۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Attention! Javascript must be enabled to read our newsticker.
Сафҳаи асосии сомонаи «Фирдавсӣ»
Рамазон ва пойтахти фарҳанги исломӣ
Posted in
Қазоёи муосир -
Қазоёи муосир
Ё то кай аз Қуръон мегурезем?
РАМАЗОН
Рамазон моҳи нуҳум дар солшумории ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Рамазон дар миёни моҳҳои дигар бо он фарқ мекунад, ки мусулмонон дар рӯзҳои он рӯза мегиранд. Аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб наменӯшанд, намехӯранд, бо ҳамсарони хеш наздикии ҷинсӣ намекунанд ва дар умум аз чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунанд, худдорӣ менамоянд.
МОҲИ РӮЗАДОРӢ ВА БОТАҚВО ШУДАН
Дар моҳи рамазон рӯза гирифтан барои мусулмонон фарзи айн аст. Яъне мусулмон дар моҳ, ки 30 рӯз дорад, бояд рӯза бигирад. Ҳукми он дар Қуръони карим, дар оёти 182 то 187-и сураи "Бақара" омадааст:
"Ай касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо воҷиб шуда, ҳамонтавр, ки бар ақвоми қабл аз шумо воҷиб шуда буд, шояд ботақво шавед".
Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон
Posted in
Фиқҳ -
Рӯза
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Пешгуфтор
Ба номи онки дил кошонаи ӯ ст ,
Нафас гарди матоъи хонаи ӯ ст .
Салом ба Рамазон - моҳи зиёфати Илоҳӣ. Салом ба рӯзадорони ин моҳ, ки хобашон ибодату нафасҳояшон тасбеҳ аст ва салом ба шаби Қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст.
Моҳи Рамазон шуд маю майхона вар - уфтод ,
Ишқу тарабу бода ба вақти саҳар уфтод .
Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост. Ҳар кас худро барои ин меҳмонӣ беҳтар омода карда бошад, аз хони густӯрдаи лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Ҳар кас дар ин меҳмонӣ муаддабтару оростатар бошад соҳибхона ба ӯ лутфу навозиши бештар хоҳад дод.
Дар ривоят омадааст, ки «Дарҳои осмон дар шаби аввали моҳи
Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост
Posted in
Фиқҳ -
Рӯза
Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон
Рамазон рамзи муноҷоти шаб аст,
Зикри Қуръон дар вуҷудаш бар лаб аст.
Рамазон моҳест, ки бо вуҷуд ва ҳузуру фарорасии он бандаи мӯъмину мусалмон оромиши хотиру болидагии рӯҳ ва тазкияи нафсро дармеёбад. Дигар он ки ин моҳ моҳи мизбонии Қуръони карим аст. Мо дар ин моҳ бо ифтихор Қуръонро ба меҳмонии худ мепазирем ва бояд, ки аломатҳо ва нишонаҳои ин меҳмонӣ дар пайкари ҷомеъаи мо ошкоро дида шавад.Шарти мизбонӣ ва меҳмондорӣ ин меҳмоннавозӣ аст, ки дар фарҳанги ғанӣ ва кӯҳани мардуми мо тоҷикон маъруфу машҳур буда ва меҳмонро атои Худо мегӯянд.Чи чиз болотар ва беҳтару арзишмандтар аз номи дилнишин ва волои Қуръон аст, ки забон аз гуфтану номбурдани он лаззатеро ҳис мекунад ва гӯшҳову чашмҳо аз шунидану дидани оятҳои рӯҳбахш ва ҳуруфу нақшҳои рамзнокаш фикрҳои олиеро дармеёбад ва бо фарогирии ҳамаи инҳо дилу хотир оромиш пайдо менамояд. Ин моҳ моҳи маҳфилороии Қуръони карим аст, ки бо барподории намози таровеҳу намози шаб ва хатми Қуръони карим
Тарҳи густариш ва бозсозии Масҷиди Набавӣ
Posted in
Видео -
Видео
Филми мустанад дар бораи тарҳи густариш ва бозсозии масҷиди Паёмбари гиромӣ { саллаллоҳу алайҳи ва саллам } дар Мадинаи Мунаввара
Дар ин филм марҳалаҳои гуногуни охирин тарҳи густариши масҷиди масҷиди Паёмбар { саллаллоҳу алайҳи ва саллам } ва талоши сутудании муҷриён ва тарҳрезони ин бинои мондагорро нишон медиҳад.
Густариши кунунии масҷиди Набӣ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам } дар соли 1405 ҳ.қ. оғоз шуд ва дар асари он ба масоҳати масҷид 82000 метри мураббаъ афзуда шуд, то ин ки масоҳати он ба 98500 метри мураббаъ расид, ки беш аз 167000 намозгузорро дар худ ҷой медиҳад.
Бо густариши атрофи Ҳарами Набавӣ ҳазорони дигар ба зарфияти намозгузорон илова гашт.
Ин филм марҳалаҳои иҷрои тарҳи сутурги густариши масҷиди Паёмбарро { саллаллоҳу алайҳи ва саллам } аз оғози кори тахриб,
Дар баёни ин ки асли низоми олам аз худист...
Posted in
Ашъор -
Ашъор
ДАР БАЁНИ ИН КИ АСЛИ НИЗОМИ ОЛАМ АЗ ХУДИСТ ВА ТАСАЛСУЛИ ҲАЁТИ ТАЪИНОТИ ВУ Ҷ УД БАР ИСТЕҲКОМИ ХУДӢ ИНҲИСОР ДОРАД
Пайкари ҳастӣ зи осори худист,
Ҳарчӣ мебинӣ, зи асрори худист.
Хештанро чун худӣ бедор кард,
Ошкоро олами пиндор кард.
Сад ҷаҳон пӯшида андар зоти ӯ,
Ғайри ӯ пайдост аз исботи ӯ.
Дар ҷаҳон тухми хусумат коштаст,
Хештанро ғайри худ пиндоштаст.
Созад аз худ пайкари ағёрро,
Сомонаи «ШИФО» ва «Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон»
Posted in
Эълонҳо -
Эълонҳо
Наъра зад WEB , ки сайти дигаре пайдо шуд,
Ҷиншикан, ҷинфикане, сеҳрдаре пайдо шуд.
Ва ин сайти ҷиншикан, ҷинфикан, сеҳрдар, ки пардаи сиёҳи рӯи соҳирону даҷҷолонро меафганад ва чеҳраи ҳақиқии ононро ошкор месозад, сомонаи навест, бо номи Сомонаи «ШИФО» ки ба наздикӣ, чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушуда.
Бояд гуфт, ки ҷаҳони ҷинну шаётин ҷаҳонест, аз чашми башар ниҳон ва роҳе барои донистани ин ҷаҳон вуҷуд надорад, магар аз тариқи ду ваҳй – Қуръони Карим ва Суннати Паёмбари Акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам }, ки ҷаҳони аз чашм ниҳонро барои ҷаҳони башар рӯшании комил бахшида, ҳама ҷиҳатҳои норӯшани онро муфассалан партав афканда ва машокили бархӯрди ин ду ҷаҳонро васфи комил намуда, роҳи ҳалли ин машокилро баён намуда аст. Ҷодугарӣ, фолбинӣ, ғайбгӯӣ низ дар бештари ҳолот аз ҳамин бархӯрд маншаъ мегирад, ки дар назари бештари мардум ноогоҳ умурест, мубҳам ва хориқулъодда, то ҳадде ки бархе аз ҷоҳилон ин падидаҳоро ҳамчун каромати илоҳӣ
Рамазони соли 2010 фаро расид!
Posted in
Фиқҳ -
Табрикоти идона
Моҳе фаро расид, ки ҳама мусулмонони ҷаҳон меҳмони суфраи неъматҳои бедареғи фаровони Худованди Раҳмон мешаванд, аз хони густурдаи пурбаракати ӯ баҳра мебаранд, аз раҳмату мағфирати ӯ бархӯрдор мегарданд, моҳе ки тиловати Қуръони азимушшаън ва овози каломи малакутии хониши он гӯшҳои ҳақшунави мусулмонони покро навозиш медиҳад, моҳе ки забони муъминони порсо ба зикри Худои азза ва ҷалла ва истиғфору тавбаву таҳмиду такбиру дуову ниёиш машғуланд, моҳе ки андомҳои парҳезгорони неккирдор аз ҳама ношоистагиҳо дуранду ба кирдори неку шоиста чун садақа ва таом додан, беш аз пеш рӯ овардаанд ва роҳи хушнудии ӯро мепаймоянду ҳар рӯзе ба сӯи ӯ наздиктар мешаванд.
Кормандони Сомонаи «ФИРДАВСӢ» фаро расидани моҳи мубораки Рамазони соли 1431ҳиҷрӣ мутобиқ ба 11 августи 2010-ро барои ҳама мусулмонон хуҷастабод мегӯянд.
Аз Худои таоло масъалат дорем, ки ин моҳи муборакро барои уммати исломӣ бо хайру баракат бозгардонад ва дар сояи караму фазлу раҳмати беинтиҳояш ҳамаи мусулмононро қарор диҳад ва борони раҳмату мағфирати худро бар онон фурӯ резад ва аз кӯтоҳӣ ва гуноҳонашон даргузарад ва ба роҳи ҳаққу тавҳиду яктопарастӣ
Моҳи Рамазон, истиқбол ва зинда доштани он
Posted in
Фиқҳ -
Рӯза
Ба номи Худое, ки ҷон офарид,
Сухан гуфтан андар забон офарид. (Саъдӣ)
Пешгуфтори мутарҷим
Ин китоб, ки ба қалами донишманди муосири араб Шайх Абдуллоҳ Ҷибрин тааллуқ дорад ба хотири хидмати хоксорона ба мардуми шарифи сарзамини соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби камина тарҷума гардид. Мақсад аз ин кор бори дигар огоҳ сохтани бародарони гиромӣ аз фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон ва ба таври шоиста истиқбол гирифтани он аст.
Шукри Худованди маннон, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо қудуми ин моҳи муборак гарму ҷӯшон пешвоз гирифта мешавад ва дар корхонаву муассисоти давлатӣ барои кормандони рӯзадор шароити лозимӣ муҳайё карда мешавад.
Ин гуна имконият пеш аз истиқлол мавҷуд набуд. Имрӯз барои сокинони кишвари озоди мо зарур аст, ки ҳар чи бештар
«Тамҳид»-и «Асрори худӣ»-и Иқбол
Posted in
Ашъор -
Ашъор
АСРОРИ ХУДӢ
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
3-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами дастонам орзуст.
Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо
Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст.
Мавлоно Ҷ алолиддини Румӣ
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
ТАМҲИД
Нест дар хушку тари бешаи ман кӯтоҳӣ,
Чӯби ҳар нахл, ки минбар нашавад, дор кунам.
Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ
ВАҚТ
1. БОМДОД
4:31
тулуъи хуршед
6:00
2. ПЕШИН
12:23
3. АСР
4:53
4. ШОМ
6:44
5. ХУФТАН
8:09
Корбарон : 166
Мавод : 511
Пайвандҳои Web : 54