۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Филми мустанад дар бораи тарҳи густариш ва бозсозии масҷиди Паёмбари гиромӣ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар Мадинаи Мунаввара
Дар ин филм марҳалаҳои гуногуни охирин тарҳи густариши масҷиди масҷиди Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва талоши сутудании муҷриён ва тарҳрезони ин бинои мондагорро нишон медиҳад.
Густариши кунунии масҷиди Набӣ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар соли 1405 ҳ.қ. оғоз шуд ва дар асари он ба масоҳати масҷид 82000 метри мураббаъ афзуда шуд, то ин ки масоҳати он ба 98500 метри мураббаъ расид, ки беш аз 167000 намозгузорро дар худ ҷой медиҳад.
Ба номи он ки ҳастии ҳама махлуқоти олам аз ӯст ва ӯ таоло дорои номҳои зебост ва бар бандагонаш хостори накӯист ва мехоҳад, ки онҳо низ номҳои зеборо дошта бошанд, то бо номҳои худ нексиришт ва фармонбардори ӯ таоло бошанд.
Агар мо ба мафҳуми луғавии калимаи ном назар кунем, мебинем ки он барои муаян кардани шахсе ё чизе ба кор бурда мешавад. Бинобар ин, ман тасмим гирифтам, то дар мавриди фарҳанги номгузорӣ дар таърихи қадиму ҷадиди миллатамон ва аҳаммияту таъсири номгузорӣ дар руҳияи шахс ба таври мухтасар ибрози ақида намоям.