар худ ғунҷоиш додаанд.

Қуръон барои хондан ва амал кардан аст

Чоп

Қуръон каломи Худованд ва охирин китоби осмонист, ки бар муаллим ва ҳидоятгари мушфиқ Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}нозилшуда ва дар он тамоми дастурот ва қавонини пурраи Ислом такмил ёфтааст. Қуръон китоби муқаддасест барои ҳамаи мусалмонон ва ҳидоятгару раҳнамоест дар дунё ва охират. Ҳамин аст, ки тамомимусалмонони кураи заминдар иртибот бо Қуръон як эҳтироми хоссаеро раво дидаанд, ки ин боиси хушнудӣ ва сарфарозию саодатмандии онҳост.

Қуръон китобест поку муназзаҳ аз айбҳо ва нурест дар зулмати роҳ ва абадист дар дилҳо ва маҳфуз аст аз таҳрифоту тағйироти пайравон, зеро ки Худованд мефармояд:

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ (9)

"Бешак, Қуръонро мо нозил кардаем ва мо муҳофиз ва нигоҳдорандаи он ҳастем".

Дар таърихи динҳои гуногуни осмонӣ Қуръон ягона каломест, ки дар он ҳеҷ ягон тағйироту иловаҳо аз ҷониби пайравонаш дида намешавад, бар хилофи пайравони динҳои дигари осмонӣ, ки онҳо дар китобҳои худ тағйироту иловаҳоро раво дидаанд.

Гуноҳи инсон дар Библия ва Қуръон

Чоп

ГУНОҲИ НАХУСТИН ВА ТАБИАТИ АНТОЛОГИИ ИНСОН

Аз таълимоти аҳди ҷадидӣ бармеояд, ки ҳар қадар табиати онтологии инсон бо содир кардани нахустгуноҳ халалдор шуда бошад ҳам, он аллакай ба сабаби он ки бо образ ва монандии Худо офарида шудааст, қисман ва тавассути қурбонии Масеҳ барои хариди гуноҳон пурра барқарор (эҳё) мешавад. Қуръон аксаран ба нокомилии ахлоқии инсон таваҷҷуҳ дорад. Инсон ба худии худ, бидуни итоат аз Худо ҳеҷ аст, устувор нест, заъиф аст.

Ин мавзӯъ дар Қуръон зиёд садо медиҳад. Масалан, "Ҳар оина одамиро ҳарису ношикебо офаридаанд" (Қуръон 70:19), "Ҳаққо, ки одамӣ нофармонӣ мекунад" (Қуръон 96:6), "…вале одамӣ беш аз ҳама ба ҷадал бармехезад" (Қуръон 18:54), "…хасме ошкор аст", "одамӣ носипос аст" (Қуръон 36:77 ва 17:67), "Чун ба инсон неъмат додем, эътироз кард ва хештан ба як сӯ кашид ва чун газанде ба ӯ расид, навмед гардид" (Қуръон 17:83).

Ҳар як амали инсон билкулл аз амали созанда ва офарандаи Худо вобастагӣ дорад. "Офаринандаи ҳар чизест" (Қуръон 6:102), - гуфта шудааст дар Қуръон ва зиёда аз ин таъкид мешавад, ки: "Парвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад … ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд, бартар аст" (Қуръон 28:68).

Арабӣ

ТАҚВИМИ ҲИҶРӢ


ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ ВАҚТ
1. БОМДОД 4:31
тулуъи хуршед 6:00
2. ПЕШИН 12:23
3. АСР 4:53
4. ШОМ 6:44
5. ХУФТАН 8:09

НАЗАРСАНҶӢ

Имом Бухорӣ кадом сол чашм ба ҷаҳон кушуда аст?
 

ҚОЛАБИ ВУРУД



mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз374
mod_vvisit_counterДирӯз1432
mod_vvisit_counterИн ҳафта4507
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2888
mod_vvisit_counterИн моҳ6095
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16572
mod_vvisit_counterҲама рӯзҳо67854

Дар сомона: 4 меҳмон рӯйи хат ҳастанд.
IP-и шумо: 38.107.191.109
 , 
Имрӯз: 09 Сен, 2010

ОМОРИ СОМОНА

Корбарон : 166
Мавод : 511
Пайвандҳои Web : 54

НОЗИРИ СОМОНА

JoomlaWatch 1.2.12 - Joomla Monitor and Live Stats by Matej Koval