۞ Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз гуфт: Эй Муоз, оё туро дуое биёмӯзонам, ки чун бо он дуо кунӣ, агар монанди кӯҳи Уҳуд бар ту вом (қарз) бошад, Худои таоло яқинан, онро аз ту хоҳад пардохт:
Аллоҳумма молика-л-мулки ту'ти-л-мулка ман ташо'у ва танзиъу-л-мулка мимман ташо'у ва туъиззу ман ташо'у ва тузиллу ман ташо'у, биядика-л-хайру, иннака ъало кулли шай'ин қадир(ун), Раҳмона-д-дунё ва-л-охирати ва Раҳимаҳумо, туътиҳумо ман ташо'у ва тамнаъу минҳумо ман ташо'у, ирҳамнӣ раҳматан туғнинӣ биҳо ъан раҳмати ман сивока.
Худовандо, эй дорандаи подшоҳӣ, (эй он ки подшоҳиву мулки ҷаҳону охират зери фармони туст,) ба ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро медиҳӣ ва аз ҳар кӣ (аз бандагонат) хоҳӣ, подшоҳиро бозмеситонӣ ва ҳар киро хоҳӣ, арҷманд месозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Некӣ ба дасти туст, ҳароина, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Эй Бахшояндаи дунё ва охират ва меҳрубони ҳар ду ҷаҳон, ба ҳар кӣ хоҳӣ, ҳар дуро (яъне дунёву охиратро) медиҳӣ ва он дуро (яъне дунёву охиратро) аз ҳар кӣ хоҳӣ, бозмедорӣ. Маро раҳмате фармо, ки бо он маро аз раҳмати дигарон бениёз гардонӣ.
Ҳадисро Имом Табаронӣ дар «Ал-муъҷаму-с-сағир» бо исноди хуб ривоят карда аст. «Саҳеҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб»; 1821, ҳадиси ҳасан аст. ۞
Attention! Javascript must be enabled to read our newsticker.
Сафҳаи асосии сомонаи «Фирдавсӣ»
Posted in
Фиқҳ -
Рӯза
Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар Қуръони Карим мефармояд:
قُلْ بِفَضْلِ اللَّهِ وَبِرَحْمَتِهِ فَبِذَلِكَ فَلْيَفْرَحُوا هُوَ خَيْرٌ مِمَّا يَجْمَعُونَ .
Бигӯ, ба фазлу раҳмати Аллоҳ, ба ҳамин чиз бояд мардумон шодмон шаванд, ин беҳтар аз чизҳоест, ки гирд меоваранд. [Сураи Юнус; 58]
Бародарон ва хоҳарони мусулмон!
Аллоҳи мутаол дар поёни моҳи мубораки Рамазон бар рӯзадорон миннат ниҳод, чун анҷоми кореро ки василаи пок гардонидан ва комилкунанади неъматаш ба эшон аст, бар онон муқаррар карда аст.
Бо анҷоми он рӯза ва шабзиндадорӣ ононро қабул мекунад ва лағзишҳо ва беҳудагиҳоеро ки бо ибодоташон даромехта аст, аз байн мебарад ва ниёзмандонашонро дар рӯзи иди Фитр аз гадойӣ бениёз мекунад.
Posted in
Мақолаҳо -
Мақолаҳо
Рӯза яксӯ мешавад…
Ҳамакнун моҳи шарифи Рамазон ба поён мерасад. Моҳи раҳмати парвардигор бар бандагон, моҳи омурзиши гуноҳон, моҳи раҳоӣ аз оташи дӯзах.
Воқеан, рӯзҳои рамазони имсола нисбат ба солҳои пешин тӯлонитару ҳаво ҳам нисбатан гармтар буд. Рӯзадорон бо таҳаммули ташнагиву гушнагӣ дар давоми 30 рӯз беш аз 15 соат дар гармии тоқатфарсо аз хӯрдану нӯшидану алоқаи ҷинсӣ бо ҳамсарони ҳалоли хеш худдорӣ карданд. Онҳо тавонистанд, ки дар чунин имтиҳони солонаи худовандӣ имсол ҳам комёб шаванд ва нафси худро тазкия кунанд. Худованд ваъда карда, ки рӯзадорӣ барои ӯст ва Ӯ подошашро худаш ба бандагон медиҳад.
Бархе ҳам натавонистанд, ки рӯзаро то охири моҳ идома бидиҳанд. Баъзе ба иллати заъфи ҷисмонӣ ва баъзе ба баҳонаи тоб наовардан. Як ронандаи таксӣ гуфт, чанд тан аз ҳамкоронаш, ки одатан дар гармои рӯз барои аҳлу аёлашон қути лоямут пайдо мекунанд, имсол ба рӯзадорӣ тоб наоварданд ва рӯзаашонро хӯрданд.
Ислом - заминаи густариши илм
Posted in
Мақолаҳо -
Мақолаҳо
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон !
Дар заминаи талошу пайкорҳои фарзандони асили миллат ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ баҳори озодӣ ва истиқлолият ба як воқеият табдил ёфт, агарчи ҳоло ҳам он комил нест; дар кишвар барои рӯ овардан ба фарҳанги асили исломӣ, ҳувият ва худшиносии миллӣ фазои мусоиде фароҳам гашт. Вале мутаассифона, бо сабабҳои маълуми замони пешин ва дур шудани мардуми Осиёи Марказӣ , аз ҷумла тоҷикон аз фарҳанг ва асолати аҷдодии хеш ва таҳмил гардидани фарҳанги таҳоҷумгари русӣ ва ғарбӣ мардум дастовардҳои ахири хешро, чӣ фанниву чӣ фарҳангӣ, моли бегонагон медонанд… Вақте ба таърихи давлатдории Юнон , Рум , Форс ва дигар миллатҳои номовари ҷаҳон назар меандозем, дида мешавад, ки афкори Афлотуну Сино ва Форобиву Пифагор ба густариши илм ва фароҳам сохтани василаҳои расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ сарф гаштаанд ва албатта, ҳар кадоме дар заминаи афкор ва ақидаи хеш.
Ислом дар асри 6-7 милодӣ дар ҷаҳон интишор ёфт ва дар
Сангҳои қимати Бадахшон, дар интизори муштариён
Posted in
Қазоёи муосир -
Ҳиҷоб
Баррасиҳои заминшиносӣ собит карда, ки дар атрофи кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон беш аз 80 навъи сангҳои гаронбаҳо вуҷуд дорад.
Мушкилоти молии баҳрабардорӣ аз ин сангҳо ва таваҷҷӯҳи нокофии сармоядорони дохилӣ ва хориҷӣ ба ин арса боъис шуда, то сангҳои гаронбаҳои Бадахшон то ҳол дар қалби кӯҳҳои ин мантақа нуҳуфта бимонанд.
Дар солҳои ахир бахши хусусӣ дар Бадахшон ва баъзе созмонҳои байналмилалӣ барои роҳандозии корхонаҳои тавлиди ҷавоҳирот ва фурӯши онҳо талош мекунанд.
Муҷассамаи Носири Хисрав, шоъир ва файласуфи порсизабонро, ки дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони Бадахшон се сол пеш гузоштанд, аз санги мармари бадахшонӣ сохта шудаааст.
Ин муҷассама ба хотири бузургдошти шахсияти Носири Хисрав, ки солҳои поёнии умрашро дар дараи Юмгони Бадахшон гузаронда,
Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо
Posted in
Қазоёи муосир -
Қазоёи муосир
Муҳоҷирати корӣ, ки шеваи зиндагӣ дар хонаводаҳои тоҷикро дар тӯли як даҳсолаи гузашта, тағйир додааст, ба мафҳуми вафодорӣ ва ё хиёнат беасар намондааст. Таҳқиқоти мухталиф нишон додааст, ки бисёре аз ҳамсарони муҳоҷирони корӣ, ба иртиботҳои ғайришаръии шавҳарони муҳоҷири худ, аз пушти панҷа менигаранд.
Санавбари 28-сола ва сокини Душанбе, ки як фарзанд дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гоҳ чунин рафтори шавҳарашро таҳаммул нахоҳад кард: «Мисол дар он ҷо хонавода ташкил карда бошад, зиндагӣ ташкил карда бошад ва агар дар чашми ман хок мепошад, ман намебахшам. Ман мегӯям, ки ҷудо мешавам, ман таҳсилдидаам ва як фарзанд дорам, ман худам ӯро ба воя мерасонам, мехононам, шумо ба ман даркор нестед, ҷавоби маро диҳед, шумо он тараф ва ман тарафи дигар». Аммо агар шавҳараш иртибот бо хонаводаро нигаҳ дорад ва дар ҳаққи ӯ ғамхорӣ кунад, бо вуҷуди он сахтгирӣ, Санавбар аз гуноҳи шавҳараш мегузарад ва бевафоии муваққатии ӯро нодида
Нақли аъзо аз манзури фиқҳи исломӣ
Posted in
Қазоёи муосир -
Қазоёи муосир
Инсон мукаррамтарин махлуқи худованд мебошад. Ислом барои муҳофаза кардани каромати инсон эҳтимоми калон медиҳад. Барои ҳамин худованди карим душманию зулм карданро байни бандагонаш ҳаром гардондааст. Барои шахсоне, ки ба каромати инсон таҷовуз мекунанд қасосу ҳад ва дигар хел иқобҳоро ҷорӣ кардааст. Ислом инсонро нафақат дар ҳаёташ каромат мекунад балки баъди вафоташ ҳурмату кароматашро ҳифз мекунад. Инчунин ислом инсонро аз доираи хариду фурӯш хориҷ сохтааст ва ба он шахсоне, ки инсони ҳурро мефурӯшанд ваъиди сахтро муҳаддад намудааст.
Лекин пешравии илм дар соҳаи тиб исбот кард, ки инсон метавонад аз узви дигар инсон истифода барад. Аввалини ин истифодабари дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бо нақли хун шуда то ин дам бо нақл кардани аъзои инсон ба дигар инсон дар маҷоли тиб татбиқ шуда истодааст. Оё нақли узви инсон ба дигар шахс зидди каромат аст?
Дар ин бора мо метавонем дар чаҳор нуқта сухан бикунем.
Нақзи қонуни забон: 25 қазия ба нафъи кумита ҳал шуд
Posted in
Забони тоҷикӣ -
Забони тоҷикӣ
Профессор Саймудинов мегӯяд кумитаи истилоҳот чандин созмонро барои нақзи қонуни забон ба маҳкама кашидааст
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, ки назорат бар иҷрои Қонуни забон аз аввали соли ҷорӣ ҷиддан ба роҳ монда шудааст.
Ба гуфтаи Профессор Додихудо Саймудинов, то ҳол 25 қазияи додгоҳӣ дар робита бо нақзи ин қонун муҳокима ва ба нафъи ин кумита ҳал шудааст. Дар натиҷа, созмонҳо ва муассисоте, ки қонуни забонро нақз мекунанд, ҳар кадом ба маблағи 529 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Мавзӯъи забон дар Тоҷикистон аз мавзӯъоти ҳассос ва баҳсбарангез аст ва интиқодоте дар мавриди корбурди вожаҳо ва ибороти номафҳум ва ё тарҷумаҳои ғайрисаҳеҳ матраҳ аст.
Ин мавзӯъ ва масоили марбут ба баҳсҳои забони меъёр, воридшавии истилоҳоти ҷадид ба забон, нуфузи эрониҳо
Духтарони Шаҳритус: Ҷустуҷӯйи "бахт" дар мазорҳо
Posted in
Ахбор -
Ахбор
Мазорҳо ва мақбараҳои афроди мазҳабӣ ва маъруфи таърихӣ дар Тоҷикистон ба монанди ҳар кишваре дигар дар миёни мардум аз шӯҳрати зиёде бархурдоранд.
Ҳарчанд ин мавзеъҳо назди рӯҳониён бештар барои зиёрат ва ибрози эҳтиром ба шахсиятҳои мазҳабии гузашта аҳаммият доранд, аммо мардуми авом ва алоқамандони хурофот ба зиёрати ин мавзеъҳо бештар ба дунболи хостаҳои дигаре меоянд.
Ба бовари Санавбари Хайрулло , як сокини ноҳияи Шаҳритус и вилояти Хатлон , танҳо пас зиёрати мазорҳо ва шаҳидҳо "бахт ба рӯйи ӯ хандида" ва ӯ шавҳар ёфтааст.
Аксари солмандон ва духтарони маҳаллӣ дар ноҳияи Шаҳритус ба "бахткушо" будани мазорҳои бузургони дин ва ҷойи шуҳадои ноҳияи худ бовар доранд.
Аз назари духтарони ҷавон "бахт" бештар ба маънии "издивоҷ" ё зиндагии хонаводагӣ аст.
Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ: Моҳро дидед, рӯза бигиред!
Posted in
Қазоёи муосир -
Қазоёи муосир
Домулло Муҳаммадӣ ибни Саид Аҳмади Эшонҷон ё худ Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ аз зумраи он нухбагони олами ислом дар Тоҷикистон аст, ки таълими ибтидоии диниро дар назди қиблагоҳи худ Домулло Саид Аҳмад гирифта, баъдан барои такмили донишу малака дар назди донишмандони маъруфи динии Тоҷикистон Домулло Саидҷалол, Домулло Назрӣ ва Домулло Абдурашид «Мухтасар», «Шарҳ-ул-виқоя», «Ҳидоя», «Наҳв»-у «Усули маонӣ», «Ақида», «Аҳодису тафсир» -ро аз бар намудааст.
Имрӯз даҳҳо нафар аз уламо ва пешвоёни маҳаллии динии кишвар, имом хатибону дигар толибони илми Қуръон шогирдони Домулло Муҳаммадӣ мебошанд. Дар доираҳои динии кишвар Домулло Муҳаммади ро аз донишмандони саршиноси дин дар ҷануби Тоҷикистон ном мебаранд. «Миллат» дар остонаи моҳи шарифи Рамазон сӯҳбати ихтисосиро бо Домулло Муҳаммадӣ анҷом додааст, ки пешкаши хонандаи рӯзадор мегардад.
ШӮРАВИИ БЕДИН ВА ТОҶИКОН
Душанбе Тоҷикистон
30 Ramadan 1431
September 9, 2010
НАМОЗ
ВАҚТ
1. БОМДОД
4:31
тулуъи хуршед
6:00
2. ПЕШИН
12:23
3. АСР
4:53
4. ШОМ
6:44
5. ХУФТАН
8:09
Корбарон : 166
Мавод : 511
Пайвандҳои Web : 54