Сафҳаи асосии сомонаи «Фирдавсӣ»
Гӯшае аз зиндагонии асҳоб: 4. Баро' ибни Молики Ансорӣ
Охирин таҷдид дар рӯзи панҷшанбе, 04 Феврали 2010 соати 21:02 Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд рӯзи панҷшанбе, 04 Феврали 2010 соати 15:11
Баро' ибни Молики Ансорӣ марди жулидамӯй ва лоғар буд, бинанда фикр намекард, ки ин шахс ин ҳама қаҳрамонӣ ва шуҷоат нишон диҳад. Аммо бо вуҷуди ин заъфи ҷисмонӣ ва нотавонии бадан беш аз сад танро ба танҳоии хеш ба қатл расонидааст ва ин теъдод ғайр аз теъдодест, ки ба дасти вай дар саҳнаи набард зиндагӣ худро аз даст додаанд.
Ин қаҳрамони номовар ва шуҷоъ он қадар дар саҳнаи набард бебокона меразмид, ки ҳазрати Умари Форуқ ба кордорони худ дар гӯшаву канори қаламрави Ислом дар хусуси вай навишта ирсол намудааст, ки ба вай вазифаи қумандонии лашкари мусулмононро надиҳанд, ки мабодо бо иқдоми хеш ҳамаро дар вартаи ҳалокат ва нобудӣ андозад. Вай бародари Анас ибни Молик ходими ҳазрати Расулуллоҳ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аст. Мо агар бихоҳем ҳама ҷониби зиндагии Баро' ва қаҳрамониҳову диловариҳои вайро ба риштаи таҳрир дарорем ин амр аз тавони мо берун аст. Ва фақат ба зикри як ҳодиса аз қаҳрамониҳои вай дар ин ҷо иктифо мекунем ва ин қисса худ боқӣ дигар ҳама саргузашт ва қаҳрамониҳои вайро дар ихтиёри мо хоҳад гузошт.
Ин достон аз давраи вафоти ҳазрати Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва пайвастанаш ба рафиқи аъло огоз мешавад. Тавре ки қабилаҳои араб баъд аз вафоти он ҳазрат тасмим гирифтанд, ки ҳама дастаҷамъӣ аз дини Хордо берун шаванд ҳамон тавре, ки ҳама дастҷамъӣ дар ибтидо ба дини Худо дохил шуда буданд, то он ки аз Ислом ному нишоне намонад ва ба ҷуз аҳли Макка ва Мадина ва Тоиф ва ҷамъиятҳои маъдуде, ки ба суратҳои пароканда дар ин ҷо дар Ислом боқӣ монданд, боқӣ ҳама аз дини Худо саркашӣ карданд.
Гӯшае аз зиндагонии асҳоб: 3. Умайр ибни Ваҳб
Охирин таҷдид дар рӯзи панҷшанбе, 04 Феврали 2010 соати 15:12 Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд рӯзи панҷшанбе, 04 Феврали 2010 соати 15:09
Умайр ибни Ваҳб дар маъракаи Бадр ҷон ба саломат бурд. Аммо фарзандаш Ваҳбро дар дасти мусулмонон асир гузошт.
Умайр аз он бим дошт, ки мабодо мусулмонон писари ҷавонашро ба ҷурми падараш озор диҳанд ва ӯро сахттарин азоб бичашонанд, чун падараш ҳазрати Расули Худо ва ёронашро азият медод ва онҳоро шиканҷа мекард.
Дар яке аз рӯзҳо Умайр ба қасди тавофи Каъба ва табаррук ҷустан ба бутҳо ба Масҷиду-л-ҳаром рӯй оварда дид, ки Сафвон ибни Умайя дар гӯшае аз Ҳиҷр нишастааст. Ба сӯи вай мутаваҷҷеҳ шуд ва ба ӯ саломи пагоҳӣ дод ва гуфт:
- Субҳат ба хайр, эй сардори Қурайш!
Сафвон низ дар ҷавоб ӯро субҳ ба хайр гуфт ва изҳор дошт:
- Эй Абуваҳб, биё чанд лаҳзае бинишинем, ки вақтро ҷуз сӯҳбат чизи дигар ба сар наёварад.
Умайр дар канори Сафвон ибни Умайя нишаст ва ҳар ду риштаи сӯҳбатро аз гузаштаҳои рӯзи Бадр кушоданд ва ин рӯзи сиёҳи худро ёдовар шуданд, ки дар ин рӯз чӣ шикасти шармандавор насибашон гардид ва чӣ қадар аз сарон ва бузургонашонро аз даст доданд ва чӣ қадар аз фарзандон ва наздиконашон ба дасти мусулмонон асир гашт.
Шарҳи як ҳадис дар мавзӯъи зан
Охирин таҷдид дар рӯзи чоршанбе, 03 Феврали 2010 соати 21:46 Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд рӯзи чоршанбе, 03 Феврали 2010 соати 20:04
Рӯзи 9 январ дар нишасте, ки зери унвони «Бонувон ва интихобот» аз тарафи рӯзномаи Миллат ташкил шуда буд, ҳузур ёфтаму дар кунҷе хамуш нишаста наззора мекардам. Дар ин маҳфил бонувони гуногуне бо намояндагӣ аз аҳзобу ташкилотҳои ғайри давлатӣ ва ВАО ва инчунин намояндагони тамоми аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Мавзуоту андешаҳои гуногуне радду бадал мешуд то ин ки сухан ба намояндаҳои аҳзоб дода шуд ва ин саволро низ бояд онҳо посух медоданд, ки чаро дар рӯйхатҳои ҳизбӣ бонувон камтар дида мешаванд ва чаро дар аҳзоби сиёсӣ занон мавқеи муҳкаму қавӣ надоранд ва ғайра...
Ғафуров ва бардошти ғалат
Дар ин миён, сухан ба раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ҷаноби Ғафуров Абдуҳалим дода шуд. Ӯ каме аз мавзӯъ фаротар рафта ба мӯди рӯз худро мутобиқ сохту аз аҳодиси Пайғамбари Худо дар мавзӯъи зан ёдовар шуд.
Ба унвони пажӯҳишгари масоил ва андешаи динӣ хеле ба ин нукта таваҷҷуҳ намудам. Ҷаноби Ғафуров дар оғоз ин ҳадиси «биҳишт зери пойи модарон»-ро хонда изҳори ақида намуд, ки ин ҳадиси ҷойгоҳ ва мавқеъи занро боло бардоштааст.
Ислом, демократия ва интихобот
Охирин таҷдид дар рӯзи чоршанбе, 03 Феврали 2010 соати 20:06 Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд рӯзи чоршанбе, 03 Феврали 2010 соати 12:50
Яке аз масъалаҳои муҳимму калидӣ дар ҳаёти ҷомеаҳову давлатҳои ҷаҳон, ки маъмулан ва дар бисёр маврид сабаби падид омадани таҳаввулот, сиёсатҳо, равишҳо ва токтикҳои муҳимму тоза дар фазои сиёсии кишварҳову минтақаҳо ва ҳатто дар ҷаҳон мешавад, ҳамин масъалаи интихобот аст. Интихобот чӣ парлумонӣ бошаду чӣ президентӣ ва ё чӣ навъи дига, мутобиқи обрӯву ҳайсият ва нақшу аҳаммияту мавқеи ҳар кишвар дар ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тарафи атбои ҳамон кишвар ва мамлакатҳои дигар ва расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва байналалмилалӣ пайгирӣ мешавад.
Дар ҷаҳони имрӯз, интихобот ҳамчун як ченак ва як абзори таъйини дараҷаи демократя ва бедории як миллат дар як кишвар шудааст. Ба ин маъно, ки ҳар қадар мардуми он давлат шавқу алоқа ва рағбату ирода дар раванди интихобот дошта бошанду фаъолона дар он иштирок варзанд, ҳамон қадар он кишвару миллат пешрафта ҳасту миллаташ бедор ва мардуми он мамлакат дар таъйини сарнавишти худ фаъоланд ва мехоҳанд тақдири худро ба дасти хеш бинависанд ва ба тақдирсозони дигару тасодуфӣ во нагузоранд.
Internet Download Manager (IDM) v5.18
Охирин таҷдид дар рӯзи чоршанбе, 03 Феврали 2010 соати 12:53 Аз ҷониби Фирдавсии Нуралиён нигошта шуд рӯзи якшанбе, 31 Январи 2010 соати 08:57
Яке аз беҳтарин барномаҳои файлкаш ки суръати файлкаширо 5 маротиба меафзояд ва имкон медиҳад, ки бо суръати баланд файлҳоро дастрас намоед.
Қобилиятҳои асосии барнома:
- Файлкашии осон бо як ангуштзанӣ.
- Пуштибонии комил аз протоколҳои HTTP, FTP, HTTPS ,MMS.
- Афзоиши файлкашӣ то 5 баробар.
- Қобилияти идомаи файлкашӣ ҳангоми қатъи иртиботи интернет.
- Пуштибонӣ аз сомонаҳои YouTube, MySpaceTV, Google Video ва ғайра бо хусусияти пахш ва захираи файлҳои видеоӣ ..
- Қобилияти кашидан ва раҳо кардани пайвандаҳои файлкашӣ (Drag and Drop).
- Муҳофазати файли дарёфтшаванда аз тариқи баррасии он бо барномаҳои вирусҷӯй ва тафтиши троянҳо.
- Хосияти ҷадвали замонбандии дохилӣ ба тариқи ҳирфаӣ.
- Имконияти кашидани ҳама намуди файлҳо, сурат, филмҳо, файлҳои фишурда, линкҳо ва ғайра...
Мақолаҳои дигар...
Сафҳаи 1 аз 79


