۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Ба номи он ки ҳастии ҳама махлуқоти олам аз ӯст ва ӯ таоло дорои номҳои зебост ва бар бандагонаш хостори накӯист ва мехоҳад, ки онҳо низ номҳои зеборо дошта бошанд, то бо номҳои худ нексиришт ва фармонбардори ӯ таоло бошанд.
Агар мо ба мафҳуми луғавии калимаи ном назар кунем, мебинем ки он барои муаян кардани шахсе ё чизе ба кор бурда мешавад. Бинобар ин, ман тасмим гирифтам, то дар мавриди фарҳанги номгузорӣ дар таърихи қадиму ҷадиди миллатамон ва аҳаммияту таъсири номгузорӣ дар руҳияи шахс ба таври мухтасар ибрози ақида намоям.
Рисолае ки пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад, силсиламақолотест, ки аз тарафи донишманди маъруф устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Наҷот» (№№50, 51, 52-и соли 2006 ва №№1, 2-и соли 2007) ба нашр расида буд. Тибқи дархосту хоҳиши баъзе аз дӯстону ҳаводорони эшон тасмим гирифта шуд, то он ба шакли рисолае бо ҳуруфи кириллӣ ва хати ниёгон ба нашр расонида шавад.
Рисола аз мавқеи васатият, холисона ва бетарафона иншо гашта, масъалаи ниҳоят муҳим ва доғи ҷомеа: Таъассубгароии мазҳабӣ ва ифротгароии бемазҳабиро мавриди баҳсу баррасӣ ва таҳқиқ қарор дода, иштибоҳоти ҳар ду гурӯҳро бо услуби илмӣ ва бо ҳуҷҷату далел баён намудааст, то хидмате ҷиҳати рафъи ихтилофот ва эҷоди ваҳдат намуда бошад.
Умедворем, хонандаи азиз рисоларо аз мавқеи беғаразонаву холисонаи худ мутолиа намуда, аз он мустафид хоҳад гашт.
Ҳоло риштаи сурхи сиёсати ҷаҳон танҳо иборат аз муборизаи яхуду насоро (дар симои иттиҳоди Аврупову ИМА) алайҳи ислом аст ва мо албатта аз ОЛАМИ ИСЛОМЕМ, ҳатто дар сиёсати ҷаҳони ҳам берун аз он эътиборе надорем, агар дорем муваққатию даргузар ва гирифтор бо ағрозест, ки бар мо доранд, то он даме, ки ғарази буда бар ҳадаф расад ва мо ночиз гардем. Имрӯз роҳи ғалабаи худро дар ибораи «ҷаҳонишавии олам» беҳтар ёфтаанд ва ҳам онро хеле оқилона бар манфиати худ анҷом медиҳанд.